Colorful vector illustration of scientists researching brain and psychology of human on blue background

Мирзоҳусайн БАДАЛИПУР,
дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва
фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Худшиносӣ сарчашмаи шинохти арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва умумифарҳангии миллат, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, адабиёт, дин, расму оин, ҷашнвораҳо, анъанаҳо ва тамаддуни он аст. Худшиносӣ эҳсоси масъулияти инсонӣ ва виҷдонии шахс дар роҳи беҳдошти асолати миллӣ, дӯст доштани миллат ва Ватани худ, пос доштани шараф ва номус мебошад. Худшиносӣ манбаи асосии ташаккул ва рушди ҷавҳари инсонии шахсият, камолоти маънавии он ва бунёди шахсият ва манбаи инсонгароии ӯ маҳсуб мешавад. Худшиносии миллӣ-синтези шинохти ҷараёни ҳаёти миллӣ, дараҷаи инкишофёфта ва элементи махсуси шуури миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ дар таърифи васеъ — аз ҷониби фард бо шакли миллӣ шинохтани робитаҳои ҷамъиятӣ, шинохтани мансубияти худ ба умумияти муайяни миллӣ-этникӣ, шинохтани ягонагии худ бо ҳамин миллат мебошад. Ин гуна фаҳмиши ҳар фард натиҷаи таъсири муҳити миллӣ, умумияти забон, ҳудуд, хусусияти равонии миллат мебошад.
Масъалаи худшиносии миллӣ ва хусусиятҳои он, яке аз масъалаҳои муҳим дар низоми илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи масоили худшиносӣ аз нигоҳи фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқию ҷамъиятӣ хеле муҳим ва зарурӣ аст, зеро он яке аз омилҳои асосии давлатдорӣ ва унсури зарурии таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Моро зарур аст, ки мафҳум, моҳият, таркиб, замина ва омилҳои асосии пайдоишу инкишофи худшиносии миллиро равшан созем. Таҷрибаи давлатдорӣ ва умуман, миллатсозии аксари кишварҳои мутамаддини олам шаҳодат медиҳад, ки худшиносии миллӣ пойдевори бунёди ҳар як давлати миллӣ маҳсуб мешавад.
Худшиносӣ аслан ду зина дорад: фардӣ ва ҷомеавӣ. Худшиносии фардӣ чун қуллаи баланди маърифати маънавию руҳии инсон се зинаро дар бар мегирад: худидоракунӣ, худназораткунӣ ва худтакмилдиҳӣ. Фардияти ҳар як шахс нотакрор буда, бо ирсияти биологӣ ва шароити зисту фаъолияташ дар ин ё он муҳити табиӣ ва иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ҳар кас вобаста ба дараҷаи маърифат ва тавону ҳавсалаи худ ба фаҳму дарки моҳияти худшиносӣ ва худогоҳӣ мерасад. Шахсияти инсон фақат дар ҷамъият ташаккул меёбад. Дар тарзҳои муайяни фаъолият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ типҳои муаяйни таърихии шахс ташаккул меёбад. Маҳз ба туфайли шахс шудан ва шахс буданашон одамон субъекти дигаргунсозиҳои олами атроф, маърифат, ҳуқуқ, ахлоқ, озодӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагиашон мешаванд. «Шахс» мафҳумест, ки сифатҳои иҷтимоии одам, орзуву ормонҳои ғоявӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, мавқеъ ва эътимоди шаҳрвандӣ, сиёсӣ, тарзу услубҳои тафаккур, ироданокӣ ва ба ин монанд сифатҳои иҷтимои онро ифода мекунад. Мафҳуми «шахс» моҳияти иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ ва фаъолияти одамро дар бар мегирад. Шахсият-одами дорои худшиносӣ ва ҷаҳонбинист. Расидан ба фардият, шахсият ва инсоният зинаҳои асосии шаклгирӣ ва нишонаҳои асосии худшиносӣ ва худогоҳии фардӣ маҳсуб меёбанд. Меъёр ва сифатҳои асосии худшиносии фардӣ, ин шууру мақсаднокӣ, тафаккури ақлӣ-мантиқӣ, маданияту маърифат, маънавиёт, муошират, амали солеҳ, ахлоқи ҳасана, амал ва кору рафтори инсонгароёна мебошанд. Ҷамъияте, ки афроди он ба худшиносии воқеии фардӣ мерасанд, бегуфтугӯ ба худшиносии миллӣ мерасад.
Худшиносии миллии ҳар як фард аз он аломат ва сифатҳои инсонии вай ҳувайдо мегардад, ки ӯ дар ҷамъият бо кадом фаҳмишу ҷаҳонбинӣ бо дигарон, бо таҳаввулотҳои ҷамъиятӣ, воқеаю ҳодисаҳо, манфиатҳои ҷамъиятӣ, манфиатҳои шахсӣ ва ғайра, рӯ ба рӯ мешавад ва муносибат мекунад.
Андеша ва афкори фалсафӣ дар ҳама давру замонҳо дар ташаккул ва равнақи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии инсоният, ба хусус худшиносии он хизмати босазо намудааст. Аз нигоҳи илмӣ фаҳмиши фалсафӣ, диди фалсафӣ ё биниши фалсафӣ ё ба таври дигар гӯем, ҳастишиносии фалсафӣ ва назарияи маърифати фалсафӣ нисбат ба воқеаю ҳодисот, падидаҳо, арзишҳо, ақида ва назарияҳо дар шаклгирии мазмун, муносибатҳои маънавӣ ва рушду камолоти шахсияти афроди ҷомеа нақши муассир доранд. Бунёди масъалаҳои назарӣ ва амалии худшиносии фардӣ ва миллӣ, ҳамзамон ҳаллу фасли онҳо низ аз ин қонуният истисно нест. Ҳадаф ин аст, ки барои дарки дуруст ва ҳаматарафаи воқеият ё ба худшиносии воқеӣ расидани миллат ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафии тамоми қишрҳои ҷомеа хеле зарур аст. Дониш ва биниши фалсафӣ васила ва омили асосии дарку маърифат ва шинохти воқеият аст. Худ раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангии он муҳиммият ва арзишмандии масъалаи мазкурро дучанд месозад. Агар ба забони сода бигӯем, худшиносии миллӣ яке масъалаҳои фалсафии ҳаёти имрӯзаи миллат аст.
Донишманди маъруфи тоҷик, академик Кароматулло Олимов чунин нуктаи назар ба моҳияти мафҳуми худшиносӣ дорад: «Худшиносӣ маҳсули сатҳи баланди рушди инсон ва миллату ҷамъият аст ва хислати инсони ба дараҷаи муайяни камолоти маънавӣ расида мебошад».
Худшиносии миллӣ падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои руҳиву равонии аҳли ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханони ибратомез рӯйи ин масъала дорад: «Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро сӯйи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад. Ба ҳамин хотир, мо дар тӯли солҳои истиқлолият ба омӯзиши амиқ ва таҳқиқу таблиғи таърихи пурифтихори миллатамон рӯ овардем. Ин кор барои мо на танҳо ифтихор аст, балки мактаби фарогирии таҷрибаи таърихӣ ва дарки маърифати давлатдории ниёгон барои имрӯзу фардои миллатамон мебошад. Раванди пурвусъати худшиносӣ барои дарки арзишҳои фарҳанги миллӣ ва диниамон заминаи мусоид фароҳам оварда, ваҳдату сарҷамъии моро густариши бештар медиҳад».
Дар адабиёти илмии имрӯза шарҳу тафсир ва таърифҳои мухталифи мафҳуми худшиносии миллӣ аз тарафи муҳаққиқони соҳаҳои гуногун гуфта шудааст. Масалан, дар Донишномаи «Сиёсатшиносӣ», ки зери таҳрири муҳаққиқи рус И.И. Санжаревский таҳия гардидааст, чунин омадааст: «Худшиносии миллӣ ин маҷмуи донишҳо, баҳогузориҳо, ақидаҳо ва муносибатҳоест, ки мазмун, сатҳ ва хусусиятҳои хоси намояндагони миллӣ-этникиро дар бораи таърих, вазъи имрӯза ва ояндаи миллати хеш, инчунин, мақоми ишғолкардаи миллати хешро нисбат ба дигар миллатҳо дар бар мегирад».
Дар «Донишномаи психологӣ» шарҳи ин мафҳум ба шакли зерин аст: «Худшиносии миллӣ ин аз ҷониби одамон дарк намудани мансубият ба қавму миллати муайян ва мақоми ин миллат дар системаи муносибатҳо нисбат ба миллату халқиятҳои дигар мебошад, ки дар маҷмуи ақидаҳо, андешаҳо, ҳиссиётҳо, тасаввуротҳо, эҳсосот ва ҳолатҳои равонӣ ташаккул ёфтааст».
Дар Донишномаи дигар хусусияти педагогӣ-фалсафӣ дорад, ин мафҳум чунин маънидод шудааст: «Худшиносии миллӣ ин натиҷаи шинохти миллат аз ҷониби аъзоёни он буда, натиҷаи ангеза (рефлексия)-и хусусиятҳои хоси миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ мебошад».
Аз ҷиҳати сотсиолингвистикӣ худшиносии миллӣ «дарки хусусиятҳои хоси фарқкунандаи миллӣ аз дигар миллатҳо» номида шудааст. Донишномаи ҷомеашиносӣ ин мафҳумро ҳамчун «сатҳи шуури инфиродӣ (индувидуалӣ) ва ҷамъиятие, ки ба беҳдошти умумияти миллӣ равона шудааст ва ҳамчун шакли дарки асолати миллӣ, ягонагӣ ва махсусияти он» таъриф додааст. Шумораи ин таърифҳо хеле зиёданд, вале ба назари мо дар маҷмуъ ва таври хулоса метавон ин мафҳумро чунин таъриф дод: «Худшиносии миллӣ ин маҷмуи ҷаҳонбинӣ, ақидаҳо, тасаввуротҳо ва фаъолиятест, ки донишҳои таърихӣ, ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори ватандориро дар аъзоёни миллат таҷассум намудааст».
Ҳамчунин, ба таври хулоса таърифи зеринро низ пазируфтан ҷоиз аст: «Худшиносӣ ин огоҳии инсон аз фаъолият ва арзишҳои ҳастии худ, андеша, эҳсос, маънавият, завқ ва мавқеаш дар муносибат бо табиату ҷамъият ва муносибат бо афроди ҷомеа, падидаҳои гуногун, идеалу мақсадҳо, яъне, дарки арзиши худ, мавқеи муайян ёфтан дар масири зиндагии хеш, шинохти арзиш ва аҳаммияти ҳаёту зиндагӣ ва маърифати воқеӣ ва ҳақиқӣ мебошад».
Хулоса, худшиносӣ аз аломатҳои ҷаҳонии маънавии фард ва ҳамзамон, нишонаи камолоти маънавии ӯст. Худшиносии миллӣ шакл ва воситаи асосии ба миллат гаравидан ва расидани инсонҳост. Худшиносии миллӣ дар тафаккур, ақида, фаъолият, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва эҳсосоти аъзоёни миллат ташаккул меёбад.
Албатта, барои худшиносии ҳар як инсон ва афроди ҷомеа ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносиашон, бахусус, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ омили муҳимтарини шахсиятсоз, маърифат, донишварӣ ва инсозсоз ба ҳисоб меравад. Илми фалсафа маҷмуи ақидаҳо ва андешаву назариёт дар бораи низоми олам ва мақоми инсон дар он ва фарогири масоили мухталифи муносибати инсон ба олам аст. Маҳз фалсафа аввалин шакли маърифати назарии воқеият ба ҳисоб меравад, ки раванди худшиносии инсонро таъмин месозад. Аз ин лиҳоз, мусаллаҳшавии инсон бо дониши фалсафӣ заминаи асосии ба воқеият, ҳастиҳо ва падидаву рӯйдодҳо рӯ ба рӯ шудани он ва дарку фаҳми фалсафаи зиндагист. Дар навбати худ фаҳмиши дурусти моҳият ва хусусияти фалсафаи зиндагӣ раванди худогоҳӣ ва худшиносии ҳар як фард аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *