
Дар замони инкишофи техникаву технологияи муосир бояд фанни нақшакашӣ бештар бо мақсади ташаккул додани фаҳмиши графикӣ, тафаккури фазоиву техникӣ ва бедор кардани шавқу завқи эҷодкорӣ ва навоварӣ равона карда шавад, зеро олими Фаронса Гаспар Монж фармудааст: “Нақша забони техника аст.” Бинобар он, дар истеҳсолот низ «асоси ташаккули тасаввурот оид ба баланд бардоштани маҳсули меҳнат ин нақша аст.” Ғайр аз ин, ташаккул додани тафаккури техникии хонандагон бо роҳи инкишофи қобилияти кашидани тасвирҳои графикӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, чунки тасвирҳои графикӣ, хусусан, нақша воситаи асосии ифодаи шакли тасаввуршуда мебошад. Маҳз, ҳамин омилро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудаанд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи ба донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳар гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Асоси стандарти таълими нақшакаширо дар синфҳои 8 ва 9-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ проексиясозӣ дар ҳамвориҳои проексионӣ ташкил медиҳад. Бинобар он, дар ҷараёни омӯзиши фанни нақшакашӣ дар талабагон ташаккул додани проексияҳои росткунҷагӣ, яъне, проексиясозӣ дар як, ду ва се ҳамвориҳои проексионӣ мавқеи созгорро соҳиб аст. Ғайр аз ин, дар раванди иҷро кардани нақшаи ҷузъҳои техникӣ ба тасвир кардани қисмҳои (детал) тунук ва ҳамвор, устувона ва мураббаъшакл дучор шудан мумкин аст, ки онҳоро дар як ҳамвории проексионӣ тасвир кардан кифоя аст. Дар ин ҳолат, барои иҷрои нақшаи мувозӣ дар як ҳамвориҳои проексионӣ аз ишоратҳои S-ғафсӣ, Ф-қутр (диаметр), □ мураббаъ истифода бурда мешавад. Нигаред ба расмҳои 1 ва 2 .
Пеш аз он ки мо ба хонандагон дар хусуси проексиясозӣ дар сатҳи ҳамвориҳои проексионӣ сухан гӯем, ҳатмист, ки раванди таълим дар асоси дониш, малака ва маҳорати асосии (базавӣ) хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Дар ин хусус, ба эътибор гирифтани қобилияти хонандагон дар иҷрои фаъолияти таълимӣ ва дар заминаи он такмил додани малакаву маҳорати тасвири нақшаҳо дар ҳамвориҳои проексионӣ омӯзиши дақиқро талаб мекунад. Ҳар як хонанда ба дарс бо дараҷаи гуногуни салоҳият меояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандагонро дошта бошад. Омӯзгор барои ташаккули натиҷаҳои таълимии ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъул аст.
Барои тақвияти нишондодҳои дар боло зикршуда, бояд хонандагон дар синфи 8 дар бораи проексиясозӣ дар се ҳамвории проексионӣ маълумоти бештаре дошта бошанд. Бо ин мақсад, баъзан барои пурра нишон додани нақшаи маснуот танҳо як проексия кифоягӣ намекунад, бинобар он, барои пурра нишон додани нақшаи маснуот, ки дар расми 3 акс ёфтааст, шакли проексияҳои маснуотро пурра ифода кардан мумкин аст. Нурҳои проксионӣ аз қуллаҳои маснуот то ҳамвориҳои проексионии фронталии П1, намуд аз пеш, ҳамвории проексионии уфуқӣ (горизонталӣ) П2, намуд аз боло ва ҳамвории проексионии ПЗ, паҳлуӣ (профилӣ), намуд аз чап нишон дода шудааст. Нигаред ба расми 3.
ба тарафи чап, ҳамвории П2 ба тарафи поён, ҳамвории ПЗ ба тарафи рост, проексиясозӣ дар се ҳамвориҳои проексионӣ ҳосил карда мешавад. Нигаред ба расми 4.
Проексияҳои фронталии диметрӣ ва изометриро якҷоя проексияҳои аксонометрӣ меноманд, ки дар расми 5 тасвир карда шудааст. Меҳварҳои х, у ва z дар ҳамвориҳои проексиониро меҳварҳои проексионӣ ифода мекунад. Проексияҳои аксонометриро тасвирҳои аёнӣ меноманд. Сохтани проексияҳои аксонометрӣ бо воситаи меҳварҳои х, у ва z оғоз карда мешавад. Ҷойгиршавии меҳварҳои проексияи изометрро чунин нишон додан лозим аст. Меҳвари z-po ба таври амудӣ, меҳварҳои х, у-ро нисбат ба хати уфуқӣ дар таҳти кунҷи 30 градус ва кунҷи байни меҳварҳоро 120 градус тасвир карда мешавад. Ин меҳварҳои тасвири изометрӣ бо ёрии гунёҳои кунҷашон 30, 60 ва 90 градуса кашида мешавад. Нигаред ба расми 5.
