Сурайё АСЛОНОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе

Раванди таълиму тарбия дар ҳар давру замон басо ҳассосу доманадор ва нозуку мушкил буд, хусусан, дар замони муосир, ки техника ва воситаҳои таъсиррасон зиёд шудаанд. Бо вуҷуди ин ҳар касе, ки рисолати омӯзгориро бар уҳда гирифтааст, бояд софдилона ва одилона онро ба ҷо оварад. Ҳар як омӯзгор бояд кӯшиш намояд, дарси худро ҷолибу шавқовар ва хотирмон гузаронад, то вақти пурқимати худ ва шогирдонро беҳуда нагузаронад.
Мо — омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки аз курсҳои “Муносибати босалоҳият ба таълим“ баҳраманд шудаем, кӯшиш мекунем, дарсҳои худро бо тарзи нав гузаронда, ба воситаи дарсҳои худ муҳаббати шогирдонро ба омӯзиши забону адабиёт, фарҳангу маънавиёт, таърихи пурғановати гузаштагонамон бедор намуда, онҳоро бо беҳтарин хислатҳои инсонӣ тарбия намоем.
Мехоҳам, нақшаи як дарси худро аз фанни адабиёти тоҷик барои синфи 7 пешкаши омӯзгорон гардонам, зеро ин навъи дарсҳо метавонанд, ҳамчун маводи методӣ барои муаллимони ҷавону навкор хидмат кунанд. Албата, ҳар як омӯзгор дарси худро бо усули ба худ хос мегузаронад, аммо риояи шаш қисмати дарс муҳим аст.
Мавзуи дарс: Сотим Улуғзода, таҳлили порча аз қиссаи “Ривояти Суғдӣ”, “Виркан”.
Салоҳият: Хонанда оид ба ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода маълумот гирифта, аз муҳтавои қиссаи “Ривояти Суғдӣ” бохабар аст ва нақши Вирканро таҳлил карда метавонад.
Мақсади дарс:
1. Ба воситаи омӯзиши шарҳи ҳол ва номгӯи эҷодиёти Сотим Улуғзода дар хонандагон тарбият намудани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба таърихи гузашта.
2. Ба воситаи таҳлили нақши Виркан хонандагонро дар руҳияи далерӣ, нотарсӣ, меҳнатдӯстӣ ва вафодорӣ бар аҳд тарбият намудан.
Таҷҳизоти дарс: нақша, китобҳо, навор, расмҳои адиб, саволнома, кроссворд…

Равиши дарс
I. Ташкили дарс
1) Ба ҷо овардани одоби салом.
2) Ҳолати синф ва омодагӣ ба дарс.
3) Ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон.

II. Пурсиши вазифаи хонагӣ
Панди рӯз:
                                Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад…

                                                                                    Ҳофизи Шерозӣ

Пурсиши вазифаи хонагӣ аз хонандагон
1. Тафтиши дафтарҳо ва пурсидани вазифа аз хонандагон тариқи саволномаҳо, яъне, омӯзгор метавонад, саволҳоро тариқи хаттӣ ба хонандагон пешниҳод намояд ё ин ки шифоҳӣ пурсон шавад.
2. Барои ҷолиб гузаштани дарс ва такрори мавзуъҳои гузашта омӯзгор метавонад, кроссворд омода намояд ва онро ба тахтаи электронӣ ё дар қоғази калон ва ё дар тахтаи синф ба хонандагон пешниҳод намояд.
Намунаи саволҳо:
1. Санъати сухан буда, бо воситаи образҳо тасвир кардани ҳаётро меомӯзад.
2. Маликушуарои дарбори Сомониён ва Сардафтари адабиёти тоҷику форс аст.
3. Сарояндаи “Шоҳнома”-и безавол аст.
4. Ҳикояи “Бозаргон ва тӯтӣ” аз ин асар гирифта шудааст.
5. Масъуди Саъди Салмон онро дар зиндон эҷод кардааст.
6. Яке аз асарҳои Саъдии Шерозӣ.
7. Асаре, ки дар он 18 ҳайвон баҳс мекунанд.
8. Калимаи арабӣ буда, маънояш «ба орият гирифтан» аст ва дар адабиёт номи як санъати бадеӣ аст.

Ба воситаи кроссворд, ки саволҳои санҷишӣ ба ҳисоб мераванд, сатҳи саводнокии хонандагон санҷида шуда, боиси ҳавасмандии онҳо ба дарс мешавад ва ба ин васила, сабаби баланд бардоштани сифати таълим мегардад.
Дар рафти дарс агар хонандае ҷавобҳои кроссвордро аввалин шуда ҷавоб гардонад, ё ин ки онро дар тахтаи синф ва ё тахтаи электронӣ пешниҳод мекунад, баҳои аъло ё хуб мегирад. Албатта, ин баъди санҷидани ҷавобҳои кроссворд аз тарафи омӯзгор рух медиҳад.
2. Кор бо кластер. Се нафар ба тахтаи синф баромада, кластер кор мекунанд. Дар ин раванд хуб мешавад, омӯзгор хонандагонеро, ки баҳои кам мегиранд ва дар рафти дарс камфаъоланд, бештар ҷалб намояд. Дар рафти кластер омӯзгор чунин мавзуъҳо: адибони адабиёти классикӣ, асарҳои адабиёти классикӣ ва санъатҳои бадеиро омода карда, пешниҳоди шогирдон менамояд. Хонандагон бо равиши худ кластер сохта, супоришҳоро иҷро менамоянд. Баъди омода кардани талабагон муаллим маводи онҳоро санҷида, сипас, баҳо мегузорад. Мувофиқи он хонандагонеро, ки баҳои паст гирифтаанд ва ё баҳои камтар доранд, ба тахтаи синф даъват мекунад. Баъзе аз омӯзгорон хонандагонро дар ҷойи нишасташон мепурсанд, ки ман инро тарафдорӣ намекунам. Дар ин ҳолат, ба фикри ман, хонанда “хонашери майдонғариб” тарбият меёбад. Набояд фаромӯш созем, ки ҳар гоҳе хонанда ба тахтаи синф мебарояд, оҳиста-оҳиста тарс аз баданаш дур мешавад ва ҷасорати озодона суҳбат карданро меомӯзад. Вақти баҳогузорӣ омӯзгор бояд дар назар гирад, ки баҳои хонанда нисбӣ аст.
3. Ҷамъбаст ва арзёбии пурсиши вазифаи хонагӣ ва гузаштани мавзуи нав, масалан, адабиёти муосири тоҷик. Омӯзгор аввал каме дар бораи адабиёти муосир ба хонандагон маълумот медиҳад.

III. Баёни мавзуи нав
Дар тахтаи синф таърихи рӯз ва номи мавзуи нав навишта мешавад.
Ангезиши зеҳн: Дар бораи Сотим Улуғзода чӣ маълумот доред?
Хонандагон медонанд, ки Сотим Улуғзода “Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсиро ба наср гардонидааст.
Ба воситаи навор расмҳои нависанда намоиш дода мешавад, агар навор набошад, аксу расмҳо намоиш дода мешавад ва муаллим кӯтоҳ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода ва қиссаи “Ривояти суғдӣ” маълумот медиҳад. Дар ин муддат як хонанда аз рӯйи варақи пешакӣ тайёркардаи муаллим санаҳои муҳимро аз ҳаёт ва фаъолияти адиб дар тахтаи синф менависад. Баъд аз нақли муаллим хонандагон навиштаҷоти тахтаи синфро ба дафтарҳо мекӯчонанд.

IV. Мустаҳкамкунӣ
1. Муаллим санаҳои дар тахтаи синф навиштаро ба хонандагон нишон дода мепурсад, ки онҳо ба Сотим Улуғзода чӣ алоқамандӣ доранд?
2. Аз китоб ҷойҳоеро, ки ба Виркан алоқаманданд, ёфта хондан.
3. Саволҳо аз рӯйи мавзуи нав.
4. Мухтасар бо чанд ҷумла оид ба ҳаёт ва фаъолияти Сотим Улуғзода маълумот навиштан.

V. Супориши хонагӣ
— Хондан аз саҳифаи 174 то 180.
— Қиссаи “Ривояти суғдӣ”-ро дастрас кардан ва хондан.
— Номҳои қаҳрамонҳои асарро навиштан бо тавзеҳот.

VI. Эълони баҳо
Аксари хонандагон баъди ҷавоб додан баҳогузорӣ мешаванд, аммо хонандагоне ҳастанд, ки барои фаъолияташон дар охири дарс баҳогузорӣ мешаванд. Аз рӯйи иштироки фаъолона метавон 15-16 хонандаро баҳо гузошт. Бояд гуфт, ки истифодаи усулҳои фаъолу муосир машғулиятро пурсамар мегардонад. Татбиқи ҳар як усул дар таълим муфид аст, агар истифодаи он натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад. Ин ҷиҳати масъала ба дониш, малакаву маҳорат ва қобилияту салоҳиятнокии омӯзгор вобаста аст. Дар раванди таълим аз омӯзгор сифатҳои зерини касбӣ талаб карда мешавад: такмили донишҳои тахассусӣ, касбӣ ва педагогӣ, хушахлоқӣ, ташаббускорӣ, муоширати хуб бо хонандагон, истифодаи васеи воситаҳои электронӣ ва ғайра. Усулҳои гуногуни бедор кардани шавқу завқи наврасон ба дарс мавҷуданд, ки ҳамчун усулҳои фаъол шинохта шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *