Елена КАЗИЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №1-и ноҳияи Мурғоби
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Баробари қатъ гардидани китобхонӣ инсон қобилияти андешаронии худро низ аз даст медиҳад!
Белинский Виссарион Григоревич
Бо рушди технологияи иттилоотӣ мушоҳида мешавад, ки имрӯзҳо зумрае аз хонандагон аз мутолиаи китоб дур шуда, ҷаҳонбиниашон то андозае ба дунёи маҷозӣ тамоюл кардааст. Шууру идроки баъзе аз бачаҳои тандуруст, ки ба синфи якум мераванд суст буда, фикрашон нокомил, гуфтору андешаронияшон заиф аст. Ҳангоми суҳбат бо ин гуна бачаҳо ҳис мекунам, ки волидонашон онҳоро бо олами шеъру афсона ва чистон шинос накардаанд. Иддае аз ин бачаҳо то ҳол панҷаҳояшон қаламро надошта, аз чи будани ҳарфнависӣ бехабаранд. Барояшон лаҳзаи тифлӣ афсона қироат накардаанд, бо садову ҳаракати ҷонварон бозиҳоро надидаанд, рағбату тааҷҷуби онҳоро бедор насохтаанд ва ботинашон аз дунёи кӯдакӣ холӣ мондааст. Ин масъала солҳои охир мубрам гардида, падару модарон ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, ки ин ҳолат дар раванди омӯзиш камбудиҳо ба бор меорад.
Ҳар як инсони огоҳ хуб дар хотир дорад, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки дар ҷумҳурӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада буд, чӣ гуна мушкилотеро дар соҳаи маориф ба бор овард. Дар мактабу кӯдакистонҳо китобу дафтар намерасид, қаламу коғаз камбуд дошт. Маоши омӯзгорон моҳҳо пардохт намешуд. Обрӯю эътибори омӯзгор паст гашта буд. Имрӯз мо-он бесарусомониҳоро бебозгашт паси сар кардем ва талабагони ҳамонвақта худашон падару модар шуда, фарзандони худро сӯйи мактаб мебаранд. Вале зумрае аз волидони ҷавон дар масъалаи таълиму тарбия масъулиятгурезӣ мекунанд. Онҳо аз фарзанд вақти худро дареғ медоранд, рӯзона чанд дақиқаеро барои гуфтугӯи самимона бо фарзанд ҷудо намекунанд, то рози дилу майлу рағбати ӯро дарк кунанд. Яъне, муҳаббат ва масъулияти волидон нисбат ба фарзанд танҳо бо таъмини моддӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати рушди маънавиёти онҳо сарфи назар мешавад.
Ҳолатҳое низ ҳаст, ки волидон фарзандро беназорат мегузоранд ва ин беназоратӣ боиси ба филмҳои даҳшатафкан ва моҷароҷӯ майл кардани наврасон мегардад. Бояд донист, ки ғамхорӣ дар ҳаққи фарзанд танҳо пӯшондану хӯрондан нест. Дар шароити имрӯз ба воя расонидани инсони комилу сазовори эътибор дар он сурате мумкин аст, ки волидон ба тарзи барномавӣ-нақшавӣ, дар асоси усулҳои китобӣ ва бо дарназардошти таҷрибаву анъанаи неки миллӣ кори мушаххасеро пеш баранд. Мутаассифона, саҳлангорӣ дар тарбияи фарзанд гоҳҳо боиси доғи хонадон ва мушкилоти ҷомеа мегардад.
Фарзанддорӣ-иқболи бузург
Соҳиби фарзанд шудан иқболи бузург аст. Ин ҳиссиёти некро аз доғи таассуф эмин доштан вазифаи муқаддаси волидон мебошад. Бисёр муҳим аст, падару модарони ҷавон ба хубӣ дарк кунанд, ки аз таваллуди фарзанд дида, тарбияи дурусти ӯ бисёр мушкилтар аст; меҳру муҳаббати волидонии худро нисбат ба фарзанд аз чашмаи тарбиядиҳии дуруст об хӯронанд; ишғоли мавқеъ дар ҷомеа барои шахси дуруст тарбия ногирифта хеле мушкил хоҳад шуд; фарзанд дар оянда на он шахсе мешавад, ки волидон интизор доранд, балки шахсе мешавад, ки волидон тарбия карданд.
Волидон-нахустустодони фарзандон
Падару модар мураббии нахустин ва доимии фарзанд мебошанд ва тарбиягирияш баробари қадамҳои аввалини ӯ дар доираи оила сурат мегирад. Бинобар ин, ангораи тарбияи фарзанд дар оиларо тавсия менамоям:
1. Аз лаҳзаҳое, ки фарзанд гапро фаҳмида ба худогоҳӣ шуруъ мекунад, волидонро лозим аст, ки ӯро ба риояи мустақилонаи гигиенаи шахсӣ, одоби таомхӯрӣ, одоби либоспӯшӣ, ғамхорӣ барои саломатии хеш (иҷрои машқҳои ҷисмонӣ) одат кунонад.
2. Мувофиқи мақсад аст, ки волидон корҳои рӯзмарраи хонаро бо иштироки фарзанд ба ҷо оварда, ӯро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми меҳнати ҷисмонӣ водор кунанд. Зарур аст, ки фарзанд софдилона кор кардан, мақсаднок ва босифат ба охир расондани ҳар як кор, аз ҷараён ва анҷоми кор лаззат бурданро одат кунад.
3. Фарзанд одоби меҳмондорӣ ва меҳмониро омӯхта, қоидаҳои саломгӯӣ, хизматрасонии меҳмон (обдиҳӣ барои дастшӯии меҳмон ва ғайра), оростани дастархон ва муомила кардан бо меҳмонро бояд ба хубӣ аз худ кунад.
4. Фарзанд аҳаммияти муносибати хуб бо узви оила, хешу табор ва ҳамсоягонро амиқона дарк карда, хислатҳои неки инсониро, ба монанди дӯстнавозӣ ва равобити фаъол бо дуру наздик, эътибор кардани дигарон, ғамхорӣ намудан барои эҳтиёҷмандон, ҳурмату эътирофи пиру калонсолонро бояд дар умқи дилу вуҷуди хеш дошта бошад.
5. Фарзанд бояд дар доираи эътиқоди суннатӣ ва муътадили волидон ба қадри кофӣ маълумоти дуруст дошта бошад.
6. Фарзанд бояд таъриху шаҷараи худ ва миллати худро ба хубӣ донад ва чун шахси ватандӯст ба воя бирасад.
7. Фарзанд қадру қиммати дониш ва ҳунарро фаҳмида, аз услубҳои ҳунаромӯзиву илмомӯзӣ маълумоти кофӣ дошта, муносибати устоду шогирд, мақоми махсуси мактабу муаллимро ба хубӣ дарк кунад ва ба қадри онҳо расида тавонад.
8. Бисёр муҳим аст, ки волидон ба фарзанд барои интихоби дурусти касб шароит фароҳам оварда, самти мувофиқи истеъдоду қобилияташро муайян созанд. Фарзандро бояд фаҳмонд, ки дар оянда натанҳо ҳаёти шахсии оилавиаш, балки масъалаи адои вазифаи назди волидону Ватан низ ба маҳорати касбии ӯ вобастагии комил дорад.
9. Фарзанд бояд аз кӯдакиаш мавқеъ ва аҳаммияти китобро фаҳмида, чун китобдӯст ба воя расад.
10. Дар ботини фарзанд ҳисси адолат ва шуҷоат аз кӯдакиаш реша давонда, бояд бо дарккунии масъулияти шахсӣ назди оила ва Ватани хеш ба воя расад.
11. Ба духтарон аз кӯдакӣ хислатҳои суннатии занонаро талқин намуда, дарккунии онҳо аз мавқеъ ва мақоми Зан-Модар дар ҷомеа мувофиқи мақсад аст.
12. Мувофиқи мақсад аст, ки фарзанд сарфи назар аз миллату дину забон ба пайравони миллату дину оини дигар бо эҳтиром муомила карданро омӯзад.
13. Фарзанд носазо будани хислатҳое чун хасисӣ ва худпарастиро дарк карда, дар дил ба сифатҳои инсонии нек, амсоли ҷавонмардӣ ва ҳамдардӣ гароиш дошта бошад.
14. Фарзанд бояд ба зиндагӣ бо меҳнати ҳалол ихлос дошта, харҷи сарфакоронаи бозёфташро ба хубӣ дарк кунад.
15. Хуб аст, ки агар фарзанд ба иқрори хатогии худ одат гирифта, дар дил ба ислоҳи (ба қадри имкон) иштибоҳоти хешу дигарон ихлос парварида бошад.
Мусаллам аст, ҳама камбудиҳое, ки дар рафтори фарзанд мушоҳида мешавад, ба сатҳи маърифати волидон вобастаанд. Агар тарбияи фарзанд мувофиқи ангораи мазкур сурат гирад, дар вуҷуди ӯ қувваи мустаҳкаме ҷой мегирад, ки фарзандро аз таъсири омилҳои манфӣ эмин хоҳад дошт.
Мураббӣ бояд шахси тарбиятдида бошад
Яке аз қадамҳои муҳимтарини кори тарбияи фарзанд — ӯро ба олами китоб ҷалб кардан аст. Барои он ки кӯдак дар дил меҳри китобро пайдо кунад, чӣ бояд кард? Кӯдакро равост, ки аз сесолагӣ бо одитарин афсонаву шаклҳои ҳандаса, бозиҳои серҳаракату мантиқӣ шинос карда, омӯзиши мушоҳидаи табиатро оғоз намоянд. Дар ин вақт кӯдак худро каму беш дарк намуда, қобилияти андешаронияш пайдо мешавад. Пас, ташаккулёбии хислатҳои неки инсонӣ: хоксорӣ, самимият, раҳмдилӣ ва ғайра, дар вуҷуди фарзанд ба ин марҳилаи кори тарбияи ӯ вобаста аст.
Қироати ҳаррӯзаи афсонаи начандон калонҳаҷм (то 15 дақиқа) ба кӯдак бояд ба одати рӯзмарра табдил ёфта, бояд ба қадри имкон шавқангез — бо истифодаи тақлиду қиёфасозӣ сурат гирад, ки рағбату тасаввуроти кӯдак бедор шавад. Баробари шунидани афсона тасаввуроташро рӯйи қоғаз (албатта, бо кумаки волидон) бо қалами рангӣ тасвир кардани кӯдак низ ҷозибаи ҷараёнро меафзояд. Таърифи кӯдак бо калимаҳои “офарин, аҳсант”, “боақл (зӯр, чаққон…) будаӣ!” ва ғайра, ӯро руҳбаланд гардонида, кӯшиш мекунад, ки боз волидонашро шод кунад. Афсонаи дирӯзаро ёдрас карда, пурсиши баъзе суолҳои такрорӣ низ мувофиқи мақсад аст.
Синни томактабӣ: давраи 3-7 солагӣ
Ин марҳала вақти оғози инкишоф ва ташаккули ҳаматарафаи фарзанд чун инсон буда, аз волидон диққати махсусеро талаб мекунад. Тайёрии фарзанд ба мактаб аз ҷиҳати интеллектуалӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ ва руҳӣ маҳз дар ҳамин давра сурат мегирад. Муҳим аст, ки дар ин марҳала ба воситаи бозиҳои мантиқӣ дар шуури фарзанд тафаккури эҷодкоронае инкишоф ёбад: бигзор кӯдак худаш бикӯшаду бифаҳмаду биёбад. Баъди бозиҳои мантиқӣ ҳатман якҷоя китоб хондан лозим аст. Афсонаро натанҳо падару модар, балки бародару хоҳарони кӯдак низ ба навбат қироат кунанду шавқи ӯ ба олами зебоӣ боз ҳам афзуда, барои бедор шудани майлу рағбаташ ба мутолиаи мустақилонаи китоб омили иловагие пайдо мешавад. Барои ин падару модар бояд аз ҷумлаи китобдӯстон бошанд. Агар онҳо аз китобу дониш дур бошанд, фарзанд низ аз мутолиаи китоб дар канор мемонад.
Синни мактабӣ: давраи 7-10-солагӣ
Дар ин марҳала (аз 7-солагӣ) вазни мағзи бача якбора зиёд шуда, ба вазни мағзи калонҳо қариб мешавад (1300 грамм). Бо ворид шудани бача ба синфхона пурсишҳои омӯзгор, амсоли “Кӣ чанд афсона медонад?”, “Кӣ кадом афсонаро нақл кардан мехоҳад?”, “Афсонае, ки бори нахустин шунидаӣ, кадом аст?”, “Дар хона чанд китоби афсона дорӣ?” таъсири муфиде дошта, зинаи дувуми ҷалбкунии бача ба олами китоб сар мешавад. Мусаллам аст, китоби афсонае, ки ба рӯзи таваллуди бачаи афсонадӯст тақдим карда мешавад, ӯро ба китобхонӣ шавқманд мегардонад. Хариди чунин китоб (ба тарзи пинҳонӣ аз бача) ва тақдим шудани он бо дасти омӯзгор, албатта, барои бачаҳои дигар ҳам хеле таъсирбахш хоҳад шуд. Давом додани ин тадбир дар давоми соли таҳсил бо бачагони дигари синф низ мувофиқи мақсад аст.
Ҳангоми суҳбат бо волидон дар мавзуъҳои дахлдор онҳо “барои қироати китоб вақт надорем, аз телевизор дида мефаҳманд” мегӯянд. Баъзан “замонҳои қадим фарзандро бе қироати китоб тарбия мекарданд” гуфта, “бурҳони қотеъ” меоранд. Албатта, он вақтҳо китоб ашёи дастнорасу нодире буд ва на ҳар кас савод дошт. Вале баҳснопазир аст, ки волидони пешин ба масъалаи тарбияи насли нав ҷиддитар муомила мекарданд. Модар ҳанӯз аз овони тифлии фарзанд, дар суруди нахустини шунидаи кӯдакаш — “алла” натанҳо меҳру муҳаббати модариашро, балки тамоми ҳусну зарофати забони миллиро низ таҷассум карда, вуҷуди кӯдаки поксириштро бо забони модарӣ мустаҳкам месохт. Дар ҳар як оила мӯйсафедон ба фарзанд бо воситаи афсонаву зарбулмасалҳои халқӣ хислатҳои неки инсониро талқин мекарданд. Лозим бошад, аз сайри хаёлоти хеш низ чизи наверо илова мекарданд, ки он аз насл ба насл, аз аср ба аср гузашта дар муборизаи азалии некӣ алайҳи бадӣ шахсро аз гумроҳӣ, халқро аз нобудшавӣ эмин медоштанд.
Чӣ тавр шавқи кӯдакро ба хондани китоб метавон бедор кард?
Барои завқи мутолиаи кӯдак бояд:
— дар муҳити хона фазои муҳаббат ба китоб ҳукмрон бошад;
— кӯдак худаш китобро бинад ва даст занад;
— ба кӯдак дар як рӯз як бор бо овози баланд афсона хонда шавад ва чунон бояд кард, ки кӯдак ҳар рӯз ин соатро интизор ва аз волидон афсона хонданро талаб кунад;
— дар вақти хондани афсона ҳар лаҳза ба кӯдак аз мазмуни афсона савол диҳад ва дар кӯдак хаёлофариро (фантастика) бой гардонад;
— кӯдак вақте ки мустақилона хонданро ёд гирифт, ӯро набояд маҷбур кард, ки китоб хонад. Шавқи ӯро бо роҳҳои ҳавасмандкунӣ зиёд бояд кунем;
— ҳатман китобхонаи шахсиро ташкил бояд кард. Вобаста ба синну соли кӯдак китоб харида, шумораи китобҳоро зиёд намоянд;
— ба кӯдак рӯзи зодрӯз китоб туҳфа намоянд. Бо кӯдаконашон ба китобхона рафта, ӯро бо китобдор шинос намоянд. Аввал падару модар, баъд кӯдак ба китобхона узв шаванд, то ки дар зеҳни кӯдак меҳр ба китобхона нақш бандад
— волидон, хешовандон, китобдӯстон ҳатман дар пеши кӯдак дар бораи китоб бояд нақл кунанд. Дар бораи китобҳои хондаашон баҳсу мунозира кунанд ва ҳамаи ин ба кӯдак таъсири мусбат мерасонад.
Қоидаҳои хондани китоб
Волидон бояд ба кӯдак қоидаҳои зерини хондани китобро фаҳмонанд:
— дар торикӣ хондани китоб мумкин нест;
— дар нақлиёт низ хондани китоб номувофиқ аст;
— дар вақти хӯрокхӯрӣ китоб хондан мумкин нест;
— дароз кашида хондани китоб мумкин нест;
— дар вақти хондани китоб офтоб бояд аз тарафи чап рӯшноӣ диҳад;
— чашмон бояд ҳар бист дақиқа истироҳат кунанд;
— ба чашм имконияти истироҳат деҳ-аз тиреза ба тарафи дур нигоҳ кун;
— ҳангоми хондан ба чашмат даст нарасон;
— рост истода ё дар вақти роҳ рафтан китоб нахон.
Тадқиқотчиён чунин суръати хонишро пешниҳод менамоянд:
— синни ибтидоии мактабӣ 80-150 калима дар як дақиқа;
— синни миёнаи мактабӣ 175-207 калима дар як дақиқа;
— синни калони мактабӣ 214-250 калима дар як дақиқа;
— вақти донишҷӯӣ 250-280 калима дар як дақиқа.
Волидон агар ин суръати хонишро риоя карда, ба кӯдак китоб хонанд, он вақт натиҷаи хуб ба даст хоҳанд овард.
Китоб — қаноти кӯдак
Китоб қаноти кӯдак, воситаи асосии омӯзиши фарҳангу маънавиёт, илму техника ва тарбияи солими инсонӣ мебошад. Китоб манбаи дониш ва дониш қувваи ботинии инсон аст. Қарзи волидон ва насли калонсолон аст, ки ба кӯдакон роҳи дурустро барои ояндаи дурахшон нишон диҳанд. Ҳамон чизеро, ки падару модар, тарбиятгарон ва омӯзгорон натавонистанд, ба кӯдак диҳанд, кӯдакон онро аз китоб меёбанд.
Дар вақти хондани китоб дар кӯдак ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат ба меҳнат, одаму одамгарӣ ва ғайраҳо, пайдо мешавад. Пас, китобро метавон боли умед барои расидан ба осмони комёбиҳо ва пешрафту музаффариятҳои инсонӣ номид.