Ғолибшо МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, 

номзади илмҳои таърих

Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, иброз доштанд, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. 

Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахси- ятҳои таърихи аҳди қадим ба шумор меравад. Соли 550-и пеш аз мелод подшоҳи форс Куруш ба шоҳи модҳо Астиаг зарба зада, асоси давлати Ҳахоманиширо гузоштааст. Куруш нақшаи бунёдгузории шоҳаншоҳии бузургеро дар шарқ кашида буд, аз ин лиҳоз, ба за- бти давлатҳои ҳамҷавор шуруъ кард. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ давлатҳои Лидия, Бохтар, Суғд, Порт, Хоразм, Бобулро ба тасаруфи хеш даровард. Тибқи маълумоти Ҳеродот, дар империяи таъсисдодаи Куруш намояндагони зи- ёда аз 50 забону 70 халқияти гуногуни Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик зиндагӣ мекарданд. 

Куруш шоҳи хирадманд, меҳрубон ва бо ирода буда, ҳангоми лашкаркашӣ қатлу ғорат намекард, эътиқод ва муқаддасоти мағлубонро муҳтарам мешумурд, бо миллатҳо бо шафқат ва бо подшоҳону фармонравоён, ки аз вай шикаст хурда буданд, бо мадоро ва меҳрубонӣ рафтор мекард. Лаёқат дар сиёсат, ҷавонмардӣ дар ҷанг ва инсоният бо мардум Курушро сармашқи подшоҳон ва фармонравоён қарор дод. Ин шоҳи одил соли 539-и пеш аз мелод шаҳр-давлати Бобулро фатҳ намуда, Эъломияи ҳуқуқеро эълон намуд, ки дар таърих бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст. Эъломия, ки аз 39 модда иборат аст, нахустин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин эъломия соли 1879 кашф гардида, дар Осорхонаи Британия ва нусхаи он дар Созмони Милали Муттаҳид нигаҳдорӣ мешавад. Дар он чунин гуфта шудааст: 

«Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия — шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук-худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч яке аз хонаҳои мар­дум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашка­ри ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи поин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фар­мон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шу­меру Аккадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки „Шодии дил“ ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дониста мешавад. Ба хотири ошноии бештар аз ин са­нади ҳуқуқӣ чанд моддаи ин эъломияро пеш- ниҳод менамоем.

Моддаи 1. Тамоми афроди башар озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози ҳайсият ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд. Ҳама дорои ақлу виҷдон мебошанд ва бояд нисбат ба якдигар монанди бародар рафтор кунанд.

Моддаи 2. Ҳар кас метавонад бидуни ҳеҷ гуна тамоиз, хусусан, аз ҳайси нажод, ранг, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва ҳамчунин, миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, валодат ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва куллияи озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир зикр шудааст, баҳраманд гардад. Ба илова ҳеҷ табъизе ба амал нахоҳад омад, ки мубтанӣ бар вазъи сиёсӣ, идорӣ ва қазоӣ ё байналмилалии кишвар ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад.

Моддаи 3. Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад.

Моддаи 4. Аҳадеро наметавон дар бардагӣ нигаҳ дошт ва доду гирифти бардагон ба ҳар шакле, ки бошад, мамнуъ аст.

Моддаи 5. Ҳеҷ касро набояд мавриди зулму шиканҷа ё рафтори таҳқиромез ё хилофи инсоният ва шаъни башар қарор дод.

Моддаи 6. Ҳар кас ҳақ дорад, ки шахсият ва ҳуқуқи ӯ дар ҳама ҷо ба унвони як инсон дар муқобили қонун шинохта шавад.

Моддаи 7. Ҳама дар баробари қонун баробар ҳастанд ва ҳақ доранд, бидуни табъиз аз ҳимояти қонун бархурдор шаванд. Ҳама ҳақ доранд, дар муқобили ҳар табъизе, ки ноқизи эъломияи ҳозир бошад ва алайҳи ҳар таҳрике, ки барои чунин табъизе ба амал ояд, ба таври тасовӣ аз ҳимояти қонун баҳраманд шаванд.

Моддаи 8. Дар баробари аъмоле, ки ҳуқуқи асосии фардро мавриди таҷовуз қарор бидиҳад ва он ҳуқуқ ба василаи қонуни асосӣ ё қонуни дигаре барои ӯ шинохта шуда бошад, ҳар кас ҳаққи руҷуъ ба муҳокимаи миллии солеҳа дорад.

Моддаи 9. Аҳадеро наметавон худсарона тавқиф, ҳабс ё табъиз намуд.

Моддаи 10. Ҳар кас бо мусовоти комил ҳақ дорад, ки даъвояш ба василаи додгоҳи мустақил ва бетарафе мунсифона ва аланӣ расидагӣ шавад ва чунин додгоҳе дар бораи ҳуқуқ ва илзомоти ӯ ё ҳар иттиҳоми ҷазое, ки ба ӯ тавҷеҳ зада шуда бошад, тасмим бигирад…

Эъломияи ҳуқуқи башар аз тариқи андешаҳои Куруши Кабир дар сатҳи хеле баланди ғояҳои башардӯстона, содаю бо забони равон ва нақлӣ таҳия шуда, қариб ҳамаи он масъалаҳоеро инъикос кардааст, ки барои инсоният натанҳо дар Бобулу тамоми Шаҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва аксарияти давлатҳои дунёи қадим, балки дар асрҳои миёна ва ҳатто, дар асрҳои нав ва замонҳои таърихи навину муосир ҳам хос ба назар мерасанд. Албатта, он ғояҳои ахлоқию ҳуқуқии Эъломияи Куруши Кабир, ки дар боло оварда шудаанд, мумкин набуд, дар шакле навишта шуда бошанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башари имрӯз амалкунанда, ки барои тамоми ҷаҳон таҳия шудааст, мураттаб сохта мешуд. Муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар-Куруши Кабир II дар шароити мушаххаси таърихӣ-дар оғози асри VI то милод, замоне дар Бобул ба сари ҳокимият меояд, ки шоҳи собиқи Бобул Набонид нисбат ба халқ ва муқаддасоти миллию динии он ба бедодгарии маҳз роҳ додааст. Дар ин шароити ҳассос ва фоҷеабор Куруши Кабир тавонистааст, ки дар Бобул оқибатҳои бедодгарии Набонидро сарбаландона бартараф намояд, нисбат ба Набониди ҷиноятпеша ҳам чора андешад. Бояд дар назар дошт, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир воқеияти таърихии дар Бобули беш аз 2480-соларо ифода кардааст, гарчанде қисме аз ғояҳои Эъломияи Куруши Кабир дар Байнаннаҳрайн ва кишвару минтақаҳои дигари Шарқи Қадим низ хеле барвақт ба миён омада буданд, чунки режимҳои сиёсӣ дар аксарияти онҳо истибдодӣ буд ва мардум аз ин режимҳои сиёсӣ азият кашида, дар бораи шоҳи одил орзу мекарданд. Дар шахси Куруши Кабир чунин шоҳи адолатпеша дар Бобул ба сари ҳокимият меояд ва орзую умеди онҳоро пиёда мекунад, вале Куруши Кабир дар Бобул ба сари ҳокимият омада, чандин мушкилӣ дошт, ки онҳо ба ӯ халал мерасонданд. Мушкилӣ дар он таҷассум ёфтаааст, ки шоҳ Куруши Кабир дар Эъломияи ҳуқуқи башар дар чанд нақш омадааст: ҳам дар нақши шоҳи адолатпешаи барои Бобул интихобкардаи худо Мардук, ҳам аз зери ҳокимияти шоҳи разил Набонид озодкунандаи мардуми Бобул, ҳам подшоҳи ҳукумат, ҳам додгоҳу додхоҳ, ҳам ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои мардум, ҳам дар нақши руҳонии аввал, ҳам иҷрокунандаи супоришҳои Мардук ва ниҳоят, батартибдарорандаи идораи давлати Ҳахоманишиён.

Сарфи назар аз ин, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир он ҳолати иҷтимоию сиёсиеро ифода намудааст, ки натанҳо хоси Бобул ва тамоми Шарқи Қадим, балки тавре аз таърихи башар маълум гардид, барои ҳамаи давру замонҳо хос будааст.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *