9-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Академияи миллии илмҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол» шунида шуд.

Дар маърузаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ёдовар шуда, фаъолияти вазорат ва зерсохторҳоро дар самти аудит ва санҷишҳои аудитӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ ва зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ, аз эътибор соқит намудани воситаҳои корношоям дар муассисаҳои таълимӣ, таъминоти кадрӣ, ташкили гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак ва марказҳои инкишофи кӯдак, зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи санадҳои нав дар самтҳои гуногуни соҳа, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон, натиҷагирӣ аз сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷ дар самти маориф, бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона, омода кардани кадрҳои илмӣ, бартараф намудани норасоии кадрию китобҳои дарсӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, теъдоди омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», таҳияи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар идома фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Маркази матбуот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳия, муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат оид ба рушди босамари низоми маорифи мамлакат, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.

Сипас дар қисмати музокира директори Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон “Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К. Д. Ушинский” Восифҷонзода Рухшона, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Саъдуллозода Шаҳриёр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Сатторзода Тағоймурод баромад намуда, маърузаи вазири маориф ва илмро вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар семоҳаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҷаласаро вазири маориф ва илм ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *