Ғарибшо ҚИМАТШОЕВ,
дотсенти кафедраи идоракунӣ ва таълими
фанҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ дар ВМКБ

Миллати бостонию соҳибтамаддуни тоҷик давлату давлатдории хешро ҳазорсолаҳо шакл дода, мактаби барҷастаи сиёсӣ-маърифатӣ ва фарҳангиро бунёд ниҳодааст ва дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ сабт намуда, барои насли башар мерос гузоштааст. Ин хулосаи таърихӣ 9 сентябри соли 1991 бо соҳибистиқлол гардидани халқи тоҷик, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки бо раъйпурсии умумихалқӣ бо 10 боб ва 100 модда қабул гардид, ба ин мазмун сабт шудааст: «Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд». Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба афкору таҷрибаи арзишманди фалсафӣ-сиёсӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ, бахусус, бо натиҷагирӣ аз таърихи беш аз 70-солаи давраи Шуравӣ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) таҳия шуд.
Дар моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” зикр шудааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, яъне, афзалияташ бештар аст ва дар моддаи 10-и Конститутсия низ оварда шудааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”.
Дар Конститутсия принсипҳо ва меъёрҳои маъмули дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда истифода шудаанд, ки барои қабули қонунҳо ва санадҳои қонунгузорӣ, ташкили низоми нави ҳуқуқӣ-демократии миллӣ асос гардидаанд. Дар самти сиёсати хориҷӣ риояи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро Тоҷикистон ба уҳда гирифта, муносибатҳоро бо давлатҳои хориҷӣ, бо дарназардошти дифои манофеи миллӣ бештар таҳким бахшида, заминаҳо ва шароити мусоид ҷиҳати боло бурдани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда истодааст. Вобаста ба ин, то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, беш аз 350 санади байналмилалиро эътироф (ратификатсия) намудааст.
Дар баробари ин, дар моддаи 1-уми банди аввали Конститутсия соҳибистиқлолии Тоҷикистон, яъне, мустақил будани он сабт гардидааст, ки ин мустақилӣ пеш аз ҳама, дар раванди идоракунии давлат дар назар дошта шудааст. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқӣ, дахлнопазирӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро бо ҳимояи манофеи миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муайян намудааст. Дар робита бо ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ шуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар давлатҳои ҷаҳонро эътироф карда, бо онҳо ҳамкориҳои байнидавлатиро ба роҳ монда, ин равандро идома дода истодааст.
Конститутсия дар шакли нав асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра муқаррар ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намудааст, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд. Дар ҷомеаи босуръат тағйирёбандаи муосир муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои танзими пурра ва ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани онҳо, ба баъзе қисматҳои Конститутсия аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд, ки минбаъд дар ҳаёти ҷомеа замина барои гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ гардиданд.
Конститутсия принсипи таҷзияи ҳокимият, ваколатҳо, муносибатҳои ҳамдигарии мақомоти ҳокимияти давлатиро дар тамоми самтҳо муайян намуда, риояи талаботи Конститутсия дар фаъолияти мақомот ҳатмӣ дониста мешавад. Таҷрибаи таърихии кишварҳои пешрафтаи дунё собит намудааст, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми шаҳрвандони он ҳифз мегардад, агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун таъмин гардад.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳокимиятро аз халқ ва халқро ифодагари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ номида, бо майлу иродааш роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд. Халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва интихобот) ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ҳамзамон, Конститутсия пешрафти ҷомеаро дар заминаи эътирофу эҳтироми равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ пешбинӣ намудааст.
Дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай арзиши олӣ номида шуда, ҳифзи қонунии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода шудааст. “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳар як шаҳрванд имкони амалисозии фаъолиятро медиҳад, ки ин ба талабот ва марҳилаҳои навини инкишофи ҷамъият мусоидат мекунад. Конститутсия барои тамоми навъҳои фаъолияти одамон заминаҳои ҳуқуқии пешрафтро аз тариқи қабули қонунҳои нав ва идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ гузошта, ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин ва Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои пешрафта бештар наздик месозад. Конститутсия барои гузариш ба иқтисоди бозорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ замина гузошта, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро ҳамчун асоси иқтисодӣ, бо ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият кафолат додааст. Вобаста ба ин, барои ба амал баровардани ислоҳоти судӣ дар заминаи Суди Олии иқтисодӣ ва ташкили судҳои иқтисодӣ дар минтақаҳо, чун як навгонӣ асос гузошта шуд. Имрӯз ин таркиби судии мустақил махсус барои баррасӣ намудани баҳсҳои иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидорӣ хизматрасонӣ дорад.
Конститутсия дар ҳаёти ҳуқуқии шахс, дар ташаккули маданияти хуқуқӣ, худшиносии ҳуқуқи сиёсии миллати тоҷик ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ заминаи нав гузошта, ба мазмуни арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва маънавӣ дигаргунӣ ворид намуда истодааст. Аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар 394 санади қонунгузорӣ (1 Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 22 қонун дар бораи авф, 23 қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва 310 қонуни ҷорӣ) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки қабул гардиданд, сирф хусусияти миллӣ доранд ва таҷассумгари осори маънавии миллати тоҷик мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ва амсоли ин бе таъмини волоияти қонун, яъне, бидуни танзим, риоя ва иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ғайриимкон мебошад. Аммо дар кадом сатҳ амалӣ шудани меъёрҳои конститутсионӣ аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, донистану риояи ҳуқуқу вазифаҳо ва иҷрои уҳдадориҳо аз тарафи худи шаҳрвандони кишвар вобастагӣ дорад. Агар мантиқан фикр кунем, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 668 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ба он хотир буд, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарурат ба такмил ва таҳким дорад. Яъне, ҳар як фарди кишвар бояд маърифати ҳуқуқии худро таҳким бахшида, дар самти худшиносии ҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи воқеӣ гузоранд.
Дар маҷмуъ, Конститутсия ҳуҷҷати стратегӣ буда, дурнамои пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеаро пешбинӣ мекунад. Эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд аст ва агар ин талабот риоя нагардад, қонуну тартибот, низому амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа хатарзо мегардад. Дар Конститутсия оид ба пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими он, ҳифзи ҷавонон аз гароиш ба ҷараёнҳои тундгаро ва ифротӣ, расидан ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ андешаҳои воқеӣ баён шудааст.
Ҳамин тавр, имрӯз дар заминаи Конститутсия дигаргуниҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ идома дошта, шаҳрвандон бо умеду ниятҳои нек корҳои созандагию бунёдии хешро дар партави он идома дода истодаанд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби арҷгузорӣ ба Конститутсия иброз намудаанд: «Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки Конститутсияро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯйи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *