Ҷамила НАЗРИЕВА,
унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Масъалаи тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар шароити имрӯза, ки бархурди тамаддунҳо ва омилҳои таъсиррасон ба мафкураи насли наврас ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба назар мерасад, ба таври мубрам арзёбӣ мегардад. Коста гардидани ахлоқи насли наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, агар ба сомонаҳои иҷтимоӣ марбут бошад, дар ҳалли ин муаммо аҳли ҷомеа ва падару модарон низ сабабгор ҳастанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати тарбия кардани насли худогоҳу хештаншинос, бофарҳангу бофазилат дастуру супоришҳои мушаххас додаанд ва медиҳанд, зеро ояндаи давлат маҳз аз насли ҷаҳонбину ҷаҳонфаҳм, боақлу ҳушёр ва тамаддунофару тамадунсоз вобастагии зиёд дорад. Ҳалли масъалаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагони мактабҳои муосир вазифаи аввалиндараҷаи системаи маорифу фарҳанг ба шумор равад ҳам, институтҳои оила ва аҳли ҷамоатчигӣ низ дар масъалаи мазкур бетараф набуда, таъсирҳои муассир бояд гузоранд. Мусаллам аст, ки тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагон дар рушду нумуи ҷомеа нақши калидӣ дорад, аммо ёдовар бояд шуд, ки арзишҳои фардӣ ва заминаҳои тарбия дар оила ташаккул меёбанд. Яъне, барои инкишофи мутаносиби шахсияти фарзанд муҳим он аст, ки ӯ дар муҳити оилавӣ, фа­зои хушбахтӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ба воя расад ва ҳар як падару модар бояд барои фарзанди худ идеал ва намунаи ибрат бошад. Барои ин падару модар бояд ба гуфтору кирдори худ ҷиддӣ муносибат кунанд ва нагузоранд, ки сухан аз амал дур бошад.
Раванди азхудкунии намунаҳои рафтор, арзишҳо ва меъёрҳое, ки дар ҷомеа қабул шудаанд ва риояи онҳо аз ҷониби шахс ҷомеасозӣ номида мешавад ва ҳар як шахс, махсусан, насли наврас объекти ҷомеасозӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки миқдори зиёди маълумот дар бораи ҷаҳон, арзишҳои моддию маънавӣ, меъёру қоидаҳои рафтор дар ҷомеа аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон расонида мешавад. Муассисаҳои таълимию тарбиявӣ даргоҳ ва маконе ҳисобида мешаванд, ки хонандагон дар он бо ҳамдигар таъсирҳои гуногун расонида, муошират ва мубодилаи афкор мекунанд, дӯстию рафоқат барпо карда, изҳори эҳтироми худро нишон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин асно иҷтимоишавии шахсият сурат гирифта, сифатҳои аз ҷиҳати ахлоқӣ муҳим ва муносибату арзишҳои иҷтимоию маънавии хонандагон ташаккул меёбанд. Тавре ишора гардид, ташаккули аз ҳама ҷиҳат мунтазам, пайваста ва амиқи маънавию ахлоқӣ ва тарбияи шахсият дар соҳаи маориф ба амал меояд. Аз ин рӯ, маҳз дар мактаб бояд тарбияи на танҳо зеҳн, балки ҳаёти маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии хонандагон ба роҳ монда шавад. Раванди тарбияи муосир дар муассисаҳои таълимӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ахлоқ, маънавиёт, салоҳиятнокӣ ва малакаҳои хонандагон баланд бардошта шуда, онҳо барои сарнавишти Ватан ва миллати худ бетавофут набошанд ва тақдири Ватанро ҳамчун тақдири худ қабул намоянд.
Дар маҷмуъ, қайд кардан зарур аст, ки тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагон масъалаи муҳимми муосири имрӯза маҳсуб ёфта, аз чигунагии ба роҳ мондани ин раванд ояндаи ҷомеа вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дар тарбияи насли наврас ва ҷаво­нон тамоми ниҳодҳои давлатию иҷтимоӣ муаззаф буда, бояд пайдо кардани роҳҳои ба танзимдарории ин раванд вазифаи аввалиндараҷа гардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *