КИТОБҲОИ ДАРСИИ НАСЛИ НАВ БО ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР ПАЙВАНДИ ҚАВӢ ДОРАНД

Суҳбаторо Дилафрӯз Қурбонзода,
“Маърифати омӯзгор”
Китоб маҷмуи тафаккури инсонҳо буда, дар он илму адаб ва маънавиёту маърифат матраҳ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши китобро чунин тавсиф кардаанд: “Китоб инсонро ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд мебардорад, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад”. Ё ҷои дигар фармудаанд: “Мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигаҳдорӣ мекунанд, то ин ки насли имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”. Бузургони мо таъкид кардаанд, ки китоб ба мисли устоди роҳнамо тӯли ҳазорсолаҳо аҳли башарро илму дониш, маърифату маънавият ва ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китобҳо, хусусан, китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар дар ташаккулу инкишофи тафаккури эҷодии онҳо нақши муҳимму мондагор доранд. Зеро бунёди ҳама гуна навгонӣ дар соҳаи маориф ба таҳия ва чопи китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи стандарти таҳсилот алоқаманд аст.
Дар самти таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ бо директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамурод суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо-хонандагони арҷманди маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” мегардонем.
— Муаллими азиз, дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ пешрафти чашмгир дорад. Аҳли маорифи кишвар дар фазои осудаи кишвар бо дасту дили гарм дар пайи иҷрои рисолатҳои хешанд. Бинобар ин, аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб ва маводди хонише, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, бомаром чоп шуда, дастраси хонандагону дӯстдорони илму дониш ва маърифат гашта истодааст. Лутфан мегуфтед, ки марказ дар як соли охир дар самти арзёбии адабиёти таълимӣ чӣ корҳои мушаххасеро ба анҷом расонид?
— Ташаккур. Бешак, имрӯзҳо давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун рукни муҳимми давлатдорию манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ диққати махсус медиҳад, аз ин рӯ, таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва устодону омӯзгорони кишвар бо китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ аслитарин омили рушди ин соҳаи муҳимму афзалиятнок мебошад. Пешвои муаззами миллат низ дар ҳама мулоқоту суханрониҳояшон ба соҳаи маорифи мамлакат пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир намуда, ҷиҳати пешрафти он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Маҳз дар партави ин ҳама дастгирию таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргунию тозакориҳо дар барномаҳои таълимӣ, навиштану таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва воситаҳои таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вусъати тоза касб намудааст. Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, дар самти таҳия, арзёбӣ, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ корҳои муайянеро ба сомон расондааст. Дар соли 2024 дар самти арзёбии адабиёти таълимӣ ба марказ 225 дастхати адабиёти таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла, 5 номгӯй дастури таълимиву методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 67 номгӯй китоби дарсӣ, 22 номгӯй харита ва атласҳои таълимӣ, 2 барномаи таълимӣ, 6 номгӯй дастури таълимию методӣ, 2 номгӯй дафтари хонанда (аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика) барои синфи 5-ум, 2 номгӯй журнали синф барои синфҳои 1-4 ва 5-11 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 112 номгӯй китоби дарсӣ ва 9 номгӯй дастури таълимиву методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ворид шуд. Дар ин муддат 240 дастхати адабиёти таълимӣ ба мутахассисони соҳаҳои марбута барои тақриз ва арзёбии касбӣ фиристода шуд.
— Барои ҷой додани ғояҳои давлатдории миллӣ дар адабиёти таълимии пешниҳодшаванда ва пешгирӣ аз ақидаҳои хурофотпарастию бегонапарастӣ чӣ чораҳо андешида мешавад?
— Талаботи ҷаҳони муосир ва фазои омӯзишии кишвар тақозо дорад, ки зимни таълифи китобҳои дарсӣ ва маводи илмӣ-методӣ ба раванди ҳувиятсозӣ ва давлатдории миллии мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Илова бар ин, шароити феълии сиёсӣ ва фазои давлатсозӣ аз мураттибону муаллифони ҳама гуна китобҳо, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ масъулияти бештарро талаб менамояд. Роҳбари давлатамон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз дошта буданд, ки китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бояд ҷавобгӯи талаботи замони нав буда, мазмуну мундариҷаи онҳо баёнгари ҳувияти миллӣ, анъанаҳои таърихӣ ва талқинкунандаи ғояҳои давлати соҳибистиқлоламон бошад.
Албатта, ин гуна масъалагузории Сарвари кишвар, пеш аз ҳама, аз муаллифони китобҳои дарсӣ ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва дигар муассисаҳое, ки дар самти таҳия ва чопи китобҳои дарсиву методӣ саҳмгузоранд, масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Бо мақсади муайян кардани ҷой доштан ё надоштани ақидаҳои хурофотпарастию бегонапарастӣ дар китобҳои дарсии ба «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2024» воридгардида бо мутахассисони ниҳодҳои болозикр ва муқарризони муассисаҳои дахлдори кишвар ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд. Бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои муқарризон ва бо мақсади дар мафкураи наврасону ҷавонон ҷой кардани аҳкоми олии давлатдории милливу ҳаёти дунявӣ тамоми китобҳои дарсии нақшаи номбурда бозбинӣ гардида, муаллифон, мураттибон ва муҳаррирони китобҳои дарсӣ бо хулосаҳои экспертӣ ва тақризҳои гурӯҳӣ расман шинос карда шуданд ва пас аз ислоҳи ғалату камбудиҳо дар ҳамкорӣ бо муаллифон, ба нашри онҳо иҷозат дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 1-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва зимни иштирок дар Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2023 баён доштанд, ҷиҳати бознигарии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии фанҳои адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, таълифи китобҳои ин фанҳо дар асоси талаботи сиёсиву иҷтимоии давлат ва дастовардҳои замони истиқлол ва таҳияи консепсияи таълифи китобҳои дарсии фанҳои таълимии зикршуда барномаи амалкунандаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ куллан бознигарӣ карда шуд. Лоиҳаи барномаи таълимии номбурда аз ҷониби муаллифон мавриди арзёбӣ қарор гирифта, бо дарназардошти хулоса ва пешниҳодҳои онҳо такмил дода шуд. Бо мақсади таълифи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик ва Консепсияи таҳияи китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик барои зинаи таҳсилоти умумӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи консепсияҳои номбурда таҳия гардида, айни замон дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Ҷиҳати бо дарназардошти ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, ҳамзамон, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо дар асоси нақшаҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳияи стандартҳои нави фаннӣ, барномаҳои муосири таълимӣ ва китобҳои дарсии насли нав оғоз гардидааст. Ин иқдомҳои созанда, ки ҷиҳати пешгирии ақидаҳои хурофотпарастию бегонапарастӣ дар китобҳои дарсӣ амалӣ мегарданд, ба манфиати кор буда, натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳанд овард.
— Чандест ибораи “Китобҳои дарсии насли нав” зиёд ба гӯш мерасад. Шумо ҳам зимни суҳбат аз он ёдовар шудед. Лутфан бигӯед, ки китобҳои дарсии насли нав аз китобҳои анъанавӣ чӣ бартарӣ доранд ва дар самти чопи онҳо чӣ корҳо анҷом шудааст?
-Китобҳои дарсии насли нав китобҳои хонандамеҳваранд, ки дар онҳо бештар аз матнҳои дидактикӣ истифода мешавад. Ин китобҳо, ки алҳол барои хонандагони синфи 2 (китоби забони русӣ) ва синфи 5 (китоби забони тоҷикӣ ва математика) омода шудаанд, ба шогирдон имкон медиҳанд, ки донишу малакаи худро мустақилона такмил дода, бевосита худашон донишандӯзӣ намоянд. Дар баробари ин, китобҳои дарсии насли нав бо технологияҳои иттилоотии муосир пайванди ногусастанӣ дошта, аз китобҳои маъмулӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекунанд. Ҳаҷми китобҳои насли нав каме бузургтар аст. Ҳамчунин, дар китобҳо рамзҳои зудёб ё худ QR-рамз ҷой дода шудааст, ки ба воситаи онҳо бачаҳо метавонанд, ҳам навор бинанду ҳам садо шунаванд. Маъмулан, QR-рамзҳо барои иҷрои вазифаи хонагӣ гузошта шудааст ва хонандагон метавонанд, дар хона бо истифода аз телефони волидон ба садову наворҳо дастрасӣ пайдо карда, тарзи дурусти талаффузи калимаву вожаҳоро омӯзанд. Дар ин маврид, волидон бояд ёрирасони фарзандони хеш бошанд. Ҳамчунин, дафтари алоҳида низ таҳия шудааст, ки бачаҳо метавонанд, дар он аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика машқу супоришҳоро кор кунанд.
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар маҷмуъ, 18 номгӯй китоби дарсии насли нав таҳия ва ба миқдори 1 миллиону 556 ҳазор нусха нашр гардида, мунтазам ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардида истодаанд. Айни ҳол 34 номгӯй китоби дарсии насли нав дар рафти таҳия қарор дорад. Таълим аз рӯйи китобҳои мазкур аз соли таҳсили 2025-2026 оғоз хоҳад ёфт.
— Аз иттилои шумо дарёфтем, ки таҳияи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таълимашон ба забони давлатӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Барои муассисаҳои таълимашон ба забони русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ чӣ иқдомҳое амалӣ гаштаанду кадом китобҳо таҳия ва тарҷума шудаанд?
-Бале, дар ин самт низ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Соли сипаришуда назорати таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ғайритоҷикӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) яке аз ҳадафҳои асосии Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Соли гузашта 96 номгӯй китоби дарсӣ, аз ҷумла, барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) 53 номгӯй, русӣ 16 номгӯй, ӯзбекӣ 6 номгӯй ва туркманӣ 21 номгӯй ба теъдоди умумии 3 миллиону 516 ҳазор ба озмуни чоп пешниҳод гардид. Барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ китобҳои дарсии «Искусство и труд» (Санъат ва меҳнат) барои синфи 1-ум бо теъдоди 30 000 нусха ва «Забони давлатӣ» барои синфи 8-ум бо теъдоди 10 000 нусха нашр гардида, айни замон 14 номгӯйи дигари китоби дарсӣ ба теъдоди умумии 315 ҳазор нусха дар ҳоли нашр мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 номгӯйи китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони туркманӣ таҳия ва тарҷума карда шуд. Аз ин шумора 11 номгӯй бо теъдоди 4 ҳазору 400 нусха нашр гардида, 10 номгӯйи дигар бо теъдоди 4 000 нусха дар раванди чоп қарор дорад.
Китобҳои чопшуда ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Дӯстӣ, ки маросими ифтитоҳи он 1-уми сентябри соли 2024 ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт, дастрас карда шуданд. Барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ӯзбекӣ таҳия ва тарҷумаи 6 номгӯй китоби дарсӣ анҷом шуда, айни замон корҳои тонашрии онҳо идома дорад. Китобҳои номбурда ба теъдоди умумии 136 ҳазор нусха нашр карда хоҳад шуд. Барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони қирғизӣ 9 номгӯй китоби дарсӣ тарҷума гардида, пас аз ба охир расидани раванди ташхис ба озмуни чоп пешниҳод карда мешаванд.
— Мехостем бидонем, ки дар соли 2024 чӣ миқдор барномаҳои таълимӣ нашр карда шуд ва оё нашри китобҳои дарсӣ барои тарбиятгирандагону хонандагони ҷумҳурӣ ба миқдори кофӣ ба роҳ монда шудааст?
— Дар соли 2024-ум 7 номгӯй дастури таълимиву тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 106 номгӯй адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба теъдоди умумии 4 миллиону 618 ҳазор нусха, аз ҷумла, 102 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба миқдори умумии 3 миллиону 799 ҳазор нусха, 2 номгӯй роҳнамои омӯзгор ва 2 номгӯйи дафтари хонанда аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои синфи 5-ум ба теъдоди умумии 717 ҳазор нусха нашр гардид. Ҳамзамон, дар доираи амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нашри 14 ҷилд «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ-русӣ» ба теъдоди умумии 56 000 нусха (ҳар як ҷилд 4000 нусхаӣ) нашр карда шуд. Дар маҷмуъ, давоми соли 2024 112 номгӯйи адабиёти таълимиву методӣ ба теъдоди 4 миллиону 674 ҳазор нусха нашр гардид, ки нисбат ба соли 2023 340 ҳазор нусха зиёд мебошад. Ҳамаи адабиёти таълимӣ нархгузорӣ гардида, таъминоти он ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи эҳтиёҷот ба роҳ монда шуд. Айни замон чопи 48 номгӯйи адабиёти таълимӣ бо теъдоди умумии 1 миллиону 811 ҳазор нусха дар ширкатҳои ноширии ватанӣ идома дорад, ки давра ба давра нашр ва тибқи дархост ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
— Оё гуфта метавонед, ки таъминот бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ аст?
— Дар соли 2024 ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ (муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, мактабҳои Президентӣ, гимназия, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ) 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардонида шудааст, ки нисбат ба соли 2023 542 ҳазору 202 нусха зиёд аст. Ҳамзамон, бо мақсади истифода дар раванди таълиму тарбия, инчунин, ғанигардонии фонди китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ 109 ҳазору 782 нусха адабиёти таълимӣ (китобҳои дарсӣ, барномаи таълим, дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор, китобҳои бадеии бачагона) ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон ирсол карда шудааст. Айни замон дар анбори китобҳои дарсии Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 518 ҳазору 703 нусха адабиёти таълимиву бадеӣ мавҷуд аст, ки давра ба давра дастраси хонандагон хоҳад гардид.
— Кор дар самти татбиқи “Барномаи билингӣ”, ки барои беҳбудии ҷараёни пардохти иҷораи китобҳои дарсӣ пешбинӣ гардидааст, чӣ гуна амалӣ мешавад?
— Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» соли 2024 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи билингӣ” таҳия карда шуд, ки тавассути он пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ амалӣ карда мешавад. Ҷиҳати амалигардонии барномаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобдорони муассисаҳои таълимии кишвар семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Айни замон пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ тавассути барномаи мазкур амалӣ шуда истодааст. Дар барномаи мазкур нархи ҳар як китоб ва соли иҷораи он ба таври худкор (автоматӣ) муайян карда мешавад. Инчунин, шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, теъдоди китобҳои дарсии дар китобхона мавҷудбуда дар он сабт карда мешавад. Дар сурати дуруст ворид кардани маълумот оид ба шумораи хонандагон ва теъдоди китобҳои дарсии мавриди истифода қарордошта аз ҷониби ҳар як муассисаи таълимӣ омори эҳтиёҷоти китобҳои дарсӣ ба таври худкор (автоматӣ) муайян мегардад. Минбаъд, Вазорати маориф ва илм бо такя ба маълумоте, ки аз ҷониби китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба шумораи китобҳои дар истифода қарордошта дар барномаи мазкур ворид карда мешаванд, теъдоди нашри навбатии китобҳои дарсиро барои солҳои оянда пешбинӣ ва муайян менамояд.
— Барои соли таҳсили 2025-2026 эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ чӣ миқдор аст ва марказ барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ чӣ ҳадафҳо дорад?
— Бо мақсади муайян намудани эҳтиёҷот ва норасоии китобҳои дарсӣ аз раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи “Барномаи билингӣ” дархост ҷамъоварӣ карда шуд. Дар ин ҷо мехоҳам, махсус қайд намоям, ки татбиқи “Барномаи билингӣ” барои муайян кардани эҳтиёҷоти аслии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба китобҳои дарсӣ нақши муҳим бозид ва бо ин восита, мо ба осонӣ теъдоди лозимии китобҳои дарсиро муайян намудем. Дар асоси дархости пешниҳодкардаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» таҳия карда шуд, ки тибқи он нашри 120 номгӯйи китоби дарсӣ ба теъдоди умумии 9 миллиону 154 ҳазор нусха дар назар дошта шудааст ва марказ тасмим гирифтааст, бо истифода аз тамоми имконот миқдори зарурии китобҳоро нашр намуда, ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас намояд.
— Сипосгузорем аз посухҳои мушаххас ба саволҳои пешниҳодшуда.
— Саломату сарбаланд бошед.