Ситора ШОДИЕВА,
корманди Коллеҷи омӯзгории ба номи
Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Боиси сарфарозии аҳли илму адаб аст, ки бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамасола таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Тавре аз мазмуни бандҳои низомномаи он бармеояд, мақсаду ҳадафи озмун «баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, аспирантҳо, магистрҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар» ба ҳисоб меравад. Чунин тасмими нек бори дигар собит менамояд, ки китоб ҳамчун махзани маърифат дар ҷомеаи мо мақому манзалати хос дорад.
Дарк кардану шинохти ҳама чиз тавассути китоб сурат мегирад. Бузургтарин нобиғаҳо, ки соатҳову рӯзҳо дар самти рушди илму маърифат кор кардаанду кор мекунанд, ҳама донишҳоро аз китоб ҳосил кардаанд. Барои ҳамагон маълум аст, ки пешрафтҳо барои инсон ва умуман, аҳли башар аз тарзи муносибат ба китоб ва сифати хондани китоб ҳосил мешавад. Бидуни китоб дар пайроҳаи умр қадам задан, ин маънии дар шаби тира ба ҷойи номаълум рафтанро дорад. Китоб ҷилои маҷмуи тафаккури инсон ба ҳисоб рафта, ҷомеаи аз китоб дур ҷомеаи ваҳшӣ хоҳад буд. Дар китоб илму фаҳмиш ва маънавиёту маърифати беҳудуд матраҳ аст.
Дар ҳақиқат, китоб устоди роҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо аҳли башарро донишу илму ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китоб инсону ҷомеаро камол бахшида, дар ҳошияи ҳама гуна фаъолият чун як муаллиму дастурдиҳандаи беминнат ҳузур дорад. Нест он соҳаву ҷабҳае, ки дар бораи он китобе вуҷуд надошта бошад ва ин далолат бар он дорад, ки ҷомеа бояд китобхон бошад. Файласуфи фаронсавӣ Дени Дидро дар асри 18 ҷараёнҳои нави инкишофи фарҳанги тамаддунро ба назар гирифта, гуфта буд: «Инсоният вақте мутолиаро қатъ мекунад, тафаккурро аз даст медиҳад».
Ҷойи инкор нест, ки мутолиа ин нафаси ақлу фаросат аст, ки онро фарди китобдӯст бештар дарк менамояд. Фарди китобдӯсту китобхон ҳамеша аз атрофиён фарқ дорад. Бидуни китоб дар пайроҳаи умр қадам задан, ин маънии дар шаби тира ба ҷои номаълум рафтанро дорад. Китоб ҷилои маҷмуи тафаккури инсон ба ҳисоб рафта, ҷомеаи аз китоб дур ҷомеаи зудзавол аст. Дар китоб илму фаҳмиш ва маънавиёту маърифати беҳудуд матраҳ аст. Китобро бояд донист, дӯст дошт ва бовар кард, зеро он «устоди бемузду беминнат» аст. Китоб махзану сарчашмаи ҳар як афкор аст, ки муҳаққиқону адибон ба он ҳар лаҳза такя менамоянд. Ақл ва тафаккур ба воситаи китоб инкишофро соҳиб мегардад ва ин раванд бояд ҷараёни мунтазам дошта бошад. Ҳамагуна ҳирс, ҳасад ва ҷаҳолатро танҳо китоб барҳам зада метавонад. Китоб хондан барои китобнавис бештар зарур аст ва ҳатто, китоб хондан ба маротиб аз китоб навиштан беҳтар аст. Мутолиаи китоби зиёд боис мешавад, ки як нафар бо лаёқату истеъдоди хос китоби хуб нависад. Дар акси ҳол китоби ӯ кӯзаи холиеро мемонад, ки ҷуз садои хушк чизе надорад. Хушбахт он инсон аст, ки агар ҳар рӯзи ӯ аз мутолиаи чанд саҳифаи китоб иборат бошад.
Аз солҳои қабл анъанае вуҷуд дошт, ки чун муҳаққиқи ҷавон ба кори илмӣ мепардохт, аввалин ҳисобот дар назди ӯ ва роҳбари илмияш он буд, ки чӣ қадар китобҳои марбут ба соҳаро хондааст. Шояд ин анъана имрӯз низ нигоҳ дошта шудааст, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки толорҳои хониши китобхонаҳо чун солҳои қабл аз хонанда пур нестанд. Таассуфангезтар он аст, ки баъзе муҳаққиқон, ҳатто, китобҳои дар як факултет ва як донишкадаи ба ихтисоси ӯ робитадоштаро намехонанд.
Ҳарчанд имрӯзҳо раванди электронихонӣ ва ё электронисозӣ дар саросари ҷаҳон ҷараён дорад, вале бидуни истиҳола метавонам бигӯям, ки маълумоти интернет ва ё гунаи электронии китобҳо ҳеҷ гоҳ ҷойи китоби анъанавиро гирифта наметавонад. Аз ин ҷиҳат, бояд ҳамон анъанаи неки мутолеа нигоҳ дошта шавад ва ҳатто, лозим шавад муҳаққиқи ҷавон китобҳои хондаашро ба роҳбари худ чун як адабиёт тариқи саволу ҷавоби махсус супорад.
Мутолиаи анъанавии китоб суди бештар дорад ва бояд дар ин роҳ аз чанд қонуният сарфи назар накард. Ақидаҳое вуҷуд доранд, ки нобиғаҳо ва олимони тавоно китобро бо суръати баланд мехондаанд ва инро чун як эҳтиром аз ҷониби онҳо нисбат ба вақт баҳогузорӣ менамоем. Ин комёбӣ натиҷаи мутолиаи пайвастаи китоб аст ва махсусан, дар шароити имрӯза он ногузир мебошад. Хондани босуръат ва ҳамзамон, дарки маънӣ ин лаёқат аст. Хониши босуръат барои муҳаққиқон аз чанд паҳлу фоидабахш аст. Дар навбати аввал, суръати хониш нури чашмро дар байни сатрҳову калимаҳо камтар ғарқ менамояд. Аз ҷониби дигар, инсон қудрат надорад, ки тамоми китобҳоро дар давоми умри худ мутолиа карда бошад.
Китоб барои донишҷӯ, муҳаққиқ ва пажуҳандагони ҷавон ғизоест, ки робитаи пайваста ба он, хушнудиву масрурии давоми умри ӯро таъмин менамояд. Агар он дар ҷавонӣ роҳнамо бошад, пас, дар пиронсолӣ рафиқи наздиктаринест, ки ҳар лаҳза ба он рӯ меорад. Роҳи тайкардаи таҳқиқи худро дар асоси мутолиаҳояш ҳар лаҳза пеши назар меорад. Мутолиаи китоб ин ҷавҳари таҳқиқу ҷаҳонбинист, аммо на он мутолиаи даркнашаванда, ки он баробар ба адами мутолиа мебошад. Бояд ҳар як китоби хондашуда бо хулосаҳои махсус ҷамъбаст карда шаванд ва дар дафтари хосе сабт гарданд. Ин усул роҳнамои фаврӣ дар ҳолатҳои мураккаб ба ҳисоб меравад.
Мутолиа гуфта, дар ин ҷо танҳо асарҳову китобҳои илмӣ дар назар дошта намешаванд. Асарҳои бадеӣ ин таконбахшандаи дигари ташаккули донишу ҷаҳонбинист. Ҳатто, барои муҳаққиқи илмҳои дақиқ низ китоби бадеӣ хондан дуюмдараҷа нест. Мусаллам аст, ки беҳтарин олимони фанҳои дақиқ беҳтарин китобхонҳо буданд. Аз китобҳо хуб гуфтану навиштану тарзи дурусти ифодаи фикрро балад мегардиданд. Як унсур ва рукни фаъолияти муҳаққиқ ин хабардор будан аз ҳунари нотиқӣ аст, зеро тариқи минбарҳо муаррифӣ кардани масъалаҳои муайян доиман вуҷуд дорад ва ягон наттоқ бидуни мутолиаи китоб муваффақ набуд ва нест. Китоб хондан ин дараҷаву мақом аст. Китобхон худ ба як китобхона ва як донишгоҳ табдил меёбад. Шахсиятҳои бузургу тавоно бо ҳамин роҳ муваффақу комёб шудаанд.
Хулоса, вобаста ба таҷрибаи омӯзгории худ метавонам бо итминон бигӯям, ки баргузории ин озмун ва ҷалби фарогири ҷомеа ба мутолеа такони ҷиддие дар роҳи рушди зеҳнии миллат хоҳад буд. Махсусан, барои донишомӯзон ин озмунҳо яке аз асоситарин омилҳои баланд гаштани ҷаҳонбиниву дониш ва маърифат хоҳад буд. Пас, ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, ки барои рушди зеҳнии худ мутолеаро фаровон ва сифати мутолеаро воло гардонад.