Лутфинисо ҲОҶИЕВА,

омӯзгори математикаи мактаби №8
ба номи М. С. Осимӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
Ризои БАҲРОМЗОД,
ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи
ба номи С. У. Умарови АМИТ

Чеҳракушоӣ аз донишманди бузурги тоҷику форс, ки чандон шинохта нашудааст

Дар таърихи илм кашфиёту дастовардҳои зиёд ва муҳимме ҳастанд, ки аз тарафи гузаштагони баруманди миллати тоҷик тақдими ҷаҳониён гаштаанд, вале дар масири дароз ва пурпечутоби таърих ин кашфиёту хадамоти фарзандони миллати тоҷик аз ёдҳо фаромӯш шудаанд ё дар зери девораҳои кохҳои вайроншудаи давраҳои тиллоии илми тоҷик гум гаштаанд.
Яке аз ин кашфиёти муҳимми таърихӣ дар илми астрономия мушоҳида ва сабти аввалини хаттии галактикаи Андромеда мебошад, ки аз тарафи Абдураҳмони Сӯфӣ кашф шудааст, вале бо таассуфи зиёд наберагони ин донишманди бузургу кашшоф аз он бехабаранд.
Галактикаи Андромеда (Расми 1) галактикаи равшантарини осмони ситоразор ва ягона объекте берун аз галактикаи Роҳи Каҳкашон мебошад, ки бо чашми одӣ дида мешавад. Шакли спиралӣ дошта, қутраш 47 килопарсек аст ва дар масофаи 2 537 000 соли рӯшноӣ аз Замин қарор дорад. Мушоҳидаҳои астрономӣ нишон медиҳанд, ки галактикае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем – Роҳи Каҳкашон ва Андромеда ба сӯйи ҳамдигар бо суръати 120 км/с ҳаракат карда, ба ҳам наздик мешаванд. Мувофиқи ҳисобҳо пас аз 4 млрд сол ин наздикшавӣ ба бархӯрди ду галактика оварда мерасонад. Худи раванди бархӯрд боз 2 млрд соли дигар идома карда, дар натиҷаи галактикаи нави эллипсшакл ба вуҷуд меояд.


Ин галактикаро дар соли 964 ситорашинос ва риёзидони тоҷику форс Абдурраҳмони Сӯфӣ мушоҳида карда, дар асари маъруфи худ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита») дар боби “Кавокиби Миръоти Мусалсала” ӯро “ал-Миръоту-л-латӣ лам тарабаълан”, яъне “зани шӯйнодида” (ба юнонӣ “Ондромеда” хонанд) шарҳ дода, “латхаи саҳобӣ” номида буд. 

Дар расми 2 саҳифае аз китоби Сӯфӣ ва тасвири дигари ҷойгиршавии бурҷҳо дар осмони ситоразор (расми 3) оварда мешавад ва мавқеи галактикаи Андромеда бо хати сурх нишон дода шудааст. 


Маълумоти хаттие, ки аз аврупоиён доир ба ин галактика боқӣ мондааст, ба ибтидои асри 16 рост меояд. Аввалин мушоҳидаи телескопии он соли 1612 аз тарафи астрономи олмонӣ Симон Марий сурат гирифтааст. 

Замоне, ки сухан сари дастовардҳои кайҳоншиносии гузаштагони тоҷику форс меравад, аксаран дар мадди аввал Ибни Синову Берунӣ, Насируддини Тӯсиву Умари Хайёмро пеши назар меоранд, вале саҳми шахсиятҳое, ба мисли Абдурраҳмони Сӯфӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Аҳмади Фарғониву Ҷамшеди Кошонӣ низ кам нест ва онҳо низ хидматҳои барҷаста анҷом додаанд, ки ин ҷо дар бораи Абдурраҳмони Сӯфӣ маълумот медиҳем.

Абулҳусайн Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Сӯфии Розӣ 8 декабри соли 903 мелодӣ (9 муҳаррами соли 291 ҳиҷрии камарӣ) дар шаҳри Рай (дар ҳудуди Эрони имрӯза) таваллуд шудааст. Дар бораи замони хурдии ӯ маълумоти кофӣ намондааст, вале аз рӯйи осори худаш дарк кардан мумкин аст, ки дар дарбори яке аз ҳокимони Оли Бӯя (Бувайҳиён) Азудуддавлаи Дайламӣ (936-983) дар шаҳри Исфаҳон зиндагиву эҷод кардааст. Дар дарбори шоҳ Сӯфӣ вазифаи мунаҷҷимиро адо карда, толеъномаи Азудуддавларо тартиб медиҳад ва ба ташреҳи осори илмии юнониён ва тарҷумаи онҳо ба забони арабӣ (махсусан, Ал-Маҷистии Батламиюс) машғул мешавад. Солҳои 946-947 Сӯфӣ ба шаҳри Динавар, ки дар 30 километрии шимолу шарқии Кирмоншоҳ воқеъ аст, меравад ва дар онҷо бо китоби ситорашиноси варзида Аҳмад ибн Довуд Абуҳанифаи Динаварӣ “Китобу-л-анвоъ” шинос мешавад. 

Тибқи навиштаи Абурайҳони Берунӣ бо роҳбарии Сӯфӣ бори аввал дар соли 965 ва такроран солҳои 969-970 дар шаҳри Шероз ба хотири муайян кардани бузургии майли сафҳаи доиратулбуруҷ (эклиптика) нисбат ба сафҳаи самовӣ (экватор) ва нуқтаҳои эътидоли зимистонию тобистонӣ мушоҳидаҳо сурат гирифтааст. Олимон бар ин назаранд, ки мушоҳидаҳо тариқи абзорҳои астрономие сурат мегирифтанд, ки худи Сӯфӣ сохта буд.

Абдурраҳмони Сӯфӣ 25 майи соли 986 дар 83-солагӣ (8 муҳаррами соли 376 ҳиҷрии қамарӣ) аз дунё гузаштааст. 

Рисолаҳои риёзиву ҳайатшиносии зерин ба қалами Абдураҳмони Сӯфӣ мутааллиқанд: «Рисола дар амали ашколи мутасовиййа ул-азлаъ», «Китобу-с-сувар-ул-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситораҳои собита»), «Китобу-л-амал би-л-устурлоб» («Китоби амал бо устурлоб»), «Китобу-л-амал би-л-кура ул-фалакийя» («Китоби амал бо кураи фалакӣ (глобус)»), «Китобу-л-мадхал-ил-илм ан-нуҷум ва аҳкомиҳи» («Китоби муқаддима дар илми нуҷум ва аҳкоми он»). 

Асари аз ҳама маъруф ва мондагори ӯ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» (965) мебошад, ки ба шарҳи бурҷҳои дувоздаҳгона, тавсиф ва вазъи онҳо дар гунбази фалак бахшида шудааст. Рисолаи «Китоби тасвири ситораҳои собита» аз тарафи муаррихони илм «Шоҳасари ҳайатшиносии мушоҳидавии асрҳои миёна» номида шудааст. Дар он тасвири 48 бурҷ ва ҷадвали 1017 ситораи собита дода шудааст. Аз феҳристи бурҷҳое, ки дар ин асар оварда шудааст, олимони давраҳои минбаъда (масалан, Берунӣ дар «Осору-л-боқия») истифода бурдаанд. Забони аслии китоби мазкур арабӣ буда, он 1 апрели соли 1250 (25 зилқаъдаи 647) аз тарафи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ба форсӣ тарҷума шудааст. Ин китоб дар ҷаҳони ислом хеле машҳур буда, қариб 500 сол дар фаъолияти ҳаррӯзаи ситорашиносон истифода шудааст, бинобар ин, то имрӯз нусхаҳои зиёди он боқӣ мондаанд. Яке аз машҳуртарин нусхаҳои «Китоби тасвири ситораҳои собита» дар Китобхонаи Бодлеани Оксфорд таҳти рақами “Marsh 144” нигоҳдорӣ мешавад (https://digital.bodleian.ox.ac.uk/…/2df22eed-a07a-4410…/).

Олимони Аврупои асримиёнагӣ бо феҳристи ситораҳои собит ва харитаи осмони ситоразори Сӯфӣ шиносоии хуб доштанд. Бахусус, китоби “Сувару-л-кавокиб” дар замони ҳукмронии шоҳи Кастилия – Алфонсои X (1252-1248) хеле машҳур гардида, паҳн шудааст, зеро дар солҳои 1256 ва 1276 ба забони испанӣ тарҷума гардидааст. Ин

 китоб соли 1341 ба забони итолиёвӣ ва бори аввал ба забони лотинӣ дар асри 13 тарҷума шуда, аксари номҳои ситораҳо маҳз аз ҳамин китоб ба Аврупо гузашта, то ҳол истифода мешаванд. Соли 1847 ба забони фаронсавӣ тарҷума гардидааст. Чопи нусхаи форсии ин китоб бори аввал, дар соли 1972 аз тарафи Муаззиддин

 Сайидбоқири Маҳдавӣ ва бори дувум, соли 2002 бо кӯшиши Беҳрӯзи Муширӣ (ҳар ду дар Теҳрон) чоп шудааст. Асари болозикр соли 2020 аз тарафи олими тоҷик Маҳмудҷон Холов ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардид (Расми 4).

Сӯфӣ натиҷаҳои мушоҳидаҳояшро дар китобаш аз рӯйи сохтори зер овардааст: дар ибтидо ҳар як бурҷро таҳқиқ карда, доир ба тӯлу арз, қадр ё рӯшноӣ ва ранги ситораҳо маълумот медиҳад. Пас аз он, бурҷҳои юнонӣ бо бурҷҳои қадимии арабӣ муқоиса карда мешаванд ва номи онҳоро бо юнонӣ (аз рӯи китоби Батламиюс) ва арабӣ меорад. Сӯфӣ дар охири ҳар матн тасвири бурҷҳоро дар ду намуди тасвир (дар осмон ва кура) меорад, ки тасвири оинавии якдигаранд. Дар охир арзу тӯли эклиптикӣ ва қадри ситораҳоеро, ки ба бурҷ дохил мешаванд, меорад. Ҷадвалҳо барои 1 октябри соли 964 ҳисоб карда шуда, претсессия баробари 1º дар 66 сол шумурда шудааст. Бузургии қадри ситораҳои дар ҷадвал овардашуда натиҷаи расадҳои Суфӣ буда, ӯ 36% қадри ситораҳои китоби Батламиюсро тағйир додааст. Ғайри ин, ӯ бори аввал ситораҳои «саҳобӣ» (туманнокӣ)-ро пешниҳод, қадри ситораҳои 5-6 ва 6-7-ро ҷорӣ ва равшании дақиқи ситораҳоро додааст [акбар (+), асғар (-)]. Ин ҷо бояд зикр кард, ки мушоҳидаҳову расади Суфӣ бо чашми ғайримусаллаҳ ё чунонки худи ӯ мегӯяд «бо чашми дидор» буданд.

Аҳаммияти рисолаи «Сувар-ул-кавокиб» боз дар он аст, ки Суфӣ дар он кашфиёти бузурге дар илми астрономия (бахусус, дар кашфи ситораҳои дуқӯша, туманнокӣ ва галактикаҳо) кардааст, ки пас аз гузаштани асрҳо тасдиқ шудаанд.

Масалан, дар тавсифи бурҷи Барсовуш Сӯфӣ менависад: «…Кавокиби аввали он латхаи саҳобист, ки ба пораи меғе монад ва бар рони Ноқа аст, чунонки дар сафҳи Зотулкурсӣ гуфта омад ва ӯ бар тарафи дасти рости сурат аст”. Ҳоло ин ҷирмҳои осмониро кластери NGC 869 ва NGC 884 меноманд. 

Тарокуми ситоравии Collinder 399 ё тарокуми Брокчиро ӯ дар бурҷи Рӯбоҳак кашф кардааст, ки “тарокуми Сӯфӣ” низ номида мешавад (Расми 5). Дар бораи ин тарокум дар феҳристи астрономи итолиёвӣ Ҷованни Г. маълумот аст ва аз тарафи астрономи амрикоӣ Б. Далмеро харитаи он сохта шудааст. 

Инчунин, Сӯфӣ доир ба астерзмҳои Nu1 ва Nu2 дар бурҷи Ромӣ (Қавс), Lambda Phi 1 ва Phi 2 дар бурҷи Ҷаббор, туманнокиҳои M44 (NGC 2632) дар бурҷи Саратон ва M7 (NGC 6475) дар бурҷи Ақраб маълумот додааст.
Кластери IC 2391-ро низ бори аввал кашф кардааст, ки он аз тарафи астрономи фаронсавӣ Николай Луи де Лакайл 11 феврали 1752 аз сари нав кашф шудааст.
Ишораи нахустини хаттӣ низ дар бораи мавҷудияти Абри Магеллании Бузург дар китоби Сӯфӣ омадааст ва “Ал-Бақар” номида шудааст.
Ба хотири гиромидошти номи ӯ астероиди 6585 PL, ки дар тасмаи берунии астреоидҳо қарор дорад, 12621 Alsufi номгузорӣ шудааст. Ин астероид 24 сентябри соли 1960 аз тарафи астрономҳои ҳолландӣ Ингрид ва Корнелис ван Хаутенҳо дар Донишгоҳи Лейден дар асоси омӯзиши фотолавҳаҳое, ки дар Расадхонаи Паломари ИМА аксбардорӣ шуда буданд, кашф шудааст. Қутраш тақрибан 7 км буда, дар 5 солу 6 моҳ як маротиба дар атрофи Офтоб чарх мезанад.
Соли 1935 аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо танӯрае дар сатҳи Моҳ низ ба хотири ин олими бузург Azophi номгузорӣ шудааст, ки номи Сӯфӣ дар Аврупо ба ин тарз гирифта мешуд (Расми 6). Қутри ин танӯра 47,5 км буда, ҷойи чуқуртарини он 3730 м аст. Ин танӯра дар координатаҳои селенографии 22°11′ арзи ҷанубӣ ва 12°42′ тӯли шарқӣ ҷойгир аст.

Доир ба «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» Эҳсон Ҳафиз дар соли 2010 дар Донишгоҳи Ҷемс Кук (Австралия) рисолаи докторӣ (PhD) ҳимоя кардааст (https://eprints.jcu.edu.au/28854/).
Рассоми машҳури олмонӣ, бузургтарин мутахассиси ҳунари чопи чӯбӣ (ксилография) Албрехт Дюрер (1471-1528) дар соли 1515 силсилаи се харитаи ситоравӣ ва ҷуғрофиеро дар сабки чопи чӯбӣ меофарад, ки дар онҳо харитаҳои нимкураҳои ҷанубӣ ва шимолии осмон ва Нимкураи шарқии Замин тасвир шудаанд. Дар ду сафҳаи харитаҳои осмони ситоразор шакли бурҷҳо аз рӯйи асотири юнонӣ тасвир шудаанд. Дар чор кунҷи харитаи нимкураи шимолии осмон расми чор астрономи барҷаста тасвир шудаанд: Оратус (чап ва боло), Батламиюси Қалузӣ (рост ва боло), Маркус Манилус (чап ва поён) ва Абдурраҳмони Сӯфӣ (рост ва поён) (Расми 7). Мушовири Дюрер дар офаридани ин харитаҳо донишманди машҳури австриягӣ Юҳаннои Стабиус (1460-1522) буд, ки мутахассиси шинохтаи соҳаи таърих ва хаританигорӣ ба ҳисоб мерафт. Ин тасвир нишондиҳандаи обрӯву эътибори хоссаи Сӯфӣ чун ситорашинос дар олами Ғарб аст.

Аз рӯйи тасвирҳои китоби Сӯфӣ устурлобҳои куравӣ сохта шудаанд, ки дар осорхонаҳои машҳури дунё нигоҳдорӣ мешаванд. Масалан, устурлоби куравии Юнус ибни Ҳусайни Устурлобӣ дар осорхонаи Луври Фаронса нигоҳдорӣ мешавад. Ин устурлоб соли 540 ҳиҷрӣ, баробар ба 1144 милодӣ дар шаҳри Исфаҳон сохта шудааст (Расми 8). Он аз биринҷ сохта шуда, баландиаш 27 см, қутраш 16,5 см ва ғафсиаш 0,5 см буда, вазнаш 4,716 кг аст. Дар он 48 бурҷе, ки дар китоби «ал-Маҷистӣ»-и Батламиюс ва «Сувару-л-кавокиб»-и Абдурраҳмони Сӯфӣ омадаанд, бо нишон додани мавқеи 1025 ситора оварда шудааст.
Имсол аз кашфиёти галактикаи Андромеда 1060 сол пур мешавад, вале оммаи мардум дар мавриди ин кашшофи ин галактика — шахсияти фарзонаву донишманди ростину дақиқкор Абдурраҳмони Сӯфӣ маълумоти кофӣ надоранд. Пас, омӯзгорони муҳтарами фанҳои дақиқро лозим аст, ки ҳангоми дарсҳо шахсиятҳои миллӣ, хидматгузор ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллатро барои насли наврасу ҷавон бишиносонанд. Зеро шиносоии гузаштагони донишманд бар руҳияи хонандагон такони бузург бахшида, қадамҳои онҳоро дар самти омӯзиши фанҳои дақиқ боз ҳам қавитар мегардонад.

Адабиёт:
1. Абдурраҳмони Сӯфӣ. Сувару-л-кавокиб. Душанбе: Дониш, 2020. – 361 саҳ.
2. Матвиевская Г.П. Абд ар-Рахман ас-Суфи. 903-986. М.: Наука, 1999. – 100 с.
3. Hafez, Ihsan. Abd al-Rahman al-Sufi and his book of the fixed stars: a journey of re-discovery. Diss. James Cook University, 2010 – 393 p.
4. Ridpath, Ian. Star Tales. Cambridge (GB): The Lutterworth Press, 2018 – 224 p.

Проснувшись однажды утром после беспокойного сна, Грегор Замза обнаружил, что он у себя в постели превратился в страшное насекомое.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *