Дилфуза БОБОХОНОВА,
мураббии кӯдакистони №15,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе

Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳама ҳолат барои падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон масъалаи калидӣ мебошад. Махсусан, марҳилаҳои гузариш аз як низоми таълиму тарбия ба низоми дигар барои кӯдакон ва волидони онҳо фурсати нозук мебошад, зеро дар ин марҳила ҳам дигаргуншавии синнусолӣ ба амал меояд, ҳам зеҳнияти кӯдак дигаргуниҳои ҷиддиро эҳсос мекунад. Дар нигоштаи зер чанд тавсияе оид ба давраи ҳассоси кӯдакон оварда шудааст, ки барои роҳнамоӣ ба волидон ва мураббияҳои ҷавон муфид мебошад.
Соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба охир мерасад. Ташвишу тараддуди мураббиҳо ва падарону модарон дар ин давра зиёд мешавад, онҳо бояд якҷоя сатҳи тайёрии бачаҳоро барои ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул шудан таҳлил намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаи таълиму тарбияро дар ин самт то якуми сентябр бартараф созанд. Инро, албатта, дар маҷлиси падарону модарон дида баромадан лозим меояд. Бинобар ин, мураббӣ метавонад, мавзуи маҷлиси падарону модаронро «Тайёрии оила ба мактаб» номгузорӣ намояд. Ба маҷлис ҳамаи волидони бачаҳои гурӯҳи омодагӣ ба мактаби муассисаи таҳсилоти томактабӣ даъват мешаванд. Маҷлисро мураббӣ ҳусни оғоз бахшида, дар муроҷиат ба ҳозирин чунин мегӯяд:
— Падарону модарони муҳтарам! Ҳамаи мо-мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва шумо, волидони бачаҳои гурӯҳи омодагӣ ба мактаб дар остонаи соли нави таҳсил қарор дорем. Кӯдакони шумо 7-сола мешаванд ва барои онҳо давраи бачагии томактабӣ ба охир расида, марҳилаи нави ташаккули шахсияташон фаро мерасад. Бачаҳои шумо ба таҳсили давомдори нақшавии ҷиддӣ, баҳогузориҳои нав ва давраи пурраи таҳсил ворид мешаванд. Аз ин рӯ, омодагӣ ба мактаб, ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои оила мавзуи рӯзмарра ба шумор меравад. Аксари волидон дар масъалаи ба мактаб бурдани фарзандони худ ба синфи як каме дар ташвиш буда, хавотиранд. Нигарониҳои шумо бесабаб нест, зеро дар ҳаёти кӯдак дигаргунии ҷиддӣ ба амал меояд: тамоми ҳаёти ӯ ба куллӣ тағйир ёфта, дар ҷамъият мавқеи нав меёбад. Дар давраи баъдӣ хондан шуғли асосии ӯ мегардад.
Имрӯз мо кӯшиш мекунем, ба саволҳои шумо, ки дар зеҳнатон чарх мезанад, ҷавоб ёбем. Мекӯшем, бифаҳмем, ки чӣ бояд кард, то марҳилаи ибтидоии гузариши кӯдак дар мактаб орому сабук бигзарад, чӣ тавр ташвишатонро ҳангоми паси сар кардани ин давраи басо муҳим коҳиш бидиҳем.
Маслиҳати асосие, ки бештари педагогҳо ба волидон медиҳанд, кӯдаки худро, новобаста аз он ки ӯ чӣ гунае мебошад, дӯст бояд дошт. Ӯро эҳтиром намоед, ба хоҳишу аҳволаш диққати ҷиддӣ диҳед. Дар ҳаёти кӯдак лаҳзаи дигаре нест, ки мисли ба мактаб рафтан ҳаёташро куллан тағйир бидиҳад. Дар байни айёми кӯдакии томактабӣ ва ҳаёти ибтидоии мактабии ӯ фосилаи бузурге ҳаст, ки онро дарҳол гузашта намешавад, ҳарчанд кӯдак таълими кӯдакистон гирифта бошад ё курсҳои тайёриро. Оғози ҳаёти мактабӣ барои бачаҳо санҷиши ҷиддӣ ба шумор меравад, зеро он дар тарзи ҳаёти кӯдак дигаргуниҳои фаврӣ ворид месозад. Вазифаи шумо, падарону модарон дар ин марҳила дастгирии ҳаматарафаи кӯдак мебошад. Дар оила барои кӯдак бояд муҳити дурусти ахлоқӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар ҳукмраво бошад. Падару модар бояд дар ин марҳилаи ҳассос барои пайдо намудани хислатҳои мустақилӣ, муташаккилӣ ва интизомнокӣ дар кӯдак таъсиргузор бошанд.
Инак, хотирномаеро барои шумо — падарону модарони бачаҳои мактабрав чун дастур манзур медорем:
1. Бо кӯдак қоидаю меъёрҳоеро, ки ӯ дар мактаб дучор мешавад, муҳокима намоед. Зарурат ва мақсаднок будани онҳоро фаҳмонед.
2. Кӯдаки шумо ба мактаб хонданӣ меравад. Вақте одам мехонад, шояд иҷрои на ҳамаи корҳо ба ӯ муяссар гардад, ин табиист. Кӯдак ҳаққи хато карданро дорад.
3. Якҷо бо фарзанди мактабрав тартиби рӯз ва риояи ҳатмии онро мураттаб созед.
4. Мушкилиҳоеро, ки кӯдак дар ибтидои азхудкунии малакаҳои таълим дучор меояд, нодида нагиред.
5. Кӯдакро барои муваффақиятҳояш таҳсин хонед. Ин амал шавқу завқи ӯро ба хондан зиёд мекунад.
6. Дар ҳаёти мактабии кӯдак одами мартабаю обрӯяш баландтар пайдо мешавад. Ӯ омӯзгор аст. Андешаи фарзандатонро дар бораи омӯзгораш эҳтиром намоед.
7. Таҳсил меҳнати мушкил ва масъулиятнок мебошад. Хониш дар мактаб ҳаёти кӯдакро хеле дигар месозад, вале набояд ӯро аз рангорангию хурсандӣ ва бозиҳо маҳрум бисозад. Ба кӯдак барои бозиҳо вақти кофӣ ҷудо намудан ҳатмӣ мебошад.
Агар шумо волидони азиз, аз гуфтаҳои дар боло зикршуда риоя кунеду онро сармашқи кори худ қарор диҳед, фарзандонатон ба осонӣ ба дунёи илму дониш ворид хоҳанд гашт. Набояд фаромӯш сохт, ки аз ҳама муҳим барои кӯдаки синфи як на маҳорату малака, балки ба қувваи худ ва ба дастгирии волидон эътимод доштан аст.
Дар фарҷоми маҷлис мураббӣ бо волидон дар гуфтугӯ шуда, ба саволҳои иловагии онҳо посухҳои равшану мушаххас медиҳад, то онҳо дар паси сар кардани ин марҳалаи ҳаётан муҳимми фарзандашон бо донишу маълумоти лозимӣ мусаллаҳ бошанд ва давраи ба синфи якум рафтани фарзандашонро ба хубӣ паси сар кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *