Шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддин Румии Балхӣ (1207-1273) аз ҷумлаи он намояндагони шинохтаи адабиёт ва илми тоҷик аст, ки дар даврони муосир бо осори арзишманду оламгири худ на танҳо дар Ватани худ, балки дар тамоми ақсои ҷаҳон шуҳрати беандоза пайдо кардааст. Дилбастагии мардуми олам ба шеъри Мавлоно беш аз ҳама дар миёни сокинони бузургтарин давлати олам – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушоҳида мегардад, ки якчанд сабаб дорад. Аввалан, тарҷумаи хеле ҷаззоби ашъори Мавлоно аз ҷониби Колман Баркс (с. тав. 1937), ки дар китоби ӯ «Ҷавҳари Румӣ» (солҳои нашраш 1995. 2002) ҷамъоварӣ шудаанд, эҷодиёти ин шоири бузурги тоҷикро миёни мардуми на танҳо ИМА, балки тамоми кишварҳои англисзабон, аз қабили Англия, Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва ғайра хеле маҳбуб гардониданд. Сониян, аз ҷониби муҳаққиқони ИМА якчанд таҳқиқоти бунёдӣ доир ба осор ва таълимоти Мавлоно ба анҷом расонида шудаанд, ки аз миёни онҳо асарҳои Ш. Фридлендер «Дарвешони чархон» (1975), Ф.Д. Люис «Зиндагӣ, таълимот ва назми Румӣ» (соли нашраш 2000) ва Брэд Гуч «Асрори Румӣ: тарҷумаи ҳоли шоири суфии ошиқ» (2017) аз тарафи хонандаи амрикоӣ ба хубӣ қабул шудаанд.
Вобаста ба тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ, ки сабабгори шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ин мутафаккири тоҷик гардидааст, чанд нуктаеро ба таври муфассалтар баён месозем. Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки тарҷумони шеъри Мавлоно — Колман Баркс, ки худ низ шоир ва адабиётшинос аст, ба ин мутафаккир ва осори ӯ алоқамандии хеле бузург дошта, на танҳо ашъорашро тарҷума кардааст, балки оид ба баъзе далелҳои тарҷумаиҳолии ӯ низ муносибати худро баён доштааст. Аз ҷумла, дар тарҷумаи русии китоби ӯ «Ҷавҳари Румӣ» омадааст, ки «Мавлоно дар як шаҳраки хурде бо номи Вахш (Тоҷикистони имрӯза), дар наздикии шаҳри бузурги Балх (Афғонистони имрӯза) таваллуд шудааст». Бо номи Румӣ машҳур гаштани ин шоиру мутафаккири бузурги тоҷикро, ки миёни ҳаммиллатонаш бо номи Ҷалолиддини Балхӣ маъруф аст, К. Баркс бо он иртибот медиҳад, ки ин шоир фаъолияташро дар «Анатолияи романӣ ё румӣ» гузаронидааст.
Колман Баркс бори аввал соли 1976 тавассути устодаш, шоири маъруфи амрикоӣ Роберт Блай (1926-2021) бо ашъори Мавлоно ошноӣ пайдо карда, минбаъд зиёда аз 13 маҷмуаи хурду бузурги ашъори ин шоири тоҷикро аз «Маснавии маънавӣ» то «Девони кабир» дар тарҷума ба забони англисӣ ба нашр расонид. Дар ин бора, худи К. Баркс хеле хоксорона нигоштааст: «Ман ҳам тарҷума кардани ашъори Румӣ ва ҳам таълифи ашъори худро дӯст медорам. Аммо дар ҳолати аввал, яъне, бо Румӣ будан, ман худам бояд маҳв шавам, дар ҳолати дуюм бошад, бояд худро, шахсияти худ, хурсандиҳо ва шармсориҳои худро баён созам… Ҳамарӯза дар олам садҳо китобҳои Румӣ дар тарҷумаи ман нашр мешаванд, аммо китоби худи ашъори ман ҳамагӣ то панҷ нусха дар як моҳ ба нашр мерасад. Чунин муқоиса маҷбур мекунад, ки хоксор бошӣ».
Бояд тазаккур дод, ки тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ аз ҷониби К. Баркс боиси он гардид, ки дар охирҳои асри гузашта ва ибтидои асри навин дар адабиёти англисзабон нашри осори Мавлоно ҳатто аз нашри ашъори Шекспир болотар рафт. «Чунин ҳолат дар сесад соли охир мушоҳида нашудааст», — навиштааст муҳаққиқи русзабони муқими Амрико Сергей Сечив.К. Баркс қайд мекунад, ки ҳангоми бори аввал ошноӣ пайдо кардан бо ашъори Мавлоно, ки бо забони хушки илмӣ аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума шуда буданд, устодаш Р. Блай таъкид кардааст, ки «Ин достонҳо дар қафас маҳбус мондаанд, онҳоро танҳо бояд раҳо намуд». Ва хушбахтона, ба К.Баркс муяссар гардид, ки тавассути тарҷума байту сурудаҳои Мавлоноро на танҳо аз қафаси забонӣ озод намояд, балки пардаи асрорро аз онҳо бардорад, то хонандаи англисзабон аз ҳадафу мақсадҳои ин шоири шинохтаи тоҷик огоҳии бештар пайдо намояд. Минбаъд, дар асоси ин тарҷумаҳо оҳангсозони амрикоӣ ба шеъри Мавлоно мусиқӣ баста, онҳоро миёни мардуми амрикоӣ боз ҳам маҳбубтар сохтанд. Аз ҷумла, оҳангсози машҳур Филипп Гласс, ки равияи минимализмро дар мусиқии ғарбӣ намояндагӣ мекунад, дар асоси ашъори Мавлоно соли 1998 як опера бо номи «Ҳашамати шафқат» эҷод намуд, ки солиёни дароз дар саҳнҳои Амрико онро овозхонони машҳуре чун Мадонна, Голди Хоун ва Деми Мур дар сатҳи хеле баланд ба иҷро мерасониданд.
Ҳамзамон, бояд таъкид дошт, ки тарҷумаҳои К. Баркс махсусияти худро доранд, ки боиси маҳбубияти шеъри Мавлоно миёни амрикоиён гардидаанд. Ӯ ҳамчун тарҷумон бештар ба мундариҷаи ашъори Мавлоно таваҷҷуҳ кардааст, на шакли онҳо. Масалан, ин тарҷумон муҳтавои баъзе рубоиёти Мавлоноро на дар чор мисраъ, балки дар шаш ё ҳашт мисраъ баён сохтааст, ки хонандаи англисзабонро ин гуна муфассалӣ бештар бо ҳадафҳои Мавлоно ошноӣ медиҳад. Ё худ, дар китоби тарҷумаҳои хеш Баркс ба ҳар як шеъри Мавлоно аз худ ном гузошта, онҳоро дар китобаш «Ҷавҳари Румӣ», ки тарҷумаи пораҳо аз онро ҳоло дар даст дорем, ба 27 мавзуъ гурӯҳбандӣ намудааст, ки дарки маънии ашъори Мавлоноро барои хонанда хеле саҳлтар менамояд. Ба қавли рӯзноманигори амрикоӣ Ҷей Кинни: «Румӣ, ки тавассути истеъдоди Колман Баркс аз нав эҳё шудааст, аз умқи қарнҳо гузашта, имрӯз ҳамзамони мо гаштааст».
Бояд зикр намуд, ки Баркс шеъри Мавлоноро барои хонандаи англисзабон тарҷума кардааст, аз ин рӯ, барои ифодаи афкори ин шоиру мутафаккир маҳз аз имкониятҳои ҳамин забон ва хусусиятҳои бадеии дар ҳамин адабиёт роиҷбуда истифода намудааст. Барои мисол як ғазали Мавлоноро дар асл, дар тарҷумаи К. Баркс ба забони англисӣ ва дар тарҷумаи С. Сечив ба забони англисӣ меорем.
Асли ғазали Мавлоно (ду байти аввали он) чунин аст:
Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам, Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам? Омаданам баҳри чӣ буд?
Ба куҷо меравам, охир нанамоӣ Ватанам…
Ин ғазал дар тарҷумаи озоди К. Баркс ба забони англисӣ «Who Says Words With My Mouth?» (Кӣ аз забони ман сухан мегӯяд?) номгузорӣ шуда, чунин аст:
All day I think about it, then at night I say it.
Where did I come from, and what am I supposed to be doing?
I have no idea.
Тарҷумаи ин матн ба забони тоҷикӣ чунин садо дода, хеле озодона тарҷума шудани ғазали Мавлоноро аз ҷониби Баркс нишон медиҳад:
Тамоми рӯз дар бораи ин фикр мекунаму шабона инро мегӯям,
Ман аз куҷо омадааму чӣ бояд кунам?
Аммо тасаввуроте дар ин бора надорам.
Тарҷумаи озоди С. Сечив ба забони русӣ «Ответа нет» (Ҷавоб нест) номгузорӣ шуда, дар шакли зайл аст, ки он боз ҳам бештар озодона сурат гирифтааст:
Весь день я думаю об этом,
Спросить решаясь только ночью:
Что тянет душу пред рассветом?
К какому тянет средоточью?
Ответа нет.
Ба шаҳодати муҳаққиқони амрикоӣ тарҷумаҳои К. Баркс, ки бо маҳорати хеле баланд сурат гирифтаанд, ашъори Мавлоноро дар ИМА ба як навъ эҷодиёти шифоҳӣ ё фолклор табдил додаанд.
Имрӯз ин ашъори тарҷумашударо «оммаи васеи ровиёни масеҳию яҳудӣ, занҳои аз хонашинӣ дилгиршуда, фолбинон, равоншиносон, духтарони донишҷӯи танҳомонда иқтибос мекунанд, онҳоро ихтисор мекунанд, аз худ ба онҳо ҳар гуна ҳусни наву «ҷингиламӯйӣ» изофа мекунанд» (С. Сечив). Ба ибораи дигар, тарҷумаи волои К. Баркс на танҳо мақоми шахсият ва осори Мавлоноро дар Амрико ва миёни халқҳои дигари англисзабон
боло бурдааст, балки ин ҳамватани моро ҳамчун як шоири мардумии ҳамдарду ҳамрози сокинони ин қитъаи олам, ки мушкилоти зиёди равонӣ доранд, дар дили онҳо ҷовидона ҷой додааст. Онҳо ҳамагӣ гӯё чунин даъвати Мавлоноро барои сайр дар олами шеъри худ, ки куллан аз ноумедӣ орӣ мебошад, пазируфтаанд:
Боз о, боз о, ҳар он чи ҳастӣ, боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о!..