Солеҳ ЮСУФОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
рӯзноманигор
Ҷамъомадҳои омӯзишӣ бо мақсади рушди дониши равоншиносии хонандагону волидонро метавон бо ҳар шакл баргузор ва зимни он, дар баробари мавзуъҳои рушди психологӣ, дигар масъалаҳои вобаста ба ахлоқи хонандагонро баррасӣ кард. Яке аз чунин ҷамъомадҳо гузаронидани маҷлиси падару модарони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо мебошад. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо, ба монанди: ҷанбаҳои тарбияи психологии хонандагон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ чанде пеш дар мактаби №15-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як суҳбати тарбиявӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи маориф, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дигарон баргузор гардид, ки ба таълиму тарбия, ахлоқу рафтори хонандагон ва пешниҳоди тавсияҳои дуруст барои инкишофи равонии хонандагон таъсири мусбат мерасонад.
Дар робита ба мавзуи аввали рӯзномаи маҷлис, равоншиноси муассисаи таълимӣ М. Сафарова андешаҳояшро баён дошта, тавзеҳ дод, ки тарбияи фарзанд як раванди масъулиятнок буда, аз волидон таҳаммул, муҳаббат ва таваҷҷуҳи зиёдро талаб мекунад. Ба ҳамаи шумо-иштирокдорони азиз равшан аст, ки падару модар тарбиятгари асосии кӯдак мебошад. Аз лаҳзаи таваллуд дар ҳаёти кӯдакон волидон дар парваришу инкишофи ӯ нақши калидиро мебозанд. Бемуҳобот, падару модар нахустин мураббӣ ва омӯзгоре ҳастанд, ки арзишҳо, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯро оҳиста-оҳиста ташаккул медиҳанд. Кӯдакон рафтори волидони худро мушоҳида карда, кам-кам ба он тақлид мекунанд, аз ин рӯ, барои онҳо намуна будан хеле муҳим аст.
Дар ҳамин давра ва марҳилаҳои баъдӣ низ муошират асоси тарбия ба ҳисоб меравад. Муоширати баландсифату хуби падару модар ва фарзандон асоси тарбияи бомуваффақақият аст. Бинобар ин, волидон аз давраи кӯдакӣ ба гӯш кардану фаҳмидани фарзандони худ бояд одат кунанд, ба ҳар чӣ онҳо мехоҳанд, таваҷҷуҳ дошта бошанд ва дар доираи шароити хонавода хостаҳояшонро агар лозим ва мусбат бошад, ба ҳадди тавон иҷро кунанд. Агар хостаи фарзанд камаҳаммият бошад, бо сухани нарм ба фарзанд фаҳмонанд. Дар ин маврид бо ҳам ошкор суҳбат кардан ва ба ҳамдигар эътимод доштан беҳтар аз он аст, ки бо як сухани дурушт хоҳиши фарзандро рад созему ҳам дили ӯ ва ҳам худро ранҷонем. Дар ин ҳолат сухани шаффоф бовариро байни волидон ва фарзанд мустаҳкам месозад. Бояд эътибор дод, ки фарзандони мо, аз хурдсолӣ сар карда, барои ташаккули муколама омода шаванд ва ин хислат ба давраи фаъолияти таҳсилоти ҳамагонӣ бештар мусоидат мекунад. Дар марҳилаи ибтидоии таҳсил муваффақиятҳои инфиродии кӯдак бори аввал маънии иҷтимоӣ пайдо мекунанд, бинобар ин, яке аз вазифаҳои асосии таълим дар ин давра фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули қобилияти коммуникатсионӣ, ҳавасмандӣ барои комёбӣ, ташаббус ва мустақилияти фарзанди мактабхон мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат, алоқаи наздики волидайн ва муассисаи таълимӣ масъулияти хонандагону омӯзгорон ва ҳам оиларо зиёд мекунад. Мушоҳидаҳои рафтори чи хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва чи синфҳои болоӣ нишон медиҳад, ки сатҳи инкишофи бисëрии онҳо бо салоҳияти воқеии муошират аз он чизе, ки мехоҳанд, фарқ мекунад. Роҳҳои муваффақ гардидан дар фаъолияти барқарорсозии муносибат бо атрофиён ба таври кофӣ аз ҷониби психологияи таълимӣ таҳия шудааст. Бинобар ин, фаъолиятҳои таълимии умумӣ, қобилияти омӯзиш, яъне, қобилияти шахсро, ҳамзамон, бо шиносоӣ ва азхудкунии таҷрибаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мактаб беҳтар мекунад.
Ҳамчун платформаи психологӣ ва педагогии амалҳои таълимии умумӣ рушди шахсиятро дар системаи маориф баррасӣ кардан, мумкин аст, ки он, пеш аз ҳама, бо ташаккули амалҳои вобаста ба давраи таҳсилоти умумӣ таъмин шуда, асоси раванди таълиму тарбия мебошад.
Баъд аз тавзеҳоти равоншиноси муассиса, дар доираи ин мавзуъ бо иштирокдорон табодули назар шуд, ки ба суди ҳамаи ширкаткунандагон буд.
Дар идомаи нишасти машваратӣ бо волидон доир ба “Натиҷаи ҷамъбасти чоряки 1-ум дар соли хониши 2024-2025” роҳбари Созмони хонандагон Толиб Бобиев баромад кард, ки ӯ низ мулоҳизаҳояшро бо талаботи илмҳои педагогикаю психология алоқаманд намуда, оид ба ҳолати иштироки хонандагон дар дарсҳо, азхудкунии мавзуъҳои таълимӣ маълумот дод.
Номбурда таъкид кард, ки “аксари хонандагоне, ки давомот ва азхудкунии хуби фанҳои таълимиро доранд, тартибу интизоми мактабиро ҳам риоя мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дигар хонандагонро паст мезада бошем, баръакс ҳадафи мо ин аст, ки чун соли нави хониш акнун сар шудаю фақат як чоряки таҳсил гузаштааст, мехоҳем бо ёрии падару модарон сатҳи давомнокиро дар байни тамоми хонандагон беҳтар созем ва натиҷаи донишомӯзии аксарияти шогирдонро дар чоряки дуюм барои ҳама беҳтар намоем. Барои ин гузаронидани маҷлиси падару модарон мавқеи асосиро мебозад, чунки бо ин роҳ робитаи оила бо мактаб бештар мегардад. Дигар ин ки падару модарон аз таҳсили фарзандони худ ҳамеша огоҳ гашта, назорати таълиму тарбия ва саводомӯзии онҳоро зери назорат мегирад.
Таъкид карда шуд, ки яке аз роҳҳои тарбияи ахлоқии фарзанд, ин намунаи ибрат будани худи бузургсолон аст. Сухани нарм ва дар баъзе ҳолатҳо танбеҳи сабук аз воситаҳое мебошад, ки муҳиту муносибати тарбиявӣ ва омӯзандаро барои хурдсолон эҷод мекунад. Сухани таҳқиромез ва бад, худ як василаи одат кунонидани мағзу ҳуши наврасон ба шунидани баёни чунин ҳарфҳо нисбат ба дигарон хоҳад буд.
Т. Азимов, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар мавзуи эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ” сухан гуфта, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро ба иштирокдорон, хусусан, падару модарон шарҳ дод. Ӯ дар идома оид ба камбудиҳое, ки аз тарафи хонандагон содир гардида буд, изҳори назар карда, пешниҳоду тавсияҳои худро барои падару модароне, ки дар ҳамоиш иштирок доштанд, расонида, доир ба баъзе камбудиҳои ҳуқуқиро барои суҳбатҳои инфиродӣ гузошт. Аз нигоҳи илми равоншиносӣ ҳам ин як амали дуруст маҳсуб меёбад.
Дар идомаи маҷлис ба падару модарон оид ба масъалаи фарҳанги дурусти истифода бурдани телефонҳои мобилӣ аз тарафи хонандагон матраҳ гардид. Т. Бобиев, омӯзгор зимни суханронии худ бо таассуф иброз дошт, ки баъзе аз хонандагон ба ҷойи китоб хондану вазифаи хонагиро иҷро кардан, дар кӯча соатҳои дароз паси телефонҳои мобилӣ нишаста, вақтро беҳуда мегузаронанд. Ӯ таъкид намуд, ки рафти санҷиши хона ба хона нишон дод, ки қисми зиёди хонандагон то ба имрӯз аз лавозимоти хониш маҳрум ҳастанд. Мутаассифона, дар ҳар як хона 1 то 3 телефони мобилӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадом аз 1000 то чанд ҳазор сомонӣ арзиш доранд, аммо волидони муҳтарами мо лавозимоте, ки хонанда барои аз худ кардани илму дониш зарур аст, таъмин намекунанд, ҳарчанд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар бораи таъмини хонандагон бо лавозимоти хониш аз сӯйи волидон ва ҳам оид ба манъи овардани телефонҳои мобилӣ ба мактаб таъкид ва моддаҳои 21,26,51 ба ин масъала бахшида шудааст. Ғайр аз ин, Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки доир ба паёмадҳои ногувори истифодаи телефонҳои мобилӣ бонги хатар мезанад, балки дар давлатҳои пешрафтаи дунё ҳам кайҳост, ки оид ба манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ тасмими мушаххас гирифтаанд. Масалан, Франсия, Испания, Италия, Португалия, Финляндия, Россия, Британия Кабир ба таври қатъӣ истифодаи чунин дастгоҳҳоро дар рафти таълим манъ кардаанд. Равоншиносон ва олимони сатҳи ҷаҳонӣ аз зарар доштани телефонҳои мобилӣ ба кӯдакону наврасон ҳушдор дода, бо такя ба хулосаи таҳқиқотҳои худ шаклҳои зиёни онро муайян кардаанд. Маълум мешавад, ки ин воситаи ба назари мо безарару фоиданок ҳангоми истифодаи бенизом зиёнҳо ҳам доштааст. Аз ҷумла, боиси вайроншавии хотира, паст шудани шунавоӣ ва биноӣ, вайроншавии системаи дилу рагҳо, системаи хоб, паст шудани муқовимат бо бактерияҳо, бадмуомилагӣ, зуд-зуд асабонӣ шудан, фаромӯшхотирӣ, даст кашидан аз хондан барин ҳолатҳои манфии равонӣ мегардидааст.
Дар ин робита, ба падару модарон тавсия дода шуд, ки вақте ба фарзандонашон иҷозати гирифтану ба мактаб бурдани телефонҳои ҳамроҳро медиҳанд, ба ин паҳлуи масъала ҳам эътибор диҳанд. Ё вақте омӯзгорон дар муассисаи таълимӣ истифодаи телефонро барои хонандагон маҳдуд месозанд, зарурати ин иқдоми омӯзгорону мураббиёнро онҳо ҳам дуруст дарк намоянд.
Ҳангоми баргузор кардани чунин ҷамъомадҳо ҳавасмандгардониро ҳам масъулони муассисаҳои таълимӣ бояд аз ёд набароранд. Дар маҷлиси муассисаи мо ҳам, ки қариб 500 нафар иштирок карданд, чанде аз волидайни хонандагоне, ки интизоми намунавӣ дошта, чоряки якумро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, бо ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Дар поёни ҷамъомад, инчунин, ёдоварӣ гардид, ки барои ҷалби хонандагон ба омӯзиш аз дастоварду имконоти мавҷуда лозим аст, ки ҷиҳати аз бар кардани донишу технологияҳои муосир волидон дар хона ва омӯзгорон дар мактаб маҳорату малакаҳои касбии худро такмил диҳанд. Омӯзгори имрӯз бояд раванди таълимро бо дарназардошти хусусиятҳои зеҳнӣ ва равонии шогирдон роҳандозӣ карда тавонад ва падару модарон ҳам вақти санҷиши вазифаҳои хонагӣ назди фарзандон босаводии худро нишон дода, дар хиҷолат намонад. Зеро ҷалби хонандагон ба таълим ва дар дили онҳо бедор намудани шавқу рағбат ба донишандӯзӣ ҳам ба эътибору дониши волидон ва ҳам ба дониш, маҳорат ва малакаи омӯзгорон бениҳоят вобаста аст. Падару модарон дар баробари омӯзгор масъулияти тарбияи насли нав ва ояндасозони ҷомеаро бар уҳда доранд.
Бо чунин равиш суҳбатҳо бо падару модарон метавонад онҳоро дар раванди таълими фарзанд бевосита шарик созад ва фарзандро дар руҳияи илмдӯстӣ, қонунпарварӣ ва худшиносию хештаншиносӣ тарбия созанд.