Моҳира ҒАЙБУЛЛОЕВА,
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар тӯли мавҷудияти чандинҳазорсолаи худ оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчамдорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки миллат дар тӯли мавҷудияти худ барои иттиҳоду сарҷамъӣ ва озодии сарзаминаш талош намудааст. Дар парчам нишонаҳои асосии фарҳанги халқу миллатҳо ва дигар аломатҳои давлатдории онҳо инъикос меёбад.
Парчам таърихи беш аз 3-3,5 ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. Тарҳи парчами сипоҳи Ориён (порсҳо, суғдиён, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рус (асрҳои II-I-и то мелод) тасвир ёфтааст. Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шудаанд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра.
Таърихи рамзу аломатҳо ҳанӯз дар қадимтарин ёдгории динӣ-фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ, китоби муқаддаси оини Зардушт -«Авесто» инъикос ёфта, дар табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи ҳамондавра -коҳинон ё руҳониён бо рангу аломати сафед, сипоҳиён (ҷанговарон) бо рангу аломати сурх ва кишоварзону косибон бо рангу аломати сабз ишора шудаанд.
Дар осори мутафаккирон, уламову удабои гузашта таърихи парчаму парчамдорӣ бо нақлу ҳикоёти басо ҷолибу ҷазоб инъикос ёфтааст. Ин ривоёт ва ҳикоёти муассир тавассути яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Дар «Шоҳнома» доир ба «Дирафши Ковиёнӣ» чунин маълумот оварда мешавад, ки Коваи оҳангар аз зулму истибдоди шоҳи золиму одамхӯр, Заҳҳок, ки дар қатори ҷавонони зиёд 17 писари ӯро низ туъмаи морони аз китфаш мебаромада сохта буд, ба дод омада, алайҳи ин шоҳи хунхор қиём мекунад ва домани (пешгири) чармии худро ба сари найза баста, мардумро ба мубориза даъват намуд.
Бад-ин васила, Фаридун ба сари тахт меояд ва парчами Коваи оҳангар ва музаффарро бо зару зевар, сангҳои қимматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯши тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро муқаддас ва парчами давлати худ эълон менамояд.
Мувофиқи ахбори муаррихон «Дирафши Ковиёнӣ» солҳои тӯлонӣ чун рамзи ифтихор ва пирӯзии ворисони Фаридун, парчами давлатҳои қадимаи ориёиҳо: Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён будааст ва онро арабҳои ғосибу истилогар ва тамаддунсӯз ҳангоми забти Хуросон ва Мовароуннаҳр ба яғмо бурдаанд.
Парчами давлатии Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод) аз харобаҳои Тахти Ҷамшед ҳангоми ҳафриёт ёфта шуда, ҳоло дар Осорхонаи миллии Эрон маҳфуз аст. Ин парчами давлати ориёиҳо ранги сурх дошта, бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шудааст ва дар мобайни он рамзи қадимтарини авастоӣ ва ориёӣ -Уқоби Хуршед тасвир шудааст.
Баъди ишғоли Хуросон ва Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо дар қаламрави хилофат моҳи ҳилол чун рамзи ислом дар парчами давлатӣ қабул гардид. Вале бояд афзуд, ки моҳи ҳилол пеш аз густариши ислом низ дар парчами шоҳони эронитабор тасвир ёфта буд.
Мутаассифона, парчамҳои давлатҳои минбаъдаи тоҷикнасаб, ки дар сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, аз ҷумла, Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903), Сомониён (875-999) ва давлатҳои туркнасаби Ғазнавиён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Салчуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён то замони мо омада нарасидааст.
Баъд аз сарнагун шудани амири охирини сулолаи манғитиён, амир Олимхон 2 сентябри соли 1921 ва таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро, ки аз 23 сентбяри соли 1921 то 27 октябри соли 1924 арзи вуҷуд дошт ва воқеан, нахустин Ҷумҳурии Шуравии тоҷикон маҳсуб меёбад, парчами он аз ду порчаҳои ранги сабз ва сурх доштаи ба ҳам пайваст иборат буда, дар дохили он тасвири тиллоии моҳи ҳилол, ситораи панҷгӯша ва дар гӯшаи болоии он ба забони тоҷикӣ ба таври мухтасар «Ҷ.Ш.Х.Б.» (Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро) сабт шуда буд.
Аслан, Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро то тақсимоти миллӣ — ҳудудии Осиёи Миёна (1924) нахустин давлати шуравибунёди тоҷикон дар ҳайати собиқ ИҶШС буда, аксарияти мутлақи аҳолии онро тоҷикон ташкил мекарданд, забони тоҷикӣ забони давлатӣ буд, ки онро навиштаҷоти рӯйи парчами он собит месозад.
Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон парчами мо мисли парчамҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ аз матои саропо сурхранг иборат гашта, дар канори чапи он акси досу болға (рамзи муттаҳидии синфи коргару деҳқон), ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон ба ҳам оед!» бо ҳуруфоти арабиасоси тоҷикӣ сабт гашта буд.
Пас аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон (1929) дар парчами мо тағйирот ворид шуд (бори дуюм 24 феврали соли 1931 бо сабаби қабули Конститутсияи нав). Парчам аз матои якранги сурх иборат буда, дар қисмати болои тарафи чапи он бо ҳарфҳои лотинии зарҳалӣ «RCC Tojikiston» (РСС Тоҷикистон) сабт гашта буд.
Бо қарори раёсати КИМ ҶШС Тоҷикистон ба парчам дар кунҷи тарафи чап тасвири досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ «RCC Tojikiston» «Таджикская ССР» илова гардид. Соли 1938 калимаи «jumhuri» ба «Recpublika» иваз карда шуд.
Бо сабаби табдили алифбои лотинӣ ба русӣ, ки бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 28 сентябри 1940 ҷорӣ гардид, дар навиштаҷоти парчам низ тағйирот ворид гардид.
20 марти соли 1953 раёсати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон қарори «Дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро ба тавсиб расонид, ки тибқи он парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон чун рамзи давлатии Тоҷикистон иттиҳоди мустаҳками табақаҳои коргару деҳқон ва дӯстиву бародарии тамоми халқҳои собиқ ИҶШС муайян гардид.
Пас аз суқути давлати абарқудрати ИҶШС ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ соҳибистиқлол гардиданд ва парчами худро чун рамзи озодӣ ва истиқлол қабул намуданд.
Соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи сифатан нав гардид. Вале кӯшиши бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари қудрат соҳиб гаштани саркардагони баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, мансабталошон ва маҳалгароии ашхоси алоҳида, дахолати беруна Тоҷикистонро ба гирдоби муқовимати шадиди сиёсӣ ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.
Гарчанде Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро 9-уми сентябри соли 1991 эълон карда бошад ҳам, аммо бар асари бесомониҳо муқовимати сиёсӣ ва фишороварии паиҳам ба парлумони ҳамонвақта рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тасдиқ нагардида буданд.
Хушбахтона, ақли солим ва тафаккури сулҳпарварии мардуми тоҷик ғолиб гардид. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, Сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Нусхаи аслӣ ва нахустини Парчами давлатӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардидааст ва онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдорон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, аз ҷониби корманди масъули Шурои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров эҳтиёт ва ҳифз гардида, сипас, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд ва ҳоло дар ин осорхона маҳфуз аст.
Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Ранги сурх дар парчами мо — ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз — рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам, инчунин, тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ — рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлол аст. Ҳафт ситора низ рамзи нек буда, рақами ҳафт дар асотир, ҳикмат, оину суннати мо рақами муқаддас, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонианд. Хеле рамзист, ки ҳафт минтақаи асосии ҷумҳурии мо, аз ҷумла, Бадахшону Зарафшон, Суғду Хатлон, водиҳои Вахшу Рашт ба ҳамин ҳафт ситора мувофиқат мекунанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвари азизи мост.