Фирӯз МИРЗОЕВ,
ходими илмии шуъбаи
таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии
Институти иқтисод ва демографияи АМИТ

«Иқтисоди сабз» яке аз моделҳои рушди иқтисодӣ, самти муосири илми иқтисодиёт буда, ба устуворӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва коҳиши зарар ба муҳити зист нигаронида шуда, таваҷҷуҳи рӯзафзуни коршиносон ва олимони соҳаҳои гуногунро ҷалб намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисоди сабз қадамҳои устувор гузошта, дорои захираҳои бойи иқтисоди сабз дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегарданд.
Дар ин самт Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол буда, аз 30 сентябри соли 2022 (№ 482) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардидааст.
Имрӯзҳо иқтисоди сабз на танҳо як тамоюл, балки зарурат ва воқеияти рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, ки иқтисоди сабз метавонад, як муҳаррики тавонои рушд, инноватсия ва некуаҳволии иҷтимоӣ бошад. Созмони Милали Муттаҳид солҳои ҳаштодуми асри ХХ «Консепсияи рушди устувор — зиндагӣ бидуни зарар расонидан ба наслҳои оянда»-ро тартиб дод. Дар асоси он модели «Иқтисоди сабз» тавлид ёфт, ки бояд оянда ҷойгузини модели то ин дам амалкунанда гардад.
Мувофиқи ҳисоботи «Bloomberg NEF» барои то соли 2050 ноил шудан ба сатҳи сифрии партоби карбон давоми солҳои 2026-2030 барои бунёди неругоҳҳои офтобию шамолӣ ҳамасола дар ҷаҳон 1,5 триллион доллар маблағгузорӣ бояд кард. Соли 2021 ҳаҷми ба истифода додани иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон 227 гигаваттро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 4,7 фоиз зиёдтар аст. Сармоягузорӣ дар ин самт ба 755 миллиард доллар расид. Маблағи дар ин ҷода сарфнамудаи шаҳрвандони алоҳида дар тамоми мамолики дунё 40 миллиард долларро ташкил додааст.
Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷанбаи муҳимро ба эътибор гирифта, дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла, «энергияи сабз», бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Мувофиқи маълумоти Фонди ҷаҳонии табиати ёбоӣ (WWF) иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар рӯз аз ифлосшавии ҳаво бо сабаби истифодаи сӯзишворӣ 8 миллиард доллар зарар мебинад. Бо мақсади кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар бисёр кишварҳо рӯ ба нақлиёти барқӣ оварда истодаанд, аммо неруи барқ дар аксари ин мамлакатҳо дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад, ки он ҳам ба сӯзишворӣ ниёз дорад. Дар кишвари мо бошад, 98 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.
Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи мазкур дахл намуда, чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне, фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад. Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода, ба ин васила, ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».
Бино ба гуфтаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, сармоягузорӣ ба «иқтисоди сабз» дар баробари овардани манфиатҳои иқтисодӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани саломатии одамон гашта, дар маҷмуъ, ба ҳалли бисёр мушкилиҳои иҷтимоӣ низ мусоидат мекунад. Аз рӯйи ҳисоби коршиносон як долларе, ки барои барқароршавии ҷангал сарф мешавад, оянда 30 доллар манфиати иқтисодӣ меорад. Як миллион долларе, ки барои тавлиди «энергияи сабз» сарф мешавад, боиси таъсиси 16,7 ҷойи нави корӣ мегардад. Ин рақам дар неругоҳҳои бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 5,3 ҷойи кориро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки соли 2017 ба соҳаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон 280 миллиард доллар ва ба энергияи бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда 103 миллиард доллар сармоягузорӣ шуда буд. Солҳои минбаъда низ ин нишондиҳанда ба манфиати «энергияи сабз» буда, дар ҳоли афзоиш будааст.
Ба андешаи Ҷамшед Солеҳов, «иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд.
— Айни замон ҷомеа моҳияти ибораи «иқтисоди сабз»-ро ба маъноҳои гуногун дарк мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кумаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технологияи тоза ё «сабз» асос ёфтааст»,- мегӯяд ӯ.
Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат, аз ҷумла, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» дар 7 соли оянда иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4000 МВт афзоиш дода шуда, ба 10000 МВт расонида мешавад. Ба гуфтаи иқтисодшиносон, ҳадафи стратегии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, таъмини баробарии экологӣ, инчунин, истифодаи мақсадноки сармояи ҷалбгардида дар давраи дарозмуҳлат мебошад.
Ин раванд дар самти эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешбарандаи принсипи «иқтисоди сабз» идома ёфта, ба гуногунсамтиву рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, рушди неруи инсонӣ, таҳкими институтсионалӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз лиҳози органикӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва «энергияи сабз», инчунин, ба ҷалби захираҳои молиявӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба «иқтисоди сабз» афзалият дода мешавад ва яқин метавон гуфт, ки бо амалӣ кардани ин тадбирҳо дар самти «иқтисоди сабз» ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, ба «мамлакати сабз» табдил меёбад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *