
15 апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи расмии фестивал — намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм, сафирони як қатор давлатҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 82 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико иштирок намуданд.
Сараввал, зимни сухани ифтитоҳӣ Дилрабо Мансурӣ аз робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ёдовар шуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола барои рушди бештари соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус маорифи миллӣ заминаҳои мусоидро фароҳам намудааст. Дар идома муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки фестивал-намоишгоҳи мазкур соли дуюм аст, ки дар фазои илму таҳсилоти Тоҷикистон чун анъанаи неки ҳамгироии таҳсилотӣ доманаи фарогирии худро зиёд намуда истодааст. Бо туфайли чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи илму моарифи кишварҳои мухталиф имкон ба даст меоранд, ки имконият ва дастовардҳои соҳаи маориф ва муассисаи худро муаррифӣ намуда, шарикони нави ҳамкорӣ пайдо кунанд ва бахшҳои барои ҷонибҳо манифиатдорро боз ҳам тавсеаву рушд диҳанд.
Сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ кишвар пеш аз ҳама ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар сиёсати давлатии хеш мақоми мактабу морифро дар меҳвари асосӣ ҷой додаанд. Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст, ки ҷавонони дорои маҳорат ва малакаи баланди забондон тавассути ин стипендия аллакай дар даҳҳо муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил намуда истодаанд, ки оянда бо истифода аз донишҳои замони муосир дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.
Гуфта шуд, ки фестивали мазкур барои ҳама ширкаткунандагон имконоти бузург ва майдони муносибе ҷиҳати ҳамгироии таҷриба, муайянсозии самтҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва муаррифии низоми таҳсилотро фароҳам оварда, масири нави муносибатҳои бисёрҷанбаро дар соҳаи маориф асос мегузорад.
Дар идомаи қисмати ифтитоҳии фестивал — намоиш сафирони як қатор давлатҳо ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар оид ба шароити таҳсил, будубош, рушди ҳамкориҳо ва табодули таҷриба байни ҳам суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф изҳори қаноатмандӣ карданд.
Итминон комил карда шуд, ки баргузории дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маорифи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои соҳаи илму марифи кишварҳои ширкаткунанда саҳми арзанда гузошта, инчунин барои уфуқҳои нави ҷаҳони илму таҳсилот ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ -инноватсионӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Баъд аз ифтитоҳи расмии дуюмин Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкаткунандагон аз рӯзи дуюми намоишгоҳи муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” дидан намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Фестивал — намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ барои шиносоии пурраи ҷавонону наврасони кишвар бо дастоварду имкониятҳои донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба ин муассисаҳо, дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ фаро гирифтани ҷавонони мамлакат ва ба ин васила кам намудани таъсири хурофот ва радикализми динӣ ба тафаккури ҷомеа, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, инчунин, фароҳам намудани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.
Фестивал – намоишгоҳи мазкур рӯзи гузашта дар “Маркази ЭКСПО – Душанбе” бо иштироки 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Беларус шуруъ шуд, ки аз он дар рӯзи аввал зиёда аз 6 ҳазор хонандаву толибилм дидан намуданд. Баргузории Фестивал – намоишгоҳ аз 14 то 18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон