
Олга ЧАЛТСЕВА,
омӯзгори фанни забони англисии МТМУ-и
Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия
Мактаби муосир ба усулҳои таълимие ниёз дорад, ки на танҳо таълими босифатро таъмин намояд, балки шахсият ва иқтидори эҷодии инсонро ошкор созад. Инчунин, таълимоти муосир бояд инсонро ба ҳаёти имрӯза мутобиқ сохта, ба вай зуд ва дуруст қабул кардани қарорҳоро ёд диҳад ва тағйироти иҷтимоиро фаъолона аз худ намояд. Таълими замонавӣ, таълими доимии забони хориҷиро ба хонандагон дарбар мегирад. Ба ин муносибат муаллимону методистҳо усулҳои баланд бардоштани сифати таълими забони хориҷиро доимо ҷустуҷӯ мекунанд. Омӯзонидани хонанда барои муошират бо забони хориҷӣ вазифаи асосии муаллим аст. Луғат, сохторҳои грамматикӣ, ифодаҳои забони хориҷӣ дар шароити воқеии аз ҷиҳати эҳсосот пурборшуда ба хонанда пешниҳод карда мешаванд, ки ин ба зуд ва бардавом дар хотир нигоҳ доштани маводи омӯхташаванда мусоидат мекунад. Усули муошират имкон медиҳад, ки монеаи равонии байни муаллим ва шогирд аз байн бурда шавад. Ҳангоме ки хонандагон дигар “фосила”-ро байни худ ва омӯзгор эҳсос намекунанд ва муоширатро бо омӯзгор ҷолибу шавқовар ва гуворо меҳисобанд, ба онҳо осонтар мешавад, ки бо забони хориҷӣ суҳбат кунанд.
Усули муошират истифодаи зиёди таълими усулҳои бозиро дар бар мегирад. Онҳо дарсҳоро зинда мегардонанд, руҳияи мусбати хонандагонро нигоҳ медоранд ва ҳавасмандиашонро зиёд мекунанд. Истифодаи бозиҳо ҳамчун яке аз усулҳои таълими забони хориҷӣ раванди таълимро хеле осон карда, онро ба кӯдакон наздиктар ва дастрастар мекунад. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин фанро шавқовар гардонем, зеро бачаҳо ба он чизе, ки шавқи беихтиёри онҳоро бедор мекунад, диққат медиҳанд.
Ҳамчун омӯзгори забони англисӣ истифода аз технологияҳои бозӣ дар дарсро ҷузъи ҷудонашавандаи кори худ мешуморам. Бовар дорам, ки маҳз унсурҳои бозӣ, ки ба раванди таълим дуруст дохил карда шудаанд, метавонанд, барои амалӣ намудани ҳадафи асосии таълими забони хориҷӣ, ки он аз ташаккули салоҳияти коммуникатсионии хонандагон иборат аст, мусоидат намоянд. Дар баробари ин, барои бомуваффақият амалӣ намудани ҳадафи асосии таълим, диққати худро барои иҷрои вазифаҳои муҳимтар равона мекунам:
1) ба вуҷуд овардани «вазъияти мувофиқ» барои ҳар як иштирокдори бозӣ;
2) баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба омӯзиши мавзуъ;
3) таъмини рушди шахсии ҳар як иштирокдор;
4) такмили маҳорат, ҳамкории фаъолона ва дӯстона бо ҳамдигар;
5) ба воситаи забони хориҷӣ фаъол гардонидани соҳаҳои равонӣ, маърифатӣ ва эҷодии шахсият;
6) ташаккул ва такмили ҷанбаҳои асосии фаъолияти нутқи забони хориҷӣ: гӯш кардан, хондан, навиштан ва суҳбат кардан.
Дар кори худ кӯшиш мекунам, ки усулҳои бозиро бо роҳҳои гуногун истифода барам:
1. Намудҳои гуногуни дарсҳо:
— дарсҳо барои ташаккули малакаҳои лексикӣ ва грамматикӣ;
— дарсҳо оид ба фаъолгардонии маводи лексикӣ ва грамматикӣ;
— дарсҳои гӯш кардан;
— дарсҳои хониш дар хона;
— дарсҳои омехта;
— дарсҳои такрорӣ ва умумӣ.
2. Ҳамчун воҳиди мустақили раванди таълим, яъне, дарс-бозӣ.
3. Дар марҳилаҳои гуногуни дарс:
— муқаддимавӣ-ҳавасмандӣ;
— такрорӣ;
— тафтиши вазифаи хонагӣ;
— дохил намудани маводи нав;
— мустаҳкамкунӣ.
4. Дар рафти машғулиятҳои беруназсинфӣ:
— бозии нақшӣ — драмавӣ.
Аз таҷрибаҳои худ чанд бозиеро, ки диққати хонандагонро ҷалб мекунанд, барои истифодаи омӯзгорони ҷавони забонҳои хориҷӣ нишон медиҳам.
Дар оғози омӯзиши забони англисӣ дар синфҳои ибтидоӣ, ҳангоми омӯзиши алифбо, шумо метавонед, бозиҳои гуногуни имлоиро истифода баред.
Масалан:
The ABC Games. Муаллим бояд ду маҷмуаи кортҳои ҳарфҳои алифбо дошта бошад. Синф ба ду даста тақсим мешавад. Ҳар як даста як маҷмуаи кортҳоро мегирад. Хонандагон то ҳадди имкон аз тахтаи синф дуртар саф мекашанд. Вақте муаллим як калима мегӯяд, масалан, «pencil», хонандагон бо ҳарфҳои мувофиқ ба назди тахта давида, ин калимаро нишон медиҳанд. Дастаи аввалине, ки калимаро нишон медиҳад, аз рӯйи шумораи ҳарфҳои калима хол мегирад.
The Chain of Letters. Ҳамаи иштирокдорони бозӣ дар як давра меистанд. Хонандагон бо навбат як ҳарфи алифборо ном мебаранд. Ҳар нафаре, ки хато мекунад ё барои ба ёд овардани ҳарфи дуруст вақт сарф мекунад, аз бозӣ хориҷ ва ба ҷойи худ мешинад. Fолиб он касест, ки ягон хато намекунад. Дар ин бозӣ ҳарфҳоро бо рақамҳо ва ададҳо, номҳои фаслҳо, моҳҳо, рӯзҳои ҳафта ва ғайра, иваз кардан мумкин аст.
Duty letter. Навбатдор ҳарферо ном мебарад, ки ҳамаи калимаҳо бояд бо он оғоз шаванд. Бозингарон ҳарчи бештар калимаҳо менависанд. Барои анҷом додани ин вазифа 2-3 дақиқа ҷудо мешавад: wall, wish, window… Агар калима хато навишта шавад, он ҳисоб намешавад ва як хол кам мешавад. Истифодаи бозиҳои имлоӣ натиҷаи хуб дошта, имкон медиҳад, донишеро, ки барои омӯзиши минбаъда зарур аст, аз худ карда шавад.
Дар ибтидои дарс гузаронидани бозиҳои фонетикӣ бамаврид аст, ки ҳадафи онҳо муқаррар кардани артикулятсияи дурусти узвҳои нутқи хонандагон ҳангоми талаффузи овозҳои алоҳидаи англисӣ мебошад.
Масалан, маймунчаи бадкор ба дарси забони англисии мо омада, табассум мекунад ва аз кӯдакон хоҳиш мекунад, ки пас аз ӯ гуфтаҳояшро такрор кунанд. Мисол, барои такрори овози [h]: he [hi:] — вай, his [hiz] — ӯро; home [həʊm] — хона; help [help] — ёрӣ расонидан; hay [hei] — xac; whom [huːm] — ба кӣ; high [hai] — баланд.
Дар оғози дарсҳои забони англисӣ дар синфҳои ибтидоӣ шумо метавонед, тезгӯякҳо ва шеърҳоро бо ҳаракатҳо истифода баред:
The plane is flying high in the sky
VW — VW — VW.
Moving so fast and ever so high
VW — VW — VW.
Over the land and over the sea
VW — VW — VW.
But we always come back in time for tea.
Go, my little pony, go!
GO! GO! GO!
Инчунин, як қатор бозиҳое ҳастанд, ки барои омӯзонидани хонандагон дар истифодаи ҳиссаҳои алоҳидаи нутқ, масалан, шумора ва сифат пешбинӣ шудаанд. Дигар бозиҳо ба мавзуъҳои “харид намудан”, “намуди зоҳирӣ”, “либос” ва ғайраҳо, мувофиқат мекунанд.
Look Sharp. Бозии «Look Sharp» имкон медиҳад, ки луғат хуб такрор шавад. Он бо суръати тез ва бе танаффус гузаронда мешавад. Дар бозӣ ҳамаи хонандагон иштирок мекунанд. Муаллим ҷадвалро ба як хонанда дода, ҳар калимаеро, ки як ҳиссаи нутқро ифода мекунад, ном мебарад ва зуд ҷадвалро ба яке аз ҳамсояҳо медиҳад. Хонандае, ки қоидаҳои бозиро вайрон мекунад, аз он хориҷ ва ҷарима месупорад: одатан ӯ ба забони англисӣ шеър мегӯяд.
Масалан: One — two — three — four — five ва ғайра (ҳиссаи нутқ — шумора).
Red — green — blue — brown — white ва ғайра (ҳиссаи нутқ — сифат).
In the store. Дар болои пештахтаи мағоза либос ё маводи ғизоӣ гузошта шудаанд, ки онҳоро харидан мумкин аст. Хонандагон ба мағоза рафта, чизҳои заруриро мехаранд.
Pl: Good morning!
P2: Good morning! What would you like to buy?
Pl: Do you have a red blouse? Pl: I would like to buy some cheese.
P2: Yes, I have. Here it is. P2: Take, please.
Pl: Thank you very much. Pl: Thank you.
P2: Not at all. P2: You are welcome.
Pl: Do you have a warm scarf?
P2: Sorry, but I haven’t.
Pl: Good bye.
P2: Good bye.
Guess the color. Таҷҳизот: парчамҳои ранга. Аввал муаллим ба сифати баранда баромад мекунад, баъд хонандае, ки ранги парчамро тахмин мекунад, баранда мешавад. Ин баранда парчамеро интихоб мекунад ва онро дар паси худ пинҳон мекунад. Синф бояд фаҳмад, ки парчам чӣ ранг аст: «Is it red?» Ҳамин тавр, мо ҳарфҳо, рақамҳо ва асбобҳои хонишро меомӯзем.
Pick a bouquet. Таҷҳизот: гулҳои тару тоза, сунъӣ ё баргҳои тирамоҳӣ.
Муаллим: Ҳар яки шумо муаллими дӯстдошта доред. Биёед, бароиҚ ӯ як гулдаста ҷамъ мекунем. Фақат мо бояд як шартро риоя кунем: ранги ҳар як гул ё баргро дуруст номбар кунем, вагарна гулдаста зуд пажмурда мешавад. Хонанда: This is a red flower. This is a yellow flower.
Чистонҳо дар бораи ҳайвонот. Муаллим ба хонандагон як чистонро мехонад ва онҳо бояд ҷавоби ин чистонро ёбанд. Масалан:
1. It is a domestic animal. It likes fish, (a cat)
2. It is a wild animal. It likes bananas, (a monkey)
3. It is very big and grey, (an elephant)
4. This animal likes grass. It is a domestic animal. It gives us milk, (a cow)
Барои ҳар як ҷавоби дуруст гурӯҳ 1 холро ба даст меорад.
Рассомони шӯх. Хонанда бо чашмони баста расми як ҳайвонро мекашад ва хонандаи дигар ба он нигоҳ карда, узвҳои онро номбар мекунад:
Draw a head, please.
Draw a body, please.
Draw a tail, please.
Агар расм хуб кашида шавад, пас гурӯҳ 5 хол ба даст меорад.
Seasons. Муаллим яке аз хонандагонро даъват мекунад, ки дар бораи фасли сол фикр кунад ва онро бидуни номгузорӣ тавсиф кунад. Масалан: It is cold. It is white. I ski. I skate. I throw snowballs. Хонандагон кӯшиш менамоянд, ёбанд: Is it spring? Is it winter?
Дар бозӣ он нафаре ғолиб мешавад, ки номи ин фасли солро ёбад.
Дар хотима бори дигар қайд кардан мехоҳем, ки усулҳои бозӣ яке аз усулҳои самарабахши таълими забони хориҷӣ ба шумор меравад, зеро асоси психологию педагогии онҳо фаъолияти бозиро ташкил медиҳад, ки дар инкишофи равонии хонандагон саҳми калон мегузорад. Бозӣ равандҳои фикррониро фаъол мекунад ва ҳавасмандии омӯзиши забони хориҷиро зиёд менамояд.
Ба хулосае омадан мумкин аст, ки усулҳои таълими бозӣ гуногунанд. Вобаста ба мақсадҳои педагогӣ, усулҳои ташкил ва дараҷаи забондонӣ якчанд гурӯҳи бозиҳоро ҷудо мекунанд. Масалан, нақшбозӣ ва бозиҳои зеҳнӣ дониши баланди луғатдониро талаб мекунанд. Бозиҳо метавонанд, дар шакли унсурҳои бозӣ, ҳолатҳо, машқҳо пешниҳод карда шаванд ва ба ҳадафҳои дигар низ метавонанд, нигаронида шаванд.
Адабиёт:
1. Алексеев Н.Г., Золотник Б.А., Громыко Ю.В. Организационно-деятельностная игра: возможности в области применения// Вестник высшей школы. -№7, 1987г. — с. 30-35.
2. Арсентьева Р.П. Игра-ведущий вид деятельности в дошкольном детстве — Форум, 2009г. -144с.
3. Ганина Н. С. Игровые технологии на начальном этапе обучения — Альманах школы, 2007г. № 139 с. 67-68.
4. Колесникова И.Е., Игры на уроке английского языка. 5 кл.: пособие для учителя — Минск : Нар. асвета, 1990г. — 112 с.