
Мухбирҷон КӮҲСОРӢ,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Афкори рангини фалсафӣ, мероси ғании илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, исми бузургу нубуғи шахсияти Абуалии Синои тоҷик дар ҷаҳони муосир боис шудааст, ки баъзе аз ақвоми камтаърих бо ҳар василае таҳрифкорона мехоҳанд, исми Синоро ба миллати худ нисбат диҳанд, вале барои ҳар як соҳибмаърифат возеҳ аст, ки Сино тоҷик буду дар муҳити тоҷикӣ ва дар даврони ҳукумати тоҷикӣ бузург шудаву ба камоли илмӣ расидааст. Шоири шаҳири миллат, устод Бозор Собир дар шеъри худ таҳти унвони “Теғи Сино” гуфтааст:
Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шуҳрати олам гузорад нардбон.
Лек Сино он қадар ин бомро бардоштааст,
Ину он кай метавонад нардбон монад бар он?
Тавре аз маълумоти сарчашмаҳои муътамад маълум аст, Шайхурраис Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан пури Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Падари Абуалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошта, аслан аз Балх буда, дар замони Нуҳ ибни Мансур (976-997) ба Бухоро кӯчидаву дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл меварзид. Ӯ дар ин деҳа бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. Аз издивоҷашон 18-уми августи соли 980 писари дӯстрӯе ба дунё омад, ки волидон ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985, вақте ки ӯ ба панҷсолагӣ мерасад, оилаи онҳо аз рустои Афшана ба маркази илму тамаддуни он давр — шаҳри Бухоро кӯчид. Падараш, ки аз шахсони маърифатдӯсти замони худ буд, писарбузургаш Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, бар замми capфу наҳв хаттотӣ, маонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Сипас, Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ ба устодони хусусӣ супурд, ки асосҳои илмро ба ӯ омӯхтанд. Сино чунон зеҳни буррову истеъдоди баланд дошт, ки омӯзгорон дар ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайни наврасро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ӯ дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Баъди фарогирии маълумоти миёна Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт. Абуалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Қамарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нуҳи Сомонӣ буд, омӯхт. Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро омӯхта, дар 16-солагӣ аз нав ба омӯхтани илми тиб пардохт ва ҳамчун табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Баъдан ба такмили дониш дар илмҳои фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Лозим ба зикр аст, ки эҷодиёти Сино аз 17-18-солагӣ оғоз шуда, 40 сол идома ёфтааст. Номбурда осори насриву назмиашро ба забони модариаш — тоҷикӣ ва ҳам ба забони арабӣ эҷод кардааст, ки ин асарҳо то имрӯз арзиши басо бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва илмию амалӣ доранд. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимта- рин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Сино ба хотири афкори илмии хеш аз тарафи диндорони хурофотзада ба куфр муттаҳам ва таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишори руҳониёни иртиҷоӣ сабаб шуд, ки ин фарзанди миллати тоҷик сарзамини худро тарк ва ба Эрон ҳиҷрат кунад.
Мавсуф яке аз нобиғаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар интиҳои асри X ва ибтидои қарни XI маҳсуб ёфта, дар соҳаҳои мухталифи илм, хусусан, дар инкишофи илмҳои фалсафа, тиб, ҳандаса ва ғайра саҳми басо ҳам боризи худро гузоштааст. Биноан, ӯ дар олам бо номи “Авитсенна” машҳур гардида, ҳамзамон, дар умри ҳамагӣ 57-солааш аз худ асарҳои нодир боқӣ гузошта, яке аз пурмаҳсултарин олимони дунё эътироф шудааст. Барои мисол, китоби “Ал-Қонун” ба машҳуртарин забонҳои олам: лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, урду, ҳиндӣ ва ғайра, тарҷума шуда, ҳатто, тақрибан 800 сол пеш аз ин дар мамолики Ғарб китоби арзишманд ва рӯйимизии тиббӣ ба шумор мерафт. Илова бар ин, мавсуф аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олим Клавдий Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шореҳони Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадимаро ҳамҷоя андӯхтааст. Аз ин ҷиҳат, Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар давоми умри кӯтоҳ, вале пурбаракати худ беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки мутаассифона, то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Осори Сино соҳаҳои гуногуни илмро фаро мегирад, хусусан, 150-тояш дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигараш дар илми тиб мавриди истифодаи умум қарор гирифтаанд, ки мояи ифтихори мост. Китобҳои “Шифо” ва “Ал-Қонун”, ки донишномаҳои бузурги тиббию фалсафии сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XIX мавриди истифодаи аҳли ҷомеа қарор доштанд. Ҳаким Абуалӣ ибни Сино, ҳамзамон, асосгузори мантиқи Синоӣ ва мактаби фалсафии Синоӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, ӯ ҳамчун ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқшинос, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), равоншинос (психолог), муаллим ва адиби маъруфи халқи тоҷик низ шинохта шудааст, ки боиси ифтихори тамоми мардуми олам ва кишвари мо — Тоҷикистон мебошад. Ҷорҷ Сартр дар китоби «Таърихи илм»-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ Синоро машҳуртарин донишманди ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳо низ ном бурдааст.
Яке аз бузургтарин хидматҳои Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки равишҳои мухталиф, монанди озмоишҳо, қиёсу далел ва шаҳодати айнӣ бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, методҳои гуногун барои исботи назарияҳои илмӣ истифода мешаванд, асоси онро Сино гузоштааст. Хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас буда, бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиб баён кардааст.
Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш, инчунин, барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати басо ҳам арзанда кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Номбурда аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст.
Абуалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд, вале қисми зиёди умри вай, пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғофил набуда, аз пажуҳиш ва корҳои илмӣ фориғ нашуд. Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекард. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти хеш асрҳо пеш мерафт.
Имрӯз маҳз ба хотири гиромидошти номи накуи олим, файласуф ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино яке аз ноҳияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин шахсияти миллии тоҷик гузошта шудааст. Бар замми ин, акси Ибни Сино дар асъори миллии кишвар инъикос ёфтаву номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта шудааст. Ҳамчунин, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтаанд, ки нишони арҷгузорӣ ба ин фарзанди фарзонаи миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.