Сайҳуна БАДИХОВА,

омӯзгори Коллеҷи тиббии 

шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Водии Зарафшон дорои сарвати бебаҳои табиии Тоҷикистон буда, экосистемаи беназир ва гуногуни захираҳои табииро соҳиб аст. Ин минтақа дар ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмини сарватҳои гаронбаҳои табиӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Ин гӯшаи Тоҷикистон дорои захираҳои фаровоне мебошад, ки дар ҳаёти аҳолии маҳаллӣ ва ҳифзи экосистемаи табиӣ нақши калидӣ доранд. 

Мавзеи бузургтарини пиряхи водии Зарафшон, саргаҳи дарёи Зарафшон мебошад, ки дар ин мавзеъ пиряхи машҳури Зарафшон ҷойгир шудааст. Пиряхи Зарафшон намояндаи хоси пиряхи кӯҳию водигии шохронда ба шумор меравад. Ин пирях 27,3 км дарозӣ, 1,5 то 3 км паҳно (ба ҳисоби миёна 1,6 км), 200 м ғафсӣ ва 26 км3 ҳаҷм дорад. Нуқтаи баландтарини пиряхи Зарафшон нисбат ба сатҳи баҳр дар баландии 4900 м ва нуқтаи пасттаринаш аз сатҳи баҳр дар баландии 2770 м воқеъ гаштааст. Майдони фарогирифтаи пиряхи мазкур бе шохаҳояш 42,5 км² ва бо 19 шохаи калонаш 126,8 км²-ро ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин пирях, асосан, 32 шоха дорад. Шохаҳои тарафи рости пиряхи Зарафшон нисбат ба шохаҳои тарафи чапи он калонтаранд. Ба шохаҳои тарафи рости он пиряхҳои Фарахнов (дарозиаш 14,4 км, майдонаш 14,2 км²), Толстой (дарозиаш 11,7 км, майдонаш 19,4 км²), Скачов (дарозиаш 6,5 км, майдонаш 8,7 км²) ва Мирамин (дарозиаш 7,1 км, майдонаш 9,6 км²) мансуб мебошанд. Шохаҳои тарафи чапи он нисбатан хурд буда, баъзеашон андаке беш аз 2 км² масоҳат доранд.

Пиряхи Зарафшон — яке аз калонтарин пиряхҳои Осиёи Миёна буда, ибтидои худро аз сарбастшавии се қаторкӯҳ-қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Олой мегирад. Он дар байни баландиҳои 2919-5007 м воқеъ гардида, масоҳати умумии он ба 297 км2 баробар аст. Пиряхи номбурда 23%-и майдони умумии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшонро ташкил медиҳад. Гурӯҳи пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон соли 1959 аз 21 пирях иборат будааст, ки масоҳати умумиашон ба 132,6 км² баробар буда, ҳамзамон, он 14,85 км3 яхро дар бар мегирифт. Масоҳати пиряхи асосии Зарафшон бошад, 38,7 км²-ро ташкил дода, дарозии он 27,8 км, масоҳати захиравии (аккумулятсии) он бошад, 13 км²-ро фаро мегирад. Гарчанде ин пирях дароз ҳам бошад, бари он ҳамагӣ 1,6 км-ро ташкил медиҳад. Тамоилаш ором буда, 8о-ро ташкил медиҳад.

Пиряхи Рама дар нишебии ҷанубу шарқии Туркистон, поёнтар аз забонаи пиряхи Зарафшон дар байни дараи Харсангӣ воқеъ гардидааст. Ин пирях 8,9 км дарозӣ ва 22,4 км² майдон дорад. Забонаи пирях дар баландии 3500 м воқеъ аст. Пиряхи мазкур байни солҳои 1870-1978 610 м кӯтоҳ шудааст. Соли 1965 он 14 м пеш рафта, соли 1966-1967 ҳолати статсионарӣ гирифтааст. Боз аз соли 1976 то соли 1991 ба андозаи 356 м қафонишинӣ намудааст.

Пиряхи Россинҷ низ дар нишебии ҷанубу шарқии Туркистон, тақрибан 4 км поёнтар аз пиряхи Рама ҷойгир шуда, 7 км дарозӣ ва 18,3 км² майдон дорад. Забонаи ин пирях аз ҳисоби об шуданаш аз хатти барфӣ хеле баланд воқеъ гардидааст. Забонаи он дар шароити кунунӣ дар ҳоли таназзулёбӣ қарор дорад.

Пиряхи Водиф намояндаи пиряхи водигӣ буда, 2,5 км дарозӣ ва 1,7 км² масоҳат дорад ва забонааш дар баландии 3950 м воқеъ гардидааст. Пиряхи мазкур дар тарафи ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Туркистон, тақрибан 40 км поинтар аз пиряхи Зарафшон ҷойгир шудааст. Забонаи пирях дар ҳолати таназзул қарор дошта, сатҳи болоии пирях тадриҷан паст шудааст.

Пиряхи Тро низ дар самти ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Туркистон буда, дар 5 км тарафи ғарбии пиряхи Водиф воқеъ гардидааст. Ин пирях ҳам водигӣ буда, 3,0 км дарозӣ ва 2,2 км² масоҳат дорад. Забонаи пиряхи Тро дар баландии 3920 зери монера пинҳон гардидааст, ки он аз соли 1976 то соли 1990 дар ҳолати таназзул қарор дошт. Баъди солҳои 90-ум бошад, суръати обшавии он афзоиш ёфта, хатти барфиаш 23 метр қафонишинӣ кардааст.

Пиряхи Диҳаданг дар шимолу шарқии қаторкӯҳи Зарафшон буда, 2,2 км дарозӣ 2,0 км² масоҳат дорад. Забонаи пирях аз сатҳи баҳр дар баландии 3600 м ҷойгир буда, дар байни солҳои 1958-1977 то 69 м пеш рафта, вале байни солҳои 1977-1991 ба андозаи 180 м таназзул ёфтааст. Дар миёни солҳои 1990-2005 забонаи он 60 м қафонишинӣ намуда, сатҳи болоияш соле 1 м паст мефарояд.

Айни замон пиряхи Зарафшон дар давраи ақибнишинӣ қарор дошта, захираҳои яхи он коҳидааст. Ақибнишинии пирях бо маводи тадқиқотӣ ва нишондодҳои асбобҳои ченкунанда низ тасдиқ гардидааст.

То соли 1962 ҳавзаи пиряхи Зарафшон 21 адад пиряхҳоро дар бар мегирифт, ки аз он 8 пирях бевосита шохаҳои пиряхи Зарафшон буда, 10 пиряхи дигари он пиряхи овезон ба шумор мерафтанд. Боқимонда 3 пиряхи дигар, пиряхҳои водигӣ буда, бо пиряхи асосӣ намечаспанд ва танҳо бо дарёчаҳои аз онҳо ҷоришаванда бо он пайваст мешуданд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии ҳифзи захираҳои табиии водии Зарафшон идоракунии самараноки захираҳои об мебошад. Ҳамасола барои ҳифзи захираҳои об ва пешгирии ифлосшавии дарё ва шохобҳои калони он, ба амсоли Фондарё, Шингдарё ва Моғиёндарё аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 

Мусаллам аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Водии Зарафшон дорои пиряхҳое мебошад, ки дар таъмини минтақа бо оби нӯшокӣ мавқеи калидиро мебозанд ва ҳифзи ин пиряхҳо ҳам бар нафъи табиат ва ҳам бар манфиати инсонҳо маҳсуб мешавад.

Обшавии пиряхҳо дар моҳҳои тобистон ҷараёни доимии обро дар дарёи Зарафшон таъмин мекунад, ки ба нигоҳ доштани устувории режими об ва пешгирии обхезӣ ва хушкӣ мусоидат мекунад. Оби пиряхҳо, ки аз минералҳо ва маводи ғизоӣ бой аст, ба ғанисозии хок дар заминҳои кишт мусоидат мекунад, ки ба кишоварзӣ ва олами наботот таъсири мусбат мерасонад.

Бо суръат баланд шудани ҳарорати сайёра, зиёд шудани газҳои гуногун ва партовҳои зараррасон, хушкшавии баҳри Арал ба обшавии босуръати ин пиряхҳои минтақа оварда расонида истодааст. Обшавии ин пиряхҳо метавонанд ба экосистемаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, дарё, заминҳои кишт, инчунин, ҳаёти ҳайвонот ва наботот, ки ба иқлими сард мутобиқ шудаанд, таъсир расонанд. Чунон ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.”

Таҳлилҳои солҳои охири олимони соҳа муайян кардааст, ки калонтарин пиряхи вилояти Суғд пиряхи Зарафшон бо суръати баланд об шуда истодааст ва то ин дам наздики 27 метри ин пирях об шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи 30 соли охир ҳарорат дар доманакӯҳҳову водиҳо 1 ва дар минтақаҳои кӯҳи 0,5 дараҷа гарм шудааст, ки ин ба обшавии бештар аз 1000 пиряхи хурду миёна оварда расонидааст.

Пиряхҳои водии Зарафшон вобаста ба муҳимият ва дигаргуншавии боду ҳаво таҳқиқоти амиқи илмиро тақозо дорад. Омӯзиши равандҳои обшавии ях, тағйирёбии иқлим ва таъсири гармшавии глобалӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ метавонад барои ҷомеаи илмӣ маълумоти арзишманд пешниҳод кунад ва дар пешгӯйиҳои илмӣ метавонад хидмат кунад.

Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки дар муддати камтар аз ним аср пиряхи Зарафшон метавонад 4-5 км кӯтоҳ шуда, то 35 фоизи ҳаҷми худро аз даст медиҳад ва агар вазъ бетағйир монад, бо гузашти 150 сол пирях метавонад ба пуррагӣ аз байн равад. Гузаронидани тадқиқоти мунтазами илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо, аз ҷумла, суръати обшавӣ, тағйирёбии масоҳат ва ҳаҷм барои беҳтар фаҳмидани динамикаи дигаргуншавӣ ва таҳияи стратегияҳои самараноки муҳофизат мусоидат мекунад.

Таҳия ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ба мисли системаҳои ҳифзи об ва системаҳои беҳтаршудаи кишоварзӣ, барои коҳиш додани таъсири манфии дигаршавии иқлим ба пиряхҳо ва минтақаҳои атроф мусоидат мекунанд.

Обшавии пиряхҳо ҳам барои муҳити зист ва ҳам барои ҷомеаҳои ҷаҳонӣ оқибатҳои ҷиддӣ дорад. Яке аз оқибатҳои асосии обшавии пиряхҳо афзоиши ҳаҷми об дар уқёнусҳо мебошад, ки боиси баланд шудани сатҳи баҳрҳо мегардад.

Ин метавонад боиси обхезӣ дар манотиқи соҳилӣ гардад ва ба ҳаёту моликияти одамон ва экосистемаҳои табиӣ таҳдид кунад. Обшавии пиряхҳо ба дастрасии оби тоза низ таъсир мерасонад, махсусан, дар мавзеъҳое, ки оби тоза аз барф маншаъ мегирад. Ин метавонад ба кишоварзӣ, саноат, захираҳои оби нӯшокӣ ва экосистема таъсир расонад. 

Қисми зиёди саргаҳи оби тозаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон буда, манбаи асосии оби ширин пиряхҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, пешгӯйӣ кардан мумкин аст, ки агар дар ҳифзи пиряхҳо чораҳои муассир андешида нашавад, аҳолии минтақа метавонанд, ба норасоии оби нӯшокӣ, хушкшавии заминҳои обӣ ва зиёдшавии биёбонҳо рӯ ба рӯ шавад. Дар минтақаҳое, ки мардум барои оби ошомиданӣ, обёрӣ ва энергия аз оби пиряхӣ вобастагӣ доранд, обшавии пиряхҳо ба ҳаёт ва некуаҳволии маҳал хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

                                                                 Адабиёт:

1. Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суроға: http://prezident.tj/ 

2. Мақолаи илмии “Сухане чанд оид ба таҳқиқи пиряхи Зарафшон”. Расона: Сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Муаллифон: Одинамуҳаммад Маҷидов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи географияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фирӯза Раҳмонова, ходими хурди илмии шуъбаи географияи АМИТ Суроға: https://www.anrt.tj/tj/khabar-o/1552-sa-ifae-ba-ta-i-i-piryakhi-zarafshon 

3. Маводи хабарӣ “Ҳифзи пиряхҳо. Дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ – саҳроӣ гузаронида шуданд.” Муаллиф: АМИТ “Ховар” санаи чоп: 03.10.2023. Суроға: https://khovar.tj/2023/10/ifzi-piryah-o-dar-piryah-oi-boloobi-avzai-daryoi-zarafshon-musho-ida-oi-aerovizual-va-kor-oi-tad-i-ot-sa-ro-guzaronida-shudand/ 

4. Маводи илмӣ-таҳлилии “Зарафшон”. Муаллиф: Т. Толибзода. Рӯзномаи “Хатлон”. 

Суроға: https://khatlon-ruznoma.tj/hokimiyati-davlati/2694-zarafshon.html 

5. Маводи илмӣ-таҳлилии “Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳои саргаҳи дарёи Зарафшон”. Муаллиф: Номвар Қурбонов, суроға: https://ravshanfikr.tj/zoologiya-va-tabiati-vu-ush/ta-jirjobii-globalii-i-lim-va-ta-siri-on-ba-piryakh-oi-sarga-i-darjoi-zarafshon.html.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *