
Ҳасан АЗИЗОВ,
“Маърифати омӯзгор”
Боиси шодмониву ифтихор аст, ки солҳои охир Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муосир рушд карда, дар роҳи ҳифзи суботу амнияти давлату миллат, дар мубориза ба муқобили ҷинояткорон, хиёнатпешагон ва душманони давлату миллати тоҷик сарҳади давлатии Тоҷикистонро муҳофизат намуда, дар ин ҷода хидмати фидокоронаро анҷом медиҳанд. Бо ин диловарӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як неруи тавонои ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфта, устувории субот ва амнияти марзҳои ҷанубии ин минтақа аз Артиши миллии Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад.
Мусаллам аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу- рии Тоҷикистон баъди ба Истиқлоли давлатӣ даст ёфтани кишвар 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, бо дасттириву ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 сол ба ниҳоди воқеан қудратманди ҳарбӣ табдил ёфтааст. Маҳз ин тавонмандист, ки сол ба сол сафи ҷавонони хоҳишманд барои пайвастан ба Артиши миллӣ зиёд шуда, ин ҳолат далели ватандӯстӣ, ҳувият ва хештаншиносии насли ҷавони кишвар маҳсуб мешавад. Ҷавонон дарк кардаанд, ки хидмат ба Ватан хидмат ба падару модар ва ҳимояи марзу буми кишвар мебошад. Маҳз бо ин вежагӣ метавон гуфт, ки ҳеҷ артишеро бе ҳузури неруи ҷавонон тасаввур кардан имконпазир нест.
Ҳарчанд дастовардҳо дар ин замина ифтихорбахшанд, аммо набояд таваҷҷуҳи худро ба ин масъала камтар намуд, баръакс, барои боз ҳам ҷалб кардани шумораи бештари ҷавонон ба артиш ва дар қалби онҳо афзудани ҳисси баланди масъулият ва дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани афсарони оянда корҳои зиёдро бояд ба роҳ монем. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хидматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад. Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд…”.
Вобаста ба ин, ҳар як сокини мамлакатро, хусусан, омӯзгорону устодонро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, наврасону ҷавононро дар руҳияи дӯст доштани Ватани азизи хеш, худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносӣ, созандагию эҷодкорӣ тарбия намоянд, зеро тарбия асоси муваффақияти инсон, шукуфоии давлат, тараққиёти кишвар ва саодатмандии миллат мебошад. Чунончи профессор Эмомалӣ Насриддинзода нигоштааст: “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо-кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомиятӣ арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз» ва дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист”.
Дар ҳақиқат, дар замони пуртазодди муосир масъалаи тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, хусусан, наврасон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва барои рушди он тамоми корҳоро амалӣ карда истодаанд. Яке аз амалҳои намунаи фаъолияти ватандӯстона ин муҳофизати Ватан-Модар ба ҳисоб меравад. Барои ба ин ҳадаф расидан, пеш аз ҳама, волидон, устодону омӯзгорон ва мураббиёну пешоҳангони соҳаи таълиму тарбияи кишварро лозим меояд, ки наврасону ҷавононро ҳанӯз аз хурдӣ дар руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори баланди миллӣ тарбия намоянд, ки дар ин раванд нақши омӯзгор, хусусан, омӯзгорони фанни омодагии ҳарбӣ мавқеи махсус доранд.
Хушбахтона, имрӯзҳо барои тарбияи ҳарбии наврасон ва дар оянда омода намудани онҳо ба хидмати Ватан-Модар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дарс дода мешавад. Дар он муҳимтарин ва одитарин маълумот дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар неруҳо, омодагии тактикӣ, омодагӣ ба оташфишонӣ (тирандозӣ), асосҳои хидмати ҳарбӣ, оинномаҳо, саф ва хусусиятҳои он, топографияи ҳарбӣ ба хонандагон дода мешавад, ки донистани онҳо ба ҳар як ҷавонмард зарур мебошад. Бояд гуфт, ки нақши ин фан дар самти баланд гардидани ҳисси ватанпарастии насли наврас хеле бузург мебошад. Ба гуфтаи омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ мақсади асосии он шиносондани насли наврас бо нозукиҳои хидмати ҳарбӣ аст. Мо бояд тавонем, пиромуни артиш, зарурати хидмати ҳарбӣ, оини ватандорӣ, ногузир будани омодагӣ баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватани азиз, марзу буми кишвар ҳусни таваҷҷуҳи хонандагони мактабро ташаккул диҳем ва дар тарбияи ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон саҳми арзанда гузорем.
Дар воқеъ, вазифаи асосии таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи хидматчиёни ояндаи ҳарбӣ дар руҳияи ватандӯстӣ мебошад. Ин корҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба тайёр намудани наврасон ба хидмати ҳарбӣ ба зиммаи омӯзгори омодагии ибтидоии ҳарбӣ буда, хонандагоне, ки ба таълими ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд, бояд:
— дар руҳияи шинохтани ватани сохибистиқлол, азму иродаи қатьӣ, диловарӣ, матонат, суботкориву дилпурӣ ба қувваи худ тарбия карда шаванд;
— ҷисман бардам, яъне, сиҳату саломат, зӯру тавоно, чусту чолок, пурбардошт гардонда шаванд, то ки ба сахтиҳои хидмати ҳарбӣ ба осонӣ тоб оваранд:
— тамрин дода шаванд, яъне, натиҷаҳои тарбияи ҷисмонӣ барои организмашон одати муқаррарӣ гардад;
— аз донишҳои назариявӣ ва амалии таълимоти ҳарбӣ огоҳ бошанд.
Дар ҳақиқат, мактабу маориф дар тарбияи ва- тандӯстиву хештаншиносии насли наврас мавқеи калидӣ дорад. Дар ин бора профессор Саймумин Ятимов чунин изҳори ақида кардааст: «Таълим ва тарбия — муътақидгардонӣ ба ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллист. Вагарна сарфи беҳудаи вақт аст. Дар маҷмуи ақидаҳои олам, ки миллатро ба истиқлол, ваҳдат, субот, оромӣ ва осудагӣ ҳидоят мекунанд ва рушди мамлакатро таъмин месозанд, идеяи давлати миллӣ, албатта, дар ҷойи аввал мебошад».
Ҷойи дигар олими нуктасанҷ С. Ятимов зикр мекунад: «Мавриди назар маълумот, тасаввурот, дарки мавзуъ дар бораи маҷмуи ҷаҳонбинӣ оид ба таърихи миллат, фарҳанг, тамаддун, адабиёт, меъёрҳои грамматикии забони модарӣ, ҳуқуқ, умуман, фанҳои гуманитарӣ дар доираи барномаи мактабӣ аст. Маҳз ҳамин донистанҳо мавқеи шаҳрвандии насли наврас, ҷавононро нисбат ба мафҳумҳои Миллат, Ватан, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллӣ муайян месозад. Ҷаҳонбинии ояндагони ҷомеаро ба зиндагии шоиста мутобиқ ва мувофиқ мекунонанд.
Тарбия ҳамчун мафҳуми системавӣ амалест, ки барои ташаккули шахсият, дар асоси арзишҳои руҳӣ ва маънавию ахлоқӣ, барои таъмини манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, дар замири одамон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ хидмат намуда, аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб мегардад».
Барои омода намудани наврасон ба хидмати ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, тамомияти арзии кишвар, сулҳу субот, оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва осоиши сарзамини аҷдодӣ таъмини волоияти қонунро танҳо ба воситаи хидмати фидокоронаву намунаи ибрат, ҷасорат ва малакаю маҳорати баланди хидматӣ иҷро кардан мумкин аст.
Ҳар як сокини мамлакат бояд хуб донад ва дарк кунад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи қавии ҳифозати марзу буми кишвар буда, дар сафи ин неруҳо хидмат кардан қарзу фарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси миллат, пеш аз ҳама, ҷавонон аст. Аз ин рӯ, мебояд, ки ҳар фарди худшинос хидмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайи иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандад.
Адабиёт:
Омодагии ибтидоии ҳарбӣ, нашри сеюм. Китоби дарсӣ барои синфҳои 10-11- уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Душанбе. Маориф, 2018.