Насимҷон ЗАРИФОВ,
омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих
Дар ташаккул ва рушди низоми маорифи собиқ Шуравӣ нақши институтҳои маориф ё худ дорулмуаллимин хело калон аст. Махсусан, дар тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои Тоҷикистон (1924-1931) нақши Дорулмуаллимини тоҷикон дар шаҳри Тошканд хеле назаррас аст.
Тавре сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, дар натиҷаи тақсимоти марзии соли 1924 ва таъсиси ҶМШС Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион тоҷик берун аз кишвар монданд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати навтаъсиси ҶМШС Тоҷикистон – Кумитаи инқилобӣ 31-уми декабри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси Дорулмуаллимини тоҷикон (Таджикинпрос) дар шаҳри Тошкандро қабул намуд. Дорулмуаллимини тоҷикон дар ибтидо ба Нозироти маорифи ҶШС Ӯзбекистон тобеъ ва яке аз муассисони аввалини он Нисор Муҳаммадов буд.
Аз рӯйи нақша бояд дар назди Дорулмуаллимини тоҷикон 4 курси таълимӣ созмон дода мешуд, аммо бо сабабҳои гуногун танҳо як курси асосӣ ва ду курси тайёрӣ таъсис дода шуд. Баъдтар ин камбудӣ бартараф гардида, дар назди Дорулмуаллимин се курсӣ тайёрӣ ва курсҳои асосӣ созмон ёфтанд. Дорулмуаллимин (Инпрос) муассисаҳои таълимии дорои сохтори мураккаб буданд. Масалан, дар назди онҳо мактабҳои таҷрибавӣ, мактаб-интернатҳо, курсҳои тайёрӣ ва азнавтаёркунии омӯзгорон фаъолият мекарданд. Дорулмуаллимини тоҷикон низ маҳз дорои чунин сохтор буд. Яъне, онҳо на ба муассисаи олиии касбӣ марбут буданду на ба коллеҷҳои омӯзгорӣ.
Бори нахуст моҳи январи соли 1925 ба Дорулмуаллимини тоҷикон 60 донишҷӯ: 5 нафар аз Бухорои Ғарбӣ, 10 нафар аз Бухорои Шарқӣ, 5 нафар аз Бадахшон (Помири Ғарбӣ), 9 нафар аз округи Сирдарё, 17 нафар аз округи Фарғона ва 5 духтар аз манотиқи гуногуни ҶМШС Тоҷикистону ҶШС Ӯзбекистон қабул карда шуданд.
Дар солҳои аввал дар масъалаи ҷалб намудани донишҷӯёни сазовор ба Дорулмуаллимин Ҳукумати Тоҷикистон ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Сабаб дар он буд, ки ҷавонони саводнок аз ҳисоби тоҷикон, асосан, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сукунат доштанд. Барои ҳамин аввалин донишҷӯёни ин муассиса аз ин ду шаҳри тоҷикнишин ва навоҳии шимолии Тоҷикистон интихоб мешуданд. Талаботи асосӣ барои қабул дар Дорулмуаллимин ин синну сол (аз 14 то 20), доштани маҳорати хондану навиштан ва иҷро кардани чор амали арифметикӣ буд.
Дар ҶМШС Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони ба шароити замон мувофиқ рӯз аз рӯз меафзуд, зеро шумораи мактабҳои типи нав сол то сол зиёд мешуд. Комиссияи илмии тоҷикӣ дар ҷаласаи махсуси худ масъалаи “васеъ кардани доираи фаъолияти Дорулмуаллимини тоҷикон ва ба 300 нафар расонидани шумораи донишҷӯёни онро” муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар яке аз қарорҳо таъкид шудааст: “Доири ин масъала рафиқ Нисор Муҳаммадов ба Тошканд фиристода шавад ва аз Средазбюрои КМ ҲК ИҶШС низ хоҳиш карда мешавад, ки шумораи довталабонро ба 300 нафар расонад, ки аз онҳо 200 нафар аз ҳисоби Нозироти маорифи халқи ҶШС Ӯзбекистон ва боқӣ 100 нафар аз буҷаи Нозироти маорифи халқи ҶМШС Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шаванд…”.
Ҳамин тавр, сол то сол шумораи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикон дар Тошканд зиёд мегардид. Дар солҳои баъдӣ донишҷӯён аз манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ – навоҳии водии Рашт, Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб низ ба Дорулмуаллимин фиристода мешуданд.
Дар солҳои 20-уми қарни ХХ дар баробари Дорулмуаллимин дар макотибу курсҳои ҷудогона, ки дар кишварҳои Умумииттифоқ қарор доштанд, ҷавонони тоҷик барои таҳсил фиристода мешуданд. Бори аввал дар соли 1925 – 93 нафар довталаб ба муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои бародарӣ фиристода шуданд, ки аз инҳо 86 нафарашро тоҷикон ташкил медоданд. Дар моҳи августи соли 1926 шумораи донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таълимии берун аз кишвар таҳсил доштанд, 140 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумора 61 нафар дар Дорулмуаллимини тоҷикон (дар Тошканд), 14 нафар дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ), 36 нафар дар Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна, 12 нафар дар Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқ ва ғайра, таҳсил мекарданд.
Охири соли 1925 барои таҳсил дар Дорулмуаллимин 30 нафар донишҷӯ аз Бадахшон фиристода шуданд. Шумораи муҳассилин дар Дорулмуаллимин сол то сол меафзуд. Соли 1926 шумораи донишҷӯёни он ба 170 адад расид. Чӣ тавре мушоҳида гардид, талаботи ҶМШС Тоҷикистонро Дорулмуаллимин иҷро карда наметавонист. Ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 1925 Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ба нозироти маорифи ҷумҳуриҳои бародарӣ барои ҷудо кардани ҷой дар донишкадаву донишгоҳҳои Тошканд, Самарқанд, Москва муроҷиат карда, таъкид намуда буд, ки ба довталабони тоҷик сабукиҳо барои дохил шудан пешниҳод кунанд.
Ҳамин тавр, шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии берун аз кишвар сол то сол зиёд мегашт. Масалан, агар дар соли таҳсили 1927-1928 шумораи довталабон ба хориҷи мамлакат 167 нафарро ташкил дода бошад, дар соли таҳсили 1929-1930 он ба 563 нафар расонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бештари ин донишомӯзон дар Дорулмуаллимин таҳсил мекарданд. Дар заминаи амалӣ шудани барномаву қарорҳои Давлати Шуравӣ ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҶМШС Тоҷикистон беҳтар гардида, барои фаъолияти занон дар баробари мардон шароити мусоид фароҳам меомад. Занону духтарон низ ба мактабу маориф ҷалб мешуданд. Дар соли таҳсили 1929-1930 танҳо дар Дорулмуаллимини тоҷикон 70 нафар аз духтарони тоҷик таҳсил мекарданд. Бешак нимаи дуюми солҳои 20-уми асри ХХ дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои Тоҷикистон Дорулмуаллимин нақши калидӣ дошт. Аҳаммияти Дорулмуаллиминро барои Тоҷикистон ба инобат гирифта, директори он – Шароф Ҷабборӣ, дар муроҷиат ба донишҷӯён, чунин таъкид намуда буд: “Ман медонам, ки шумо ҳар рӯз мубоҳиса мекунед, ки кӣ дуруст асту кӣ нодуруст. Аммо шумо фарзандони як халқ ҳастед. Халқи мо садсолаҳо зери ҷабру зулм зиндагӣ карда, аз илму маориф дур буд. Ба ибораи дигар дар зулмот зиндагӣ мекард. Амирону бойҳо, муллову мансабдорони диндор халқи моро ба чунин аҳвол оварданд. Рафиқ В.И.Ленин, Ҳизби Коммунист ва Ҳокимияти Шуравӣ барои мо давлат сохтанд – Ҷумҳурии Шуравии тоҷикон. Кӣ имрӯз барои ҷумҳурӣ ва халқи мо даркор аст? Муаллим. Шумо аввалин нафароне хоҳед буд, ки дониш андӯхта онро дар миёнаи халқ паҳн мекунед… Шумо дар ин ҷо маълумоти хуб мегиред. Кӯшиш кунед, аз рӯйи он амал кунед. Мардум шуморо – омӯзгорони оянда бесаброна интизор аст!…”.
Барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии донишҷӯён ва таъмини мактабҳо бо омӯзгорон дар назди Нозироти маорифи халқ комиссияи махсус созмон дода шуд, ки онро Аббос Алиев роҳбарӣ мекард. Бо ташаббуси ин комиссия Нозироти маорифи ҶМШС Тоҷикистон барои донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доштанд, идрорпулӣ (стипендия) муқаррар карда буд. Тавре дар қарори комиссияи мазкур аз 14-уми ноябри соли 1926 таъкид мешавад: “Шароити вазнини донишҷӯёни тоҷикро, ки дар ҷумҳуриҳои Умумииттифоқ таҳсил доранд, ба инобат гирифта, чунин мешуморад, ки ба онҳо таъҷилан идрорпулӣ дода шавад…”.
Бо сабабҳои гуногун, асосан, омилҳои сунъӣ, на ҳама донишҷӯёни тоҷик сари вақт идрорпулӣ гирифта метавонистанд. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз 16-уми майи соли 1927 таъкид шудааст, ки “Донишҷӯён (тоҷикон)-е, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои гуногуни ИҶШС таҳсил доранд, мушкилоти сангинро аз сар мегузаронанд. Дар миёни онҳо чунин эътироз вуҷуд дорад, ки донишҷӯёни ӯзбектабор, ки бо онҳо якҷо таҳсил доранд идрорпӯли мегиранд, аммо онҳо не…”.
Фаъолияти Дорулмуаллимини тоҷикон натанҳо ба тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ, балки барои омода сохтани донишҷӯён барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии Маскаву Тошканд низ равона шуда буд. Масалан, соли 1926 аз ин муассиса ба Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна10 нафар ва ба Донишгоҳи коммунистии халқҳои Шарқ 3 нафар барои таҳсил фиристода шудаанд. Дар маҷмуъ, худи ҳамон сол ба муассисаҳои олии Умумииттифоқ 25 нафар донишҷӯ равон карда шуд.
Дорулмуаллимини тоҷикон дар Тошканд бо мақсади омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ барои мактабҳои тоҷикии ҶШС Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд, аммо дар он донишҷӯён аз манотиқи ҶМШС Тоҷикистон ва умуман, Осиёи Миёна низ таҳсил мекарданд.
Таҳсилдидаи ин муассиса – устод Сотим Улуғзода дар ёддоштҳои худ ба ин мавзуъ дахл карда, қайд мекунад, ки “ба Дорулмуаллимин донишҷӯёни зиёде аз Хуҷанд, Конибодом, Чуст, Исфара, Самарқанд, Бухоро, Уротеппа, Панҷакент, Ҳисор ва дигар ноҳияҳову қишлоқҳои дурдаст, ки барои ман ношиносанд, меомаданд”.
Дар солҳои аввали фаъолияти худ Дорулмуаллимини тоҷикон ба мушкилоту монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида буд. Ба истиснои директори он Шароф Ҷабборӣ ва омӯзгор Низомзода омӯзгорони дигар аз ҳисоби тоҷикон набуданд. Гарчанде таҳсил ба забони тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сурат мегирифт, аммо ба забони тоҷикӣ қариб дастуру китобҳо вуҷуд надоштанд. Доир ба ин масъала дар қарори Комиссияи илмии тоҷикӣ аз 13 сентябри соли 1925 чунин омадааст: “Дар Дорулмуаллимин дарсҳо бояд ба забони тоҷикӣ сурат бигиранд, аммо бо сабаби он ки омӯзгорони тоҷик намерасанд, бояд омӯзгорони рустабор, ки донандаи забони тоҷикӣ мебошанд, ба дарсҳо ҷалб карда шаванд”.
Олимон ва омӯзгорони рус барои тарбияи ҷавонони тоҷик, ки дар Дорулмуаллимин таҳсил мекарданд, хизмати арзандае кардаанд. Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ хизматҳои олимону шарқшиносони рус М.С. Андреев, Панкратова, Краснобаева, Липовкий, Н.Н. Ершова ва даҳҳо омӯзгорони дигарро, ки ба нахустдонишҷӯёни тоҷик таълим доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Дорулмуаллимин дорои курси дусолаи тайёрӣ ва 4-солаи асосӣ буд, ки барои мактабҳои зинаи 1-у ва 2-юм омӯзгор тайёр мекард. Дар барномаи таълимии он таваҷҷуҳ бештар ба таълими забони модарӣ, математика ва забони русӣ равона шуда буд. Норасоии асосӣ дар барномаи таълимӣ ин буд, ки ба истиснои методикаи таълими забони тоҷикӣ (як соат дар ҳафта) методикаи таълими фанҳои дигар вуҷуд надошт.
Чӣ тавре мушоҳида шуд, дар барнома баробари фанҳои умумии таълимӣ фанҳои тахассусӣ чун педагогика, методика, гигиенаи мактабӣ низ ҷой дода шудаанд, ки барои омӯзгори оянда хеле муҳим буданд.
Соли 1927 Дорулмуаллимин ба ихтиёри ҶМШС Тоҷикистон дода шуд. 9-уми феврали ҳамон сол намояндагии ҶМШС Тоҷикистон дар ҶШС Ӯзбекистон бо мактуби хосса ба Раиси Шурои Комиссарони Халқи Ӯзбекистон – Файзулло Хоҷаев чунин муроҷиат намуд: “…аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки мавқеи худро нисбат ба масъалаи гузариши Дорулмуаллимин ва ҳайати он ба ихтиёри Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон иброз кунед. Бояд дар назар дошта бошед, ки агарчи Дорулмуаллимин ба ихтиёри Нозироти маорифи Тоҷикистон мегузарад, аммо дарҳои он барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, аз ҳисоби тоҷикони Ӯзбекистон, ҳамеша боз аст”.
Ин масъала натанҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки дар сатҳи Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК ИҶШС низ муҳокима гардид. Дар қарори алоҳидаи ин мақом таъкид шуда буд, ки “Ликвидком ба хулосае омад, ки Дорулмуаллимини тоҷикон дар шаҳри Тошкандро, бо мақсади таъмини Тоҷикистон бо кадрҳои зарурӣ, ба ихтиёри он супорад. Тоҷикистон низ бояд дорои муассисаҳои алоҳида худ бошад. Баъди гузариш Тоҷикистон вазифадор аст, ки тоҷикони муқими ҶШС Ӯзбекистонро низ дар ин муассиса тарбият кунад”.
Анқариб дар ҳама адабиёти илмии замони Шуравӣ таъкид шудааст, ки норасоии Тоҷикистонро бо кадрҳои зарурӣ ба инобат гирифта, Дорулмуаллимин ба ихтиёри ҳукумати он дода шуд. Воқеан, дар қарори Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК ИҶШС (1927) таъкид шудааст, ки “норасоии ҶМШС Тоҷикистонро ба кадрҳои зарурӣ ба инобат гирифта, Дорулмуаллимин ба ихтиёри он дода шуд”. Аммо таҳлили таърихнигории мавзуъ далолат бар он мекунад, ки сабаби асосии ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани Дорулмуаллимин норасоии кадрҳо набуда, балки шароити ниҳоят вазнини он будааст. Аз тарафи дигар, то ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштан ва баъди он низ ин муассиса барои ҳарду ҷумҳурӣ (ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС Ӯзбакистон) мутахассис омода мекард.
Барои тасдиқи фикри худ мактуби донишҷӯи тоҷикро (номашро махфӣ нигоҳ доштааст), ки дар Дорулмуаллимин таҳсил дошт ва вазъи онро инъикос кардааст, меорем: «Дорулмуаллимин ба Нозироти маорифи Ӯзбекистон итоат мекунад. Дар он 180 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Вазъи таълимгирандагон хеле душвор аст. Бинои Дорулмуаллимин бисёр хурд буда, ҳатто, барои 50%-и толибилмон кофӣ нест. Аз беҷойӣ дар як хонаи хурд 20-25 нафар зиндагӣ мекунем. Дар баъзе аз хонаҳои хоб як қисм дар рӯйи кроват, қисми дигар дар зери кроват мехобем. Аз беҷойӣ шабҳо баъзе талабагони мо дар роҳрав ва синфхонаҳо мехобиданд. Субҳ зуд аз хоб бархоста, ашёҳои худашонро дар ҷое ҷамъоварӣ карда, дар ҷое, ки шаб хобида буданд, рӯз дарс мехонем. Аз бехобӣ аксарияти вақти таҳсилро мо талабагон нохушу бемадор мегузаронем.
Дорулмуаллимини мо натанҳо ҷой барои хоб, балки барои тадрис ҷойи лозима ҳам надорад. Аз бесинфӣ талабагон дар ду тақсим (баст, Н.З.) тадрис карда мешуданд.
Чун исми мактаби мо Дорулмуаллимин номида мешавад, бешак бояд мисли дигар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд дорои утоқҳо (кабинетҳо)-и физика, химия ва дигар шароите, ки онҳо доранд, дошта бошад. Барои он ки Дорулмуаллимини мо дорои чунин шароит нест, дарсҳои мо танҳо назариявӣ сурат мегиранд.
Дорулмуаллимин натанҳо клуб, ҳатто ошхона барои донишҷӯён надорад. Агарчи Дорулмуаллимин дар ихтиёри Нозироти маорифи Ӯзбекистон аст, аммо омӯзгорони он аз Тоҷикистон даъват карда шудаанд. Инчунин, ҳамасола китобҳои зиёде ба нашр мерасанд, аммо бо забони тоҷикӣ китоб қариб вуҷуд надорад, яъне китобҳо бо забони ӯзбекиянд…”
Танҳо соли 1926 аз шароити номусоиди Дорулмуаллимин якчанд донишҷӯ хонданро тарк намуд, баъзеҳо бемор шуданд ва ҳатто, 2 нафар фавтиданд.
Чӣ тавре рӯзномаи «Овози тоҷик» навишта буд: “Ин ҳолат се сол идома дошт”. Аз мақому идораҳои дахлдор барои тафтиши арзу шикоятҳои донишҷӯён аз вазъи номусоиди Дорулмуаллимини тоҷикон якчанд маротиб комиссия ташкил карда шуд, ки онҳо нуқсону камбудиҳои зиёдеро ошкор намуданд. Дар натиҷаи ошкор шудани сабаби шикояту эътирозҳои донишҷӯёни тоҷик комиссияи навбатӣ ба хулосае мерасад, ки Дорулмуаллиминро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳад. Чорабиниҳое, ки ҳукумати даври Тоҷикистон роҳандозӣ кард, дар натиҷа камбудиҳои мавҷуда бартараф гардида, вазъи таълиму тарбия ба зинаи нав бароварда шуд. Масалан, худи ҳамон соли 1927 нозири маорифи Тоҷикистон – Нисор Муҳаммадов ба Тошканд рафта, барои бартараф сохтани камбудиҳо маблағи зарурӣ ҷудо намуд. Аз ҳисоби маблағҳои Нозироти маорифи ҶМШС Тоҷикистон бинои нави Дорулмуаллимин сохта ба истифода дода шуд, ки дорои 7 синфхона, 4 ҳуҷраи корӣ, 1 ошхона ва ғайра буд.
Дар ҳисоботи Нозироти маорифи ҶМШС Тоҷикистон таъкид шудааст, ки “Дар сметаи соли таҳсили 1927-1928 ба Нозироти маориф (Наркомпрос) 400 ҳазор рубл ҷудо шуда буд, ки 140 ҳазори он барои сохтмони бинои Дорулмуаллимини тоҷикон дар Тошканд сарф карда шуд…”. Ҳукумати Тоҷикистон натанҳо бинои замонавиро барои Дорулмуаллимин сохта ба истифода дод, балки барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, омӯзгорони ботаҷрибаи тоҷикро, ки дар Самарқанду Бухоро кам набуданд, ҷалб намуд.
Бояд хотирасон намуд, ки ҳанӯз соли 1925, вақте масъалаи сохтмони бинои Дорулмуаллимини тоҷикон ба миён омад, Ҳукумати ҶШС Ӯзбекистон ваъда дода буд, ки барои он бинои нав месозад. Аммо чӣ тавре раиси Комиссияи илмии тоҷикӣ – Нисор Муҳаммадов (7 июни соли 1925) қайд мекунад: “Дар Осиёи Миёна барои тоҷикон ҳамагӣ як Дорулмуаллимин мавҷуд аст. То ҳол ин муассиса бинои мувофиқ надорад. Дархосту пешниҳодҳо ба Кумитаи Марказии Агитпроп (кумитаи ташвиқоту тарғибот), КИМ ва ШКХ ҶШС Ӯзбекистон ва ҳатто, Бюрои Осиёимиёнагӣ натиҷае надод. Ваъда шуда буд, ки бинои нави Дорулмуаллимин баъди кӯчидани ин муассиса ба Самарқанд, сохта мешавад, аммо ин ҳам иҷро нашуд. Чунин ба назар мерасад, ки сабаби асосӣ ин ба тоҷикон рабт доштани мушкилот аст”.
Дар солҳои баъдӣ низ Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар Дорулмуаллимин корҳои зиёдеро ба сомон расонид, ки дар натиҷа нуфузи Дорулмуаллимин низ дар Осиёи Миёна хеле боло рафт.
Чӣ тавре дар боло низ ишора шуд, Дорулмуаллимини тоҷикон натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои мактабҳои ӯзбекиву тоҷикии Ӯзбекистон кадр тайёр мекард. Дар ин самт нақши Дорулмуаллимин назаррас аст, зеро он нафароне, ки тайёр карда шуданд, нахустин омӯзгорони маҳаллӣ дар мактабҳои нави Шуравӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар робита ба ин Оргбюрои КИМ ҲК(б) ҶШС Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1927 таъкид намуда буд, ки шумораи шунавандагони Дорулмуаллимин ба 200 расонида шавад ва аз ин 50% аз ҳисоби тоҷикони ҳудуди Ӯзбекистон интихоб карда шавад.
Бори нахуст соли 1927 шунавандагон Дорулмуаллиминро хатм намуданд. Миёни нахустин хатмкунандагон шахсиятҳое ба монанди Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Обид Ҷалилов, Мулоҷони Шаҳристонӣ, Набӣ Фахрӣ, Зариф Саломатшоев, Мастибек Тошмуҳаммадов, Мулло Эркаев низ буданд. Бештари онҳо дар оянда олимону донишмандони муътабари миллат гардида, дар рушди ҳаёти фарҳангии мамлакат нақши муассир гузоштанд.
Аҳаммияти Дорулмуаллиминро барои ҳаёти фарҳангии кишвар дарк намуда, Иҷлосияи сеюми КИМ-и Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон (даъвати якум, апрели соли 1928) тамоми чорабиниҳои ҳукумат ва Нозироти маорифро, ки баҳри беҳдошти фаъолияти ин муассиса равона шуда буданд, дастгирӣ намуда, таъкид дошт, ки ба ночизтарин мушкилоти он бо масъулияти баланд бояд муносибат кард.
Бо сабаби нақши муҳим доштани Дорулмуаллимини тоҷикон дар ҳаёти маърифатии кишвар роҳбарони ҳамонвақта ва фарзандони фарзонаи миллат: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мирсаид Миршакар ва дигар чеҳраҳои баруманд ҳар гоҳ ба ин идора меҳмон мешуданд ва раванди омодагии кадрҳои омӯзгориро таҳти назорати ҷиддӣ мегирифтанд. Ин муассисаи таълимӣ натанҳо дар тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, балки барои парвариши олимону сиёсатмадорони ояндаи кишвар низ нақши бориз доштааст.
Дорулмуаллимини тоҷикон соли 1931 ба техникуми педагогӣ ва соли 1935 ба институти дусолаи тоҷикон табдил дода шуд. Бояд таъкид намуд, ки маҳз дар заминаи ҳамин Дорулмуаллимини тоҷикон соли 1931 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таъсис меёбад, ки имрӯз низ барои рушди соҳаи маорифи кишвар нақши арзишманд мегузорад.