Таҳияи Озода НАБИЕВА,
омӯзгор

1. Аз ҷазодиҳии шогирдон дар назди «дигарон» даст кашед. Бештар суҳбати инфиродии озоду самимиро интихоб кунед.
2. Барои ҳамаи иштибоҳҳо пайдарпай ҷазо надиҳед. Ин кор муносибати шуморо бо хонандаи «мушкил» вазнинтар мекунад. Шумо бо ишора ба як хатои ӯ барои ислоҳи хатоҳои дигараш бикӯшед.
3. Дар назди хонанда сахт ба эҳсосот дода нашавед ва ба ғазаб омаданатонро ҳаргиз нишон надиҳед. Шумо бо дод задан метавонед синфро ором кунед, аммо ҳаргиз боварӣ ва эҳтиромро сазовор шуда наметавонед.
4. Аз рӯйи нақша кор кунед. Шумо бояд пешакӣ омода бошед, ки вақти кадом ҳаракати хонанда чӣ кор мекунед, ин боиси зуд худро ба даст гирифтанатон ва ба эҳтиром сазовор гаштанатон мегардад.
5. Кӯшиш кунед, ки ному насаби онҳоро гирифта, муроҷиат кунед, зеро хонанда баъди танаффус бо шунидани чунин муносибат ба шароити дарс ворид мешавад ва албатта, муроҷиат бо ному насаб барои ӯ гуворост.
6. Кӯшиш кунед, то онҳоро аз наздик шиносед.
7. Хонандагони душвортарбияро барои ягон муаммои пайдокардаашон якбора сахт нагӯед. Одатан, ин гуна хонандагон барои пинҳон кардани ягон муаммои равонии худ, боиси сар кардани муаммоҳои дигар мегарданд. Агар бо онҳо муносибатро вайрон кунед, он гоҳ аз муаммои асосии равониашон ҳаргиз огоҳӣ намеёбед. Аз ин рӯ, барои ворид шудан ба дунёи ботинии онҳо аз муаммоҳои пайдокардаашон истифода бурда, роҳ кушоед.
8. Бо падару модарон муттаҳид шавед. Танҳо барои шикоят не, балки барои суҳбати одӣ дар бораи хонанда ва пешрафту муваффақияти ӯ.
9. Барои он ки хонандагон худро дар дарсҳоятон озод ҳис кунанд ва онро дӯст доранд, мунтазам вобаста ба дониши онҳо саволҳои осон диҳед.
10. Якранг набошед. Эҷодкор бошед. Ҳар рӯз маълумотро ба таври гуногун пешниҳод намоед. Хонанда аз якрангӣ дилгир мешавад.
11. Бештар ба хонандагон корҳои гурӯҳиро ба роҳ монед, барои муваффақиятҳо ҳавасманд гардонед.
12. Ҳастанд хонандагоне, ки мехоҳанд, ба иззати нафси шумо расанд, шуморо озор диҳанд, аммо шумо ҳаргиз инро ба худ нагиред. Ҳар рӯзро аз саҳифаи нав оғоз кунед. Шумо бояд нишон диҳед, ки ӯ ба мақсадаш нарасидааст, шуморо озор додан ғайриимкон аст. Баръакс, бо ӯ муносибататонро вайрон накунед. Ин боиси пайдоиши эҳтиром мегардад.
13. Ҳамеша аз ҳамкорони калонсоли худ маслиҳат пурсед, зеро новобаста аз дониши комилатон, ҳангоми кор бо хонандагон таҷриба хеле муҳим аст. Яъне, аз таҷрибаи ҳамкорон истифода баред.
14. Кайфияти руҳияи шумо ба хонандагон таъсир мекунад. Чунон бошед, ки омадани шуморо онҳо интизор бошанд.
15. Нишон диҳед, ки муваффақияти хонандагон барои шумо хеле муҳим аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *