МСТИСЛАВ КЕЛДИШ — МУҲАҚҚИҚИ ПРОБЛЕМАҲОИ МУДОФИАВӢ, АВИАТСИЯ ВА ПАРВОЗҲОИ КАЙҲОНӢ
Асадулло ШАРИФЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»
Мстислав Всеволодович Келдиш ҳамчун олими соҳаи авиатсия, кайҳон ва барномаҳои ҳастаӣ шинохта шуда, таҳқиқоту коркардҳои ӯ ҳамеша дар доираҳои илмӣ мавриди муҳокима мебошанд. Барои ошноӣ бо фаъолияти ӯ дар ин нигошта маълумоти мухтасаре манзури хонандагон мекунем. Умедворем, ки барои омӯзгорон ҳамчун маводи ёрирасон ба кор меояд.
Мстислав Келдиш 10-уми феврали соли 1911 дар шаҳри Рига таваллуд шудааст. Падари ӯ Всеволод Келдиш: донишманди ҳирфаӣ, профессор, муҳандис – сохтмончии Институти политехникии Рига буд. Ӯ ҳаёти худро ба ҳисоби сохторҳои сохтмонӣ бахшида буд, ки ҳамкоронаш ба ӯ лақаби «падари оҳану бетони рус»-ро дода буданд. Модари ӯ, Мария Александровна, ба тарбияи ҳафт фарзанд машғул буд. Аҷдодони олими оянда ашрофзода буданд ва волидонаш маълумоти олидараҷа доштанд: забонҳои хориҷиро медонистанд ва ба санъат низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд.
Ҳангоми ҳамлаи олмониҳо ба Рига дар соли 1915 оилаи келдишҳо ночор ба Москва интиқол дода шуданд. Оилаи донишманд дар макони нав равандҳои инқилобро шоҳид шуданд ва муваққатан дар шаҳри Ивановои назди Москва истиқомат мекарданд. Пас аз бозгашт ба пойтахт дар соли 1923 Мстислав ба мактабе дохил шуд, ки дар он мутахассисони соҳаи сохтмонро тайёр мекарданд. Дар давоми таътили тобистона, ҷавон ҳамроҳи падараш ба объектҳои гуногун мерафт ва дар он ҷойҳо бо коргарони одӣ бисёр муошират мекард. Маҳз дар ҳамин давра дар шуури ҷавон шавқ ба илмҳои техникӣ ва омӯзиши технологияҳои нави сохтмонӣ пайдо шуд. Соли 1930 Келдиш ба шуъбаи математикаи факултаи сохтмонии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дохил шуда, онро соли 1931 хатм кард. Дар аввали солҳои 30-ум мутахассиси ҷавонро дар Институти марказии аэродинамикии ба номи А. Жуковский ба кор қабул мекунанд. Дар ин ҷо Мстислав зиёда аз 15 сол кор карда, аз муҳандиси одӣ то роҳбари шуъбаи устувории динамикӣ мерасад. Дар баробари кори пажуҳишгоҳ ӯ кори омӯзгориро низ дар донишгоҳ идома медиҳад.
Фаъолияти меҳнатии Келдиш дар Институти давлатии аэродинамикии марказӣ (ЦАГИ) бо таҳқиқоти соҳаи ҳавопаймосозӣ алоқаманд буда, бо гурӯҳи корие, ки ба он Мстислав Всеволодович роҳбарӣ мекард, як қатор кашфиёти бузургро дар соҳаи аэрогидродинамика ба даст оварданд. Соли 1935 пас аз ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ, ӯ номзади илмҳои физикаю математика гардид ва пас аз ду сол ба ӯ дараҷаи илмии профессор дар соҳаи аэродинамика дода шуд. Соли 1938 профессор Келдиш узви Шурои илмӣ-техникии Институти давлатии аэродинамикаи марказӣ интихоб гардид.
Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти илмии Келдиш ба омӯзиши масъалаҳои устувории динамикӣ ва ларзиш дар ҳавопаймосозии ватанӣ равона карда шуд. Дар оғози ҷанг, проблемаи “флаттер” яке аз мушкилоти шадиди авиатсия ба шумор мерафт. Ларзиши худсаронаи бол ҳангоми суръати баланди парвоз аксар вақт барои амалӣ кардани амалиёт монеа мешуд. Дар якҷоягӣ бо ҳамкорон профессор тавонист, ҳалли ин муамморо пайдо кунад ва ба ҳавопаймоҳо имкон диҳад, то суръати баландро бидуни таъсири манфӣ соҳиб гарданд. Барои таҳқиқоти дар ин соҳа анҷомдодааш Мстислав Всеволодович бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва Ҷоизаи сталинии дараҷаи II сазовор гардонида шуд.
Кори омӯзгории ӯ дар донишгоҳ идома ёфта, соли 1943 Келдиш унвони узви-вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравиро соҳиб гардида, баъдтар муовини президенти ин академия таъйин шуд ва дар соли 1961 ба вазифаи президенти ин ниҳоди илмӣ интихоб гардид. Аҳаммияти тадқиқоти ӯ дар соҳаи математика аз кашфиёташ дар аэродинамика камтар нест. Корҳои анҷомдодаи ӯ оид ба таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ дар байни олимон ҳайрату ҳавасмандӣ ба бор овард. Мстислав Всеволодович дар математика дониши амиқ дошт ва қодир буд, ки ин ё он кашфиётро ба таври ғайричашмдошт истифода барад. Тадқиқоти олим дар соҳаи механика ва математика ӯро дар байни ҳамватанон муътабар гардонида, дар илми ҷаҳонӣ шахси боэътибор муаррифӣ намуд.
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муҳаққиқ ба таҳияи мушакҳо ва силоҳҳои атомӣ машғул шуд. Дар соли 1946 Келдиш ба вазифаи роҳбари Институти илмӣ-таҳқиқотии якум (НИИ-1)-и Вазорати саноати авиатсия таъйин шуд ва дар истифодаи усулҳои амалӣ дар соҳаи ракетасозӣ фаъолияти пурсамар нишон дод. Соли 1951 бо иштироки ӯ — ҳамчун мутахассиси барҷаста Институти физикию техникии Москва (МФТИ) таъсис дода шуд.
Мстислав В.К. узви гурӯҳи созандагони бомбаи термоядроӣ низ буд. Махсусан, барои амалӣ сохтани ин лоиҳа Бюрои ҳисоббарорӣ таъсис дода шуд. Дар миёнаи солҳои 1950-ум ин кор ба таҳиягари он унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро овард.
Ӯ бо конструктори машҳури собиқ Шуравӣ Сергей Павлович Королев ҳамкории зич дошт. Дар солҳои панҷоҳум Келдиш як қатор тадқиқоти назаррасро оид ба баровардани ҷисмҳои сунъӣ ба мадори Замин анҷом дод, сипас, бо масъалаҳои парвоз ба Моҳ ва дигар сайёраҳои системаи офтобӣ машғул шуд.
Солҳои 60-ум Келдиш барномаи «Моҳ»-ро, ки парвозҳоро дар истгоҳҳои худкор дар бар мегирифт, роҳбарӣ мекард. Ғайр аз ин, дар лоиҳаи омӯзиши сайёраи Зуҳра бо ёрии истгоҳҳои худкори кайҳонӣ иштирок кард. Барои саҳмгузорӣ дар омӯзиши кайҳон дар соли 1960 ӯ раиси Шурои илмӣ-техникии байнисоҳавӣ оид ба тадқиқоти кайҳонӣ дар назди Академияи илмҳои СССР таъйин шуд. Дар ин мақом ӯ дар рушди илмҳои биологияи молекулярӣ, кибернетика, электроникаи квантӣ ва генетика саҳми бузург гузошт. Дар баробари кори асосӣ ӯ дар ҳайати комиссияҳои гуногун ба масъалаҳои таҳқиқи кайҳон машғул шуданро идома дод. Ҳамин тавр, пас аз марги кайҳоннавардони «Союз-11» ӯ гурӯҳи садамавиро барои муайян кардани сабабҳои садама роҳбарӣ кард. Ҳамчун корманди илмӣ бевосита дар татбиқи барномаи «Союз-Аполлон», инчунин, дар рушди Лоиҳаи байналмилалии «Интеркосмос» иштирок кард. Дар солҳои баъдӣ ин олими заковатманд ба сохтани неругоҳҳои офтобии кайҳонӣ барои гирифтани манбаъҳои алтернативии неруи барқ машғул шуд.
Келдиш аз гузаштагони худ фахр мекард, агарчи онро пинҳон медошт. Дар варақаи хидматии расмӣ пайдоиши иҷтимоии худро “асилзода” сабт мекард, аз ин рӯ, соли 1927 ба ӯ барои дохил шудан ба Институти муҳандисони шаҳрвандӣ иҷозат надоданд.
Келдиш бо Станислава Валеряновна издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд шуд: Светлана ва Пётр. Писараш факултаи механика ва математикаро хатм кард ва духтараш, баъдтар дар осорхонаи Келдиш ҳамчун олими соҳаи математика кор кард. Математики боистеъдод Келдиш таҳқиқоти худро идома дод ва аксар вақт бо муаллими собиқи худ математики машҳури Шуравӣ Михаил Лаврентев ҳамкорӣ мекард. Яке аз мавзуъҳое, ки ӯ таваҷҷуҳ дошт, “Масъалаи Дирихле” буд.
Ӯ дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ низ лаёқати баланд дошт. Дар соҳаҳои амалии аэродинамика саҳми босазо гузошт. Солҳои 1940-60 мушовири асосии назариявии ҳукумат ва ташкилкунандаи корҳои марбут ба муҳаррикҳои реактивӣ ва кайҳон буд. Мушкилоти ларзиши ҳавопаймоҳо танҳо яке аз аввалин вазифаҳое буд, кор мекард. Мушкилоти дуюм дар чархи пеши ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан ба вуҷуд меомад. Таҷрибаи ҳалли мушкилоти ларзиш ва ҳалли мушкилоти чархаҳо дар якҷоягӣ бо дастурҳои муфассал барои муҳандисон соли 1945 чоп шуд. Дар Институти давлатии аэродинамикии марказӣ (ЦАГИ)-и ба номи Жуковский кор карда, ҳамзамон, ӯ Институти математикаро тарк накард ва аз замони таъсиси он дар моҳи апрели соли 1944 то соли 1953 мудири кафедраи механика буд. Намунаҳои корҳои ин давра, ки ӯ дар Институти ба номи В.А. Стеклов анҷом дод, инҳоянд: «Дар бораи баҳои миёнаи квадратии полиномҳои функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ» (1945), «Дар бораи интерполятсияи функсияҳои умумишуда» (1947). Гарчанде ин асарҳо ба математикаи абстрактӣ тааллуқ доранд, таваҷҷуҳи Келдиш ба ин мушкилот бо ғояҳое, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои математикии амалӣ пайдо шудаанд, ба вуҷуд омадаанд.
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Мстислав Келдиш бо лоиҳаҳои асосии илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ мешуданд, машғул буд. Соли 1946 роҳбари Пажуҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии реактивӣ шуд ва 9 сол ин вазифаро иҷро кард. Солҳои 1961-1962 муовини президенти Академияи илмҳои ИҶШС ва солҳои 1962-75 президенти он буд. Соли 1971 дар ҷашни 60-солагияш эътироф кард, ки аз қатъи таҳқиқот ва тамаркуз ба идоракунӣ пушаймон аст. Бо вуҷуди ин, дар рушди силоҳи ҳастаӣ, инчунин, барномаи тадқиқоти кайҳонӣ нақши муҳим бозид. Масалан, ӯ яке аз се олиме буд, ки соли 1954 барномаи моҳвораи кайҳонии Шуравиро пешниҳод кард ва соли 1955 раиси комиссия барои назорати барномаи таъсисёфта таъйин шуд. Аввалин парвози бомуваффақияти моҳвора дар соли 1957 ба барномаи тадқиқоти кайҳонӣ оғоз бахшид ва ӯ тавассути бахши математикаи амалӣ ба ин кор ҷалб шуд. Соли 1959 Шурои илмӣ-техникии байнисоҳавӣ таъсис ёфт ва раиси он Мстислав Келдиш таъйин шуд. Соли 1975 Мстислав Келдиш бо сабаби вазъи саломатӣ аз вазифаи президенти академия истеъфо дод. Гуфта мешавад, ки ин тасмим аз сабаби хастагӣ ва ё ташаннуҷ, ки илм ҳамчун воситаи асосии муборизаи сиёсӣ истифода мешуд, ба вуҷуд омадааст.
Меҳнату заҳмати олим ҷоизаҳои зиёдеро сазовор шудаанд. Дар маҷмуъ, хидматҳои ин олим се маротиба бо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ҳафт маротиба ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳо ва медалҳои сершумор, аз ҷумла, аз давлатҳои хориҷӣ қадрдонӣ гардидааст. Ӯ узви 16 академияи илмҳои ҷаҳонӣ интихоб гардида, доктори фахрии 6 донишгоҳи ҷаҳон буд.
Мстислав Келдиш 24-уми июни соли 1978 вафот кард ва ҳамчун нишонаи эҳтиром ба заҳмати ин олими бузург турбати ӯ дар Некропол, дар назди девори Кремл дафн карда шуд. Тибқи тафсири расмӣ олим аз сактаи дил вафот кардааст. Ҳамзамон, тафсири дигаре низ ҳаст, ки ӯ худкушӣ намудааст. Новобаста аз сабабҳои марг, даргузашти ӯ барои илми ҷаҳонӣ талафоти вазнин буд. Хотираи Мстислав Всеволодович Келдиш аз ҷониби наслҳои минбаъда қадршиносӣ шудааст. Кӯчаҳо ва майдонҳо, сайёраи хурди Системаи офтобӣ, танӯри Моҳ бо номи ӯ гузошта шудаанд. Академияи илмҳои Русия барои корҳои илмии барҷаста дар соҳаи математикаи амалӣ ва механика, инчунин, тадқиқоти назариявӣ дар соҳаи азхудкунии фазои кайҳон медалҳои тиллоии ба номи Мстислав Келдишро тақдим мекунад.