
Баҳрон ЗУЛФОНОВ,
корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар давоми фаъолияташон ба кори таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мешаванд. Яке аз дархостҳои асосӣ нисбат ба кори таълимӣ аз ҷиҳати методӣ самаранок ташкил карда гузаронидани дарс мебошад. «Ҷараёни таълимро, ба таъбири муаллифи китоби «Дарс» М. Лутфуллоев, як дарёи серобу азиме тасаввур кунем, дарс калонтарин шохоби он аст».
Ташкил ва гузаронидани дарс санъатест, ки як қатор дархостҳо нисбат ба он зарур аст. Ин талабот чунинанд:
1. Возеҳ, аниқ ва равшан муайян наму- дани мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбиявии дарс.
2. Ягонагии мақсаду вазифаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ, истифода бурдани донишҳои илмӣ, ки ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва сифатҳои волои инсонӣ мусоидат мекунанд.
3. Интихоб намудани маводи зарурӣ дар робита ба дараҷаи тайёрии хонандагон ва вазифаҳои дарс.
4. Интихоби усул ва тарзҳои мувофиқ вобаста ба вазифаҳои дарс ва хусусиятҳои маводи таълим.
5. Алоқаи мазмуни дарс бо ҳаёт ва ама- лияи кори ҳаррӯза бо таҷриба ва бо маводи гузаштаву оянда.
Дарс аз лаҳза ва унсурҳои мантиқан ба ҳам алоқаманд иборат аст. Пайдарҳамӣ, алоқамандӣ ва вобастагии ҳамин унсурҳои асосӣ мафҳуми сохти дарсро ташкил медиҳад, ки ба мақсади гузошташуда, мазмуни маводи таълим, усул ва тарзҳои таълим, инчунин, ба хусусиятҳои синнусолӣ вобаста аст. Сохти дарсҳо қолабӣ нестанд.
Онҳо дар амалия рангоранганд. Дарс эҷод- кории омӯзгорро талаб мекунад. Қатъи на- зар аз рангорангии дарс, барои донишҷӯёни таҷрибаомӯз донистани унсурҳои асосӣ зарур аст, ки тарҳи онро дар тартиб додани нақшаи яксоатаи дарс ва ташкилу гузаронидани он истифода баранд.
Тарҳи умумие, ки ба ҳамаи хелҳои дарс хос аст, чунин аст:
1. Таърихи рӯз, номи фан ва синф.
2. Мавзуи дарс.
3. Мақсади дарс ва ифодаи он;
а) Мақсади таълимӣ.
б) Мақсади тарбиявӣ.
в) Мақсади инкишофдиҳӣ.
4. Таҷҳизоти дарс.
5. Равиши дарс.
Қисмати равиши дарс вобаста ба хелҳои он гуногунанд:
Дар поён дар асоси адабиёти педагогию методӣ навъҳои маъмули дарсҳо ва тавзеҳи фишурдаи онҳоро меоварем:
I. Дарси омехта ё якҷоя.
Равиш ва сохти он
1. Қисми ташкилӣ:
а) ба ҷо овардани одоби салом;
б) ба дарс ҷалб кардани диққати хонандагон;
в) дар дарсҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ ташкил кардани лаҳзаҳои машқҳои нутқӣ;
2. Тафтиши вазифаи хаттии хонандагон.
3. Санҷиши дониши хонандагон оид ба мавзуи гузашта ба воситаи саволу ҷавоб, баромади хонандагон, ҳалли машқу мисолҳо дар тахтаи синф, кор бо варақаҳо.
4. Баёни мавзуи нав.
5. Мустаҳкамкунии мавзуи омӯхташуда ба воситаи саволу ҷавоб, кор бо китоби дарсӣӣ ва ҳалли машқу мисолҳо.
6. Супориши вазифаи хонагӣ.
7. Ҷамъбасти дарс, хулоса, эълон ва шарҳи баҳои хонандагон.
II. Дарси баёни мавзуи нав
1. Қисми ташкилӣ.
2. Баёни мавзуи нав.
3. Фаҳмонидани масъалаҳои номафҳуми мавзуъ.
4. Мустаҳкамкунии мавзуъ.
5. Супориши вазифаи хонагӣ.
6. Ҷамъбасти дарс ва баҳогузорӣ.
III. Дарси мустаҳкамкунӣ
1. Қисми ташкилӣ.
2. Ба хотир овардани мавзуъҳои дарсҳои гузашта.
3. Супоришҳои омӯзгор оид ба мавзуъҳои мустаҳкамшаванда.
4. Машқу такроркунӣ.
5. Тафтиши вазифа ва баҳогузорӣ.
6. Ҷамъбасти дарс ва супориши вазифаи хонагӣ.
Дар ин навъи дарсҳо бештар машқҳои шифоҳӣ, хаттӣ, корҳои графикӣ, ченкунӣ, кор бо харита ва атласҳо ва ғайраҳо, иҷро карда мешаванд.
IV. Дарси такрору ҷамъбаст
1. Қисми ташкилӣ.
2. Баёни мавзуи такрорӣ ва тавзеҳи супо- ришҳои муаллим.
3. Ҷавоб ба саволҳои хонандагон оид ба тарзи иҷрои супоришҳо оид ба мавзуъҳои такрорӣ.
4. Ҷараёни иҷрои супоришҳо.
5. Тафтиши иҷрои вазифаю супоришҳо ва баҳогузорӣ.
6. Ҷамъбасти дарс ва мавзуъҳои такрорӣ.
7. Супориш ба хона.
Ин навъи дарс ба тарзи мустаҳкамкунӣ шабоҳат дорад, аммо ин навъи дарс баъди омӯхтани мавзуъҳои калон ё қисму боби муайяни барномаи таълимӣ дар охири чорякҳо ва соли хониш гузаронида мешавад. Дар ин навъи дарсҳо маводи якчанд дарсро ҷамъбаст карда, ба низом дароварда, хулосаи умумӣ бароварда мешавад.
V. Дарси назорату баҳисобгирӣ
1. Қисми ташкилӣ.
2. Тавзеҳи вазифа ва дархостҳо нисбат ба иҷрои супориш.
3. Саволу ҷавоби умумӣ ва ё масъалаҳои номафҳум.
4. Мустақилона иҷро кардани масъалаҳои номафҳум.
5. Таҳлил ва ислоҳи хатоҳои хусусияти умумидошта.
6. Баҳогузорӣ.
7. Оид ба бартараф кардани хатоиву камбудиҳо, додани вазифаҳои дахлдор.
Ин навъи дарсро, одатан, аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ, риёзӣ, физика, кимиё, ҷуғрофия, таърих, биология ва ғайра, дар шакли хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ, иншо, кори назоратӣ ё контролӣ, кори озмоишӣ ё лабораторӣ) ва даҳонӣ гузаронидан мумкин аст.
VI. Дарси проблемавӣ ё мунозиравӣ
1. Қисми ташкилӣ.
2. Ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ, формулабандии проблема ва ғояи асосии он, фарзияҳои ҳалли проблема.
3. Ҷараёни ҳалли проблема. Ҷамъ кардан ё ин ки аз нав баён кардани маводи асосноки зарурӣ ва таҳлилу ҷамъбасти он.
4. Тафтиши ҳалли проблема, асоснокии назариявии он, хулосаҳо.
5. Ба низом даровардан ва мустаҳкам кардани донишҳо.
Баҳогузорӣ ва супориши вазифаи хонагӣ.
Нақшаи корҳои тарбиявии роҳбари синф
Нақшаи корҳои тарбиявӣ аз тарафи роҳбари синф дар асоси «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои хонандагон тартиб дода шуда, дар аввали соли хониш дар маҷлиси синфӣ муҳокима карда мешавад. Иттиҳодияи методии роҳбарони синф онро баррасӣ карда, ба муовини директор оид ба тарбия пешниҳод мекунад. Муовини директор ба хулосаи иттиҳодияи методӣ розигӣ медиҳад, директори мактаб тасдиқ мекунад. Дар мундариҷаи нақша рӯйхати умумии хонандагон бо тамоми маълумот дар бораи онҳо, тавсифномаи синф, фаъолони синф, равияҳои асосии кори тарбиявӣ дар асоси нишондодҳои «Консенпсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда мешавад.