Садриддин ҲАСАНЗОДА,
Нависанда, корманди МН «Ирфон»
Чун сухан аз бобати мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, шуҳрати ҷаҳонии онҳо, тадбирҳои муассири давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа ташкилу тақвиятбахшии сайёҳии дохиливу хориҷӣ биравад, беихтиёр симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Маҳз бо таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат сайёҳӣ ба самти афзалиятноку пешрафта, обрӯмандсози сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардид. “Кохи беназир”-е, ки перомуни он дар ин росто сухан гуфтанием, асари мукаммалу нурбори санъати меъморӣ, наққошӣ, бозёфти эҷоди даҳҳо ҳунармандони асил, зебоишинос буда, далели ҷонфидоӣ, эҳёгари ҳунару анъанаҳои волову гуногунҷабҳаи миллати тоҷик ба шумор меравад.
Кохи мазкур сарманшаи ормонҳои раиятпарваронаву фарҳангсолорӣ ва хирадмандии Сарвари давлат буда, аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи 8-уми иншооти нодири фарҳангии олам ворид гардида, дар радифи дигар ташаббусҳо ва пешниҳодоти беназири Сарвари давлат: «Соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» «Ҳифзи пиряхҳо» обрӯву эътибори кишвари моро дар миқёси олам даҳчанд боло бурд. Мавриди зикр аст, ки тибқи хулосаҳои устодони кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бинои зебогиаш ҳайратангези маҷмааи “Кохи Наврӯз”, ки дар офаридани он 4000 нафар устоҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон меҳнат карда, саҳми арзанда гузоштанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Ҳангоми бунёди маҷмаа тақвият додани бунёди толорҳо Роҳбари давлат шахсан иштироки фаъолона доштанд. Лоиҳаи бино аз ҷониби меъмори ҷавону боистеъдод
Азизиён Самӣ Солӣ таҳия шуд. Ӯ писари кандакори маъруфи тоҷик усто Азизиён Солии Истаравшанӣ мебошад.
Дастаи устоҳо барои тарроҳии маҷмаа ва толорҳои он аз ҷониби Бунёди рассомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи санъати Тоҷикистон ҷамъ оварда шуд. Ҳунармандон аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҷалб карда шуданд, ки ин аз хусусияти сохтори бадеӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бино аз 5 ошёна, 15 айвони хурду калон иборат аст. 40 ҳазор м2 масоҳати уфуқӣ ва амудӣ бо нақшҳо, витражҳо, кандакорӣ ва гаҷ, дар маҷмӯъ дорои 3 гунбази калон ва якчанд гумбази хурд мебошад. Гумбазҳо аз берун бо кошинкорӣ ва аз дохил бо наққошӣ оро дода шудаанд.
Девори берунии тарафи пеши бино бо хоросанг пӯшонида шуда, даромадгоҳ бо пештоқи гачкоришуда, оро ёфтааст.
Дар қисми марказии даромадгоҳ шаршараи сунъӣ бо муҷассамаҳои ҳайвоноти гуногуни нодири Тоҷикистон бунёд гаштаанд, ки ин манзара рамзи мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ҳарду тарафи бино деворҳо бо усули сграффито бо истифода аз технологияи итолиёвӣ оро ёфтаанд. Ба сифати мавзӯъҳои тасвир рамзҳои ваҳдати миллӣ, давлатдории Тоҷикистон, амнияти озуқавории кишвар ва шуои истиқлол “сграффито” хизмат кардаанд. Ин асарҳоро усто Ёдгор офаридааст. Ӯ ғайр аз сграффито, маҷмааи “Кохи Наврӯз”-ро бо сутунҳои мармарӣ ва нақшу нигори миллӣ оро додааст. Бинои маҷмаа аз 12 толор иборат аст. Дар 5 толор муассисаҳои ҷамъиятӣ: 2 чойхона, толори синамо, толорҳои билярд ва боулинг ҷойгир шудаанд. Панҷ толори боқимонда барои меҳмонон кушода мебошанд, ки яке аз онҳо барои гузаронидани маросими тӯю мъракаҳо ба иҷора дода мешавад.
Баъди саммити дар Душанбе баргузоршудаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар он 27 кишвар иштирок доштанд, онро тариқи ғайри расмӣ ба сифати муъҷизаи ҷаҳон дар Осиёи Миёна пазируфтанд. Дар Кохи Наврӯз тамоми намудҳои санъати вижаи ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик пешниҳод шудааст. Толори аввал ойинабандӣ мебошад, ки дар ороиши он Анваршо Абдуллоев бо шогирдонаш кор кардааст. Дар ин ҷо ҳаҷми хеле зиёди корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Нахустин чорабинӣ, ки дар ин толор баргузор гардид, саммити Созмони Ҳамкории Шанхай буд. Парчамҳои кишварҳо дар деворҳои оинадори толор рӯйдоди таърихӣ – хотира аз ин саммит боқӣ мондаааст. Дар шафати толор як утоқи хурди интизорӣ мавҷуд аст. Шифти ин ҳуҷра бо нақшу нигорҳо оро дода шудааст, ки онҳо мавзӯи ороиши толори калони оинабандиро идома медиҳанд. Ҳуҷраи дуюм “Гулистон” ном дорад, ки бо кандакорӣ дар чӯб оро дода шудааст. Барои сохтмону тарроҳии он аз дарахти ҷалғузаи Новосибирск истифода бурдаанд.
Масоҳати толор 6500 м2 – ро дар бар мегирад.
Тамоми ҷузъҳои ороишро Устобурҳон Алибоеви Исфарагӣ бо дастаи корияш иҷро кардаанд.
Толорро қандили 3 тоннагӣ, ки имкони пасту баланд шудан дорад, равшан менамояд. Дар ороиши толор аз кандакорӣ дар гач ва оина истифода бурдаанд. Сутунҳои кандакоришуда бо истифодаи технологияи қадимӣ, бе истифодаи мехҳо, сохта шудаанд. Онҳо шаклан бо асбоби мусиқии миллии карнай шабоҳат доранд. Сутунҳо аз ҳамдигар бо нақшҳояшон фарқ мекунанд.
Ошёнаи дуюми ин толорро барои оркестр тарҳрезӣ намудаанд. Ба ин ҷо бо ёрии зина, ки бо кандакориҳои зебо оро дода шудааст, баромадан мумкин аст. Фарши толорро аз 94 навъи чуб бунёд кардаанд. Дар сатҳи фарш нақшҳои анъанавии тоҷикон ва инчунин нақшу нигори мазмунашон ориёӣ ва зардуштӣ тасвир шудааст. Ҳар як нақш таърих, рамз ва маънои худро дорост.
Ҳамаи ин корҳо дар асоси фармоиш иҷро шудаанд. Дар девори толор тасвири Нишони давлатии Тоҷикистон бо оби тилло андуда шудааст.
Толор бе сутуни асосии марказӣ сохта шудааст.
Бари толор 36 метр ва баландиаш 46 метр аст.
Ин толор бебаҳо аст, зеро ҳамаи ҷузъҳо дастӣ иҷро шудаанд. Ба шарофати оинаҳо, дар толор асари равшании беруна ташкил карда шудааст.
Ин толор “Гулистон” ном дорад ва танҳо барои қабули расмии давлатӣ истифода мешавад.
Қандили барои ин толор фармоишшуда “Президент” ном дорад. Толори сеюм Зарандуд аст, ки он танҳо барои маҷлисҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ҳамаи дарҳо дастӣ сохта шудаанд ва нақши онҳо такрор намешавад. Барои сохтани ин дарҳо аз ҷалғузаи сурх истифода бурдаанд. Дар толор як қандили булӯрии вазнаш 6,7 тонна ҳаст, ки дорои 1600 чароғ мебошад.
Ин қандил бо дизайни ҳунармандони тоҷик аз булӯри мисрӣ сохта шудааст. Дар қисми болои он ҷузъҳои аз тиллои варақӣ сохташуда мавҷуданд. Деворҳои толорро тоҷи тиллоии дорои ҳафт ситора ва кандакорӣ дар гач оро медиҳанд.
Дар ин толор 16 сутун ҷойгир аст, ки ба Рӯзи Президент алоқаманд мебошад.
Сарсутунҳо ва деворҳои толор бо тилло оро дода шудаанд, ки аз ин рӯ онро толори Заррин меноманд. Ин толор дар таркиби маҷмаа баландтарин мебошад, ки гунбази азимтаринро дарбар мегирад. Фарш – паркети ин толор аз чанд намуди чӯб сохта шуда, бо нақшҳои миллӣ оро дода шудааст. Дар паҳлуи толор 4 утоқи оинабандии пешбинишуда барои фароғат ҷойгиранд. Дар ин ҳуҷраҳо дар яке аз деворҳо Нишони миллии Тоҷикистон бо ёрии сангҳои сваровски тасвир шудааст.
Толори чорум мармарӣ буда, Аржанг ном дорад. Дизайни пештоқҳои ин толор, ки масоҳати 1650 м2-ро дарбар мегирад, ороиши мақбараи Сомониён дар Бухоро тасвир гардидааст.
Дар толор акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо модари бузургашонро, инчунин тасвири симурғ, ки бо истифода аз техникаи кошинкории флорентӣ иҷро шудааст, метавон дид. Муаллифи ин асарҳо ҳунарманди ҷавон Ҷамшед Ҷӯраев мебошад. Сутунҳои толор аз чӯби ҷалғӯза тарошида шудаанд. Дар маркази ҳуҷра гунбаз мавҷуд аст, ки дохили онро кандакорӣ дар чӯб оро медиҳад.
Аз шифти гунбаз қандили вазнаш 3,2 тонна овезон аст. Нақши шифти ин гунбаз дар дигар толорҳо такрор намешавад. Ороиши толор бо 29 намуд сангҳои маҳаллии нимқиматбаҳои табиӣ ба иҷро расида, санги сулаймонӣ аз Шаҳринав, мармари Даштак аз Ванҷ, лоҷувард аз Помир, туфсанг ва санги габра аз ноҳияи Спитамен, мармари Панҷакент ва ғайра. Миқдори умумии сангҳои истифодашуда (бе назардошти хоросанг ва мармар) 52 тоннаро ташкил мекунад.
Толори панҷум Дидор унвон гирифта, пурра бо мусаввара, кандакорӣ дар гаҷ ва чӯб нақшин карда шудааст. Устувории рангҳои табиии истифодашуда 100 солро ташкил мекунад. Дар ин толор бо супориши Президенти кишвар рамзи Офтоб тасвир ёфтааст. Мавзӯи кундали дар шифти болои даромадгоҳи толор мавҷудбуда «Ваҳдат» ном дорад, ки рамзи ҳамдилию иттиҳоди миллиро инъикос мекунад. Ҳар як намуди нақш, ки дар ороиши дохилӣ ва берунии Кохи Наврӯз истифода шудааст, маънои худро дорад ва вижагии минтақаи муайяни Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бештар нақшу нигоре вомехӯрад, ки ҳамчун “тислимӣ” ва “гиреҳ” маъруфанд.
Раванди бунёд, санъати меъморӣ ва коркарди сангу чубҳои табиии кишвар дар ин иншооти миллӣ аз ҷониби мутахассисон баҳои баланди касбӣ гирифтааст. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, дотсенти кафедраи меъморӣ ва дизайни факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.Осимӣ Тиллоев Сангаҳмад Самадович, мегӯяд: Оғоз аз санъати меъмории кишвари азизамон – Тоҷикистон, махсусан пойтахти он шаҳри Душанбе, метавон бо як нигоҳ таваққуф ба дақиқ созии раванди лоиҳабандӣ, дар доираи кадом меъёрҳо ва талаботи замон сохта шудан, ошкор гардидани эҷоди беҳтарини гузашта, ҳозира ва пешбинии ояндаи эҷодӣ – созандагӣ, танҳо ба маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва амалӣ (асари меъморӣ) назар кардан ба манфиати кор аст. Шоистаи зикр аст, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 омадааст, “…мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.
Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем…”; “… масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардондани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд…” ҳангоми беҳбудбахшии санъати меъморӣ корагар мегардад.
Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Кохи Наврӯз”, ки соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ҳам рамзи таъриху фарҳанг ва ҳам рамзи истиқлолияту ваҳдати халқи тоҷик аст. “Кохи Наврӯз” як туҳфаи арзанда ба халқ аз номи соҳибкорони кишвар мебошад.