Рӯдобаи МУКАРРАМ,
раиси Кумитаи иҷроияи
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Пас аз чандин ҳазор соли тамаддунофарӣ, пешрафт, рушд, такомулу таҳаввул ва шаклгирии ҳазорон гунаи фарҳангу санъат, ҳунар ва дар умум, ба зинаи олии ташаккули хеш расидани инсон, дар асри нав терроризм (ҳаросафканӣ) ва экстремизм (ифротгароӣ) ҳамчун нафратангезтарин рухдоди иҷтимоии башар аз худ дарак додааст.
Манфиатҷӯйӣ, бартарихоҳӣ ва қудратталабӣ, ки дар ниҳоди нохудогоҳи инсон зуҳур карда, бо разолату ҷаҳолат омезиш ёфт, омили пайдоиши терроризм, экстремизм шуд.
Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаи саросарӣ, қотеият ва анҷоми тамоми чораҳои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб, ҳанӯз ҳам ҳадсу гумонҳои зиёде бар зеҳнҳои огаҳ зуҳур мекунанд ва ҳазорон суолҳои нокушода ва мубҳаму машкукро дар назди инсон пеш мегузоранд. Терроризм чист? Террорист кист? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад? Сабабу омилҳои аслии пайдоиши гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ва гароиши ҷавонон ба онҳо дар чист? Ин ва садҳо суоли дигар агарчи посухҳое ёфтаанд, вале воқеият бо сароҳат барои мо ошкор мекунад, ки роҳкори пешгирӣ ва мубориза бо ин амалҳои манфури рӯз ҳанӯз муассир нест. Ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои даҳшатноку ғамангезеро ҳар замон дар худ таҷриба мекунад.
Коршиносон ва таҳлилгарон бар ин ваҳдати назаранд, ки нафрату кина, ҷаҳлу ҷаҳолату нодонӣ, таассубу хурофот, ноумедӣ, афсурдагии равонӣ, бардоштҳои ғалат аз падидаҳои сиёсӣ, гумроҳиҳои эътиқодӣ ва нодории молӣ сабаб мешаванд, ки кас ба боварҳои таҳрифшуда ва ҳадафмандонаи гурӯҳҳои ифротӣ дода шавад.
Дар шинохти террористу экстремист назарот ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ва ботакрор таъкид мекунанд, наметавон ёфт, ки гуфтаанд: “Тероррист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Оре, террорист мавҷуди беҳувиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст. Дар асри пешрафти илм, дар замоне, ки башар бар ҳастии хеш арзиши баланд қоил гардида, фатҳи коинотро мақсад қарор додааст, ин гуна муносибат ва мавҷудияти терроризму эстремизм дар рӯйи ин сайёраи хокӣ нанги бузург аст. Пас, чӣ бояд кард? Башар чӣ роҳеро бояд интихоб кунад, то ки аз ин нанги бузург барои ҳамеша раҳоӣ ёбад? Оё ин роҳ вуҷуд дорад?
Бегумон, решакан кардани терроризми байналмилалӣ кори содаву осон нест, вале ҳадди имконпазири он муайян аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамоҳангии фаъолияти башар барои несту нобуд кардани терроризм солҳо боз идома дорад ва дар ин роҳ натиҷаҳои чашмрасе ба даст омадаанд, вале дар баробари ин, сиёсатҳои машкуки баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, ки аз фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ манфиат доранд, садди асосӣ дар роҳи решакан кардани ин рухдодҳо шумурда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки кишвари азизи мо – Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлолу озод наметавонад аз таҳдиду хатарҳои ин зуҳуроти номатлуб дар канор бошад. Бо дарки амиқ аз хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ барои суботу оромии сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқотҳои худ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон борҳо изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ҳамзамон, дар Тоҷикистон барои муҳайё кардани заминаҳои мубориза бо ҳама шаклҳои терроризму экстремизм қонуну стратегия ва консепсияҳои зиёде амал менамоянд, ки ҳама барои мутамарказу қавӣ кардани мубориза ва ҳамаҷониба маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона шудаанд. Новобаста аз ин, чолишҳои дохиливу хориҷӣ ва воқеияти ҷаҳони муосир гувоҳанд, ки ҳанӯз ҳам мавридҳои зиёди пайвастани шаҳрвандони кишвари мо ба сафи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ба чашм мерасанд. Пас, чӣ бояд кард? Барои дар доираи маҳдудаи давлат ва бо донистани мушахассоти таърихиву фарҳангии мардум захмҳои ҳувиятии миллатро дармон кардан таваҷҷуҳ ба омилҳои зерин шарт ва зарур аст.
СУХАНИ АСИЛ -ҶАВҲАРИ ТАРБИЯИ ИНСОНИ КОМИЛ
Мо имрӯз хуб дарк мекунем, ки арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии башар сухан аст, зеро он воситаи асосии тарбияи инсони комил буда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва диди нави иҷтимоӣ таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Коре, ки бо қудрати сухан ба субут мерасад, тариқи роҳи дигаре онро анҷом додан нашояд.
Дар баробари ин, ҳама чолишҳо ва ҳаводиси тақдиршикан виҷдони мо бояд исён кунад ва мо дар ҳамовозӣ бо Паёмҳои роҳнамосози Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати поксозии тафаккуру шуури насли имрӯзу фардо аз хурофоту таассуб, терроризму ифротгароӣ ва бегонапарастӣ бо неруи муассир ва пурқудрати сухан талошҳои бедареғ варзем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқ ва тарбияи идеологӣ, бавижа, идеологияи миллӣ, ки аз маҷмуи мулоҳизот, ғоя, эътиқод, назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва эстетикиву фалсафӣ, арзиш ва ҳадафҳои муштарак сарчашма гирифта, мардумро дар меҳвари ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва аркони давлату давлатдорӣ муттаҳид месозад, беш аз пеш таваҷҷуҳ кунем. Зеро як дақиқа сукути идеологияи миллӣ ин пирӯзии абадии ҷаҳолат бар хирад аст.
Барои иҷрои муассири ин вазифаи муҳим мо — роҳбарони ниҳодҳои идеологӣ, аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеаро зарур аст, ки аввалан дар ниҳоди хеш эҳсосу дарки ҳувият, садоқат ба Пешвои миллат, сидқан имон овардан ба рукнҳои давлатдориро тарбия ва тақвият бахшем, бо донишу ахлоқи миллӣ, фаҳми фарҳанги сиёсӣ, маърифатӣ, дунёдаркӣ ва суханшиносиву суханварӣ дар тарбияи ҷомеа бикӯшем. Ибрози ҳарфу гуфтори пуч, умумигӯӣ ва ҳисоботхонӣ ҷуз вақткушӣ ягон аҳаммияти дигарро дар бар намегирад.
ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Худшиносӣ ин маърифати ҳастии хеш ва огаҳӣ аз манзалату ҷойгоҳи худ дар олам аст, ки онро 3 унсури муҳимми нажодӣ: миллат, забон ва фарҳанг ташкил медиҳанд ва шакли мураккаби худшиносӣ, яъне “худшиносии миллӣ”-ро падид меоранд. Раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳувияти миллиро талаб мекунад. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бидуни рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зеро суннат ва анъанаи нек интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як насл ба насли дигар буда, таъминкунандаи устувории фарҳанг аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дуруст фармудааст, ки: “Ҳеҷ илме шарифтар аз илми худшиносӣ нест”.
ТАРҒИБИ ДОНИШ ВА АХЛОҚ
Авҷу камоли саодати ҳар як ҷомеа бар пояи донишу ахлоқ устувор аст. Дониш омили муҳимми ташаккули ҷаҳонбинии инсон буда, муассиртарин василае аст, ки башар тавассути он тамоми сахтиҳо ва душвориҳои зиндагиро паси сар мекунад. Ҷавҳари ҳастии инсон ақли солими ӯст. Инсони донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи ифроту тафрит ва хатарро интихоб намекунад. Дар ҷое, ки дониш фармонраво аст, он ҷо ҳамеша пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, ҳақиқат бар ҳамоқат ва адолат бар разолат таъмин аст. Ин чароғи илму маърифат ва донишу хирад аст, ки роҳи рушду пешрафт ва ташаккулу таҳаввулро рӯшану мунаввар намуда, инсонро бар саодат, сурур, хушбахтӣ ва рифоҳу осоиш мерасонад.
Дар баробари илму дониш ахлоқ низ ҷавҳари арзишманде аст, ки инсонро ба олитарин камолоти худшиносӣ ва саодат мерасонад. Илму ахлоқ дар ҳастии мо бояд ҳамгом рушд кунанд, зеро дар сохтани инсони комил ҳузури яке бе дигаре имконпазир нест.
ХОНАВОДА, МАКТАБ ВА ҶОМЕА –СЕ МУҲИТИ ТАРБИЯГАРИ ИНСОН
Зеҳну идроки инсон танҳо дар сурати шинохти ҷойгоҳ ва ҳадафи офариниши хеш ба дараҷаи маърифати ҷаҳон мерасад. Фарҳанги ҳар мардум ба таълиму тарбия вобаста аст, яъне, инсон дар раванди таълиму тарбия соҳиби маданият мешаванд. Меъёри асосии тарбиятро хонавода, мактаб ва ҷомеа номидаанд. Муҳи-ти хонавода макони муқаддасест, ки нақш ва масъулияти падару модарро дар тарбияи инсон мушаххас мекунад. Дар бораи нақш, аҳаммият ва таъсири ахлоқу адаби падару модар дар тарбияи фарзанд бузурге хеле хуб фармудааст: “Касоне, ки тавоноӣ ва қудрати наҷот додани башарро дар худ диданд, аввал дар наҷоти хеш кӯшиданд”. Фалсафаи раднопазири ҳақиқати ҳаёт ҳамин аст, ки ҳар падару модаре, ки зоҳиру ботини хеш ва муҳити солими хонаводаро бо зевари меҳру ахлоқу маърифат оростаанд, аз онҳо фарзандони солеҳ ба воя расидааст. Зеро ахлоқи волидон ба монанди қонуни ирсӣ ба фарзанд интиқол меёбад.
Аз эҳсоситарин ва муҳимтарин даврони таълиму тарбия даврони донишомӯзӣ аст, ки омӯзгор дар он нақши меҳварӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд чун намуна барои шогирдон соҳибмаърифат ва хушахлоқ бошад. Зеро андӯхтаву анбоштаҳои ақливу зеҳнии омӯзгор ақли кӯдаконро дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар баробари хонавода ва мактаб ҷомеа низ барои тақвияти тафаккури солим ва фароҳам овардани фазои мусоиди ташаккули шахсият хидмат мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки робитаи отифӣ миёни хонавода, мактаб ва ҷомеа тақвият ёбад.
ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ОМИЛИ ИСТЕҲКОМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҷаҳони пуртазод, сиёсатбозиҳои абарқуд-ратҳо, мавқеъгириҳои машкук, манфиатхоҳиҳои бешуурона, таҳмили ғояҳои ифротӣ, равнақу ривоҷи терроризму эктремизм, нақшбозиҳо ва мақсадҳои ғаразноки қувваҳои беруна ва дигар ҳаводиси тақдиршикани замон хатари асосӣ бар ваҳдати миллии мо буда, далеле аз номуайянии вазъи ҷаҳон ба шумор мераванд. Зиракии сиёсиро шарти аввали ташаккул ва бедору фаъол нигоҳ доштани ҳувият ва худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии давлат номидаанд. Бо дарки баланди зиракии сиёсӣ метавон ба равандҳо, таҳаввулот ва зуҳуроти замони муосир бо таҳлили амиқу дақиқ ва хулосаҳои мустанад баҳои ҳаққонӣ дод.
НАТИҶА
Ин ҳама омилҳои муфид ва коромадтарин василаҳое, ки мо дар боло ишора ва шарҳу тафсир кардем, агар аз як тараф, роҳро барои коҳиши хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ кушоянд, аз ҷониби дигар барои ташаккули ҳувият, худшиносӣ, ифтихороти миллӣ, тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар мусоидат мекунанд. Бояд дар хотир дошт, ки миллат танҳо дар заминаи ваҳдат ба саодат мерасад. Бинобар ин, агар мо дар рафъи ҳама гуна мушкилу хатар бо талоши созанда ва саъю кӯшиши қатъӣ дар канори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу иттифоқ бошем, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ бадхоҳе тавоноии муқобилият бо миллати воҳиду иттифоқи моро нахоҳад дошт.