Шаҳло ЭШОНОВА,
рӯзноманигор

Ё чӣ бояд кард, то касби интихобнамудаи фарзандамон дурусту самаровар бошад?

“Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?”. Ин суолро тақрибан ҳамаи падару модар замони хурдӣ ба фарзандони худ медиҳанд. Одатан, кӯдакони хурдсол ба ин савол ба осонӣ посух медиҳанд, аммо наврасону ҷавонон аксаран дар интихоби касби ояндаи худ душворӣ мекашанд ва ҳатто, то лаҳзаи ба даст гирифтани номаи камол мавқеъ ва сатҳи минбаъдаи фаъолияташонро муайян карда наметавонанд.
Аксар маврид волидон кӯшиш мекунанд, то дар ин самт ба фарзандонашон кумак расонанд ва барояшон роҳнамо бошанд, вале на ҳама инро дуруст анҷом дода метавонанд. Ин нигошта ба ин масъала рабт дорад ва барои устодону волидон ҳамчун дастури кор хидмат хоҳад кард.

                                                                   ИНТИХОБ:
                                                  ОН БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?

Чӣ бояд кард, то интихоби касби ояндаи фарзандон дурусту самаранок бошад? Аксари волидонро ҳамин масъала ба ташвиш меорад, ки фарзандашон барои масири ояндаи худ тақрибан интихобе надорад. Бо вуҷуди машғулиятҳои иловагӣ, иштирок дар олимпиадаву ҳар гуна озмунҳо боз ҳам ӯ чизе намехоҳад. Албатта, ба ҷойи ӯ пурра қазоват кардан нашояд, вале волидон метавонанд, бе фишор овардану ба чизе водор карданаш ӯро ба касбу коре дилгарм созанд.
Ба андешаи мутахассисон наврасон қазоват карда наметавонанд, ки чӣ хуб асту чӣ бад, олами касбият аз чӣ иборат аст ва чаро одамон бояд ҳатман касбу коре дошта бошанду дар рӯзгори оянда чӣ гуна табаддулоте онҳоро интизор хоҳад буд. Маҳз бо ҳамин далел дар интихоби касб дахолату кумаки водидон ҳатмист. Чун дар ин синну сол тасаввуроти онҳо дар бораи одаму олам, дар бораи он ки дунё чӣ гуна сохта шудаасту оянда онҳоро чи интизор хоҳад буд, хеле маҳдуд аст. Аммо волидонро мебояд, ин ҳамаро ба фарзанд тавре фаҳмонанд, ки мувофиқ ба дарку фаҳм ва завқу салиқаашон бошад. Чун баъзан миёни назару андешаи насли наврасу ҷавон ва насли калонсол тафовутҳоест, ки метавонад, боиси нофаҳмиву озурдагиҳо гардад.
Масалан, аксари волидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки фарзандонашон муддатҳои тӯлониро бо компютеру телефони мобилӣ ва барои муошират бо дӯстони маҷозӣ мегузаронанд ва онҳо ба осонӣ тавсияҳои волидонро дар интихоби роҳи ояндаашон рад мекунанд.

                                                                ЧӢ МУҲИМ АСТ:
                                                        МАШВАРАТ Ё РОҲНАМОӢ?

Кӯдакони имрӯз он кӯдакони 10-15 соли пеш нестанд. Ба онҳо бештар на таъкиду водоркунӣ, балки роҳнамоӣ лозим аст. Аслан интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки вақти зиёди одамон дар онҳо сипарӣ мешавад, метавонанд дар интихоби касб кумакрасони беминнат бошанд. Чӣ гуна? Зиёданд сомона ва намоишномаҳои интернетӣ, ки аз таблиғу ташвиқи ихтисосу касбҳои ҷадиди мутобиқ ба бозори меҳнати муосир иборат мебошанд. Моро лозим аст, ки онҳоро ҷустуҷӯ ва пайдо карда, ба кӯдакон тавсия бидиҳем. Касе наметавонад бештар аз волидон ёрдамчии беҳтарин барои фарзанд бошад. Вақте дар ҷустуҷӯи чизи судманде вориди шабакаҳои интернетӣ мешавем, аз вазъи имрӯзи бозори меҳнат огаҳ мешавем, пас ин ҳам барои кӯдак ва ҳам барои волидон хубу гуворост. Ҳамзамон, маълумоти зиёд ба даст меорем, чун бозори меҳнат тағйирёбанда асту на ҳамеша моҳияти онро дарк мекунем.
Ҳамеша бардоштани қадами нахустин каме душвор аст. Баъзан, ҳатто, калонсолон, бо вуҷуди доштани таҷрибаи ҳаётӣ, намедонанд кадом самт дуруст асту кадоме иштибоҳ. Дар ин маврид равоншиносон аз чанд усул кор гирифтанро тавсия медиҳанд. Онҳо мегӯянд, вақте ба назар чунин мерасад, ки дар бунбаст қарор гирифтаед ва роҳи баромаде вуҷуд надорад, бояд дарк кунед, ки чунин роҳҳо хеле зиёданд ва он бунбаст танҳо дар майнаи сари мост. Яке аз роҳҳои осону маъмул анҷом додани суҳбату мукотибот бо устодон, мураббиён ва машваратчиён аст. Гуфтугӯ ва суолу ҷавоб бо мутахассисони касбу кори гуногун метавонад, интихоби моро осон намояд.
Ҳаргиз аз суол додан ба калонсолон доир ба интихоби касб набояд шарм дошт ва ё истиҳола кард. Ҳатман бояд пурсид, ки дар хурдӣ кадом машғулиятро бештар дӯст медошт? Ва агар барои таъминоти узви оилааш уҳдадор намебуд, кадом касбро интихоб мекард? Агар бори дигар имкони интихоби касби нав пеш ояд, кадом касбро интихоб хоҳад кард?

                                                       НАБОЯД ТАРСИД!

Наврасонро мебояд, барои аз байн бурдани тарсу ҳарос ва пайдо кардани ҷуръат, аз интернет саргузашти одамони муваффақро дарёфт карда хонанд. Махсусан, рӯзгори онҳоеро, ки намедонистанд кадом масиреро интихоб кунанду чӣ гуна шуруъ кунанд; онҳое, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд, тарсу ихтилофот, боз ҳам тасмим гирифтанду иродаашон шикаста нашуд; онҳое, ки бо вуҷуди талабаҳои сустхону камҷуръат будан шахсиятҳои маъруфу шинохтаи олам гаштанд. Ва оқибат хоҳанд донист, ки на ҳама ашхоси муваффақи дунё, на ҳама мутахассисони варзида дар хурдсолӣ масири ояндаи худро ба хубӣ медонистанду интихоб карда метавонистанд. Онҳо бояд ҳаминро донанд, ки аз имтиҳон кардани ҳеҷ чизе набояд тарсид, аз хато кардан набояд ҳаросид, аз афтидану бархостан набояд тарсид.

                                                   “КИТОБХОНАИ ЗИНДА”

Ба кӯдакон бояд имкон фароҳам сохт, то бо ашхоси маъруфу шинохта робита барқарор кунанд, робитаи зинда ва рӯбарӯ. Ин усул, ба қавле барояшон “китобхонаи зинда” хоҳад буд, чун ҳангоми муошират наврасон ба ҳама саволҳои худ посух ёфта, нофаҳмиҳо аз байн бардошта хоҳад шуд.
Хушбахтона, миёни одамон ҳоло меҳру шафқат пойбарҷо асту насли таҷрибадор бо майли том ба ҳама гуна саволи наврасон посух гуфта, аз рӯзгору таҷрибаи шахсиашон қисса мекунанд. Танҳо вақту макони муносиб барои суҳбат бояд пайдо кард ва доираи муоширати зиндаро васеъ бояд сохт.
Чаро шумо маҳз ҳамин касбро интихоб кардед? Аз касбу коратон чӣ ба шумо бештар писанд омад? Барои оғози суҳбат ҳамин саволҳо кифоя аст. Баъдан ба наврасон кумак мебояд, то онҳо суҳбатро идома диҳанду ҳама чизро дарк ва ҳазм намоянд. Аммо агар дар доираи ашхоси наздик чунин ҳамсуҳбатҳо пайдо нашавад, пас аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардан маслиҳат дода мешавад. Масалан, ибора ва ё ҷумлаеро бо чунин шакл метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард: “Фарзанди ман мехоҳад, дар оянда ҳуқуқшиноси муваффақ шавад, ба ӯ чӣ тавсия медиҳед?” Яқин аст, ки ба истиснои ашхоси беидрок, хеле зиёданд нафароне, ки ҳатман маслиҳату машварати судманди худро дареғ намедоранд ва ҳатто, аз таҷрибаашон, бо овардани мисолҳои воқеӣ, қисса мекунанд. Баъдан худи наврасонро ворид созед ба чунин муоширатҳо, то худ мустақилона ибрози ақида дошта бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои шахсони муваффақеро пайдо карда метавонед, ки доир ба касбу кори худ маълумоту иттилооти муфид доранд. Он ҷо ҳар гуна чорабиниҳои аҷиб ва захираҳои иттилоотӣ ташвиқу тарғиб мешаванд, ки барои насли наврасу ҷавон роҳнамои хубе буда метавонанд. Аммо бархе аз чунин машваратҳо тариқи онлайн ва пулакӣ сурат мегиранд, ки аксаран иштироки наврасон дар онҳо душвор мешавад. Вале ин ҳам роҳи ҳал дорад. Агар наврас ба ташкитлотчии чунин чорабиниҳо дар тамос шудаву исрор кунад, ки зиёд мехоҳад, аз таҷрибаи эшон барои ояндаи худ баҳра бардорад ва ё омӯзад, барояш чунин имконро фароҳам меоранд. Чун имрӯз муоширати мустақим бо ҳама навъи одамон хеле осон шудааст ва ашхоси маъруф ҳаргиз машварати худро аз наврасон дареғ намедоранд.

                                                              ТАҶРИБА

Ба таъкиди мутахассисон интихоби касб танҳо тавассути иттилоот доир ба он касб ғайриимкон аст, агар таҷриба набошад. Масалан, табиб ҳаёти одамонро наҷот медиҳад, аммо дар баробари ин таҳсили тӯлонӣ, беморони гуногунхислату ҷанҷолӣ, талаботи ҷиддии идораҳои болоӣ ва монанди инҳо низ ҳаст. Пас, суол ба миён меояд, ки кӯдаки шумо, вақте худро бо хилъати сафед тасаввур мекунад, ба ин ҳама омода ҳаст? Нозукиҳои ин касбро танҳо ҳамон наврас ё ҷавоне каму беш мефаҳмад, ки қаблан бо беморон рӯбарӯ шудаасту ба онҳо кумак расондааст, ҳолати онҳоро дарк кардааст. Барои ҳамин, илова ба иттилооти назариявӣ, ширкат дар чорабиниҳо, суҳбат бо ашхоси касбу кори гуногун ва амсоли ин аз манфиат холӣ нест.
Хулоса, агар дар интихоби касби оянда душворӣ мекашед, ҳеҷ боке нест, чун имрӯз доираи имконот хеле фароху густурда аст. Танҳо истифодаи дурусту бамавқеъ аз ин имконот метавонад, шуморо беосеб ба қуллаҳои мурод расонад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар замони муосир, ки касбу кори нав ба нав босуръат ҷой иваз мекунанду робитаҳои иҷтимоӣ ба назар мураккабу печида мешаванд, истифодаи усулҳои болозикр барои фарзандон судманд мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *