Муҳаммадраҳим ТОШПӮЛОДОВ,
равоншиноси Литсейи №2 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Инсон дар баробари мушкилоти зиндагӣ ба сухани хушу руҳиябахш ҳамеша ниёз дошта, бо шунидани каломи пурмеҳру панди гӯшнавоз қалбаш таскин меёбад. Бузургону аҷдодони мо низ бо таваҷҷуҳ ба ин нукта дар эҷодиёташон ба мавзуи панду андарз ва даъват ба сабру шикебоӣ дар баробари шебу фарози рӯзгор, масъалаву мушкилоти сангини зиндагӣ диққати аввалиндараҷа дода, каломи нобу асарҳои мондагори зиёде ба мо мерос гузоштаанд, ки бо гузашти асрҳо ҳанӯз ҳам муҳиммияти худро аз даст надодаанд. Мо, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба проблема ё масъалаи ҳалталаби ҳаёт метавонем ба осори пурғановати эшон рӯ биёрем ва бо мутолиаи онҳо ба қалбҳои хастаи худ таскин бахшида, оромиши равонӣ ба даст биёрем. 

Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳар маврид моро панд медиҳад, ки дар зиндагӣ роҳу равиши хешро пайдо кунем, аз мушкилоти пешомада наҳаросем, сабру таҳаммулро пеша намоем, ба ҳар чизе, ки Офаридгор насибамон гардондааст, қаноат намоему шукргузор бошем ва қонеъ будани худро бо миннатдорӣ изҳор намоем. Вақте ки кас ба доштааш қаноат кард, торҳои асаби ӯ аз ҳолати изтиробу беқарорӣ баромада, худро осуда ҳис менамояд, беҳуда хешро ранҷур намегардонад, яъне, дар банди такаллуф намезияд. Хоҳӣ, ки ҳаётат ором гузарад, ба одамоне, ки ҳолаш аз ҳоли ту беҳ аст, назар макуну андуҳгин машав, ба зиндагии шахсоне назар кун, ки ҳаёти пур аз ранҷро ба сар мебаранд ва баъд аз он сипосгузор бошу хушҳолона “бизӣ”. Шоир чунин зикр менамояд:


Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

Дар беҳ зи худ назар макун, ғусса махӯр,

Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ.


Бунёди зиндагӣ ва тариқи ба роҳ мондани он, қабл аз ҳама, ба дасти худи инсон аст. Ӯ метавонад, ҳаёташро хушбахтона гузаронад ва тарзи ҳаёти солимро пеша кунад, ё зиндагии пуршӯру шарро ихтиёр намояд. Вақте шахс ба дороии худ қаноат мекунаду шукргузорӣ менамояд, хотири ӯ оромиш мегирад, қалбаш таскин меёбад ва рӯзгори осударо мақбул медонад. 

Дар ин боб андарзи донишманди бузург Унсурулмаолии Кайвовусро ба хотир меоварем, ки гуфтаҳои устод Рӯдакиро тақвият бахшидааст: “Ва агар хоҳӣ, ки аз баҳри рӯзӣ аз Худои таоло хушнуд бошӣ, ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба касе нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту бадтар бошад, то доим аз Худованд хушнуд бошӣ. Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун, то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва бо хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад натавон ҳосил кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат, ки гуфтаанд: “Ал-адабу сурат — ул ақлӣ” (Адаб нишонаи хирад аст). 

Агар мо худро ҳурмату эҳтиром намоем, бояд ба ҳамон андоза дигаронро низ мавриди эҳтиром қарор бидиҳем. Сухани хуб ба ҳама писанд аст. Пас, мо ҳангоми муошират бояд ҳамон чизи писандидаро дареғ надошта истифода кунем, яъне, ҳарфи нек гӯем, то ки ба ивазаш лафзи ширину гуворо шунавем. Аз сухани нарму ширин ҳам шунаванда хушҳол мегардад ва ҳам худи гӯянда. Агар дар назди кӯҳ рафта, бо овози баланд сухани некро ба забон биоварию садо баланд кунӣ, аз ҷониби кӯҳ низ ҳамон каломи ширинро ба такрор мешунавӣ.

Мусаллам аст, ки инсонро дӯст дошта тавонистан ва нисбат ба ӯ меҳру муҳаббат доштан асоси хушбахтию хушҳолии худи инсон мебошад. Ин маъниро Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар рисолаи фалсафии хеш “Фиҳӣ мо фиҳӣ” чунин тавзеҳ додааст: “Акнун чун метавонӣ, ки шабу рӯз гулу гулистон бинӣ ва риёзи Ирам бинӣ, чаро дар миёни хористону мористон гардӣ? Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ. Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд. Чунон аст, ки шабу рӯз дар хористону мористон мегардӣ”.

Ҳаким Умари Хайём таъкид мекунад, ки хушбахтии инсон дар боигарии ӯ нест. Одамоне ҳастанд, ки хушбахтиро дар боигарӣ мебинанд. Онҳо бар он андешаанд, ки дар зиндагӣ агар одам ғанӣ бошад, ҳамаи мушкилоташ роҳи ҳалли худро меёбаду кас хушбахтона ҳаёт ба сар мебарад. Аз ин лиҳоз, одамони камбағал мудом бой шуданро орзу мекунанд, ғусса мехӯранд. Онҳо намефаҳманд, ки дороӣ роҳи ба хушбахтӣ расидан нест. Бисёр одамони бодавлат ҳастанд, ки ҳаёти нохуш доранд. Шоири шаҳир, мутафаккири барҷаста Ҳаким Умари Хайём ба мо панд медиҳад, ки агар дар зиндагӣ нони хӯрданӣ дошта бошию соҳиби хонаву дар бошӣ, ба касе ниёз надошта бошию озодона зистан насибат гашта бошад, парво накун “шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне”дорӣ:

 

Дар даҳр ҳар он кӣ ними ноне дорад,

Аз баҳри нишаст ошёне дорад.

Не ходими кас бувад, на махдуми касе,

Гӯ, шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад.


Овардаанд, ки дар замони қадим як шахси камбағал бо марди ғанӣ ҳамсояи девордармиён буд. Камбағал меҳнат мекарду ҳар чӣ ба даст меовард, бо аҳли оилааш мехӯрду дегаш доимо меҷӯшид ва парвои дунё надошт. Ҳаёти орому осуда ва хушбахтона ба сар мебурд. Ҳамсояи бой мудом дар андешаи ҷамъ намудани сарват буд, дар зиндагӣ харҷ намуданро намепазируфт. Занаш бо ӯ ҷанҷол мекард, ки ҳамсояамон камбизоат бошад ҳам, ҳар рӯз дегаш дар ҷӯш аст, аммо мо бо вуҷуди доро буданамон дегамон холист. Ҳамсояи бой аз ҷанҷолу хархашаи занаш безор шуда, роҳи ҳалли масъаларо андеша мекард. Охир ба хулоса омаду як бегоҳ сад тангаи тиллоро ба халтачае андохта, аз болои девор ба сӯйи ҳавлии ҳамсоя партофт. Ҳамсоя пагоҳӣ аз хоб хеста ба ҳавлӣ мебарояду халтачаро мебинаду мегирад ва кушода тангаҳои тиллоро пайдо мекунад. Фикр мекунад, ки ин атои Худованд аст ва ба ҷое пинҳон мекунад. Аз ҳамон рӯз эътиборан шахси камбизоат ба фикр мезанад, ки чӣ кор кунад, ки тангаҳо зиёд шаваду кам не. Пас аз ду се рӯз ҳамсояи бой ӯро таклиф мекунад, ки аз ягон кас ба миқдори муайян қарз гираду ҳамроҳи ӯ ба тиҷорат машғул шавад. Ҳамсоя каме фикр мекунаду розӣ мешавад. Онҳо ҳамроҳ ба тиҷорат машғул мешаванд ва минбаъд ҳамсояи камбизоат низ шабу рӯз аз пайи ба даст овардани фоида мешавад. Дигар деги ӯ низ аз ҷӯшидан бозмемонад. 

Инсон як бор ба дунё меояду меравад, пас ҳар лаҳзаи зиндагиро қадрдонӣ намудан лозиму саъю кӯшиш кардан зарур, ки он бо хушию шодмонӣ гузарад. Сарвати бебаҳои мулки ҷаҳон умр аст, ки чӣ тавр гузаронидани он ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора Хайём хуб гуфтааст: 


Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,

Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.

Ҳуш дор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон,

Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.


Инсонро аз рӯйи аъмолаш баҳо медиҳанд. Хулқу хӯйи нек муаррифи хубии одам аст. Дар ҳама ҳолат бо ҳама – ҳам одамони нек ва ҳам одамони бад муносибати наку доштан зарур аст. Шахси нек ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад наравад ва касеро озор надиҳад, чунки одату хӯйи ӯ некукорию некандешӣ аст. Агар ба дӯст бадӣ кардӣ, ба ту душман мегардад ва агар ба душман некӣ кунӣ, ба ту дӯст гардад. Ин маънӣ дар мисраъҳои зерини шоир хеле хуб садо додааст:


Бо душману дӯст феъли неку некӯст,

Бад кай кунад он, ки некияш одату хӯст.

Бо дӯст чу бад кунӣ, шавад душмани ту,

Бо душман агар нек кунӣ, гардад дӯст.


Ҳазрати Ҳофиз ин масъаларо басо возеҳу равшан ба қалам додааст. Агар хоҳӣ, ки дар ҳар ду ҷаҳон осудаву беғам, хотирҷамъу ором бошӣ, маънию мазмуни ин ду ҳарфро бо тамоми нозукҳояш дарк намо ва аз рӯйи он амал кун, яъне, бо дӯстон мурувват, ҷавонмардӣ, лутфу эҳсон намо ва бо душманон мадоро, бо нармӣ ва ҳусни хулқ рафтор ва муросо намо:


Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.


Як сабаби дар ҳаёт ноором шудани инсон аз чизе бим доштану бо тарс зистан мебошад. Аз ҳаводиси баде, ки оқибаташ поянда нест, аз он хиҷил шуда, ранҷида, ҳаёти худро ноором кардан маънӣ надорад. Аз он чизи нохуше, ки аз сарат гузашту дигар роҳи бозгашт надорад, онро аз нав ба ёд оварда, хотири худро нороҳат кардан ба кас ба ҷуз зарар суде намебахшад. Инсон ба оянда бояд мудом назари нек дошта бошад.. Чунон ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ («Девони Шамс», рубоиёти шумораи 986) фармудааст:


 Аз ҳодисаи ҷаҳони зоянда матарс,

 В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс.

 Ин як дами умрро ғанимат медон,

 Аз рафта маяндешу зи оянда матарс. 


Одамон барои мушкилоти пешомада бисёр ғусса мехӯранд, андуҳгин мешаванд, асабҳояшонро хароб мекунанд, ҳатто, бемор мешаванд. Бехабар аз он ки қимматтарину ноёбтарин сарвати инсол – солимии руҳу ҷисм аст, ки онро аз даст медиҳанд. 

Вақте инсон ба моҳияти ҳастӣ мерасад ва маънии ҳаётро дарк мекунад, ба қадри сиҳатию саломатии худ мерасад, қалбаш таскин меёбад, хотираш ором мегирад, ба зиндагӣ бо умед, бо эътимоду боварӣ, бо мақсаду нияти нек назар менамояд.

Хулоса, бузургон бо ақидаҳои равоншиносии хеш мардумро равондармонӣ намудаанд, то ки дар ҳаёт зиндадил бошанду дар зиндагӣ бо нияту таманнои нек назар кунанд ва ҳаёти хушбахтона ба сар баранд. Пас, моро низ лозим аст, ки умри худро сарфи омӯзиш кунем ва барои шоду масрур зиндагӣ кардан талош кунем, на барои расидан ба таҷаллии бемаъно.


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *