Айниддин Холиқзода,
сардори шуъбаи сифати таҳсилоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Давлат Имомназаров,
корманди Пажуҳишгоҳи рушди
маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, дар партави эъломияи афзалиятмандии соҳаи тақдирсоз, дар низоми таҳсилоти кишвар таҳаввулоту тағйироти ҷиддӣ ба миён омад ва таъкиди стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисобидани маориф» пурра тасдиқи худро ёфт. Маорифи кишвар дар давоми ин солҳо тавонист, дар таъмини пешрафти босуботи ҷомеа, устувор гардонидани иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ақлонии ҷумҳурӣ ва дар маҷмуъ, дар рушду нумуи кишвар, бахусус, дар солҳои охир саҳми худро гузорад. Гузашта аз ин, қабул ва таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии маълумот”, “Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Консепсияи миллии тарбия”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардани солҳои 2020-2040», “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” ва санадҳои дигари муҳимми меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф пояи устувори илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мактабдории Тоҷикистонро таҳким бахшида, боиси таъмини пешрафти соҳаи маориф ва ҷомеа гардидаанд ва ногуфта намонад, ки саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, иҷрои бандҳои санадҳои муҳимму калидии соҳаи маориф имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон эъмори маорифи навини худро дар асоси илму фарҳанги миллӣ ва байналмилалӣ, бо ба эътибор гирифтани суннатҳои миллӣ ба сомон расонад. Дар ин росто, дар қатори силсилаи вазифаҳои давлатсозӣ, мақом ва ҷойгоҳи хосса доштани соҳибихтиёрии маорифу мактаби миллӣ, аз ҷумла, диққати махсус ба таҳия ва таҷдиди ҳуҷҷату санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф -таъминкунандаи муваффақонаи таҳсилоти босифат, арзёбии натиҷаҳои таълимии хонандагон, мувофиқат ва мутобиқати он ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои кишварҳои пешрафта зоҳир карда мешавад, ки он ҳам аз такмили маорифу мактабдории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад [5,3].
Бояд зикр кард, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ дар баробари дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии калидӣ «Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» арзёбӣ гардида, он барои ба танзим даровардани арзёбии сатҳи дониш, малакаю маҳорати хонандагон (аз арзёбии сатҳи синф то арзёбии миллӣ ва байналмилалӣ), ворид намудани хонандагон ба раванди омӯзиши босифат тавассути коркарди низом ва меъёрҳои арзёбии дастовардҳои таълимӣ ва рушди камолоти маънавии хонандагон бо дарназардошти талаботи замони муосир ва меъёрҳои арзёбии байналмилалӣ заминаи устувор бунёд хоҳад кард. Консепсияи мазкур бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, он дар такмили таҳсилоти босифат нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мақсад ва вазифаҳои ҳуҷҷати мазкур аз инҳо иборатанд:
— бунёди системаи шаффоф ва воқеии арзёбии муосири дохилимактабӣ (арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастии марҳилавӣ, ниҳоӣ, аттестатсия), миллию байналмилалӣ бо мақсади таъмини маълумоти боэътимод дар бораи сифати таҳсилот ва муайян намудани дурнамои рушди он дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар;
— баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути низоми комилшудаи арзёбӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот;
— омода намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ дар шакли меъёрҳои (тартиб) дақиқ, воқеӣ ва низомномаҳо барои таъмини эътимоднокӣ ва самаранокии ҳар як намуди арзёбӣ;
— арзёбӣ намудани пешрафти таълимӣ, сатҳи рушди камолоти маънавӣ, муайян намудани дастовард, мушкилоти хонандагон дар раванди омӯзиш ва дарёфти роҳҳои бартарафсозии онҳо;
— ба танзим даровардани механизмҳои муосири баҳогузорӣ ва арзёбии мониторинги иҷрои талаботи стандартҳои давлатӣ, фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ;
— қабули қарорҳо ва идоракунии раванди таълим бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба арзёбии сифат ва мазмуни таҳсилот (стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводди таълимӣ);
— мувофиқу мутобиқ намудани арзёбии натиҷаҳои таълимӣ ва тарбиявии кишвар ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ;
— ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ байни омӯзгорон, таълимгирандагон, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар раванди арзёбии сифати таълим ва омӯзиш.
Дурнамои консепсияи мазкур чунин аст:
— амалӣ намудани пайдарпаӣ ва ҳамоҳангии арзёбиҳо дар сатҳи синф, муассисаи таълимӣ (арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастии марҳилавӣ, ниҳоӣ), аттестстсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
— ворид кардани тағйироту иловаҳо ба нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ дар асоси натиҷа ва хулосаҳои арзёбӣ (арзёбиҳои дохилисинфӣ, миллӣ, байналмилалӣ);
— ба танзим даровардани меъёрҳои арзёбӣ вобаста ба сатҳҳо (синфӣ, муассисавӣ, дохилӣ, беруна, миллӣ ва байналмилалӣ);
— пешбинӣ намудани омодакунии ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои таъмини эътимоднокӣ ва самаранокии ҳар як намуди арзёбӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот.
Истифодаи намудҳои зерини арзёбӣ дар консепсияи болозикр пешбинӣ гардидаанд, ки ҳангоми арзёбии дараҷаи азхудкунии маводди таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимии пешбинигардида омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода намуда, фаъолияти хонандагонро ба маҷрои дуруст равона месозанд:
Арзёбии ташхисӣ сатҳи ибтидоии ташаккули дониш, малака ва маҳорати хонандаро муайян мекунад ва ба омӯзгор дар муайян кардани сатҳи ибтидоии дониши хонандаи инфиродӣ барои ташкили раванди таълими босифат кумак мерасонад. Арзёбии ташхисӣ, одатан, дар оғози соли таҳсил ё дар машғулияти аввали омӯзиши фасл, боб, мавзуи дарси мушаххас ва дигар ҳолатҳо аз ҷониби омӯзгори фаннӣ гузаронида мешавад.
Арзёбии ташаккулдиҳанда раванди доимии ҷамъ овардан, коркарду таҳлили маълумоти сифатӣ оид ба сатҳи дарк, азхудкунии масъалаҳои таълим ва мутобиқ сохтани фаъолиятҳои таълиму омӯзиш ба ниёзи фардии (индивидуалии) хонанда буда, он хонандаро водор месозад, ки сатҳи инкишоф, дастоварду мушкилоти худро ба таври ҳамешагӣ муайян кунад ва барои пешрафту бартарафсозии мушкилоти муайяннамудаи худ фаъолиятҳои амалиро анҷом диҳад. Арзёбии ташаккулдиҳанда ба омӯзгор низ имкон медиҳад, ки баҳри дарки мушкилот дар таълим ва ворид кардани дигаргуниҳо ба фаъолияти минбаъдаи худ (интихоби методҳои нав, технологияи таълим, тақсимоти вақти дарс, интихоби супоришҳои фаъолкунандаи раванди фикрӣ ва ғ.) маълумот ба даст орад.
Арзёбии ҷамъбастӣ (марҳилавӣ) дараҷаи муваффақият, пешрафти хонандагонро дар азхудкунии талаботи стандартҳои фанни мушаххас ва гурӯҳи стандартҳои фаннӣ муайян ва баҳогузорӣ мекунад. Ин навъи арзёбӣ дар охири омӯзши мавзуъҳои калонҳаҷм, боб (қисмат), фаслҳо анҷом дода мешавад. Арзёбии ҷамъбастии марҳилавӣ ҳамчун арзёбии омӯзиш, барои муайян кардани дараҷаи азхудкунии маводди таълимӣ, ки дар раванди он хонандагон салоҳиятҳои асосии худро рушд додаанд, гузаронида мешавад ва натиҷаи он қайд карда шуда, барои ҳисобот дар бораи дастовардҳои хонандагон истифода мешаванд.
Арзёбии ҷамъбастӣ (ниҳоӣ) сатҳи муваффақият, пешрафти хонандагонро дар азхудкунии талаботи стандартҳои фанни мушаххас ва гурӯҳи стандартҳои фаннӣ муайян баҳогузорӣ мекунад. Ин навъи арзёбӣ дар охири чоряк, нимсола, солона ва аттестстсия анҷом дода мешавад. Хусусияти асосии арзёбии ҷамъбастӣ муайян кардани қобилияти хонандагон дар истифодаи маводди дарккардашудаи назариявӣ дар амал мебошад.
Бояд зикр намуд, ки қабули консепсияи мазкур ҳадаферо пайгирӣ мекунад, ки минбаъд дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди камолоти маънавӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус, эъмори низоми нави таҳсилот ва арзёбии шаффофи сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон саҳмгузор хоҳад буд, зеро маърифатнокӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳнию фикрии шахсият, саломатии руҳӣ, гуногунҷанбагӣ, саъю талош, ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ, маҳорату қобилияти ҳалли вазифаҳои мураккаб ва калидӣ, маънавиёти воло, инсондӯстӣ ва ватандӯстии содиқонаро барои ӯ маҳз таҳсилоти муназзам ва арзёбии воқеии натиҷаҳои он (таҳлили ҳаррӯзаи фаъолияти хонанда оид ба ҳар як мавзуи фанни мушаххаси таълимӣ), дарёфти роҳҳои мунтазами бартарафсозии мушкилоти раванди омӯзишу таълим ва тавассути он пешрафти муваффақонаи ӯро таъмин карда метавонад. Гузашта аз ин, қайд намудан зарур аст, ки дар суханронӣ ва вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, 1 сентябри соли 2023 дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара бахшида ба “Рӯзи дониш” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақият ва камбудиҳои соҳаи маорифро ошкоро хотиррасон ва таҳлил карда, барои беҳбуди фаъолияти масъулини соҳа, олимон, коршиносон, омӯзгорон маслиҳат ва дастурҳои калидии зеринро пешниҳод намуданд: “Ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон, назорати қатъии таъмин намудани давоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба таҳсилоти тафриқавӣ гузаронидани хонандагони синфҳои 5 — 11 эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад” [6, 2].
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коркарди Дастурамали низоми бисёрхола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди босуръати техникаю технология, зуҳури илм, афзудани иттилооту мушкилоти ҳифзи он дар доираи вақти мавҷуда, тағйирпазирии талаботи бозори меҳнат, омода намудани хонанда ба дарёфти мавқеи хеш дар ҳаёти воқеӣ, имконияти фаъолият кардан дар кишварҳои пешрафта ва гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мутахассисон, коршиносон, кормандои раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони эҷодкору амалгаро ва дигар тарафҳои ба таълиму тарбия масъулро фаро гирифт. Натиҷаи дастаҷамъонаи таҳияи он аз ҷониби коршиносон хуб арзёбӣ гардида, дар айни ҳол тибқи дастурамали мазкур дар 140 муассисаи таълимии кишвар озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва арзёбии меъёрҳои он бомаром идома доранд, ки он яке аз самтҳои муқаррароти консепсияи мазкур маҳсуб меёбад. Низоми 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии он аллакай дар бисёр кишварҳои хориҷи дуру наздик дар асоси тақиқоти густурда, таҳлилу хулосабарориҳо ва ибрози фикру андешаҳои ҷонибҳои ба он фарогир ба роҳ монда шуда, истифодаи он ба баланд гардидани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагони ин кишварҳо дар сатҳи дилхоҳ мусоидат намудааст (ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Белорус, Литва, Қазоқистон, Россия (интихоби ҳар гуна низом аз 10 то 100-хола озод аст), Босния ва Гертсеговина, Исландия, Финландия, Руминия, Бразилия, Исроил, Ҳолланд, Мексика, Юнон ва ғайра). Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм барои самаранок гардонидани раванди таълим, таъмини маълумоти воқеӣ дар бораи дастовардҳои таълимии хонандагон, ташкили механизми арзёбии меъёрӣ, мониторинги самараи татбиқи он, аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ кормандони маорифи кишвар, мутахассисон, коршиносон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимиро ба озмоиши низоми 10-хола ҷалб намуда, пешрафт, дастоварду мушкилот ва тадбирҳои бартарафсозии норасоиҳои раванди онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст. Бояд зикр кард, ки воқеан, бо дарназардошти гузариши пурра ба муносибати босалоҳият дар таълим коркарди низомномаи баҳогузории 10-хола ва арзёбии меъёрҳои сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагон оид ба ҳар як фанни таълимӣ бештар зарурати воқеӣ пайдо карда, ба тасвиб расидани Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 барои ба итмом расонидани коркарди ин низомнома заминаи воқеӣ хоҳад гузошт. Гузашта аз ин, муқаррароти консепсия дар раванди арзёбии дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон ба самтҳои зерин мусоидат хоҳад кард:
— пешниҳоди иттилооти боэътимод (дақиқ) дар бораи натиҷаҳои таълимии хонанда ҳамчун нишондиҳандаи асосии сифати таҳсилот;
— таҳлили дастовард ва мушкилоти хонанда дар раванди омӯзиш ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида;
— ворид сохтани тағйироту иловаҳои асоснок ва дахлдор ба стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ вобаста ба муваффақият ва мушкилоти таълимии хонандагон;
— назорати мақсаднок ва идораи босуботи сифати таҳсилот ва фаъолияти самарабахши хонандаю омӯзгор;
— ҳавасмандсозии хонанда ба донишомӯзии мақсадноку ташаккулдиҳанда;
— назорати иҷрои талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ;
— ҳамкории васеи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва падару модарони онҳо барои баланд бардоштани шавқу завқи донишомӯзии хонандагон.
Инчунин, бояд зикр намуд, ки гузариш ба меъёрҳои бисёрхолаи муосири арзёбӣ дар марҳилаи кунунӣ аз чанд ҷиҳат афзалиятнок шуморида мешавад, аз ҷумла:
— меъёрҳои арзёбии мазкур ташаккули доимии хонандаро таъмин карда метавонанд (таҳлили асосноки хонанда ва бартарафсозии мушкилоти муайяншуда ҳам тавассути худтаҳлилкунӣ ва ҳам таҳлил аз ҷониби омӯзгор);
— низоми 10-холаи баҳодиҳӣ ва меъёрҳои арзёбии он ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ба натиҷаи ниҳоӣ ва комёбиҳои фардии хонанда баҳои воқеӣ гузорад, зеро чунин имкониятро ин низом барои омӯзгор фароҳам меорад;
— дар раванди арзёбии 10-хола ба ташаккули инфиродӣ, аз ҷумла, рушди қобилиятҳои илмӣ-лоиҳавӣ, ташаббускорӣ, эҷодкории хонанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар баробари он, арзёбии натиҷаҳои таълимии хонанда ҷузъи муҳими раванди педагогӣ дониста шуда, он сатҳи муваффақиятҳои таълимӣ-шаклгирии дониш, маҳорат, малакаи хонандагон, дараҷаи рушди салоҳиятҳои асосӣ ва фаннии онҳо ва ташаккули шахсиятро муқаррар менамояд ва ба интихоби доираи фаъолияти таълимии минбаъдаи ҳар як хонанда замина мегузорад. Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир дар низоми таҳсилоти кишварҳои зиёд ислоҳоти васеъ дар самти коркарди моделҳои нави арзёбӣ, бақайдгирии дастовардҳои таълимии хонандагон ва ташкили аттестатсияи хатмкунии зинаҳои таҳсилот гузаронида мешавад.
Арзёбӣ аз рӯи меъёрҳои муосир барои татбиқи муқаррароти консепсия заминаҳои зерин барои такмили мундариҷаи таҳсилот хоҳад гузошт:
— асосноккунии ворид намудани тағйироти арзишманд ба стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ тавассути нишондодҳои бадастомада ва аз озмоишгузаштаи истифодаи меъёрҳои арзёбӣ;
— ворид намудани фанҳои таълимӣ (дар сурати зарурат) ба барнома ва нақшаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисони сатҳи миллӣ дар шароити талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат, нигаронидани таваҷҷуҳи асосӣ аз омӯзиши назария ба амалия ва ҳалли мушкилоти муайянгардидаи хонандагон;
— тарҳрезии системаи арзёбии дохили-мактабӣ-таъмингари фаъолияти самарабахши системаи таҳсилот, омодасозии воситаҳои арзёбии баландсифати ҷавобгӯ ба мундариҷаи талаботи стандартҳои муосир, истифодаи одилона ва шаффофияти тартибот (муқаррарот) барои гузаронидани аттестатсияи хатмкунӣ дар зинаҳои таҳсилот ва ташкили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани масъалаҳои мазкур.
Адабиёт:
1. Лутфуллоев М.П. Дарс. – Душанбе: «Маориф», саҳ. 1995. – 192.
2. Мухторов З. Проблемы оценивания. Маҷ. «Мактаб ва ҷомеа», 2003, №3. саҳ. 20-23.
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 26.12.2018.
4. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. (ҚҲҶТ аз 29.09.2020)
5. Шарифзода Ф. Доктринаи таҳсилоти насли бомаърифати ояндасоз. Душанбе. 2022. саҳ. 15.
6. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ҳангоми гузаронидани Рӯзи дониш-Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара (01.09.2023)