Раҳмонқул Раҳмонқулов, 

сармуҳаррири рӯзномаи «Бадахшон»,
шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ёдномае аз нахустин омӯзгорзанони вилоят

Солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта, барои занон ва духтарони ҷавон таҳсил дар мактабҳои навташкилшуда хеле душвор ва дар марҳилаҳои аввал имконнопазир буд, чунки ба андешаи руҳониёни ҷоҳталабу хурофотзадаи вақт, ки бар тафаккури мардони камсаводу хурофотпараст тасаллут доштанд, хондани занону бонувон бидъату гуноҳ, нанг ва айбу шарм ба ҳисоб мерафт. Бо чунин тафаккури бебунёд доираҳои мазҳабӣ кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ба саводомӯзии бонувон монеаҳо эҷод карда, сари роҳи таҳсилашонро бигиранд. Ин ҳолат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат вуҷуд дошт, махсусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар ин хиттаи кӯҳистонии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтани занону бонувон дар баробари монеаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ, ҳамчунин, мушкилоти хоси худро низ дошт. Яке аз мушкилоти асосие, ки он замон мавҷуд буд, ин ҳамчун омӯзгор кор кардани занон дар мактабу мадорис мебошад. Онҳоро барои ин амали некашон, муллоҳои чаласаводи онвақта ва ҳатто, бештари мардуми одӣ, баъзе занони хурофотпарасту бесавод низ сарзаниш мекарданд ва ба ҳар гуна шиорҳои таҳқиромез: “Ту кофир шудаӣ”, “Беҳайё”, “Худобехабар” ва ғайраҳо паст мезаданд ва ба ин васила, мехостанд шаъну шарафашонро поин фароранд. Ҳатто, дар кӯчаву хиёбонҳо тарафи онҳо санг меандохтанд ва иззату ҳайсияташонро поймол мекарданд. Ин ҳама ба он мерасонид, ки зан-модари тоҷик аз мактабу маориф, илму маърифат ва хатту савод дур монда бошад!
Хушбахтона, дар ҳама давру замон фарзандони асилу ҷонфидои миллат бо ҷасорату матонат ва шуҷоат рисолати маънавиро дар назди миллату ҷамъият бар дӯш гирифта, барои пешрафт ва шукуфоӣ заминаҳои муносибро фароҳам менамоянд. Аз ҷумла, Мараҳматнисо ва хоҳараш Оимсултон Маҳмадамироваҳо аз зумраи он чеҳраҳои асили маорифпарвар мебошанд, ки нахустомӯзгорзанони Бадахшон буда, бошуҷоат, ҷасурӣ, далерӣ, шердил ва салобати хос ба ҳамаи монеаҳо ва душвориҳо нигоҳ накарда, масъулияти саводомӯзии занону духтаронро бо рафтори қаҳрамононаи худ бар дӯш гирифта, номашонро дар саҳифаҳои таърихи маорифи кишвар абадан сабт мекунанд.
Ҳарчанд, дар солҳои аввали ташкили ҳокимияти Шуроӣ барои ташкили мактабҳои нав ва махсусан, саводомӯзии бонувон руҳониёни камсаводу хурофотпараст низ монеа эҷод мекарданд, аммо бо ҷаҳду талоши фарзандони баруманди диёр кушода шудани мактабҳои нав, савод омӯхтани фарзандони мардум тадриҷан ин таассубу хурофотро аз зеҳни мардум кам-кам дур меандохт. Соли 1926 дар Хоруғ нахустин мактаби духтарона таъсис ёфта буд, вале дар он ҳам муаллимон, асосан, мардони куҳансол буданд. Дар ин таълимгоҳ 37 нафар духтар ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Аммо бо вуҷуди будани монеаҳои зиёд дар аввалин мактабҳои сохти нави вилоят, асосан, мардон, мисли Охон Сулаймон Қурбонмуҳаммадзода, Охон Шоҳфутур Муҳаббатшозода ва Охон Абдулалишо ба тадрис машғул буданд.
Нахустомӯзгорзани Бадахшони Тоҷикистон-Мараҳматнисо ва хоҳараш Оимсултон аз ҷумлаи ин пешоҳангон-духтарони мактабхон буданд. Барои онҳо, ки дар пеши падарашон-Маҳмадамир савод омӯхта буданд, хондан дар мактаби духтарона ягон душворӣ надошт. Пас аз чанде саводнокии Мараҳматнисоро санҷида, ӯро дар ҳамин мактаб аввал омӯзгори қаторӣ ва баъдан мудири мактаб таъйин мекунанд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 19 сол дошт, вале бо вуҷуди ин, барои ҷалби духтарон ба хондан саъю талоши бисёр карда, на аз мулло меҳаросиду на аз ашхоси ҷоҳил.
Бо тарғибу ҳидояти нахустин омӯзгорзан на танҳо духтарон, балки занон низ дар ин мактаб савод мебароварданд. Бисёр шогирдони мактаби нахустини занонаи вилоят баъди хатми он ба ноҳияҳо рафта, чун омӯзгор дар маҳви бесаводии ҳамдиёронашон саҳми босазо мегузоштанд. Масалан, хоҳараш Оимсултон, ки аз апааш ҳамагӣ 4 сол хурдтар буд, баъди хатми мактаби духтарона ва Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ ба ҳамаи монеаҳои замонаш нигоҳ накарда, тамоми умрашро ба касби омӯзгорӣ бахшид.
Хидматҳои шоистаи Оимсултон Маҳмадамирова бо се медал, ду грамотаи Фахрии Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон ва унвони Муаллимаи шоистаи мактаби Ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст. Писаронаш Мансуровҳо-шодравон Амонулло, номзади илмҳои тиб, духтури ҷарроҳ, Аҳмад рассом ва Мансур бошад, аз паси касби модар рафт.
Мараҳматнисо аз соли 1931 баъди хатми мактаби партиявии КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба корҳои ҳизбӣ-давлатӣ гузашт. Қобилияту лаёқату кордониашро ба назар гирифта, ӯро мудири сектори занони кумитаи ҳизбии вилоят таъйин мекунанд. Ӯ дар ин вазифа ҳам бо ҷасорат ва сарбаландона кор мекунад. Ниҳоят, соли пурдаҳшати 1937 фаро расид. Бар асари ҳодисаҳои маълуми он сол амакаш Сайфулло Абдуллоев-аввалин раиси вилоят, падараш Маҳмадамир ва шавҳараш Маҳрамбек Хушқадамов чун “душманони халқ” ба ҳабс гирифта мешаванд. Бисёре аз хешовандонаш, аз ҷумла, хоҳараш Оимсултонро низ чун наздикони “душманони халқ” ба шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бадарға мекунанд. Мараҳматнисоро дар ин гирдбоди вахими таърихӣ аз вазифа барканору аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд, аммо Мараҳматнисо руҳафтода нашуда, барои таълиму тарбияи фарзандони мардум талошу кӯшиши зиёде менамояд. Ӯ аз соли 1937 дар Хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ дар вазифаи мудири қисми таълимӣ ва мураббӣ фаъолият дошта, соли 1957 аз ҳамин ҷо ба нафақа мебарояд.
Мараҳматнисо Мамадамирова барои хизматҳои шоёнаш дар таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамон солҳои вазнини аввали ҳукумати Шуравӣ бо медалҳои “Барои меҳнати шоён” ва “Барои меҳнати шуҷоатнок” қадрдонӣ шудааст. Ӯ дар баробари ба корҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ банд будан, ҳамзамон, ба тарбияи фарзандон низ ҷиддӣ муносибат мекард. Яъне, барои сохтани ояндаи неки фарзандон, муаллима ба таълиму тарбия аҳаммияти ҷиддӣ медод. Чунин сахтгириҳову фазои мусоид фароҳам сохтан ба фарзандон буд, ки духтаронаш Аслинисо ва Савринисо касби модарашонро интихоб карда, ҳоло онро бо сари баланд идома бахшида истодаанд. Аслинисо пас аз маълумоти олӣ гирифтан, дар мактабҳои шаҳри Хоруғ чун омӯзгор фаъолият кардааст. Ӯ ба унвонҳои Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон ва Аълочии маорифи СССР сарфароз мегардад.
Савринисо бошад, баъди хатми бомуваффақияти Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) чанд муддат дар мактабҳои шаҳри Хоруғ ва баъдан дар ноҳияи Мурғоб ва шаҳри Ваҳдат дарс гуфта, ба унвони Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон шарафёб мешавад.
Хулоса, ин ду ходими намоёни маорифи Тоҷикистон дар лаҳзаҳои душвортарини таърихи кишвар барои пешрафти маориф ва рушди маънавиёт дар миёни занону бонувони вилоят хидмати арзишманду ҷовидонӣ намуда, чун пойдеворони маорифи Бадахшон шинохта мешаванд. Чароғи барафрӯхтаи Мараҳматнисо ва Оимсултон нури маърифат буд, ки мехостанд, чашми ҷомеаро боз кунанд ва роҳнамо бошанд. Касе дари дабистонро мекушояд, роҳи зиндагиро рӯшноӣ мебахшад. Онҳо хуб медонистанд, ки дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст муаллим нақши муҳим дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ, истиқлоли фикрӣ ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Ин нафарон бо таълими бонувон, ки ҳар яке модар ва тарбиятгари инсон мебошанд, заминаи бузурги илму дониш дар тиннати ҷомеа гузоштанд ва нури маърифатро дар қалби ҷавонони Бадахшон афрӯхтанд.
Ҳарчанд аз ин воқеаҳо як аср сипарӣ мешавад, аммо меҳнату заҳмат ва қадру манзалати ин чеҳраҳои маърифатпарвар дар сафҳаи таърихи маорифи кишвар ҷовидонӣ хоҳад монд ва рӯзгори онҳо барои насли нави маорифи кишвар улгу ва мактаби пайравиро боз хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *