Асадулло Шарифзода,
дотсенти ДМТ, барандаи Ҷоизаи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону
омӯзгорони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ,
Бахтиёр РАҲИМОВ,
омӯзгори технологияи информатсионии литсейи ДМТ,
Саид Насридинов,
омӯзгори математикаи литсейи №33-и ?

Баҳодии дониш дар ҳар як низоми таълим омили  муҳимми ҳавасманд намудани хонанда ва аз сӯйи дигар самаранокии раванди таълимро бозгӯ менамояд. Дар ҷаҳон ченакҳои зиёди баҳодиҳии дониш мавҷуданд. Дар баъзе аз кишварҳо истифодаи аломатҳои рақамӣ маъмул аст. Баъзе кишварҳо ба мисли Амрико, Канада ва ғайра аз ченакҳои ҳарфӣ истифода менамоянд. Ченаки амрикоӣ, дар баробари истифодаи ҳарф, инчунин, тафсири рақамӣ низ дорад, ки дар он баҳои баландтарини A ва A+ маҳсуб шуда, аз рӯйи нишондоди маъмулӣ ба 5 хол баробар аст.

Умуман, дар баҳогузории чанде аз мактабҳои кишварҳои олам ба ҷойи рақамҳо ҳарфҳои алифбои лотинӣ: ”А”,”В”,”С”,”D” ва ғайра истифода мешаванд, ки маънои холҳои гузаришро бо тартиби аз боло ба поён ифода менамоянд. Нақши баҳои “ғайриқаноатбахш ва ё нокомӣ”-ро дар ин ишораҳо “Е” ё “F” иҷро менамоянд. Аз чунин шакли баҳогузорӣ дар ИМА, Гонконг, Қазоқистон ва дигар кишварҳо истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, баъзе мамлакатҳо онро такмил дода, пас аз ҳар ҳарф аломатӣ “+” ва ё “–“ мегузоранд. Аммо дар Малайзия танҳо баҳои “В” бо аломати ҳам “+” ва ҳам “–“ истифода мешавад. Дар Муғулистон, баръакс танҳо “В” бе аломат навишта мешавад. Ҳамин ҳарфҳо дар мамолики гуногун бо чунин тавр навишта мешаванд: Дар Ҷумҳурии исломии Эрон “А+, А, В, С, D, Е/F”; дар Япония “АА/Т, А, В, С, Е/F”; дар Покистон “А1, А, В, С, D, Е, F”; дар синфҳои болоии Сингапур А1, А2, В3, В4, С5, С6, D7, E8, F9 истифода мешавад. Ҳангоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Ирландия ишораи “NG” маънои “кирои тафтиш нест”- ро дорад. Дар макотиби олии Ҳиндустон ишораи “U” маънои “қаллоб”, ”фиребгар”-ро медиҳад. Яъне, хонанда масъулияташро на аз рӯйи меъёр ва фаросати зеҳнии худ, балки рӯйнавис ва ё копӣ намудааст.
Дар мақолаи мазкур мо гузариш аз силсила ё шкалаи 5 баллӣ ба шкалаи 10 – баллӣ, ки Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, таҳлил намуда, вежагиҳои онро манзури хонанда менамоем. Дар ибтидо таҷрибаи чанд кишварро нишон медиҳем. Нахуст аз давлатҳои аврупоӣ оғоз намуда, сипас ба мамолики Осиё мегузарем. Ҷо-ҷо аз тарзи баҳогузории мактабҳои мамлакатҳои дигари олам низ маълумот манзур месозем.
Анъанаи бо рақамҳо нишон додани саъю кӯшиш ва муваффақияти шогирдон дар Россия ҳанӯз дар аввали асри XIX мустаҳкам шуда буд. Он вақт дар гимназияҳо рақамҳои аз 0 то 5 истифода мешуданд. “0” нишон медод, ки шогирд вазифаҳои худро тамоман иҷро накардааст; то соли 1864 агар шогирд дуто “0”-и пайи ҳам мегирифт, пас ӯ ба ҷазои ҷисмонӣ раво дониста мешуд. Баҳоҳои «1» ва «2» вақте гузошта мешуд, ки шогирд дарсро ғайриқаноатбахш омода кардааст. Баҳои «3» барои саъю кӯшиши миёна гузошта мешуд. Вақте ки шогирд вазифаҳои худро хуб иҷро мекард, сазовори баҳои “4” мегашт. Танҳо барои донишу фаҳмиши аъло ба ӯ баҳои “аъло” мегузоштанду бас. Омӯзгор вазифадор буд, ки дар синф холҳо гузорад, танҳо дониши дарси додашударо дар хона тавсиф кунад ва ҳуқуқ надошт, ки диққат ё парокандагии хонандагонро дар давоми дарс, инчунин, саъю кӯшиши муваққатӣ ё доимии хонанда, синну сол ва қобилияти ӯро ба назар гирад.
Дар замонҳои гуногун дар Россия силсилаҳои 3, 5, 8, 10, 12-баллии баҳодиҳӣ вуҷуд доштанд. Дар соли 1837 мактабҳои ин кишвар расман ба шкалаи 5-баллӣ гузаштанд. Мувофиқи он муваффақиятҳои толибилмон ба таври зайл арзёбӣ мешуданд: 1 (ночиз); 2 (миёна); 3 (кофӣ); 4 (хуб); 5 (аъло). Дар давоми асри XX баҳои 1 тадриҷан аз истифода баромад, дар натиҷа системаи 5-баллӣ ба системаи муосири 4-баллӣ табдил ёфт. Солҳои охир дар Россия баъзе аз муассисаҳои таълимӣ боз ба шкалаи 5-балла («1» барои кори иҷронашуда) баргаштаанд. Ин силсилаи анъанавӣ ҳоло дар Россия ва бисёри давлатҳои пасошуравӣ истифода мешавад, гарчанде солҳои охир дур шудан аз он ба назар мерасад ва арзёбии дониш бо ҳарфҳои лотиниасос ва аломатҳои математикӣ сурат мегирад.
Дар ҷумҳуриҳои назди Балтика низоми англосаксонро афзалтар медонанд. Дар Эстония то ҳол шкалаи баҳогузории панҷбалла истифода мешавад.
Гурҷистон ва Арманистон ба шкалаи 10-баллӣ гузаштаанд. Дар макотиби Ҷумҳурии Қазоқистон системаи нав дар шакли СОР (баҳодиҳии ҷамъбастӣ барои як бахш) ва СОЧ (баҳодиҳии ҷамъбастӣ барои чорякӣ) пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои ҳар як бахш ва ҳар чоряк гузаронида мешаванд. Дар маҷмуъ, тақрибан 2-4 маротиба дар давоми чоряк мактаббачагон СОР-ро месупоранд. СОЧ дар охири ҳар чоряк гузаронида мешавад. СОР-ҳо ва СОЧ-ҳо дар шакли саволҳо, тестҳо, санҷишҳо ва ғайра гузаронида мешаванд. Баҳои ниҳоӣ барои чоряк ва сол бо формулаи махсус бароварда мешавад.
Дар коллеҷҳои Қазоқистон шкалаи панҷбалла ва дар донишгоҳҳои он шкалаи 100-балла, дар баробари ҳарфӣ, ки дар он баҳои камтар аз 60 фоиз (камтар аз “C–“) ногузир аст, истифода мешавад.
Дар Молдова дар синфҳои ибтидоӣ силсилаи меъёрии баҳодиҳӣ (1-4) истифода мешавад. Барои ҳар як мавод кӯдак худро аз рӯйи ҳар як шкала бо се ранг мустақилона арзёбӣ мекунад: сабз (мустақилона иҷро кардааст) ба ҳарфи с (мувофиқат мекунад), зард (муаллим роҳбарӣ мекард), ба ҳарфи р (мувофиқат мекунад), сурх (бо дастгирии доимии муаллим). Баҳодиҳии ҷамъбастӣ бо ҳарфҳои калон ифода карда мешавад: ОХ — хеле хуб, X — хуб, Y — қаноатбахш.
Дар Россия соли таҳсил аз чор чоряк иборат аст. Ҳангоми баҳодиҳии солона ба донишҷӯ, муаллим бояд аз чор чоряк ба ҳисоби миёнаи арифметикии баҳои ниҳоиро ҳосил кунад.
Дар Украина аз тирамоҳи соли 2000 силсилаи нави арзёбии баҳодиҳии худиро муаррифӣ кардаанд. Системаи нави баҳодиҳӣ дар асоси шкалаи 5-балла, ки қаблан вуҷуд дошт, асос ёфтааст ва бо шкалаи 12-балла алоқаманд аст. Баҳои 12 танҳо барои муваффақиятҳои барҷаста ё барои ягон кори эҷодӣ гузошта мешавад. Дар он барои баҳо додан ба дониши толибилмон чунин сатҳҳо ҷудо карда шудаанд:
Сатҳи чорум ё баланд (10-12 балл) арзёбӣ мешавад. Дониши донишҷӯ амиқ, устувор, системавӣ аст; донишҷӯ метавонад онҳоро барои иҷрои вазифаҳои эҷодӣ истифода барад, фаъолияти таълимии ӯ бо қобилияти мустақилона арзёбӣ кардани ҳолатҳо, падидаҳо ва далелҳои гуногун, нишон додан ва ҳимояи мавқеи шахсӣ фарқ мекунад.
Сатҳи сеюм ё кофӣ (7-9 балл). Шогирд аломатҳои муҳимми мафҳумҳо, падидаҳо, робитаҳои байни онҳоро медонад, қонуниятҳои асосиро шарҳ медиҳад, инчунин, донишро дар ҳолатҳои стандартӣ мустақилона истифода мебарад, қобилияти фитрӣ, зеҳнӣ (таҳлилӣ, абстраксия, ҷамъбастӣ) дорад. Ҷавоб дуруст аст, аммо донишҷӯ аз хулосабарорӣ маҳрум аст.
Сатҳи дуюм ё миёна (4-6 балл). Хонанда маводи асосии таълимиро такрор мекунад, қодир аст вазифаҳоро аз рӯйи намуна иҷро кунад, дорои малакаҳои одии фаъолияти таълимӣ мебошад.
Сатҳи аввал ё ибтидоӣ (1-3 балл). Ҷавоби шогирд нопурра буда, бо тасаввуроти ибтидоӣ дар бораи мавзуи омӯзиш хос аст.
Дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии Белорус шкалаи 10-баллӣ (1-10) истифода бурда мешавад: 10 (олӣ); 9 (аъло); 8 (қариб аъло); 7 (хеле хуб); 6 (хубтар); 5 (хуб); 4 (хеле қаноатбахш); 3 (қаноатбахш); 2 (қариб қаноатбахш); 1 (ғайриқаноатбахш).
Барои Аврупои Ғарбӣ низоми баҳодиҳии дониш бо баллҳо дар мактабҳои иезуитӣ дар асрҳои XVI-XVII пайдо шуд ва ҳадафи инсонӣ дошт ва метавонист ҷазоҳои ҷисмонии онвақтаро ба мукофотҳо иваз кунад. Аввалин шкалаи себаллаи баҳо дар Олмон ба вуҷуд омад, ки дар натиҷаи тақсимоти ҳамаи хонандагон ба се бахш асос ёфта буд: “беҳтарин”, “миёна” ва” бадтарин”. Гузариш аз як бахш ба бахши дигари баландтар, ба даст овардани як қатор афзалиятҳо ва имтиёзҳоро талаб мекард. Дар ибтидо (1) арзиши баланд дошт. Бо гузашти вақт, бахши миёна, ки шумораи зиёди хонандагон ба он шомил буданд, иловатан ба зергурӯҳҳо тақсим карда мешуд. Ҳамин тавр, ченаки дараҷаи бисёрқабата ташкил ёфт ва бо ёрии он дониши хонандагон баҳо дода мешуд.
Ҳоло дар Австрия баҳои аз 5 то 1 истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, дар Олмон, Словакия ва Чехия баҳои “1” арзишмандтарин ба шумор меравад. Дар Албания дониши хонанда аз 1 то 10 баҳогузорӣ мешавад. Дар он ҷо ба баъзе мактабҳо иҷозат медиҳанд, ки баҳоҳои баландтар, инчунин, барномаи дигари баҳодиҳии донишро истифода баранд. Дар Булғористон дар мактабҳо шкалаи зерини баҳоҳо истифода мешавад: хуб (3,50) Е , аъло (5,75) умумӣ мебошанд. Ҳар як баҳои баробар ё калонтар аз 50 қаноатбахш ҳисобида мешавад. Ҳадди ақал баҳои 2,00 мебошад; баҳои аз 3,00 камтар қаноатбахш нест ва ҳадди аксар баҳои 6,00 аст. Баҳоҳо ба монанди хеле хуб (5-) ва миёна (3+) низ имконпазиранд, аммо онҳо дар ҳисобҳо ба назар гирифта намешаванд. Формулаи маъмултарини ҳисоби баҳо дар мактабҳои Булғористон айни замон чунин аст: баҳои ниҳоӣ = (6 шумораи ҷавобҳои дуруст) / шумораи умумии саволҳо. Ҳамин тавр, агар донишҷӯ аз 10 савол ба 7 савол дуруст ҷавоб диҳад, баҳои онҳо чунин хоҳад буд: (6 7)/10 = 4,20, ки хуб баҳо дода мешавад (4), ки ба сатҳи миёнаи дониш мувофиқат мекунад. Дар Босния ва Герсоговина дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна баҳо аз 5 то 1, дар донишгоҳҳо бошад, аз 10 то 5 истифода мешаванд.
Дар Маҷористон (Венгрия) аз соли 1950 шкалаи баҳодиҳии 5-балла истифода мешавад. Дар он танҳо як баҳои ғайриқаноатбахш мавҷуд аст: (1). Дар маҷмуъ, ҳадди поёнии шкала аз 50% то 60% ё як хол баландтар аст. Инчунин, дар ин шкала баҳои зерин мавҷуданд: 2-(қаноатбахш ё кофӣ), 3-(миёна), 4-(хуб) ва 5-(аъло).
Дар Олмон дар таҳсилоти миёна силсилаи баҳоҳои 6-баллӣ бо тартиби баръакс истифода мешавад, ки аломатҳои миқдорӣ ва сифатии зеринро дорад: 1-(аъло); 2-(хуб); 3-(қаноатбахш); 4-(кофӣ); 5-(қаноатбахш нест); 6-(кофӣ нест). Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ барои баровардани баҳои миёна аз ҳисоби баҳоҳои дар боло овардашуда ба холҳо аз рӯйи таносуби зерин истифода мешавад: баҳои 1 = 15 хол, баҳои 2 = 12 хол, баҳои 3 = 9 хол, баҳои 4 = 6 хол, баҳои 5 = 3 хол ва баҳои 6 = 0 хол. Дар таҳсилоти олӣ силсилаи баҳои 5-баллӣ истифода мешавад, ки панҷ параметри миқдорӣ ва сифатии он бо панҷ параметри аввали силсилаи 6-баллии таҳсилоти миёна, ки дар боло оварда шудааст, комилан якхела аст.
Дар Дания соли 2007 шкалаи арзёбии 7-балла қабул карда шуд, ки он ҷойи шкалаи куҳнаи 13-баллиро иваз кард. Ченаки нав мувофиқи стандартҳои ECTS (Syv-trins-skalaen) сохта ва якҷоя карда шуд. Ин шкала аз ҳафт баҳои гуногун: 12, 10, 7, 4, 02, 00, –3 иборат буда, баҳои аълои он 12 аст. Дар Исландия холҳои аз 0 то 10 истифода мешаванд, ки дар он 5 баҳои қаноатбахштарин аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо баҳои қаноатбахштарин 3,5 мебошад. Дар Литва ва Латвия шкалаи аз 1 то 10-балла истифода мешавад. Камтарин баҳои қаноатбахш 4 мебошад. Дар мактаби ибтидоӣ дар Норвегия (Barneskole, аз 6 то 13 сола) расман баҳо дода намешавад. Албатта, омӯзгорон дар охири ҳар семоҳа шарҳҳо ё санҷишҳои худро мегузаронанд ва онҳоро менависанд. Синфҳои ибтидоӣ ва миёна шкалаи аз 1 то 6-ро истифода мебаранд, ки дар он 6 баҳои баландтарин ва 2 баҳои қаноатбахштарин мебошанд. Барои санҷишҳои одӣ ва натиҷаҳои чорякӣ баҳоҳо аксар вақт бо аломатҳои + ва − (ба ғайр аз 6+ ва 1−) истифода мешаванд. Албатта, он баҳоҳое, ки донишҷӯён дар диплом мегиранд, (Vitnemål) бо адади бутун ифода меёбанд: 1,2,3,4,5 ё 6. Баҳои миёнаи хонанда дар дипломи Vitnemål низ нишон дода мешавад. Дар таҳсилоти олӣ, тибқи Системаи ECTS, баҳоҳо барои имтиҳонҳои донишгоҳӣ ва аспирантӣ аз рӯйи шкалаи аз A (баҳои баланд) то F (баҳои паст) гузошта мешаванд, ки дар он E баҳои ҳадди ақали гузариш мебошад. Системаи ECTS дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Норвегия дар аввали солҳои 2000-ум ҷорӣ карда шуд. Дар мактабҳо баҳоҳо аз соли 2003 ба Системаи ECTS гузаронида мешаванд.
Дар мактабҳои ибтидоии Руминия шкалаи зерин истифода мешавад: Foarte Bine (FB) — хеле хуб; Bine (B) — хуб; Satisfăcător (S) -қаноатбахш; Nesatisfăcător -( I қаноатбахш нест). Дар мактабҳои миёна ва институтҳои академӣ шкалаи 10-баллӣ истифода мешавад, ки дар он 5 -баҳои қаноатбахштарин аст: 10 (аъло); 9 (хеле хуб); 8 (хуб); 6-7 (муқаррарӣ); 5 (қаноатбахш); 1-4 (қаноатбахш нест). Дар ин силсила баҳои 0 вуҷуд надорад ва 1 танҳо барои аз ҳисоб баровардан гузошта мешавад. Агар донишҷӯ 86 % -и супоришҳоро иҷро карда бошад, пас ӯ натиҷаи 8,60 балл дорад, ки то 9 пурра ё яклухт карда мешавад.
Дар Туркия низоми баҳо аз 1 то 5 истифода мешавад. Силсилаи 100-баллӣ ҳам дар истифода қарор дорад, аммо фоизи балли гузариш дар имтиҳонот 50 қабул шудааст. Шкалаи мактабии баҳоҳо дар Финляндия расман аз 0 то 10 муқаррар шудааст, аммо баҳои аз 4 пасттар гузошта намешавад. Ҳамин тариқ, дар айни замон критерияи баҳоҳо ба баҳои ғайриқаноатбахш (4) ва баҳои аз 5 то 10 тақсим карда мешавад, ки қаноатбахш мебошанд. Дар Фаронса, Перу, Юнон, Марокаш, инчунин, дар якчанд мамлакати қитъаи Африқо шкалаи 20-балла дар истифода қарор дорад, вале баҳои 20 ва 19 — хеле кам истифода мешавад.
Дар макотиби Афғонистон баҳо дар баробари рақам бо ҳарф гузошта мешавад. Баҳои A+ дар ҳама фанҳо ба «A+тиллоӣ» баробар аст. Мактабҳо ва донишгоҳҳо дар Ветнам, асосан, шкалаи баҳои 10-баллиро истифода мебаранд, ки дар он 10 баҳои баландтарин ва 0 баҳои пасттарин аст. Одатан, баҳои ҳадди ақали қаноатбахш 4 мебошад. Дар донишгоҳҳои Ветнам гирифтани баҳои 9 ё 10 қариб ғайриимкон аст. Донишҷӯён бо душворӣ баҳои ниҳоиро аз 8,0 баландтар мегиранд. Дар маҷмуъ, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ба аксари донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро барои натиҷаи қаноатбахш супорида метавонанд, сатҳи Cs медиҳанд.
Дар Исроил арзёбии 100-баллӣ истифода мешавад. Донишгоҳҳои Ҳиндустон ба ҷадвали фоизҳо пайравӣ мекунанд, аммо Донишкадаи технологии Ҳиндустон аз ҷадвали 10-балла (GPA) истифода мебарад. Вай бо системаи фоизӣ ин тавр кор мекунад: баҳои максималӣ: 100; баҳои ҳадди ақал: 0. Балли ҳадди ақали гузариш: 40 ё 30 (вобаста ба донишгоҳ) аст. Бо вуҷуди ин дар баъзе муассисаҳои таълимии Ҳиндустон фоизи камтарро қаноатбахш ҳисобидан мумкин аст. Меъёри нави 8-баллаи баҳогузорӣ, бо назардошти баҳои миёна, дар Донишгоҳи Мумбай дар соли таҳсили 2012-2013 муаррифӣ карда шуд.
Бо чунин тарз меъёри баҳогузорӣ дар ҳар кишвари ҷаҳон вобаста ба дараҷа ва зинаҳои таҳсилот гузошта мешавад. Вале тавре мушоҳида намудед, дар бештарини ҳолат низоми баҳогузории 10-баллӣ истифода бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2023 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба масъалаҳои омодагӣ ва гузариш ба низоми бисёрхолаи арзёбии дониши хонандагон иброз доштанд, ки “Ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”.
Тавре боварӣ ҳосил кардем, дар олам мактабҳо (чӣ миёна ва чӣ олӣ) аз ин ё он тарзи баҳогузории хусусӣ истифода мебаранд. Дар ҳар як шкалаи онҳо дар баробари ба дониши толибилм баҳо гузоштан, малакаю маҳорати ӯро низ ба эътибор мегиранд. Ҳамин тавр, ҳадафи гузариш аз шкалаи 5-баллаи арзёбии дониш ба шкалаи 10-балла аз мақсадҳои зерин иборат аст:
— мусоидат намудан ба баланд бардоштани дастовардҳои инфиродӣ ва таъмини худомӯзии хонандагон;
— ташкили шароит барои ҳавасмандсозии фаъолияти таълимию маърифатӣ, истифодаи доираи инфиродии таҳсилии хонандагон;
— таъмини барқарории робитаи доимӣ байни омӯзгор, хонанда, волидайн, маъмурият ва ҳайати педагогии муассисаи таълимӣ баҳри якпорчагии ҷараёни таълим;
— ташкили фазои мусоиди равонӣ дар ҷараёни баҳогузорӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои харобкунандаи асаби хонанда.
Яъне, низоми баҳогузории даҳбалаи дониши хонанда аз лиҳози равонӣ барои ҳавасмандии бештари хонанда мусоидат намуда, ҳам хонандаро аз садамаи равонӣ эмин медорад ва ҳам хонандаро барои талоши бештар водор месозад.
Бо чунин мақсад Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» аз 30.10.2023 ба тасвиб расид, ки андешаи нек аст. Яке аз фазилатҳои муҳимми ин қарор ворид гардидани маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи ҷаҳонии системаи арзёбии муосири комёбиҳои таълимии хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ, густариш ва рушди робитаҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои аз ҷиҳати техникаю технология пешрафта дар ин самт мебошад.
Аҳаммияти дигари ин низом дар мутобиқ ва мувофиқ намудани меъёрҳои баҳодиҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалии баҳодиҳӣ мебошад, ки баҳри таъмини баробарарзишии ҳуҷҷатҳои хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мебошад. Инчунин, барои ба таври воқеӣ баҳогузорӣ ва баробарарзиш намудани санадҳои хатми

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *