А. ЁРМУҲАММАДОВ,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аҳаммияти асарҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аҳаммияти нав пайдо карданд. Дар байни асарҳои гуногунжанри адиби маъруф «Ёддоштҳо» мақоми хосса дорад, зеро асари мазкур бо вежагиҳои худ: тасвири воқеаву рӯзгори гузашта метавонад дар худшиносии миллии халқамон хизмати арзанда кунад. Мо акнун «Ёддоштҳо»-ро бояд вобаста ба шароити Истиқлоли давлатии ҷумҳуриямон таҳқиқ намоем. Бояд ин асари машҳурро аз диди нав омӯзем, зеро дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти мардумамон, аз кишоварзӣ сар карда, то ҳунармандию мактабу мадрасаю маориф ва ғайра, мукаммал шарҳу эзоҳ ёфтааст ва бо мурури солҳои зиёд қиммати илмӣ-амалӣ ва сарчашмавии «Ёддоштҳо» кам нашуда, баръакс хеле боло рафтааст.
Инчунин, дар асар симоҳои маълуми сиёсӣ ва фарҳангии халқамон хеле дақиқ ва мушоҳидакорона тасвир ёфтааст. Бо аксари онҳо шахсан устод Айнӣ шинос буд, аз ин рӯ, симои онҳоро дар «Ёддоштҳо» хеле воқеӣ офаридааст, аз ҷумла, асосгузори равияи маорифпарварии халқамон Аҳмади Дониш ва шогирдону пайравони ӯ Садри Зиё ва дигаронро. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2009 «Ёддоштҳо»-и Садриддини Айниро (дар чаҳор қисм) иборат аз як китоб нашр кард. Ноширон дуруст «Ёддоштҳо»-ро як навъ феҳристи тасвирии дигар асарҳои устод С. Айнӣ номидаанд.
Ҷиҳатҳои серсоҳаи фаъолияти сиёсӣ, илмӣ-адабии Садриддин Айниро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, адиби маҳбубро дар қатори аввалинҳо ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор донистанд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар — Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд. Боғи устод Садриддин Айнӣ, ки дар минтақаи зебоманзари пойтахтамон — шаҳри Душанбе воқеъ аст, пурра азнавсозӣ шуда, ба як мавзеи дилрабое табдил ёфт. Дар мобайни боғи мазкур оромгоҳи Садриддин Айнӣ ҷойгир шуда, ҳамчунин, муҷассамааш ба боғ ҳашамати бузурге медиҳад. Мо дар ин мақола кӯшидем, ки ҷашнгирии Иди Наврӯзро дар Бухорои охири асри XIX аз дид ва мушоҳидаҳои устод С. Айнӣ ба қалам бидиҳем, зеро таҷлили Иди Наврӯз дар «Ёддоштҳо» як қисми муҳимми онро ташкил мекунад.
Ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ ибтидои Иди Наврӯз аз арки амири Бухоро оғоз мегардид. Дар Арк маросими Наврӯзро ташкил карда, зиёфат меоростанд, пул медоданд ва хилъат мепӯшонданд. Сипас, чанд рӯз ба шарафи соли нав сайрҳои расмии ҳукуматӣ ташкил мекарданд, аммо халқ бо ташаббуси худ 22 март (солҳои кабиса, соле, ки феврал 29 мешавад, 21 март медарояд) сайрҳо ташкил намуда, барои пешвозгирии Наврӯз тайёрӣ медиданд.
Калонтарин сайри халқӣ, ба гуфтаи С. Айнӣ, дар маҳаллаи Файзобод ташкил меёфт. Файзобод деҳае буд, дар шимолу шарқии шаҳри Бухоро, ки боғоти зиёд ва киштзори васеи хуб, табиати зебои афсонавӣ дошт. Дар сайри идона, ки моҳи ҳут (аз 20 феврал то 22 март) барпо мешуд, мардум ҳар рӯзи ҷумъа ба Файзобод рафта, сайр мекарданд. (С. Айнӣ. «Ёддоштҳо». Душанбе, 2009. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик. Саҳ.161 (минбаъд «Ёддоштҳо»).
Аз нақли С. Айнӣ бармеояд, ки гурӯҳи онҳо дар ҷумъаи дуюми иди Наврӯз ба сайри Файзобод баромадаанд. Гурӯҳ он қадар калон набуд. Дар вай Махдуми Гав ва додараш Пирак, Мулло Ҳомиди савтӣ, Зайниддинхоҷа, С. Айнӣ, бародараш Муҳиддин — ҳамагӣ шаш нафар буданд.
(«Ёддоштҳо», саҳ. 161.)
Ҳамсафон бо роҳи пиёдагард ба сайргоҳи Файзобод мерасанд. Сайргоҳ манзараҳои хеле зебо ва рангин дошт. Барои истироҳаткунандагон сӯфачаҳо омода шуда буд. Ҳар гурӯҳ дар сӯфаи дилхоҳаш нишаста чой менӯшид, истироҳат мекард. Баъд аз каме истироҳат ва чойнӯшӣ онҳо роҳи маркази сайргоҳро пеш мегиранд.
С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ба табиати маҳаллаи Наврӯзгоҳи Бухоро — Файзобод таваққуф кардааст, ки хеле диққатҷалбкунанда будааст. Сабзаҳои худрӯи лаби ҷӯйчаҳо ва рӯйи рошҳо замини пурнами сиёҳтоби баҳориро пӯшонда буданд. Майсаву сабзаҳо гӯё бахмали сабзе буданд, ки ба рӯйи саҳро, ба пешвози Наврӯзи дилафрӯз густурда шуда буданд. Ҳавои форами баҳорӣ ба бӯйи хуши сабзаҳои навхези атромез ба кас руҳи тоза ва шодмонии беандоза медод. («Ёддоштҳо». саҳ. 165.).
Баъд аз ҷаҳ-ҷаҳакбозӣ, дав-давакбозӣ гӯштингирӣ сар мешавад… Аввал дар маърака аз ҳарду тараф ҷавонони хурдсол баромада, зӯрозмоӣ мекунанд — ғалтиданд ва ғалтонданд. Баъди он, ба гуфтаи устод, паҳлавонони миёнхел баромаданд. Дар охир навбат ба паҳлавонони номдор мерасад. Дар гӯштингирӣ мазориҳо ғолиб омаданд ва шаҳриҳо ба ёрии галаосиёгиҳо ба майдон медароянд. Баъди ин ҳам мазориҳо ғалаба мекунанд. Дар байни онҳо панҷ нафар паҳлавон буд, ки ҳеҷ кас онҳоро мағлуб карда наметавонад. Дар ин лаҳза ҳамсафи гурӯҳи С. Айнӣ Махдуми Гав ба майдон баромада, он панҷ паҳлавонро як-як мағлуб мекунад. Табассумкунон майдонро як даври ғолибият зада, омада дар ҷои худ менишинад. Дар ин вақт Рустамча — як ҷавони 20-сола ба гӯштин гирифтан бо Махдуми Гав талабгор мешавад, ки ин талабро вай дар аввал рад мекунад. Бо як ҷавони 20-сола гӯштин гирифтанро ба худ ор медонад. Аммо дар охир (шояд аз мағлубияти муфт тарсида бошад,) «хайр майлаш, гӯетон барояд ва як зӯрозмоӣ карда бинад» мегӯяд. («Ёддоштҳо». саҳ.168.)
Махдуми Гав намехост, ки Рустамчаро шарманда кунад. Вай гӯштинро то мусовӣ мерасонад. Бо ҳамин гӯштингирӣ ба итмом мерасад. Рӯз низ бегоҳ мешавад. Ҳама сайркунандаҳо, аз ҷумла, гурӯҳи С. Айнӣ низ чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба тарафи шаҳр раҳсипор мегарданд. Рустамча дар ин лаҳза ба назди Махдуми Гав омада, аз вай узр мепурсад, ки ӯро шарманда накард. «Ман аз Шумо то зиндаам, миннатдорам» мегӯяд. Дар ҷавоб Махдуми Гав: «Бисёртар машқ кун, ба қувваи худ ғарра нашав. Паҳлавони номдор хоҳӣ шуд» -гуфта Махдум ба ӯ ва мо роҳи худ давом додем». («Ёддоштҳо». саҳ.168.).
Аз «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ бармеояд, Наврӯз дар Бухоро, ки аз рӯйи шуҳраташ номи шарифро дошт, хеле боҳашамат ва пурдабдаба ҷашн гирифта мешудааст. Дар Наврӯзгоҳи Файзободи Бухоро вай як моҳ идома мекардааст. Тамоми намудҳои бозиҳои қадимӣ дар он ҷой дошт. Бо мурури вақт баъзеи онҳоро мо фаромӯш кардаем. Дар асоси «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ онро метавонем аз нав эҳё намоем. Инчунин, таомҳои миллии мухталиф тайёр карда мешуд. Мардум ба сару либоси идона дар ҳавои тозаи баҳорӣ ба сайругашт мебаромаданд.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва фазои мусоиди фарҳангӣ касб намудани Ватани азизамон иди миллию аҷдодии мо — Наврӯз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти ҷаҳонӣ гирифта, мазмун ва мундариҷаи нав пайдо кард. Зеро дар зиёда аз ҳафтод соли Ҳукумати собиқ Шуравӣ ин ҷашни табиӣ амалан мамнуъ эълон шуда буд. Ҳарчанд ки мардум, новобаста ба манъ кардани Иди Наврӯз, онро бо таври худ қайд мекарданд, акнун дар рӯзҳои мо Наврӯз ҳамчун иди баҳор ва ибтидои соли нави аҷдодӣ бо шукӯҳу шаҳомоти бузург на танҳо дар доираи мамлакатҳои ҳамзабон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон қайд карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Наврӯзи ориёӣ мардуми мо 4-5 рӯз истироҳат мекунад. Барои он Наврӯзгоҳи шаҳрӣ бунёд гардидааст, ки дар он ҳама навъи бозиҳои аҷдодиямон, аз қабили аспдавонӣ ва дигар навъҳои бозиҳои шавқовар баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, он бозиҳое, ки дар охири асри XIX дар мулки Бухоро қобили таваҷҷуҳи мардум буд. Зеботарин қасри пойтахтамон — Душанбе номи Қасри Наврӯзро дорад, ки дар он Сарони давлатҳои дунё пазируфта мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки мо ба таърихи иди миллиамон назар меафканем, бори дигар асари безаволи устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро ба хотир меорем, зеро ӯ аз мушоҳидаи худ як рӯзи ин идро барои мо тасвир карда буд, ки аз ҳар ҷиҳат ҷолиб ва ибратомӯз мебошад.
Бисёр хуб аст, ки мо ин ҷашни ниёгонро ҳамасола бо тамоми назокати фарҳангӣ ва шавқу завқи зиёд истиқбол менамоем ва барои густариши хусусиятҳои он саҳмгузорем, зеро миллат бо фарҳангаш зинда аст ва Наврӯз як бахши аъзами фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.