Мавзуъ: Шинос намудани кӯдакон бо овози «Х» Мақсад: Тарбияи маҳорати суханварӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавии нутқи кӯдакон. Дуруст талаффуз кардани овозҳо. Дар калима ҷудо намудани ҳарфҳои садонок ва ҳамсадо. Аз калимаҳо сохтани ҷумлаҳои сода ва мураккаб.
Асбобҳои аёнӣ: Расми хирсак, хонача, хурӯс, харбуза, харгӯш, мехчагул, чарх.
Рафти машғулият: Mycтаҳкам кардани машулияти гузашта.
Мураббӣ бо кӯдакон ба сайругашт баромада, аз назди боғи «Ирам» мегузаранд ва дар бораи боғ ба кӯдакон маълумот медиҳад. Ҳама якҷоя бо кӯдакон аз роҳи пиёдагард мегузаранд ва ба боғи ҳайвонот мераванд. Кӯдаконро бо ҳайвонҳо шинос мекунад, аз назди мағозаи бозичаҳо гузашта, ба боғча мерасанд.
Мураббӣ: Бачаҳо, акнун мо ба боғча расидем. Боғча ҷоecт, ки дар он ҷо кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. Акнун мо ҳам ба гузаронидани машғулият оғоз мекунем. Дар гурӯҳи мо кӣ навбатдор аст?
Иброҳим: Ман навбатдор ҳастам.
Мураббӣ: Иброҳим, офарин! Канӣ як ҳафтаи мо аз чанд рӯз иборат аст? Имрӯз кадом рӯз аст?
Кадом моҳ ва таърихи чандум аст?
Иброҳим: Як ҳафта аз ҳафт рӯз иборат аст.
Моҳи сентябр ва рӯзи душанбе аст.
Мураббӣ: Бачаҳо машғулияти имрӯзаи мо саводомӯзӣ мебошад. Mo, бачаҳо дар вақти сайругашт бо шумо чиҳоро дидем?
Бачаҳо: Хирс, харгӯш, хурӯс, хона…
Мураббӣ: Ҳамаи ин ҳайвоноту ашёҳо бо кадом овоз cap мешаванд?
Ҷавоби бачаҳо: Бо овози «X».
Мураббӣ: Офарин бачаҳо! Имрӯз мо бо шумо бо (овози) ҳарфи «X» шинос мешавем.
Ана ин ҳарфи «Х»и калон ва «х»-и хурд мебошад.
Дар забони тоҷикӣ чандто ҳарф аст?
Чанд садонок ва чанд ҳамсадо аст?…
Офарин бачаҳо, биёед, садонокҳоро номбар мекунем ва ба ҳар як ҳарфи садонок шеър мехонем.
Дар машғулияти гузашта мо бо шумо кадом ҳарф (овоз)-ро гузашта будем?
Ҷавоби бачаҳо: Овози (ҳарфи) «Ф»-ро Мураббӣ: Бо овози «Ф» кӣ шеър мехонад?
Яке аз бачаҳо бо ҳарфи «Ф» шеър қироат мекунад.
Мураббӣ: Акнун бо овози «X» шеър мехонем.
Яке аз бачаҳо ин шеърро мехонад:
Xиpсак ба замин афтид,
Пешонаякаш кафид.
Як дастакаш ҷудо шуд,
Дору бастем даво шуд.
Мураббӣ: Бачаҳо, мо калимаи «хонача» — ро ба ҳиҷоҳо тақсим намуда, oвозҳои садонок ва ҳамсадояшро меёбем.
Бачаҳо дар ҷойҳои худ нишаста, бо доирачаҳои сабзу сурх овозҳои садоноку ҳамсадоpo ҷудо мекунанд. Баъд мураббӣ аз бачаҳо мепурсад, дар калимаи «хонача» чандто садонок ва чандто ҳамсадо будааст? Дар калимаи «хонача» овози «X» дар куҷои калима омадааст?
Мураббӣ: Биёед, акнун бачаҳо даврачаи сурхро гирифта, дар ҷои он овози «X»- ро мегузорем ва мехонем: «хонача». Мо бо шумо овози «Х»-ро бо чӯбча менависем.
Бозӣ: Мураббӣ: Бачаҳо, биёед, бозӣ мекунем. Бо калимаи «хонача» ҷумлаи сода ва мураккаб тартиб медиҳем. Онро бо тариқи бозӣ мегузаронем. 3 нафар кӯдак баромада, яктоӣ ҷумла мегӯянд, ки дар он калимаи «хонача» бошад: «Падарам хоначаи харгӯш сохт».
Боз 3 кӯдаки дигар, дутоӣ ҷумлаи 9-10 калимагӣ тартиб медиҳанд.
Бозӣ: Расми офтоб сохта шудааст, ки дар нурҳои он рacмҳо ҷойгир шудаанд. Кӯдакон бо навбат ба назди расми офтоб омада, якто расмро мегиранд. Он бо кадом овоз cap мешавад, чанд ҳиҷо дорад, чанд садонок ва чанд ҳамсадо дорад, овози «Х» дар куҷои калима омадааст, таҳлил мекунанд.
Мураббӣ: Офарин бачаҳо, Биёед, акнун бо калимаҳое, ки овози «X» доранд, ҳикояча тартиб медиҳем.
Хуш, Ҷаҳоноро бо калимаи «харбуза» ҳикояча тартиб бидеҳ.
Ҷаҳоноро: «Падарам аз бозор харбуза харид.
Харбуза рангаш зард буд. Вай хеле ширин буд. Онро ман бо падару модарам ва додарам хӯрдем».
Мураббӣ: Офарин! Ҷaҳоноро овози «Х» дар кадоме аз ин калимаҳо омадааст: «хоҳарам», «хӯрдем», «харид», «харбуза»…
Мураббӣ: Хуш, боз кӣ бо калимаи «харгӯш» ҳикоя тартиб медиҳад?
Самир: «Модарам ба хонаамон харгӯшакеро овард. Ранги он сафед аст ва хеле зебо мебошад. Ба харгӯшак хӯрок додам. Вай сабзиро бисёр дӯст медошт. Харгӯшакро нигоҳубин кардам, вай фарбеҳу калонак шуд».
Мураббӣ: Хуш, бачаҳо, дар кадом калимаҳо овози «Х» омадааст?
Иброҳим: Дар калимаҳои «харгӯш», «хӯрок»,. «хеле».
Мураббӣ: Боз кӣ бо калимаи «хирс» ҳикоя тартиб медиҳад?
Зайнаб: «Хирс ҳайвони ваҳшӣ мебошад, вай дар ҷангал зиндагӣ мекунад. Ману бародарам ба боғи ҳайвонот рафтем. Хирсро дар он ҷо дида, хеле хурсанд шудем. Ӯ ҳайвони калонҷусса буда, пойҳои кӯтоҳ дорад».
Мураббӣ: Овози «X» дар кадом калимаҳо омадааст?
Суман: Овози «X» дар калимаҳои «хирс», «хеле», «хурсанд» омадааст.
Мураббӣ: Бачаҳо, кӣ дар бораи овози «X» чистон медонад?
Миралӣ: Кӣ бошад ин паҳлавон?
Паҳлавони бешабон.
Хоболуди зимистон, Mардикори тобистон. (Ҷавоби чистон: Хирс).
Ҷамъбасти машғулият: Мураббӣ: Mo кадом машғулиятро гузаштем?
Бо кадом овоз шинос шудем?
Бо овози «X» кадом амалҳоро анҷом додем?
Дар интиҳои машғулият мураббӣ ба кӯдаконе, ки дар саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд, офарин гуфта, онҳоро бо суханони хуб руҳбаланд мегардонад.