БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ИМКОНИЯТҲОЯШОН МАҲДУД ТАВАҶҶУҲИ ХОССА МЕДИҲЕМ
8 ИЮЛ -РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Фирдавс САФАРОВ,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
мактаби №177- и ноҳияи Рӯдакӣ
Инсонҳои дорои имконияти ҷисмонии маҳдуд узви комилҳуқуқи ҳар як ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, аз ҳисоби чунин ашхос хонандагони фаъол, омӯзгорони пешқадам, олимону мутахассисони варзида, шоирону нависандагон ва ҳунармандони ҳирфаӣ дар ҷомеа фаъолият мебаранд, ки ҳар кадоми онҳо барои рушди соҳаҳо хидмати шоиста мекунанд. Агар ба нишондодҳои оморӣ назар кунем, айни замон дар ҷаҳон беш аз як миллиард ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки 15 дарсади аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳанд.
Мафҳуми «ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд» одамони дорои иллатҳои устувори ҷисмонӣ, руҳӣ, зеҳнӣ ё сенсориеро фаро мегирад, ки вақти дучороӣ бо монеаҳои гуногун ин иллатҳо ба онҳо баҳри иштироки комил ва пурсамарашон дар ҳаёт халал мерасонанд.
Ба категорияи одамони имкониятҳояшон маҳдуд маҳз киҳо дохил мешаванд ва чаро? Баланд гардидани стандартҳоро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар мисоли «Консепсияи ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд» мушоҳида кардан мумкин аст. Пештар дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, аз ҷониби кормандони тиббию иҷтимоӣ, асосан, истилоҳи «маъюб» (ба русӣ «инвалид») истифода мегардид, ки зери он одамони иллатҳои ҷисмонӣ ва ё равонидошта фаҳмида мешуданд, аммо ин мафҳум аз лиҳози баробарии инсонҳо қобили пазириш буда наметавонад. Зеро инсон, новобаста аз вазъи равонию ҷисмонӣ, инсон аст ва ҳар кадоме дорои ҳуқуқу озодиҳо буда, ба дастгирии кулли ҷомеа ниёз доранд.
Дар солҳои 1970-1980 пешниҳодҳо дар бораи даст кашидан аз истифодаи истилоҳи «маъюб» пайдо шуда буд, зеро он дар асоси калимаи англисии «invalid» пайдо шуда буд, ки маънояш «корношоям», «аз саф (кор) баромада» аст. Ин дар ҳолест, ки аз ҳисоби чунин одамон машҳуртарин сарватмандон, бузургтарин олимони риштаҳои риёзӣ, кимиё ва физика, мусиқаофарони ҳирфаию нотакрор ва дигар мутахассисон арзи ҳастӣ кардаанд, ки бо коркардҳо ва эҷодиёту ихтирооти худ зиндагии миллиардҳо инсонро тағйир додаанд. Табиби маъруфи англис Филипп Вуд барои ҳалли масъала ва дигаргун кардани тасаввуроти ҷомеа ба мафҳуми «маъюб» консепсияи «Handicap» (hand in cap)-ро таҳия намуд, ки он дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ маънои «Даст дар кӯлоҳ»-ро дорад.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти афроди маъсум ва некуаҳволии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ашхоси имконияташон маҳдуд чандин санад пазируфта шудааст. Аз ҷумла, Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (соли 1975), Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои одамони иллатҳои ақлонидошта (соли 1971) қабул гардида, аз соли 1992 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон муқаррар карда шудааст ва айни ҳол 160 кишвари ҷаҳон ин эъломияро қабул намудаст.
Ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шурои олӣ то имрӯз тамоми имконият ва зарфиятҳоро ба таъмини иҷтимоии мардум, хусусан, афроди имконияти ҷисмонияшон маҳдуд равона кардааст. Дар ин радиф, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии ашхоси имконияташон маҳдуд пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар бандҳои 7 ва 8-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» кафолатҳои таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд равшану возеҳ ифода ёфтаанд, ки чунин аст: Давлат, таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷойи кор таъмин менамояд.
Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ ба сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.
Барои таълим ва тарбияи кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд кормандони мактаб-интернатҳо бояд донишҳои одитарини анатомию физиологӣ ва педагогию психологиро дошта бошанд. Оид ба дараҷаи нуқсон, хусусиятҳои азсаргузаронии беморӣ, муҳлати ба беморӣ гирифторшавии кӯдак, корҳои ислоҳии таълимию тарбиявиро ба роҳ монда, аз маслиҳату дастурҳои мутахассисисон-дефектологҳо ва кормандони соҳаи тиб самаранок истифода бояд кард.
Қобилияти дарккунии кӯдакони имконияташон маҳдуд муносибати эҳтиёткорона ва боадабонаи атрофиёнро нисбат ба нуқсонҳои равонӣ ва ҷисмонии вай тақозо мекунад. Дар кӯдак тарбия намудани муҳаббат, боварӣ ва ташаккул додани қобилияти паси сар кардани мушкилот, бедор кардани имкониятҳои ҷубронкунандаи нуқсонҳо, раҳнамоӣ ба сифатҳои писандида ва ҳамзамон, дар ӯ ба вуҷуд овардани қобилияти баҳодиҳии амалу рафтори худ ба назари интиқодӣ хеле муҳим аст.
Фаъолияти дарккунии ин гуна кӯдакон суст инкишоф меёбад; хотираашон хусусияти механикӣ дошта, ба мазмуни чизҳои азхудкардаашон сарфаҳм намераванд, ашёю ҳодисаҳои дидаашонро дурудароз дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд, диққаташон ғайриихтиёрӣ буда, ба чизҳои дуюминдараҷа равона мегарданд, мутамарказияти диққаташон суст буда, тез-тез парешонхотир мешавад. Ашёву ҳодисаҳои муҳити зистро мебинанд, вале хусусиятҳои алоқамандии онҳо (ранг, шакл, ҳаҷм мавқеи ҷойгиршавӣ)-ро дуруст фарқ намекунанд.
Ҷиҳати ҳалли масоили ин қишри ҷомеа дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳое андешида шудаанд, ки онҳо ба беҳтарсозии вазъи шахсони дорои имконияти ҷисмонии маҳдуд равона гардидаанд. Дар Стратегияи миллии рушди маориф низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос сурат гирифта, «мунтазам ба сохторҳои таҳсилоти умумӣ гузаронидани кӯдакони дорои маъюбӣ ва андешидани чораҳои дахлдор оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) дар ҷумҳурӣ» (то соли 2030) пешбинӣ гардидааст.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Ҳадаф аз эълон доштани ин рӯз, пеш аз ҳама, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва шароити арзандаи зиндагии онҳо мусоидат мекунад.
Моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон Барномаи миллӣ оид ба офиятбахшии шахсони дорои маъюбӣ қабул гардида буд. Ғайр аз ин, мақомоти кишвар ба падару модарон ва ташкилотҳое, ки бо кӯдакони дорои маъюбӣ кор мекунанд ва ба фарогирии онҳо мусоидат менамоянд, кумаки муайяни молиявӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.
Яке аз методҳои асосӣ оид ба фаъолгардонии қобилияти дарккунии хонандагони имконияташон маҳдуд, фаҳмондадиҳии шифоҳӣ мебошад. Нутқи муаллим намунаи нутқи шифоҳӣ ба хонандагон ба шумор рафта, фаҳмиши нутқи атрофиёнро амиқтар менамояд, зеро аҳаммияти нутқи муаллим дар равиши омӯзиш хеле зиёд аст. Маводи таълимӣ бояд фаҳмо ва дастрас бошад, чунки кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳатто дар масъалаи аз худ кардани миқдори маҳдуди дониш танқисӣ мекашанд.
Инсофан бояд гуфт, ки адабиёти пурғановати тоҷику форс низ пур аз изҳори меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони имконияташон маҳдуд аст. Пас, моро низ зарур аст, дар самти таълиму тарбияи чунин кӯдакон самимона азм намуда, онҳоро дар раванди таълим ба тамоюлоти завқу салиқаашон мусоидат намуда, ҳар кадоми онҳоро на шахси маъюб, балки ҳамчун мутахассиси тавонманду болаёқат ба ҷомеа ворид созем.