Т. Нурулло,
омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ

 

Дар шароити кунунӣ, ки фарҳанги носолими хориҷӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои моҳвораӣ таблиғи густурда мешавад, соҳаҳои маорифу фарҳанг беш аз беш мавқеи меҳвариро ба худ касб кардаанд. Зеро маҳз ин муассисаҳо ҳамчун «кафил» баромад карда, заминаи мусоид баҳри ташаккул ва рушди арзишҳои маънавӣ-ахлоқии ҷавонон фароҳам оварда, вақти холию фароғати онҳоро самаранок мегузаронанд. Комилан равшан аст, ки ягон лоиҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бидуни шахсиятҳои дорои маънавиёти баланд, масъулиятшинос, фарҳангпарвар ва дорои арзишҳои волои инсонӣ бо муваффақият амалӣ карда намешавад. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои мубрами муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ раванди ташаккулу инкишофи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии ҷавонон ба шумор меравад.
Проблемаи тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон дар тамоми марҳалаҳои тараққиёт ва сохторҳои иҷтимоӣ инсониятро баҳри беҳтару хубтари ҳалли ин муаммо беташвиш намонда буд. Дар ҳар давру замон равиш ва усулҳои хоси тарбия, арзишҳо ва идеалҳо вуҷуд доштанд, ки хоси он замона маҳсуб меёфтанд. Агар дар ҷомеае, ки ҳадафҳои таҳрифшуда танҳо бар пояи арзишҳои моддӣ ташаккул ёфта бошанд ва ба масъалаҳои маънавиёту ахлоқ таваҷҷуҳи кофӣ дода нашавад, дар ин асно, идеалҳои ботил ба миён омада, ҷомеа ба буҳрони маънавӣ-ахлоқӣ дучор мегардад.
Бояд зикр кард, ки дар замони имрӯза низ ин проблема моҳияти худро гум накардааст. Имрӯзҳо аз ҳарвақта дида таваҷҷуҳи худро ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон равона кардан лозим аст, зеро бе тарбияи дуруст ва ҳадафрас ҷавононро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ кардан ғайриимкон аст.
Новобаста аз он ки дар зиндагӣ, истеҳсолот, фароғат, таълим ва фаъолияти ҳаррӯза воситаҳои муосири техникӣ, амсоли компютер, планшет, интернет ва телефонҳои мобилӣ ворид гардида бошанд ҳам, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар ташаккули шахсият ҳамчун омили асосии инкишоф ва худмуайянкунии иҷтимоӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
Ҷавонон қисмати иҷтимоӣ-демографие мебошанд, ки дар асоси вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тарзи рафтор аз дигар қишрҳои ҷомеа ба куллӣ фарқ мекунанд. Ҷавонон ҳамчун неруи бузурги зеҳнӣ на танҳо истеъмолкунандаи арзишҳои моддию маънавӣ, балки истеҳсолкунандаи онҳо низ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид намудани онҳо мебошад, зеро насли ҷавон қодир аст, равандҳои иҷтимоиро азнавсозӣ намояд ва ба онҳо тағ- йироти ҷиддӣ ворид созад.
Мутаассифона, бархе аз ҷавонон бо ҳар васила аз таъриху фарҳанг дур шуда, донишҳои маданӣ ва таърихи миллату давлати худро дар сатҳи паст медонанд ё доир ба арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ ва худшиносии миллӣ тасаввуроти заиф доранд.
Тадқиқоти педагогӣ нишон дод, ки аксари ҷавонон кӯшиш намекунанд, ки шахсият бошанд, дар ҷомеа мавқеъ пайдо намуда, зиндагии худро мустақилона созанд. Онҳо мехоҳанд ва дар талоши онанд, ки шабеҳу монанди ҳаммаслакони худ бошанд.
Шахс бояд худро мувофиқи имкониятҳои маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ инкишоф диҳад. Дуруст аст, ки ҳамсолон бояд маслиҳат диҳанд, роҳнамоӣ кунанд, аммо шахс набояд, ба ҳамаи гуфтаҳои рафиқон агар хилоф ва бар зиддӣ арзишҳои ӯ бошанд, ризо гардад.
Баъзе аз ҷавонон ба роботҳое монанд ҳастанд, ки шуури онҳо қобилияти таҳлил ва ташхис кардани ҳолатро надоранд. Хубро аз бад фарқ карда наметавонанд. «Ман»-и худро надоранд, онҳо наметавонанд, ба таъсири омилҳои ҷаҳони беруна муқобилият нишон диҳанд. Ин ҳолат яке аз ҳолатҳои хатарнок буда, ба ояндаи насли наврас ва ҷавон хатари ҷиддӣ дорад. Дар аксари ҷавонон ҷиҳати пас-ти ахлоқ, рафтор, кирдор ва амалҳо ба чашм мерасад. Сатҳи зеҳнӣ ва маърифатии онҳо, то андозае коҳиш ёфта, ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон афзуда истодааст.
Дар замони муосир бисёр арзишҳо аз тарафи ҷавонон ба қадри кофӣ ҷиддӣ қабул карда намешаванд. Масалан: эҳтиром ба калонсол, устодон, муҳаббат ва ғамхорӣ нисбат ба якдигар, ба табиат ва ғайра. Аз тариқи барномаҳои телевизионӣ борҳо огоҳ гардидаем, ки бархе аз ҷавонон даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ зада, авбошӣ мекунанд, аз дарсҳо гурехта, ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд.
Ба ақидаи мо, сар задани чунин амалҳо аз тарафи ҷавонон ин ноогоҳ будан аз урфу одат, анъанаҳои фарҳанги суннатӣ, санъат ва арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷой додани арзишҳои миллӣ дар зеҳни насли нав-рас ва ҷавонон кори мунтазам ва давомдори фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дағалона рафтор карда, гапҳои носазо мегӯянд ва бо садои баланд ҳарф мезананд. Мутаассиф аз он ҳастем, ки барои чунин рафтор, то ҳол ягон шахсро ҷиддан ҷаримаи калон ва ба корҳои ислоҳотӣ равона накардаанд. Дар Аврупо барои рафтори дағалона ва гапҳои носазо ҷаримаҳои калон пешбинӣ шудааст.
Сабаби дигари паст будани маърифати ҷавонон дар он аст, ки аз таърихи фарҳанги пурғановату нигоштаҳои адибону нависандагон, шоирону олимони мардуми хеш кам огоҳӣ доранд. Ба андешаи мо, шаҳрванди асил ҳамоне дониста мешавад, ки ба урфу одат ва суннатҳои мардумӣ арҷ гузошта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бояд қайд кард, ки дар даврони пеш низоми таълиму тарбия дар як маҷрои муайян тарҳрезӣ мешуд ва натиҷаи назаррас ҳам пайдо карда буд…
Дар низоми таълими имрӯза озодиҳои бештар дар фаъолияти ҷавонон дида мешавад. Ин хуб аст, вале бояд ишора кард, ки на ҳамаи ҷавонон ин озодиро ба таври зарурӣ ва муфид истифода мебаранд. Махсусан, дар шароите, ки васоили иттилоотӣ ба таври бесобиқа зиёд шудааст. Яъне, ба ҳаёти ҳаррӯза ворид гардидани гаджету телефонҳо, планшету смартфонҳо, компютер ва дигар воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ таъсири манфии худро ба ҳаёту фаъолияти ҷавонони даврони мо гузошта истодаанд.
Ҳамин тариқ, имрӯзу ояндаи ҳар як давлату миллат дар дасти наврасону ҷавонон аст. Аз ин ҷост, ки мушкилоти ҷавононро ҳамчун муаммои умумибашарӣ унвон додаанд. Новобаста аз масъалаҳои ҷойдошта, моро лозим аст, ки аз тариқи марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ — тарбиявӣ ва маърифатӣ ҷавонони кишварро аз доми таблиғоти аҷнабиён бираҳонем ва ин неруи созандаи Ватанро дар роҳи ободкорӣ ва бун- ёдкорӣ тарбия намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *