Нилуфар қудратзода,
Шаҳноза усмонова,
омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Об яке аз омилҳои муҳимми экологӣ мебошад. Бе об ягон организми зинда фаъолият карда наметавонад. Ин аст, ки обро «муъҷизаи табиат» меноманд.
Тамоми миқдори оби сайёраи Замин дар гидросфера ҷойгир аст, ки он 71%-и сатҳи Заминро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ обҳои Сайёраро ба обҳои уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, рӯдҳо, обҳои зеризаминӣ, пиряхҳо, намии хок, буғи атмосфера ҷудо менамоянд, ки ҳаҷм ва фоизи умумии онҳо якхела нест.
Об барои нигоҳдории фаъолияти муътадили ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва организм зарур аст. Равандҳои ҳаётан зарури биологии организмҳо бо иштироки об ба амал омада, он барои организмҳо ҳамчун ҳалкунанда аҳаммияти бузург дорад, зеро ҳамаи моддаҳои органикию ғайриорганикие, ки вориди организм мегарданд, дар шакли ҳалшуда амал мекунанд. Тадқиқоти олимон нишон медиҳанд, ки 3/2 ҳиссаи вазни одам ва аз 40 то 90% таркиби ҳуҷайраи аксари организмҳои зиндаро об ташкил медиҳад. Миқдори оби организми набототу ҳайвонот дар тӯли умр якхела набуда, бештар ҳангоми авҷи фаъолияташон зиёд мешавад.
Аз ин миён барои инсоният оби ширин муҳиммият ва арзиши аслӣ дорад, зеро ҳар лаҳза инсон ба он эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ҳаҷми зиёди оби ширин бештар аз ҳар мавқеъ дар пиряхҳо ҷой гирифтаанд.
Мавқеи табиию географии Тоҷикистон, шароити иқлим ва зиёд будани барфу пиряхҳои доимӣ омили асосии пайдоиши кӯлу дарёҳо гардидаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарё, зиёда аз 1300 кӯл ва 8492 пиряхи хурду калон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳар кадоми он манбаи обии кишвар ва сокинони минтақа маҳсуб мешаванд.
Об ҳамеша ба организми зинда иртибот дорад. Омилҳои экологӣ боис мешаванд, ки организмҳо ба ҳолати оромии муваққатии биологӣ мегузаранд ва фаъолияташон паст мешавад. Баробари паст шудани фаъолияти организмҳо ҳаҷми оби таркиби ҳуҷайра ҳам кам мешавад, вале пурра нест намешавад. Ҳатто, дар таркиби ҳуҷайраҳои хушкшудаи ушнаҳою гулсангҳо то 5-7% об боқӣ мемонад. Дар таркиби тухми ғалладонагиҳо бошад, ҳаҷми об аз 12-14% кам нест.
Организмҳои дар хушкӣ фаъолиятдошта, оби таркиби ҳуҷайраҳояшонро мунтазам сарф менамоянд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамеша ба қабули ҳаҷми муайяни оби сарфшуда эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, дар раванди эволютсия дар онҳо роҳҳои гуногуни танзими оби организм ташаккул ёфтааст.
Дар шароити иқлими гарм мавҷудияти об шарти муҳимми фаъолияти кишоварзӣ мебошад. Дар сурати норасоии оби таркиби хок баландии поя ва маҳсулнокии рустаниҳо кам мешавад. Аз норасоии об, ҳатто, тухми пухта расидаи рустаниҳо қобилияти хуби сабзишро гум мекунанд. Ин аст, ки дар вақти инкишофи организмҳо мунтазам мубодилаи об бо муҳити атроф ба вуҷуд меояд, ки ин аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, намии муҳит барои фаъолияти муътадилу паҳншавии организмҳо омили маҳдудкунанда ба ҳисоб меравад.
Об барои кулли организмҳое, ки дар вай зиндагӣ доранд, муҳити зист ва барои ҳамаи организмҳои дар хушкӣ зиндагидошта, омили муҳимми ҳаётӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ягон омили дигаре ба монанди об имконияти васеи паҳншавӣ ва мавҷудияти организмҳои зиндаро дар сатҳи сайёра фароҳам оварда наметавонад.
Сарчашмаи асосии таъмини оби ширини сайёра боришот мебошад, ки ҳаҷми солонаи вай дар сатҳи курраи Замин хеле нобаробар аст. Обро барои обёрии заминҳо, ба кор андохтани турбинаҳои истгоҳҳои барқии обӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноат, иҷрои баъзе корҳои механикӣ ва ғайра, истифода менамоянд.
Об ҳамчун омили экологӣ барои фаъолияти рустаниҳо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Он барои тамоми мавҷудоти зинда маводи ивазнашаванда мебошад. Организмҳо дар ҷараёни эволютсия барои сарфакорона истифода бурдани об ва ба дараҷаи муътадил нигоҳ доштани он мутобиқат пайдо кардаанд. Вобаста ба ҳаҷм, намуд ва ҷойи зисти рустанӣ таркиби ҳуҷайраи вай то 90% аз об иборат аст.
Фарқи асосии муҳити обӣ аз муҳити ҳавоӣ дар миқдори газҳои ҳалшудаи таркибашон мебошад. Газҳои асосии дар об ҳалшуда, пеш аз ҳама, оксиген, нитроген ва гази карбонат буда, дар баъзе мавридҳо дар он омехтаи метану гидрогенсулфид низ мушоҳида мешавад. Газҳои оксигену нитроген ва каму беш гази карбонат, асосан, ба воситаи қабати болоии об аз таркиби ҳаво фурӯ кашида шуда, дар натиҷаи ҳаракати об ба қабатҳои гуногуни обанборҳо паҳн мешаванд. Танҳо қисми ночизи ин газҳо дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии организмҳо ва таҷзияи баъдифавтии онҳо ҳосил мешаванд.
Сарчашмаи асосии оксигени таркиби об фаъолияти обсабзҳои хурду бузург мебошад. Гази карбонати таркиби об бештар дар натиҷаи нафасгирии организмҳои обӣ ҳосил мешавад. Дар натиҷаи пӯсидани организмҳои обӣ, бештар гидрогенсулфиду метан ва қисман гази карбонат ҳосил мешавад. Миқдори газҳои маҳлулшудаи таркиби об бештар ба ҳарорат ва консентратсияи намакҳои таркиби он вобаста мебошанд. Агар дар таркиби об миқдори намакҳо кам ва ҳарорати он паст бошад, миқдори газҳои дар об ҳалшуда меафзояд. Ҳаҷми оксиген дар оби дарёҳое бештар аст, ки суръати баланди ҳаракат доранду обашон сард аст.
Фарқи дигари муҳити обӣ аз муҳити ҳавоӣ дар он аст, ки лаппиши шабонарӯзию солонаи ҳарорат дар об кам мебошад. Аз ин рӯ, реҷаи ҳарорати муҳити обӣ бештар дар ҳолати доимӣ ва нисбатан камтағйир аст. Умуман, лаппиши миёнаи ҳарорати қабати болоии об дар минтақаҳои муътадил аз 0,9 то + 20 ˚С мушоҳида мешавад. Дар нуқтаҳои чуқуртари оби ин минтақаҳо ҳарорат то + 4 ˚С мерасад. Лаппиши солонаи ҳарорат бештар ба фаслҳои сол вобаста аст. Дар чуқуриҳои 30 м ва аз ин бештари обҳо ҳарорати миёна қариб, ки доимӣ буда, +4-5 ˚С -ро ташкил менамояд. Ҳамин тавр, ҳамеша қувваи паҳншавии ҳарорат дар минтақаҳои муҳити обӣ, ки рустаниҳо мавҷуданд, нисбат ба минтақаҳои муҳити ҳавоӣ камтар аст.
Қувваи таъсири рӯшноӣ низ дар муҳити обӣ назар ба муҳити ҳавоӣ кам аст. Сарчашмаи таъмини рӯшноии муҳити обӣ Офтобу Моҳтоб мебошанд. Чӣ қадаре ки Офтоб дар уфуқ паст бошад, ҳамон қадар инъикоси нурҳои он аз сатҳи об зиёд мешавад. Ба чуқуриҳои гуногуни об рӯшноӣ кам рафта мерасад. Аз ин рӯ, дар чуқурии об назар ба сатҳи хушкӣ рӯз кӯтоҳу шаб дарозтар аст.
Барои организмҳо суръати ҳаракати об ҳам аҳаммияти хоссае дорад, чунки дар натиҷаи ҳаракати об организмҳо барои идомаи фаъолияти муътадили худ оксигену маводи ғизоии заруриро дарёфт менамоянд.
Дар маҷмуъ, об дар ҳама ҳолат ва барои ҳар як ашёву унсури табиат асоси зиндагӣ маҳсуб шуда, муъҷизаи асосии ҳаётро нишон медиҳад. Агар ба ибораи дигар масъаларо боз созем: об бузургтарин ҳадя барои тамоми мавҷудоти олам буда, асоситарин омили ҳастии ҳар як мавҷуди зиндаи рӯйи олам маҳсуб мешавад. Пас, ин неъмати бузурги табиатро бояд оқилона истифода намоем ва барои пешрафти зиндагии башарӣ аз ин сарвати беҳамто сарфакорона баҳраманд шавем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *