Абдуқодир М.

Зулфия исматова,
корманди Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Абдуқодир Маниёзов яке аз аввалин муҳаққиқонест, ки доир ба фаъолияти публитсистӣ ва назми солҳои 1918-1921-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик, шоир, нависанда, публитсист, ходими барҷастаи илм — Садриддин Айнӣ тадқиқоти густурда ва ҷолиберо анҷом додааст.
Ӯ нуктаҳои муҳимми назм ва фаъолияти журналистии устод Айниро мавриди тадқиқ қарор додааст. Муҳаққиқ осори дар ин давра таълифнамудаи устод Айниро ба ду давра ҷудо намудааст. Дар давраи аввал, яъне, пеш аз Инқилоби Октябр ба шоирӣ машғул гардидани Садриддин Айниро, ки аксари эҷодиёти ӯро назм ташкил дода буд, марҳилаи дигари фаъолияти адабии ӯро, ки ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ сарф шудааст, таъйин менамояд.
Ҳамин тавр, Абдуқодир Маниёзов ашъори пешазинқилобии ӯро ба таври муфассал таҳқиқ намуда, зикр мекунад, ки мавзуи ашъори устод Айнӣ дар ин давра асосан ишқӣ-иҷтимоӣ мебошад ва ӯ ашъори худро дар жанрҳои анъанавии назм, аз ҷумла, ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ва инчунин, дар шакли байтҳои ҷудогона эҷод намудааст. Мавсуф дар мавриди назми Садриддин Айнӣ чунин таъкид кардааст: «Нахустин ва барҷастатарин намунаҳои назми тозабунёди адабиёти советии тоҷик низ ба қалами Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад». Инчунин, таъкид менамояд, ки устод Айнӣ дар баробари эҷоди назм ба забони тоҷикӣ, ҳамзамон, ба забони ӯзбекӣ ҳам асарҳо эҷод намуда, дар ташаккул ва тараққии назму насри советии ӯзбек саҳми арзишманди худро гузоштааст. Аз ҷумла, шеърҳои дар замони аввали инқилоб эҷодгардидаи ӯ, асосан, бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод гардидаанд ва роҷеъ ба ин нукта чунин қайд намудааст: «Нависанда дар ин бобат анъанаи пурифтихори адибони тараққипарвар ва инсондӯсти халқҳои тоҷик ва ӯзбекро, ки дар замони худ бо рафоқат ва робитаи илмӣ-адабиашон барои беш аз пеш мустаҳкам шудани дӯстии ин ду халқи бародарӣ мусоидат намудаанд, давом додаст». Сурудаҳои ба инқилоб бахшидашудаи устод Айнӣ «Марши ҳуррият», «Ҳуррият марши», «Инқилоб», «Ба муносибати Инқилоби Бухоро», «Байналмилал марши», «Биринчи май марши», «Ҳилоли аҳмар марши» ва ғайраҳо бо маҳорати баланди шоирӣ эҷод гардидаанд.
Устод А.Маниёзов ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ ва серпажуҳ аз муҳтавои умумии шеърҳои инқилобии тоҷикию ӯзбекӣ, дар бораи ҳар кадом алоҳида сухан ронда, аз табиати шеърҳо, мазмуну мундариҷаашон, хизмати бузурги сиёсию иҷтимоӣ адо кардани эҷодиёти индавраинаи устод Айнӣ бафурсат сухан мегӯяд.
Абдуқодир Маниёзов дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла, ишқӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, инқилобӣ, тарғиби илму дониш, мактабу маориф ва ғайра эҷод намудани ашъори устод Айниро таъкид намуда, чунин мегӯяд: «Бешубҳа, шеърҳои инқилобии С. Айнӣ, ки идеяҳои револютсиониро тарғиб намуда, оммаи меҳнаткашро дар муборизаи роҳи озодӣ ва сохтмони ҳаёти нав руҳбаланд мекарданд, ҳамчун аввалин намунаҳои назми советиамон, дар ниҳодани асоси адабиёти реализми сотсиалистии тоҷик роли муҳим бозида ва дар он мавқеи сазоворе ишғол менамоянд».
Ба назари А. Маниёзов Садриддин Айнӣ бо мурури замон, бо таъсири дигаргуниҳои иҷтимоии ибтидои қарни ХХ ва ҳамзамон, бо таъсири ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ ба масъалаҳои муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳамаҷониба онҳоро дар осори хеш инъикос намояд. Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи ӯро дар корҳои ҷамъиятӣ зикр намуда, китобҳои дарсӣ таълиф намудан, инчунин, дар ашъори хеш танқид ва мазаммат намудани тамоми нуқсонҳои сохти амириро таъкид намудааст.
Ба ақидаи А. Маниёзов яке аз сабабҳои ба наср рӯ овардани устод Айнӣ пеш аз ҳама дар он буд, ки ӯ барои инъикоси воқеаҳои ҳамонвақта роҳу воситаҳои дигарро меҷуст ва пай бурд, ки қолаби назм барои инъикоси ин воқеаҳо маҳдуд аст ва устод Айниро водор мекунад, ки ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ машғул шавад. А. Маниёзов омилҳои асосии навиштани мақолаҳои публитсистии устод Айниро, пеш аз ҳама, дар иштироки фаъолонаи ӯ дар ҳаёти иҷтимоии ҳамонвақта медонад. Ӯ ба воситаи ашъори инқилобӣ ва мақолаҳои публитсистии худ вазифаи мубаллиғ ва ташаббускорро дар роҳи озодии халқи мазлум ва меҳнаткаш анҷом додааст. Яке аз омилҳои дигари фаъолияти публитсистии устод Айнӣ ба назари муҳаққиқ, таъсири бевоситаи ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш мебошад, ки ӯ дар осори хеш аз тарзи ифода ва воситаҳои бадеии он баҳравар гадидааст. Омили дигари ба публитсистика рӯ овардани устод Айниро аз пайваста мутолиа намудани матбуоти даврӣ вобаста донистааст. Ҳамзамон, ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр бо матбуот шинос шудани устод Айниро дар натиҷаи мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳои туркиву тотории «Тарҷимон» ва «Вақт», рӯзнома-ҳои форсӣ, аз қабили «Ҳаблулматин», «Парвариш», «Ҷаҳоннамо» ва рӯзномаи ҳаҷвии озарбойҷонӣ бо унвони «Мулло Насриддин», ки дар Бухоро интишор меёфт, қайд намудааст.
Абдуқодир Маниёзов қисми зиёди ашъори инқилобӣ ва мақолаҳои публитсистии устод Айниро бо унвонҳои «Оташи инқилоб», «Васоили тараққӣ дар чист?», «Танвири афкор», «Ҳукумати шуроӣ ба мо чӣ дод?», «Масъалаи Шарқ», «Аҳволи Эрон», «Ба асокири сурх ёрӣ диҳем», «Бархез, Шарқи мазлум, ки «Урдуи Шарқ» расид!» ва ғайра, ки дар солҳои 1918-1921 навишта шудаанд ва нахустин маротиба дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» нашр гардидаанд, баррасӣ намудааст. Аз ҷумла, ӯ иқтибоси устод Айниро дар ин бора бевосита чунин хулоса намудааст: «Дар Самарқанд як журнал бо номи «Шуълаи инқилоб» дар забони тоҷикӣ ва як газета ба номи «Меҳнаткашлар товуши» дар забони ӯзбекӣ нашр мешуд. Ман дар дуи инҳо хизмат мекардам. Дар он вақт аз коркунони маҳаллӣ коркунони адабӣ ҳам кам буданд, бинобар ин, гуфта метавонам, ки қисми муҳимми ин журнал ва газетаро бо имзоҳои гуногун ман пур мекардам. Дар ду забон шеърҳо менавиштам, дар ду забон мақолаҳо менавиштам».
Зимни баррасии мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ муҳаққиқ онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст. Ба гурӯҳи аввали мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҳамон давра дохил мешавад, ки дар он ӯ моҳияти ҳодисаҳои инқилобӣ ва дигаргуниҳои беназири иҷтимоиро ба оммаи васеъ фаҳмонида медод. Инчунин, халқро ба муборизаи зидди душманони Ҳокимияти Советӣ, барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ва омӯхтани илму маърифат тарғибу ташвиқ мекард.
Гурӯҳи дигари мақолаҳои устод Айниро ба мақолаҳое, ки дар хусуси масъалаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, вазъияти кишварҳои Шарқ бахшида шудаанд, ҷудо намудааст. Таъкид менамояд, ки устод Айнӣ онҳоро бо ҳисси хайрхоҳӣ ва садоқату самимият ба халқҳои мазлуми Шарқ ва боварӣ ба ояндаи дурахшони онҳо навиштааст ва иқтибоси худи нависандаро дар яке аз мақолаҳои худ бо унвони «Инқилоби Октябр ва Шарқ» чунин зикр намудааст: «Аҳолии Шарқ, ки дар хориҷи мамлакати Русия истиқомат доранд, онон ҳам аз ин инқилоби бузург манфиатҳои зиёд ёфтанд… Афғонистон, ки дар зери панҷаи англисҳо асир буд, озод шуда, мустақил шуд… Мисру Ҳиндустон зуд аст, ки озод шавад… Хитое, ки бо ин ҳама бузургӣ мурда ва дар шиками ҷаҳонгирон ҳазмшуда ба шумор мерафт, имрӯз бо руҳи Инқилоби Октябр дар ҳаяҷон аст. Умед аст, ки ба зудӣ ин миллати серсол ва ин давлати куҳансолро ҳам дар рӯйи дунё озод ва дар қатори миллатҳои зинда бинем».
Нуктаи дигареро метавон зикр намуд, ки Абдуқодир Маниёзов дар баробари таҳқиқи ашъори пешазинқилобии устод Айнӣ ва мақолаҳои публитсистии навиштаи ӯ, инчунин, ду асари калони таърихии ӯ «Таърихи мухтасари ҳаракати инқилобӣ дар Бухоро» ва «Таърихи силсилаи манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд»-ро низ аз ҷиҳати публитсистӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. А. Маниёзов дар ин маврид чунин зикр намудааст: «Ин ду асар, ки қариб дар як вақт, дар арафа ва рӯзҳои револютсияи Бухоро навишта шудаанд, аз ҷиҳати мавзуъ ва мазмуни идеявӣ ба ҳам наздик буда, ба як мақсаду маром, яъне, фош кардани разолати давраи амирӣ ва нишон додани аҳаммияти бузурги револютсия равона гардидаанд. Аз ин рӯ, онҳо дар ҳамон шароити таърихӣ роли калони таблиғотӣ ва ташвиқотӣ ҳам бозида, маҳз бо ҳамин хусусияти худ бо публитсистикаи нависанда робитаи бевосита пайдо намуданд». Аз ин гуфтаҳои Маниёзов чунин бармеояд, ки дар ташаккул ва инкишофи насрнависии устод Айнӣ натанҳо мақолаҳои публитсистии ӯ, балки осори таърихии вай, ки нахустин бор тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо интишор ёфтаанд, мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Ҳамзамон, А. Маниёзов забону услуби ашъор ва осори публитсистии устод Айниро бо тамоми ҳусусиятҳояш, ки аз забони ғанӣ ва фасеҳи халқ, инчунин, истифодаи бамавриди зарбулмасал ва ҳикматҳои он, ки дар ибораҳои мухтасар маъниву мазмуни зиёд касб намудаанд, тавзеҳ додааст.
Устод Абдуқодир Маниёзов таъкид намудааст, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи фаъолияти публитсистии устод Айнӣ барои инкишофи жанри публитсистикаи адабиёти тоҷик ва ҳам барои тадқиқи услуби худи нависанда аҳаммияти арзишмандеро дорост.
Хулоса, Абдуқодир Маниёзов бо тамоми масъулияти пажуҳандагӣ ҷанбаи публитсистии шеърҳои устод Садриддин Айнӣ ва мақолаву навиштаҳои публитсистии ӯро нахустин бор бо тамоми паҳлуҳояш ба таври мушаххас тадқиқу баррасӣ намуда, як бахши аслии фаъолияти эҷодии сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро равшан намуда, барои илми тоҷик хидмати шоиста ва барои фарҳанги миллат ғановати адабӣ зам кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *