Ҳусейн АЛИЕВ,
омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайём
дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Мавзуи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагони синфҳои 10, аз фанни биология пешбинӣ шудааст. Мо дар ин нигошта як дарси намунавиро барои омӯзгорон, махсусан, омӯзгорони ҷавон пешниҳод менамоем, то дар раванди дарсҳои хеш аз он истифода баранд. Умедворам, ки ҳамчун маводи роҳнамо муфид бошад. 

Мақсади дарс 

Хонандаҳо бояд: 

— Оид ба аҳаммияти сафедаҳо дар ҳуҷайра маълумот дошта бошанд. 

— Дар бораи сафедаҳо бештар донанд ва бо мисолҳо шарҳ дода тавонанд. 

— Структураи (сохторҳои) сафеда, аминокислотаҳо

-сохтори комплементариро донанд ва шарҳ дода тавонанд. 

-Структураҳои (сохторҳои) сафедаро аз ҳамдигар фарқ карда тавонанд. 

Таҷҳизонидани дарс: матн, китоби дарсӣ, плакатҳо расм, тасвирҳо ва презентатсияҳо. 

Методҳо: даҳонӣ (шифоҳӣ): лексия, суҳбат, нақл, аёнӣ: нақша, таблитса, расм, тасвирҳо, тахтаи электронӣ, амалӣ: мушоҳида, супоришҳо, кор бо китоби дарсӣ, методи фаъолгардонӣ, масъалагузорӣ, корҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ. 

Равиши дарс: 

I. Қисми ташкилии дарс: 

— ба ҷо овардани одоби муошират; 

— тайёр намудани хонандагон ба дарс; 

— аз назар гузарондани шумораи хонандагон. 

— мавҷуд будани бӯру латта. 

— тоза будани синф аз ҷиҳати гигиенӣ-санитарӣ. 

II. Пурсиши вазифаи хонагӣ 

Аз аҳли синф ба таври индивидуалӣ ё фронталӣ бо воситаи варақаҳо, презентатсияҳо ва дигар маводди ёрирасон дар муддати 10-15 дақиқа вақт дода, вазифаи хонагиро пурсед. Ҳамин тавр, на кам аз 50-60 фоизи хонандаҳо бояд пурсида шаванд.

III. Муаррифӣ ва муҳокимаи мавзуи нав 

Бо нақшаи мавзуъ хонандагонро шинос кунед ва онҳоро ба муҳокима даъват намоед. Пурсед, ки аз нақшаи гузошташуда кадомаш ба онҳо бештар наздик аст. 

IV. Матни мухтасари лексияи омӯзгор 

Мавзуъ: “Полимерҳои биологӣ-сафедаҳо”. 

Дар байни моддаҳои органикии ҳуҷайра сафедаҳо миқдоран бартарӣ дошта, аз рӯйи аҳаммият ҷойи аввалро ишғол менамоянд. Дар ҳайвонот тақрибан 50 фоизи массаи хушки ҳуҷайраҳо ба сафедаҳо рост меояд. Дар организми одам 5 миллион намуди молекулаҳои сафедагӣ вомехӯранд, ки на фақат байни ҳамдигар, инчунин, аз сафедаҳои дигар организмҳо низ фарқ мекунанд. 

Бо вуҷуди ҳамин қадар гуногунӣ ва мураккабии сохт сафедаҳо ҳамагӣ аз 20 аминокислотаи мухталиф таркиб ёфтаанд. Формулаи умумии онҳо чунин аст: 

                                                         H2N-CH-COOH 

                                                                    NH 

Дар қисми чапи молекула гурӯҳи аминӣ- HN ҷойгир шудааст, ки он хосияти асосиро зоҳир менамояд; аз тарафи рост гурӯҳи карбоксил СООН-гурӯҳи кислотагӣ ҷойгир аст, ки барои тамоми кислотаҳои органикӣ хос мебошад. Аз ин рӯ, фаҳмидан душвор нест, ки аминокислотаҳо пайвастагиҳои амфотерӣ буда, ба хосиятҳои химиявии ҳам асос ва ҳам кислота соҳибанд. Ин сабаби байни якдигар таъсири мутақобила намудани онҳо мегардад. Молекулаи аминокислотаҳо бо ҳам пайваст шуда, байни гурӯҳи карбоксилӣ (СООН) ва аминӣ (HiN) банд ба вуҷуд меоранд. Чунин бандро банди ковалентӣ, вале дар ин маврид онро банди пептидӣ меноманд. Пайваст шудани ду аминокислота дар як молекула-дипептид, се аминокислота-трипептид номида мешавад. Пайвастагии иборат аз 20 аминокислота ва боқимондаи аз он бештари аминокислотагиро полипептид меноманд.Пайваст шудани ду аминокислота дар як молекула-дипептид, се аминокислота-трипептид номида мешавад. Пайвастагии иборат аз 20 аминокислота ва боқимондаи аз он бештари аминокислотагиро полипептид меноманд. Сафедаҳо бо дигар моддаҳои органикӣ пайваст шуда, пайвастагиҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд:

1. Сафеда + карбогидрат ꞊ гликопротеид

2. Сафеда + чарб ꞊ липопротеид

3. Сафеда + кислотаи нуклеинӣ ꞊ нуклеопротеид

4. Сафеда + боқимондаи фосфат ꞊ фосфопротеид

5. Сафеда + пайвастагии рангдор ꞊ хромопротеид.

Вазифаҳои сафедаҳо 

1) Бинокорӣ (пластикӣ) — мембранаҳо, органоидҳои ҳуҷайра, инчунин, сохторҳои ғайриҳуҷайравӣ (вирусҳо) аз сафедаҳо сохта мешавад. 

2) Катализаторӣ — катализаторҳои биологӣ-ферментҳо моддаҳои табиаташон сафедагӣ буда, суръати реаксияи химиявиро дар ҳуҷайра то даҳҳо ва ҳазор маротиба метезонанд. 

3) Ҳаракатӣ — ҳаракати мӯяк, мижгонак, қамчинак, кашишхӯрии мушакҳо (актин, миозин), ҳаракати барг дар растаниҳо. 

4) Нақлиётӣ — гемоглобин-оксигенро мекашонад, интиқоли моддаҳои фаъоли биологӣ гормонҳо, кашонидани КРН аз ядро ба ситоплазма, сафедаҳои мембрана моддаҳоро мегузаронанд. 

5) Муҳофизатӣ — антитела бо моддаҳои бегонаи организм антигенҳо мубориза бурда, комплекси антител-антигенро ҳосил карда,  нобуд мекунанд. Ба ин сафедаҳо фибриноген ва интерферон мисол шуда метавонанд. 

 
 6) Энергетикӣ — ҳангоми таҷзияшавии 1 гр сафеда 17,6 кҶ энергия ҳосил мешавад, лекин сафедаҳо ҳамчун манбаи энергия кам истифода мешаванд. 
7) Идоракунӣ — бештари ҳормонҳо табиати сафедагӣ дошта, организмро идора мекунанд. 
 
V. Кластер
 Истилоҳот: 
Аминокислотаҳо мономери сафедаҳо мебошанд. 
Денатуратсия-вайроншавии структураи сафедаҳо. 
Ренатуратсия-барқароршавии молекулаи сафедаҳо. 
Дипептид-пайвастагии ду аминокислота дар як занҷир. 
Олигопептид-пайвастшавии аз 2 то 20 аминокислота дар як занҷир. 
Гидрофил-молекулаҳои дар об ҳалшаванда.
Гидрофоб-молекулаҳои дар об ҳалнашаванда. 
 
VI. Арзёбӣ саволу ҷавоб
    Бо истифодаи саволҳои умумӣ оид ба матн сатҳи фаҳмиши хонандагонро санҷед. Ҷавоби хонандагонро мушоҳида кунед ва барои худ доир ба инкишофи онҳо қайдҳо кунед. 
Намунаи саволҳо: 
1. Дар пайдарпай ҷойгир шудани аминокислотаҳо дар занҷири полипептидӣ кадом сохтори сафедаро пайдо кардаанд? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
2. Дар сохтори якумин аминокислотаҳо байни ҳамдигар тавассути кадом бандҳо пайваст шудаанд? 
А) банди дисулфидӣ В) гидрогенӣ С) бандҳои ионӣ D) бандҳои пептидӣ 
3. Дар кадом сохтори сафеда он шакли спирали печутобхӯрдаи сатҳаш чиндор пайдо намудааст? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
4. Дар кадом сохтори сафеда дар байни радикалҳои аминокислотаҳо бандҳои дисулфидӣ пайдо мешавад? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
5. Агар молекулаи сафеда шакли кура ё калобаро дошта бошад, он дорои кадом сохтор мебошад? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
6. Молекулаи сафеда вақти кадом сохторро соҳиб гаштан вазифаи биологии худро иҷро карда метавонад? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
7. Кадом сохтори сафеда, ба ғайр аз қисмати сафедавӣ боз қисмати ғайрисафедавӣ низ дорад? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин 
8. Гемоглобин ва инсулин сохтори чанд- умро соҳиб мешавад? 
А) якумин В) чорумин С) дуюмин D) сеюмин
9. Раванди гум кардани структураи сафедаро чӣ меноманд? 
А) денатуратсия В) асимилятсия С) ренатуратсия D) полимеризатсия 
10. Раванди барқарор шудани структураи сафедаро чӣ меноманд? 
А) денатуратсия В) асимилятсия С) ренатуратсия D) полимеризатсия 
VII. Ҷамъбаст ва хулоса 
     Кӯшиши хонандагон қадр карда мешавад. Омӯзгор бо ин мақсад аз суханони руҳбаландкунанда истифода мебарад: «Ба ҳамаатон ташаккур!», «Дар ин дарс шумо фаъолона иштирок намудед!», «Ман аз фаъолияти шумо хеле шод шудам!», «Аҳсант ба шумо, шогирдони азиз!» ва ғайра. 
    Диққати хонандагонро ба мақсадҳои таълимии дарс равона сохта, аз онҳо пурсед, ки аз нақшаҳои пешниҳодшуда ба ҳалли кадомаш ноил гаштанд? Барои ин дар раванди дарс кадом корҳоро иҷро карданд? 
Вазифаи хонагӣ: 
     Аз хонандагон хоҳиш намоед, ки вазифаи ба замима омадаро дар хона иҷро намоянд. 
VIII Супориши вазифаи хонагӣ: 
Мавзуъ: “Полимерҳои биологӣ-сафедаҳо”, аз саҳифаи 71 то 75 хондан.
 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *