Некрӯз АКБАРОВ,
мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои
шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Илму маориф яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар рушди зеҳнии ҷомеа маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин соҳаҳои калидӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат эътироф гардидаанд. Маҳз бо ҳамин хотир, ҳамасола дар самти рушди ин соҳаҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Илова ба бунёди муассисаҳои таълимии нав, таҷдиди инфрасохтор, инчунин, ба сифат, мазмуну самарабахшии мундариҷа ва ҷараёни таълим низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки устодону омӯзгорон ва мураббиён ҳамчун неруи пешбарандаи маърифати ҷомеа ва махсусан, сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф нақши калидӣ мебозанд. Ин нукта дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (2024) хеле мушаххас баён гардидааст: “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Бино бар муҳиммияти масъала солҳои охир таваҷҷуҳ ба моҳияти дарсҳо ва мазмуну маънавиёти фанҳои таълимӣ хеле зиёд шуда, таҳияи стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ низ дар авлавияти кори соҳаи маориф қарор дорад.
Дар 33 соли охир дар соҳаи таълим конструктивизм ҳамчун равияи ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ машҳур шудааст. Он ба чунин тасаввурот асос ёфтааст: омӯзиш ҷараёнест, ки дар он дониш бо ёрии фаъолияти фикрронии хонанда бунёд мешавад. Ҳеҷ кас ба касе ҳеҷ чизро ёд дода наметавонад, талаба бояд худаш ёд гирад. Дониш нусхаи воқеият нест, вай аз ҷониби фард бунёд карда мешавад. Аз нуқтаи назари конструктивизм омӯзиш ҷараёни фаъоле мебошад, ки дар рафти он одамон дар асоси таҷрибаи худ ба таври фаъолона донишҳоро бунёд мекунанд. Одамон ақидаҳоро намегиранд, балки онҳоро месозанд. Ин ақида асоси назарияи конструктивии Жан Пиажеро ташкил додааст. Яъне, «кӯдак созандаи зеҳни худ мебошад»-ро бисёр ёдрас мешаванд. Аз ҳамин назар, муаллим роҳбаре мешавад, ки ба талабагон дар пешравии донишомӯзӣ ёрӣ мерасонад.
Дар раванди тайёрӣ ва банақшагирии дарс муаллими созанда-конструктивист ба истифодаи проблемаҳои зиндагии атрофи талабагон бартарӣ медиҳад ва ба он маълумотро аз вазъияти амалӣ (воқеӣ) ва сарчашмаҳои аввал дохил месозад. Ба замми ин, ӯ иштироки фаъоли шогирдонро дар ҷамъ кардани чунин маълумот аз тариқи мушоҳидаи вазъияти воқеӣ, ҷустуҷӯйи иттилооти мувофиқ, анкетагузаронии иштирокдорони ҳалли проблема, андозакунӣ ҳангоми таҷрибагузаронӣ ва ба монанди ин, пешбинӣ менамояд. Агар ба тарзи дигар нигорем: муаммо бояд аз дасти хонанда гузарад, ӯ бинад, ки мушкилот ҳақиқӣ мебошад, на ин ки сохташуда. Ҳамин чиз аз ҷиҳати ташкилшавии ангезаи ботинӣ ба омӯзиши масъала ва маводи таълимии ба он алоқаманд, аҳаммияти калон дорад.
Муаллими созанда муаллими рӯзмарра набуда, мушовир, ташкилкунанда ва идоракунандаи фаъолияти ба ҳалли муаммо равонашудаи тадқиқотии кӯдак мебошад. Ӯ шароити мусоидро барои фаъолияти фикрии толибилмон месозад ва ҳаматарафа ташаббускории онҳоро дастгирӣ мекунад. Дар навбати худ талабагон «иштирокдор»-и комили раванди таълим мешаванд ва дар баробари муаллими худ масъулияти раванд ва натиҷаи омӯзишро ба душ мегиранд.
Мафҳум, назария, алгоритм ва қонунҳо -фарзияҳое мебошанд, ки инсон ҳангоми омӯзиши олами воқеӣ бунёд мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб, конструктивизм мақсади муаллимро ба «омӯзиши зинда», на ба «омӯзиши сунъӣ», ба кор бо асл, на бо чизи сохташуда равона намуда, дар баробари ин, хонандагонро ба тадқиқи мустақилона, ташкили фарзия ва ихтирои қонунҳо ҳавасманд мегардонад.
Муаллими созанда дар вақти муайян кардани мақсади таълим, истилоҳоти фаъолиятро истифода мебарад, ба мисли: гурӯҳбандӣ кардан, асоснок кардан, тадқиқот бурдан, ҷамъбаст намудан, таҳлил намудан, пешбинӣ кардан, баҳо додан, тимсол сохтан ва монанди инҳо. Пешниҳоди чунин мақсад ва проблемаҳои таълим хонандагонро ба дарки аниқи мазмуни дарс, ворид шудани онҳо ба баҳси шавқовар, баёни фикру ақидаҳо, тахмин ва тасаввурот ҳавасманд мекунад.
Муаллими созанда бо маънои мусбат кунҷкобии фикрии талабаро «ташаккул» медиҳад ва дар раванди таълим ҳаяҷон ва тадқиқотро истифода мебарад. Яке аз амсилаҳои самарабахши таълим, амсилаи силсилавӣ мебошад. Он ташкили ҷараёни омӯзишро дар шакли силсилаи тадқиқотии: «ҷустуҷӯ-фарзия-ҳал-илова-ҷустуҷӯйи нав», ки ба сохтори фаъолияти илмӣ-тадқиқотии олим шабоҳат дорад, пешбинӣ менамояд.
Аввал, барномаҳои таълимии коллеҷҳои омӯзгорӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо дарназардошти принсипҳои конструктивизм аз нав дида баромада шуда истодаанд. Масалан, дар Амрико аҳаммият дар барномаҳои педагогикаи умумӣ ва методҳои хусусӣ аз бихевиоризм (рафторгароӣ) дида, бештар ба барномаҳои конструктивизм равона шуда истодааст. Ба ҷойи корҳои равоншиносии Е. Торндайк. Б. Скиннер ва намояндаҳои дигари бихевиоризм, донишҷӯён бештар ба корҳои Л. С. Виготский, Ҷ. Дюи, Ж. Ж. Пиаже, Г. Гарднер ва дигарон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба замми ин, дар аксари донишгоҳҳо ва коллеҷҳо барномаҳои нав, ки дар асоси ақоиди бунёдгароӣ сохта шудаанд, ҷорӣ мешаванд.
Дувум, мунтазам семинар ва конференсия оид ба назарияи конструктивизм барои коршиносон, роҳбарони мактаб ва муаллимон гузаронида мешаванд.
Сеюм, принсипҳои конструктивизм бо стандартҳои таълим оид ба фанҳо дар баъзе давлатҳо ҷорӣ шуда истодаанд.
Л. С. Виготский масъалаи мувофиқати байни таълим ва ташаккулёбиро дар тафаккури донишомӯзон коркард намуда, ба хулосае омада буд, ки омӯзиш бояд пештар қадам зада, боиси рушди онҳо гардад. Чунин фаҳмиши мувофиқати таълим ва рушди хонанда ӯро ба хулосае овард, ки натанҳо ҳолати мавҷудаи рушд, балки тамоюли имконпазири рушди толибилм дар оянда низ бояд ба назар гирифта шаванд. Хонанда ҳамон вақт рушд меёбад, ки агар малакаҳои навро азхуд кунад ва ӯ на танҳо малакаҳои навро азхуд мекунад, балки онро дар асоси таҷриба ба малакаҳои аллакай азхудкардааш зам менамояд. Муаллим бояд бодиққат рафтори шогирдашро мушоҳида кунад, зеро ҳар як хонанда хусусияти хос дорад, ки ба он такя карда, усули корбариро бо ӯ интихоб намудан мумкин аст. Ин ҳамон соҳае хоҳад буд, ки дар он минтақаи наздиктарини рушди хонанда васеъ аст.
Бо чунин равиш оҳиста-оҳиста ба шуури хонанда дониши навро, баъзан ба миқдори хеле кам зам намуда, шогирди алоҳида ва та- моми шогирдонро барои мустақилона хулоса баровардан аз дониши андӯхтаашон руҳбаланд намудан лозим аст ва ҳамин тавр, рӯзе ба хулосае меоед, ки меҳнататон беҳуда набудааст.
Хулоса, шарти асосӣ муносибати дӯстона бо донишомӯзон ва ҳурмати байниҳамдигарӣ мебошад. Танҳо дар чунин ҳолат метавонед, ба шогирдатон барои шахси муносиб ва хушбахт ба воя расидан ёрӣ расонед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *