
18-уми феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Турахонов баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаҳои илму маориф нақши бориз хоҳад гузошт.
Ҳумчунин, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф аз 13 июни соли 2000 ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи созишномаи мазкур ҳамасола Ҷумҳурии Қазоқистон барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бурсияи таҳсилотӣ ҷудо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳарсол барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳудуди 100 бурсияи таҳсилотӣ ҷудо мекунад. Ба хотири рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф, техникаву технология ва омӯзиши илмҳои замони муосир ҳамкориҳо миёни ҳарду кишвар дар сатҳи хуб қарор дошта,минбаъд низ вусъат дода мешаванд.
Дар навбати худ Валихон Турахонов омодагии ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистонро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои рақамикунонии раванди таҳсилот, IT-технология, такмили салоҳиятнокии омӯзгорон, рушди касбияти мутахассисон ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар барномаҳои табодулӣ иброз намуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ дар соҳаи курси такмили ихтисос миёни ниҳодҳои марбутаи вазорат ва истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷудаи соҳаи маориф ва илми ҳарду кишвар дар меҳвари тавваҷҷуҳи ҷонибҳо мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон