Шаҳнавоз КАРИМЗОДА,
омӯзгори кафедраи забони англисии
факултети забонҳои шарқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров
Ин шеъри машҳури Қутбӣ Киромро сарояндае бо сӯзу гудоз месарояд ва ҳамин лаҳза ба хотирам нафаре, ки абёти фавқро шиори зиндагии худ пазируфтааст, муаллимаи азизам Равзахон Абдукаримова меояд:
Зиндагиро кӣ гуфт, номард аст?
Ҳар кӣ гуфтаст, то куҷо мард аст?
Зиндагӣ марду мард мехоҳад,
Сари болову дард мехоҳад….
Ба худ меандешам: «Эҳ… Охирин маротиба рӯзи милоди он кас, 7-уми август суҳбат карда будем. Аллакай моҳи сентябр омадааст, чӣ қадар вақт тез мегузарад». Ғарқи хаёл нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр рақамҳои муаллимаро бар сафҳаи телефонам чидаам. Аз он сӯйи гӯшӣ овози чун ҳамеша ҷоннавози устодам садо медиҳад:
— Ало, Шаҳнавозҷон, ту чӣ хел, ҷони она! (Дар шеваи Хуҷанд «она» — модаркалон аст). Оҳари дилам рехт, — гилаомез мегӯянд, муаллима, — чандин вақт шуд, ки занг назадӣ…
— Ассалому алейкум, фариштаи ман, муаллимаҷони беҳамтоям! — хитоб мекунам ба муаллима, — Соли нави таҳсил бароятон муборак бод! — Баъди чанд лаҳзаи хомӯшӣ, ба суханам идома медиҳам: — Муаллимаҷонам, узр, ки дер занг задам. Охир, худатон нағз медонед, ки зиндагӣ ҳар рӯз бароямон ягон имтиҳоне омода мекунад. Пурра андармони дарду ғами худ. Аммо рӯзе нест, ки шуморо ёд накунам….
— Зиндагӣ марду мард мехоҳад, — ҳанӯз суханҳоям ба охир нарасида, муаллима ҷавоб медиҳанд, — Сари болову дард мехоҳад! Духтарҷонам, ту хуб медонӣ, ки ин дунё пур аз афтоданҳову бархостанҳост. Дар зиндагӣ мард бояд шуд! Тӯбро чӣ қадар сахттар ба замин занӣ, баландтар мепарад! Вақте зиндагӣ моро пахш мекунад, мо бояд қавитар шавем!
Муаллимаро бори нахуст дар мактаби “Паймони азизон” дидаам. Бо сабабҳои мутааддид мактабе, ки таҳсил мекардам, дар байни соли хониш баста шуд ва тамоми ҳамсинфонам мисоли муҳраи марҷон ба мактабҳои дигар паҳну парешон шуданд. Маро низ тақдир ба мактаби орзуҳоям “Паймони азизон” овард. Вақте ки бори аввал муаллима Абдукаримова ба дарси мо даромаданд, ман аслан тасаввур надоштам, ки ин нафари комилан ноошно, азизтарину пайвандтарину дурахшонтарин чеҳраи ҳаётам мегардад. Дарсҳои муаллима бисёр муассиру шавқангез мегузашт. Он кас ончунон қиссаҳоро нақл менамуданд, ки ҳангоми дарс худатонро андаруни дунёи дигар тасаввур мекардед: ҳамроҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шеър мехондеду уд менавохтед, бо Рустами Дастону Гурдофариди бебок душманонро пора месохтед… дар хонақоҳи Мавлоно рақси самоъ мекардеду бо Низомии Ганҷавӣ ба қиссаи «Лайливу Маҷнун» гӯш медодеду то субҳ мегиристед…
Дар хотир дорам, ки соли 2008 «Паймони азизон» аз нахустин таълимгоҳе маҳсуб меёфт, ки дар он омӯзиш бо забонҳои тоҷикиву русӣ сурат мегирифт. Дар синфи русӣ, ғайр аз хонандагони тоҷик, хонандагоне ҳам таҳсил менамуданд, ки миллаташон рус буду ақаллан як вожаи тоҷикиро намедонистанд. Духтаракон бо либосҳои замонавӣ, мӯйҳои парешон ба дарс меомаданд. Боре як манзараи аҷоиб диққати ҳамаро ҷалб кард: Духтаракони рус бо кокулакони майдабоф дохили мактаб шуданд ва мӯйҳои тиллоранги онҳо мисли офтоби ҷаҳонтоб дунёро тасхир мекард. Онҳо табассумкунон бо забони тоҷикӣ, бо оҳанги хосу бисёр ширину шево «Ассалом, шумо чӣ хел?» мегуфтанд. Гарчанде ки ҳангоми талаффуз ҷойи зада дигар буд, аммо бо забони тоҷикӣ ҳарф задани русдухтарон ҳисси ватандӯстии моро боз ҳам меафзуд. Баъдан маълум гашт, ки боре ба дарси онҳо муаллима Абдукаримова даромада, қиссаи «Робияи чилгазамӯй»-ро нақл кардаанд.
Воқеан, муаллима Абдукаримова истеъдоди нодир доранд, ки метавонанд, тавассути сухан ба хонандагон таъсир расонанд. Боз як манзарае пеши назарам омад: Дар саҳни мактаби «Паймони азизон» хонандагон омодаи нишастан ба нақлиёти мактаб буданд. Анбӯҳи муаллимон барои гусели онҳо баромаданд. Озмуни ҷумҳуриявии мактаббачагон дар шаҳри Душанбе бояд шуруъ мешуд. Ҳамин лаҳза муаллима Абдукаримова хонандагонро ба назди худ даъват карда гуфт:
-Шумоён шер! Шумо аз ҳама беҳтарин, нотакрор! Гап тамом! Ҳамаатон имрӯз ҳатман пирӯз мешавед, ман ба шумо боварии комил дорам. Дар ин ҷо танҳо хонандагони аълохон таҳсил мекунанд. Ширкат кардан дар озмуни ҷумҳуриявӣ аллакай ғолибият аст! Аммо ман медонам, ки шумо бе ҷойи аввалу дуюм барнамегардед! Баъдан, ин шоҳбайти машҳурро хонданд:
Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ
В-агар гӯӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ!
Баъди суханҳои муаллима ҳамаамон руҳбаланд гардида, бо диплому медалу ҷойҳои намоён баргаштем. Тамоми ғолибонро муаллима табассумкунон пешвоз гирифта гуфтанд:
-Ана, сеҳри суханро бинед! Дидед, забони тоҷикии мо муъҷиза аст! Албатта, ҳамаи шумо арзанда, аммо суханҳои ман тирест, ки рост ба нишон мерасад!
Чанде пеш ба дидори муаллима рафта будам ва боре як нафар шӯхиомез ба он кас гуфт:
— Муаллимаҷон, акнун бас кунед муаллимиро, шумо бояд «бизнес — тренер» шавед! Оё дарк накардаед, ки суханҳоятон ба мардум сахт таъсир мекунанд? Шумо ҳамон хел таҳрик медиҳед, ки баъди он як нафаре, ки аз дасташ чизе намеояд, дар фикри кашф кардани сайёраи дигар мешавад. Ман ба ҷойи Шумо мебудам, кайҳо миллионер мешудам.
-Ман аз миллионер ҳам миллионертар, -ҷавоб доданд муаллима, -гирду атрофи маро шогирдонам пур мекунанд. Куҷое равам, дасташонро пеши бар гирифта, ба ман салом мегӯянд, ҳар ид бароям паёмакҳои самимӣ мефиристанд, магар ин нест дороӣ? Ман аз соли 1971 то ҳозир дарс мегӯям, қариб 54 сол аст, ки бачаҳои мардумро тарбия мекунам. Медонед, ҳоло акнун шогирдони ман наберадор шудаанду ба мағзи донаки онҳо дарс медиҳам. Магар ин нест хушбахтӣ? Оё аз пешаи омӯзгорӣ касби ҳалолтаре ҳаст? Албатта, не! Ман ҳоло 76 солаам, 76 сола! Ин ба гуфтан осон. Аммо дар ин синну сол то ҳол худамро мисли асп бардам ҳис мекунам. Ман то ҳол ҷавонам ва маро муҳаббати шогирдонам ин хел ҷавон нигоҳ медорад! Ба қавли устод Лоиқ:
Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист,
Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист!
Барои ман ягон пулу моли дунё қадре надорад. Агар рӯзе шунидам, ки шогирдам ба ягон мақоме расидааст, ҳамон рӯз барои ман ид аст. То вопасин нафасам ман ба касби пуршарафи омӯзгорӣ арҷ мегузорам.
Бешак, ин аст, муаллими асил, устоди ҳақиқӣ! Оне, ки ба касбаш то ҷовидон содиқ мемонад. Рӯзе ҳамсинфонам бо ифтихор ба ҳамдигар мегуфтанд:
-Оё шунидаед? Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муаллима хонаи истиқоматӣ туҳфа кардаанд.
-Арзанда, воқеан арзанда,- садо медоданд бачаҳо.
-Бинед, баъзеҳо мегӯянд, ки муаллимонро дар Тоҷикистон касе қадр намекунад, аммо маълум аст, ки ҳамаи ин гуфтаҳо дурӯғин аст, дар давлати мо ба омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҳоло муаллима Равзахон Абдукаримова на танҳо дар мактаби 22-и шаҳри Хуҷанд, балки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ фаъолият доранд. Чанд рӯз дар мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯянд ва чанд рӯзи дигар дар хобгоҳи донишгоҳ ба ҳайси мураббӣ кор мекунанд. Дар сар то сари вилоят овозаи сахтгир будани мураббии хобгоҳи №2 паҳн гардидааст. Рӯзе қатор-қатор донишҷӯйдухтарон бо кокулҳои майдабоф, дар даст анбӯҳи китобҳо аз хобгоҳ баромада рафтанд. Ин манзараро дидаму беихтиёр табассум кардам. Соядасти муаллимаро зуд шинохтам ва ба ин хулоса расидам, ки хушбахт устоде, ки сабки хосаш ҳама ҷо пайдост. Илоҳо, умри омӯзгори бузургворам бобақову мустадом бод.