Шоира ПӮЛОДОВА,
Иноят БОБОЕВА,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Бузургдошт ва эҳтиром ба забони модарӣ дар самти ормонгароии миллӣ, пояндагӣ ва ҷовидониву сарсабзии халқу давлат дар марҳалаи нави таърихӣ — Истиқлоли давлатӣ ба маротиб афзуд.
Нақш ва ташаббуси фарҳехтагони миллат барои роҳандозӣ намудани ормонҳои миллӣ дар давраҳои муҳимми таърихӣ бисёр эҳсос мегардад, ки дар ин шумор саҳми профессор Саъдулло Неъматов низ қобили қайд аст. Бахусус, ҷанбаҳои фаъолияти устод фарогири чанд бахш аст, ки дар ин навишта танҳо ҳиссае аз онҳоро зикр мекунем. Аз ҷумла, устод Саъдулло Неъматов барои рушди забони давлатӣ, ташаккул ва инкишофи фарҳанги миллӣ, тақвиятбахшии муколамаи фарҳангҳо ва дигаргуниҳои низоми маориф ҳиссагузорӣ кардаанд, ки осори зиёди эшон вобаста ба масъалаҳои марбут аз он далолат мекунад.
Баромад бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва пешниҳоду суханҳои нозукбинона бо дарки масъулият дар симпозиум ва конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, чопи мақолаҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, аз ҷумлаи ташаббус ва мавқеи ин олими пуркор дар таҷаддуди ҷаридаи миллат арзёбӣ мегардад.
Мавсуф чун бисёр равшанфикрони замон муътақид бар он буд, ки барои таҳким бахшидани худогоҳӣ пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан амри зарурӣ маҳсуб меёбад.
Барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ сидқ, ҷасорату матонат, собитқадамии аҳли илму адаб лозим буд, то тавонанд дар баробари сиёсати забонии давлати абарқудрати ҳамон давр сухан оғоз кунанд.
Барои таъмини истифодаи ҳамаҷонибаи он дар тамоми соҳаҳои кишвар ва такомули он замина омода кардан ва тавзеҳи зарурати он ба масъулон коре буд мушкилу хатарнок. Аз нахустин зиёиёне, ки аз вазъи норавои забону фарҳанги миллӣ сухан оғоз карда, барои барқарории ҳуқуқи он, ки имкони иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худро дошта бошад, ба гуфтаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон С. Неъматов ва А. Абдуқодиров бо интишори мақолаи «Дузабонӣ талаби замон аст» дар рӯзномаи “Газетаи муаллимон” ҷасорат намуданд.
Пуштибонӣ ва ба дифои забони модарии хеш бархостани олимони равшанфикр барои аз вазъи ногувор раҳоӣ бахшидани забони тоҷикӣ, қувват гирифтани пояҳои фарҳангу маънавиёт ва барқарории ҷалолу мақоми он аз пурталошиву нерумандии эшон дарак медиҳад. Дар мақолаи мазкур вазъи амалкарди забони тоҷикӣ ва тарҳрезии чорабиниҳои фаврӣ перомуни давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ мавриди гуфтугузору арзёбии воқеӣ сурат мегирад. Пешниҳоди ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва баррасии ин масъала дар солҳои салтанати давлати Шуравӣ бузургтарин дастоварди соҳибони забон ба шумор меравад. Натиҷаи муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ қабули Қонуни забони давлатӣ дар таърихи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст.
Ин орзуи деринаи бисёр халқиятҳои кишварҳои рӯ ба тараққии сайёра аст, ки барои истиқлоли давлатии миллӣ мубориза мебаранд. Барои расидан ба ин саодат онҳо метавонад таҷрибаи бебаҳои Ватани моро чун мактаби омӯзишу пайравӣ намоянд.
Имрӯзҳо мақоми забони давлатии мо дар сатҳи баланд қарор дорад, ки бешубҳа, ин комёбии бемисли Тоҷикистон дар натиҷаи амалӣ сохтани ташаббусҳои беназир ва тадбирандешиҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидаанд.
Дар ин росто, хидматҳои чашмраси профессор, академики Академияи байналхалқии илми мактабҳои олӣ, донишманди гавҳаршинос Саъдулло Неъматов ҳамчун шахсияти худшиносу худогоҳ дар тақвияти забони давлатӣ ва ҷараёнҳои фикриву маънавӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ҳадафҳои ин олими соҳибназар ба баррасии шароит ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ, муайян намудани асосҳои илмию усулии омӯзиши он дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, боло бурдани сатҳи маданияти сухан, робитаи забонӣ, аломати якдилӣ маҳсуб ёфтани забондонӣ, пайвандгари халқу миллатҳо ҳисоб ёфтани он, билингвизм, лингвистикаи матн, такмили фарҳанги нутқ, таълими забони тоҷикӣ дар синфҳои русзабон ва монанди инҳо, нигаронида шудааст. Мавсуф пешниҳодҳои судманде ҷиҳати густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ, татбиқи барномаҳои нави давлатии забонҳо ва такмили таълими онҳо арза доштааст.
Профессор С. Неъматов дар табъу нашри силсилаи мақолот, монография, тадвину танзим, нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълим ба масоили мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои татбиқи онҳо, рушди забонҳо ва такмили таълими онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Дар баробари таҳким бахшидан ба пояҳои иҷтимоию сиёсӣ, афзудани мавқеи забони давлатӣ ҳамчун забони такягоҳии таълим ва ҷанбаҳои назарӣ ва амалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони русӣ дар меҳвари пажуҳишоти мавсуф қарор дорад.
Ҳосили ҷустору ковишҳои мавсуф таълифи 5 монография, 8 китоби дарсӣ ва 3 барномаю стандарти фаннӣ аз “Забони давлатӣ” барои мактабҳои ғайритоҷикӣ (1984-1989), 4 раҳнамои таълим, 2 дастури методӣ аз фанни забони русӣ, зиёда аз 180 мақолаву гузориши илмӣ, аз ҷумла, китобҳои “Научные основы обучения лексике таджикского языка в русских школах”. — Москва, 1991, “Интегрированное обучение русскому языку в таджикской школе” (Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе). — Душанбе, 2011, “Обучение глагольной системе русского языка в таджикской школе” (Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе). — Душанбе, 2011, “Забони тоҷикӣ” (Учебник таджикского языка для 3-4 классов). — Душанбе: Ирфон, 1984 ва чанде дигар мебошад, ки ҳар кадоми онҳо дар омӯзиши масоили ҳалталаби риштаи суханшиносӣ ва равиши таълим раҳнамову дастури хубе мебошанд.
Устоди гаронқадр, марди фозил ва инсони наҷиб С. Неъматов дар дарозои зиёда аз панҷоҳ соли фаъолияти илмӣ ва таълимиву эҷодӣ дар ҳар марҳалаи умр пайваста дар такопӯ ҳастанд ва тавонистаанд, ҳамчун ғаввоси моҳир беҳтарин гавҳару дурдонаҳоро аз қаъри баҳри беканори илм берун кашанд.
Имрӯзҳо ҳам устод дар айни авҷи фаъолияти эҷодӣ қарор дошта, дар амалӣ сохтани нақшаҳои нав пайваста талош меварзанд.
Мо-шогирдону дӯстон ба устоди меҳрубон, хайрандешу самимӣ тансиҳатӣ ва саломатии бардавом орзу дорем. Бигузор, дар роҳи пажуҳиш собитқадам бимонанд ва солҳои сол бо неруву афкори созанда дар канори мо бошанд, то аз маслиҳату тадбирҳои судмандашон боз ҳам мустафид гардем.