Шаҳло ЭШОНОВА,
рӯзноманигор

Дар ин мавзуъ ният надоштам чизе нависам, чун идеяҳои тоза меҷустам ва дар радифи инҳо санаҳои хоссае, ки дар саросари ҷаҳон таҷлил мешаванд. Ногоҳ чашмам ба ин сатрҳо афтид: “Рӯзи байналмилалии бидуни интернет”. Ин ҳам дар худи ҳамон интернет. Нахуст каме ба андеша рафтам: агар мо як рӯзи комил аз интернет дур бошем, чӣ хоҳад шуд?
Шумо мегӯед, ки ин имкон надорад? Пас, бихонед!

                                              Як рӯзи бидуни интернет
Шояд на ҳама медонанд, ки ҳамасола дар ҷаҳон якшанбеи охири моҳи январ Рӯзи байналмилалии бидуни интернет ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз ин иқдом аз компютер ва интернет дур кардану ҳатто, барои 1 рӯз ҳам бошад, ба олами “воқеӣ” баргардондани одамон мебошад.
Бешак, интернетро аз муҳимтарин ихтирооти даҳсолаҳои охир ном бурдан мумкин аст. Он воқеан, чунон ба зиндагии рӯзмарраи мо ворид гаштааст, ки аксарият бе он ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд.
Тибқи иттилои расмӣ соли 2024 аз 8,09 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон корбарони интернет 5 миллиарду 450 миллион нафар ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ 5 миллиарду 170 миллион нафарро ташкил доданд. Ҳоло беш аз 67 фоизи аҳолии ҷаҳон аз интернет истифода мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон муштариён дар як рӯз 6 соату 40 дақиқаро дар интернет сарф мекунанд.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, имрӯз танҳо дар Тоҷикистон зиёда 4 миллион нафар истифодабарандаи интернет ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки аз моҳи январи соли 2023 то январи соли 2024 корбарони интернет дар Тоҷикистон 117 ҳазор нафар (2,8 фоиз) афзоиш ёфтааст.
Дар Руссия 96,8 миллион нафар ё зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ аз афзалиятҳои интернет ва- сеъ истифода менамоянд, ки 88 фисади онҳо ба шабака ҳамарӯза тавассути телефонҳои мобилӣ ворид мешаванд.
Суръати пайвастшавӣ бошад, дар ҳама кишварҳои олам бошиддат боло рафта, рӯз то рӯз имкониятҳои ҷадиду бемаҳдудеро барои башарият фароҳам меорад. Тамрину тадрис, пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ, пардохти хидматрасониҳои таълимӣ, харидуфурӯши чиптаҳо ва ҳар гуна маводди ниёзи мардум, чиптаи консерту намоишномаҳо, сафару саёҳатҳо, сайри ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоб, ки ҳазорҳо километр аз мо дур воқеъ гардидаанд…
Боз метавон ин номгӯро беохир идома дод.
Бояд иқрор шуд, ки ин анкабути азимҷусса ҳамаро пойбанди худ намудааст. Корхона маҳ- сулоти худро таблиғ мекунад, корманди тиб онлайн-машваратҳояшро таҳия ва пешниҳод месозад, омӯзгорону хонандагон вебинарҳо мегузаронанд, рӯзноманигорон ва ҳама ашхо- си алоҳида низ сомонаҳои худро таъсис дода- ву ҳама гуна иттилоотро он ҷо ҷой медиҳанд.
Албатта, ба шарофати интернет на танҳо занг задаву аз аҳволи хешу ақрабо ва наздиконамон, ки дар шаҳрҳои дур кору зиндагӣ мекунанд, огаҳ мешавем, балки симои онҳоро дида, дар сонияҳои башумор барояшон аксу тасвироти гуногун ва ё наворҳои видеоиро фиристода метавонем, шиносҳои нав пайдо мекунем, аз фосилаҳои дур дарс медиҳему таълим мегирем ва ҳатто, оила барпо мекунем…
Хуллас, дар интернет имкониятҳо хеле фароханд: кор, таҳсил, истироҳат… Танҳо як чиз намерасад: муносибат ё муоширати зинда.
Нахуст ба ин мушкил сокинони Британияи Кабир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Маҳз бо ташаббуси онҳо соли 2001 бори нахуст Рӯзи байналмилалии бидуни интернет ҷашн гирифта шуд ва он дар аксар кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон низ маъруфият пайдо кард.
Ҳама чиз бо меъёр
Мегӯянд, ҳама чиз бо меъёр хуб аст ва ин гуфтаҳо ба интернет низ дахл дорад. Мо тавассути он маълумоте пайдо намудаву баъдан дарҳол пайи маълумоти дигар мешавем ва ҳа- мин тариқ лаҳза ба лаҳза, дақиқа паси дақиқа вақти мо сарф мешавад. Лаҳзаҳо ё вақти қимате ки метавонистем онро бо падару модар, фарзандону наберагон, беҳтарсозии саломатӣ, вазъи моддию маишӣ гузаронем, дар интернет сипарӣ мешавад. Мутаассифона, чунин саҳнаҳоро зиёд мушоҳида мекунем, ки ду нафар дар дохили қаҳвахона нишаста, аз ҷайб телефонҳои мобилиро гирифта, бо диққати тамом чизеро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар ҳоле ки онҳо бешак барои чанд лаҳза фароғат ва бо ҳам нӯшидани як пиёла чой ё як финҷон қаҳва вориди ин макон гаштаанд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.
Насли калонсол бо таассуф лаҳзаҳоеро ёдовар мешавад, ки зуд-зуд сари суфра ҷамъ меомаданду суҳбатҳои тӯлонӣ меоростанд, ба хонаи якдигар ба меҳмонӣ мерафтанд, барои аҳли оила маъракаҳои дилхушкунанда меоростанд, вале ҳоло чӣ? Мутаассифона, имрӯз муҳити маҷозӣ ва муоширати ғоибона нисбат ба дидору мулоқоти воқеӣ хеле афзалият пайдо намудааст. Наход одами муосир, ин махлуқи дороӣ тафаккур, ки интернет маҳсули эҷоди худи ӯст, дар муқобили он истодагарӣ карда наметавонад? Дар ҳама ҳолат боз ҳам инсон қудрат дорад, ҳама чизро тағйир бидиҳад ва агар чунин имконият ҳаст, ки мо вақти худро бе интернет гузаронем, пас чаро аз он истифода накунем? Як маротиба ба атроф нигоҳ кунед. Охир, чӣ қадар чизҳои ҷолиб зиёданд! Сайругашти муқаррарӣ дар гулгашту хиёбонҳо, хӯроки нисфирӯзӣ бо аҳли оила, бозиҳои гуногун…

                                                    Биёед, худро месанҷем!
Танҳо 1 рӯзи комилро бидуни интернет мегузаронем ва онро ба волидон, фарзандон, дӯстон, машғулияти дӯстдошта… мебахшем ва самимиву меҳрубон мешавем бо худ, бо атрофиён, бо бузургон, бо хурдсолон, бо маъюбон, бо бепарасторон, бо оламиён. Он гоҳ шояд олами маҷозӣ дигар натавонад, моро бераҳмона ва бо чунин ҷозиба сӯйи худ кашидаву аз ҳама: пайвандону наздикон ва дӯстон дур созад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *