Дилрабо АСАДОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
Солҳои зиёдест, ки ба донишомӯзон дар муассисаҳои таҳсилот аз фанни ҷомеашиносӣ-сотсиология дарс мегӯям. Дар марҳилаи таҷрибавии худ равандҳои гуногуни иҷтимоиро шоҳид шудаам, ки ҳар кадоме ба худ вежагӣ ва паёмадҳое дорад.
Дар ҷомеа чи равандҳо сурат мегиранд, муҳите, ки моро фаро мегирад оё дархури ормонҳои мо аст, оё хонандагони дирӯза ва ё донишҷӯёни имрӯза ба ин равандҳо баҳо дода, ҷойгоҳи худро дар ин ҷаҳони пуртазод муайян карда метавонанд? Хосса дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва фарҳангҳо.
Ба ин саволҳо суханронии хеле дилсӯзона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли равон баргузор шуд, бори дигар бо таваҷҷуҳ мутолиа карда, барои худ ҷавоб пайдо кардам.
Дар ин мулоқот Роҳбари давлат аз бархурди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуданд.
Имрӯз ба иттиллоот тавассути интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама, аз ҷумла, наврасону ҷавонон низ дастрасӣ доранд. Яъне, онҳо чун собиқа танҳо ба гуфтаи омӯзгор ё падару модар иктифо намекунанд. Истифода аз иттиллоот бошад ба омодагии маънавӣ, сатҳи донишу фаҳмиши истифодабарандагон марбут аст.
Дар раванди дарс борҳо аз шогирдон суол кардаам, ки дирӯз ё имрӯз аз шабакаҳои иҷтимоии фейсбук, инстаграм ва ё телеграм чиро хондед, бардоштатон чӣ аст, дар ин шабакаҳо бо кӣ дӯстӣ ва ё робита доред? Ҷавобҳо гуногун ҳастанд ва аксаран бардошташон ба сатҳи саводу донишашон, ки дар мактаби миён ба он замина мегузоранд, вобаста аст. Баъзан, зимни ин саволу ҷавобҳо шогирдонро ба баҳс ҳам мекашам ва ниҳоят талош мекунем, ки ба хулосаи ниҳоии дуруст ҳам биёем.
Масалан, дар як машғулият ба таври интерактивӣ, ки иштироки ҳама донишҷӯёнро талаб мекунад, фикри донишҷӯёнро дар бораи дастовардҳои Ватанамон дар солҳои истиқлол фаҳмидан хостам. Яке аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, дигаре аз бунёди нақбу роҳу пулҳо, саввумӣ аз рушди маориф, вусъати иқтисоди кишвар ва нақши Пешвои миллат сухан карданд. Ман маънии истиқлолро ба онҳо васеътар фаҳмонида, байти аллома Иқболи Лоҳуриро шарҳ додам.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Гумонам шогирдон аз ин баҳс ба саволи истиқлоли давлат чист? Барои худ ҷавоб пайдо намуданд.
Масъалаи дигаре, ки зимни суханронии Президенти кишвар зикр шуд, ин пешгирии хурофотӣ шудани ҷавонон аст, ки оқибат мевонад, ба ифротгароӣ бубарад. Як нафар донишҷӯдухтари мо аъло таҳсил дошт, дар озмунҳо низ ғолиб меомад, вале ҳамеша дар сар сатр дошт ва бе он худро шояд тасаввур намекард, гӯшанишин буду ба шӯхиҳои ҳамдарсон шарик намешуд. Ба назар мерасид, ки гӯё дар ҷисми ҷавони ӯ андешаҳои хурофотии бонуи калонсоле ҷой шудааст.
Пеш аз он, ки бо ӯ дар ин маврид суҳбати хосса дошта бошам, бо шароити оилавии ӯ шинос шудам. Волидонаш таҳсилнадида, одамони одӣ, вале тақводори ҷиддӣ, намехостанд духтарашон таҳсилашро идома диҳад, азбаски аъло мехонд, бо талқини роҳбари синфаш ба коллеҷ дохил шудааст. Онҳо хандаю шӯхӣ, ба бар кардани либоси замонавӣ, иштирок дар нишастҳои ҷавононро барояш манъ кардаанд, хатми коллеҷро интизор нашуда, ба шавҳар доданӣ будаанд. Муллои “хушсаводе” маҳз ҳаминро ба онҳо талқин кардааст.
Бо раҳнамоии омӯзгоре, ки ӯро ба таҳсил талқин карда буд, бо волидонаш суҳбат кардем, фаҳмонидем, ки духтарашон саводи хуб дорад, вале ба насиҳати шумо қалби духтар ба пиразане табдил шудааст. Бигзор ҷавон бимонад, аз хушиҳои он лаззат барад, либоси дилхоҳашро ба бар намояд, андешаи ба шавҳар доданашро то анҷоми таҳсил мавқуф гузоранд. Дар оғоз даъво карданд, ки духтар моли онҳост, чи хоҳанд ҳамон мекунанд, мо кордор набошем. Мо гуфтем, ки ӯ мол нест, инсони ҷавон аст, орзую ҳавас дорад, сатр бастану либоси якранги дароз ба бар кардан, ҳанӯз маънои боиффатию боодоб буданро надорад.
Баъди чанде ӯ рӯмоли тоҷикӣ мебастагӣ шуд, баъдан дар арафаи иде куртаи атлас ба бар кард, дар ҷамъомаду баҳсҳо оҳиста-оҳиста фаъол ва гули сари сабади шарикдарсон гашт. Ӯ коллеҷро бомуваффақият хатм карда, дар маркази тиббӣ кор мекунад. Моҳе қабл ба тӯи арӯсиаш даъват кард.
Ин мисолҳо ба хотири он аст, ки мо, омӯзгорон бояд ба тақдири шогирдони худ бетараф набошем, талош намоем ба олами маънавии онҳо ворид шавем, онҳоро ба роҳи рост ва амалҳои солеҳ талқин намоем. Ин баробари донишандӯзӣ рисолати дигари муҳимми пешаи муқаддасӣ мо, омӯзгорӣ низ ҳаст ва ниҳоят месазад, дар ҳар синфхона ва таълимгоҳ ин насиҳати падаронаи Пешвои миллат, ки дар он мулоқот баён доштанд, пешорӯи толибилмон сабт шавад. “Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касбу ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар”. Маънии зиндагӣ дар ин гуфтаҳо ба таври комил таҷассум ёфтаанд, ки бояд сармашқи ҳар як хонандаву донишомӯз бошад.