
Н. ТАБАРОВ,
устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа,
номзади илмҳои педагогӣ
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда баррасӣ шуд. Яке аз масъалаҳои калидию меҳварӣ соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ буд.
Вобаста ба зарурати рушди соҳаи маориф ва нақши он дар инкишофу бақои давлатдории миллӣ Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо нуктасанҷона қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигарди- да ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Сарвари кишвар дар идома афзуданд: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳаллаи аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст”.
Дар воқеъ, соҳаи маориф дар пешрафти дилхоҳ давлату миллат таъсири мусбат дорад. Маҳз инсониятро маориф соҳиби хираду дониш на- муда, онро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар тӯли таърих миллату давлатҳои дорои маорифи рушдкарда тамаддунҳои бузургро офарида, аз худ намунаи беҳтарини фарҳангу маънавиётро боқӣ мегузоранд. Дар баробари ин, маориф, ки омили асосии соҳибтафаккур гардидани инсон аст, барои дарк ва шинохти манфиатҳои миллӣ имкон фароҳам меорад. Тавре аз мушоҳидаҳо ошкор мегардад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоянд…
Дар маҷмуъ, қайд кардан мехоҳем, ки соҳаи маориф дар сиёсати Роҳбари давлат ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад. Бинобар ин, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки дар баробари бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, бояд ба сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори чаҳонӣ ва татбиқи барномаҳои таълимии инноватсионӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат бори дигар мо-омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки пайваста дар ҷустуҷӯйи роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бошем ва наврасону ҷавононро танҳо дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳаммулпазирию инсонгароӣ тарбия намоем.