
Таҳияи Саъдӣ ҚОСИМӢ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд, рӯзгори Сада.
Абулқосим Фирдавсӣ
Нигоҳе ба вожаи “Сада”
Дар бораи вожа ё истилоҳи “Сада” назарҳои гуногун мавҷуд бошад ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, бостонӣ будани ин ҷашнро тасдиқ менамоянд, масалан:
1) Машҳуртарин тафсири мардумии он — “Сада аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз 50 шабу 50 рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад”;
2) Ардашери Озаргушасп (“Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён”) — “Сада аз вожаи 100 омадааст ва ҳамон тавр ки ҳафта ба маънои 7 рӯз ва чилла ба маънои 40 рӯз ва даҳа ба маънои 10 рӯз … ва панҷа ба маънои 5 рӯз аст ва ҳамчунин ангуштони дасту пойро панҷа мегӯянд ва ҳазора ба маънои ҳазор сол аст, Сада ҳам ба маънои 100 рӯз мебошад”;
3) Ҳошими Разӣ (“Ҷашнҳои оташ ва Меҳргон”) — “Сада вожаи форсист. Дар паҳлавӣ бояд ба ин шаклҳо: “сат”, “сатаг”, “садҳаг”, “садҳ” ва “сата” буда бошад. Дар арабӣ ба сурати “сазақ” ё “садақ” китобат ва талаффуз мешавад. Дар форсии миёнаю форсии бостон ва Авесто ба ҳар ҳол вожаи “сата” ба маънии “сад”, адади 100 мебошад, чунки дар форсӣ низ “сада” ба маънии “сад сол” дар баробари қарн (ё аср — Қ.С.А. ва З.С.З.) ба кор меравад”;
4) Луғатномаи Деҳхудо — “Сада, аз “сад+а” буда, луғатан, ба маънии мансуб ба шумораи 100 аст…;
5) Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” — “Сада гӯянд, яъне, сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд”;
6) Инчунин, номи ин ҷашнро ба Каюмарс пайванд медиҳанд (Ғиёс-ул-луғот): “Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда…”;
7) “Ғиёс-ул-луғот” — “лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سذ) аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда” ва «صد» муарраби “سد” нест, балки таҳти таъсири хатти арабӣ бо “ص” китобат шудааст. Пас, яқинан вожаи сада бар мабнои шумораи сад сохта шудааст;
8) Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ — Адади “сад” вожаи аслан тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: форсии миёна sat, эронии бостон sata, санскрит ṡatά, авестоӣ sata, форсии бостон θata ва суғдӣ st;
9) Сада садумин рӯзи зимистон аст: аз ибтидои зимистон — аз 1 обон (23 октябр) то 10 баҳман (30 январ) ва аз 10 баҳман (30 январ) то Наврӯз (21 март) 50 шабонарӯз будааст;
10) Баъзе олимони забоншинос — “Сада дар забони форсии қадим дар шакли “садок” ва дар форсии миёна “садаг” истифода шуда, ба маънои “пайдо шудан” фаҳмида мешуд. Калимаҳои арабии “сазақ”, “сазоқ” ва ё “саадак”, ки ҳамин маъноро ифода мекунанд, бо “сада”-и тоҷикӣ ҳамреша мебошанд”;
11) Авесто — “Сада — тулуъ кардан ва пайдо шудан”;
12) Ғиёс-ул-луғот — “Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад ва ба замм ва ташдиди дол (яъне, судда) дар арабӣ ба маънии “остона” ва ба маънии “гиёҳ монанди чизе, ки дар рӯдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд…”;
13) Меҳрдод Баҳор (устурашинос ва авестошиноси эронӣ)
-“Вожаи авестоии “саза”, ки исми муаннас буда, ба маънои зуҳур, ошкороӣ ва пайдоӣ аст. Ин вожа аз решаи “санд” ба маънои “ба назар расидан” муштақ гаштааст… Бинобар ин, муҳтамалан вожаи “сада”, на бо вожаи “сад”, балки бо решаи “санд” маънои “зоҳир шудан” марбут аст ва маънои он “зуҳур, ошкороӣ, пайдоӣ” аст… Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷаллӣ менамояд ва он хоси эътиқоди одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад”. Ба таъбири дигар:
Ҷашни Сада сад маънию мазмун дорад,
Сад кӯҳи муроду ганҷи Қорун дорад.
Ҳар қатраву ҳар зарраи хокаш дар худ,
Дарё-дарё ҷилои Ҷайҳун дорад.
Тибқи гуфтаҳои мантиқии Меҳрдод Баҳор Сада он ҷашнест, ки Хуршед пас аз чил рӯзи зимистон батамом зоҳир мешавад. Маҳз аз ҳамин зоҳиршавии чилрӯза тибқи оинҳои бостонӣ ниёгони мо хушҳол мешуданд ва онро ҷашн мегирифтанд, чунки пас аз он Хуршед бештар зоҳир мешуду заминро нармтар мекарду одамон ба кишту кор, ба баҳор ва ба Наврӯз наздиктар мешуданд:
Сада сад роҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Ҷашни Садаро “баҳор(е) дар дили зимистон” ва ё “баҳмансада”ҳам мегӯянд.
Сайри таърихии Сада
Ҳастӣ нишон аз бостон,
Ҷашни бузурги ростон.
Донем таърихи туро,
Аз қиссаҳову достон.
Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он-оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто, аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар устураҳо ва адабиёти гуфторӣ ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма ба осори навишторӣ роҳ ёфтааст.
Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Ҳадаф аз ин ситоишу ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ устураҳо меофариданд ва хушҳолию зиндагии баъдияшонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Бале, ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони асотирии Пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазор сола доранд, баргузор мешудааст.
Ҷашни Сада ҷашни чиллаи Хуршед аст. Дар дарозтарин шаб (21-22 декабр) Хуршед зоида мешавад. Хуршеде, ки дар поини поиз (тирамоҳ) мурда буд, дар зимистон бача аст (ин бача дар Сада 40-рӯза аст ва ин “кӯдаки хурдсоли 40-рӯза”-ро, ки номаш Хуршед аст, бо оташи Сада гарм мекарданд), дар баҳор навҷавон аст, дар тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир шуда, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай (зимистон) меояд, як Хуршеди тоза ва ё як навзод аст. Яъне, мардуми замони бостон Хуршеди навзодро пас аз 40 рӯз ҷашн мегирифтанд, ки он ҳам ба сардии зимистон таъсир мерасонад ва ҳам ба расидани фасли гармо ва баҳору Наврӯз мусоидат менамояд:
Ҷашни нур асту зиёву тӯю сур,
Ҷашни Хуршед аст, ин ҷашни Сада.
Давр амну мулк амну халқ шод,
Даври Ҷамшед аст, ин даври Сада.
Баъдан, ба гуфтаи Меҳрдод Баҳор бошад, ҷашни Сада марбути зардуштиён нест, балки пеш аз онҳост, вале онҳо ҳоло Садаро таҷлил менамоянд. Пас аз муддате дини зардуштӣ ҷашни Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале ҷашни Садаро, ки чун ҷодуӣ мепиндошанд, вориди дин накарда буданд (чунки тибқи боварҳои мардумӣ ниёгони гузашта Садаро бо афсуну ҷоду сӯзонидани ҳайвоноту парандагон дар гулхани оташ ҷашн мегирифтанд. Тибқи ишорати Меҳрдод Баҳор аз сабаби он ки Авесто китоби динӣ мебошад ва дар он куштани хайвонҳо, озори парандагон, афсуну ҷоду мамнуъ аст, аз ин хотир дар он аз Сада ёд нашудааст).
Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи ҷамъ шудани рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмину нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.
Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад.
Абурайҳони Берунӣ дар асараш “Ат-тафҳим” доир ба ҷашни Сада чунин овардааст: “Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ ва он 10-ум рӯз бувад (10-умин рӯзи моҳи баҳман (баробар ба 29-30 январи мелодӣ) — Қ.С.А. ва З.С.З.). Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи 10-ум аст ва миёни рӯзи 11-ум оташҳо зананд ба гавз (чормағз)-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳв (бозӣ)-у шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзондани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз 50 рӯз аст ва 50 шаб…”.
Баъдан, дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамуданд. Абдулаъзим Ризоӣ таъкид менамояд, ки номи Мардовиҷ Дайламӣ (сипаҳсолори машҳури давр-писари шоҳ Зиёр (соли 323 ҳиҷрӣ-баробар ба соли 945-и мелодӣ)) дар адабиёти зардуштӣ ба унвони беҳтарин баргузоркунандаи ҷашни Сада ба некӣ ёд шудааст (дар шаҳри Исфаҳон ва дашти Зояндарӯд аз ҷониби ин кас бузургтарин ҷашни Сада гузаронида шудааст: Ӯ дастур дода буд, ки то хору ҳезуми фаровоне аз чӯби газ, танаҳои бузурги дарахтони нахл ҷамъоварӣ намоянд, дар он ҷойҳо хайма зананд ва нишастгоҳу суфаҳо барои меҳмонон ва иштироккунандагон омода созанд. Дар ҷашн ҳазорҳо гову гӯсфандон кушта шуданд ва бо хӯроки лазиз хони ҷашнӣ ороста шуданд. Чун Офтоб дар ҳоли ғуруб даромад, навои мусиқиву созу овоз танинандоз ва рақсу тарабу дастафшонӣ шуруъ шуд ва вақте оташсӯзӣ шуруъ шуд, шахс гумон мекард, ки тамоми кӯҳ месӯзад).
Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ»-и Раҳмонов А. доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид шудааст, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ ба табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд.
Дар ҳақиқат, устураи Ҳушанг ва пайдоиши ҷашни Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар хушӣ орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур мекунанд. Баъдан аз болои оташ ҷаҳида, ҳамаи бадиҳову балоҳоро аз тариқи оташ, ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.
Ҳарчанд дар ҳар давру замон бар зидди оинҳои бостонии ниёгони мо, ки пайвандгари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехостанд, ки ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада таҷлил нагарданд, вале боз ҳам мардум онҳоро аз ҳама балоҳо наҷот дода, то рӯзгори мо оварданд. Агарчи дар давоми қариб як аср (дар асри 20) он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро ё байни боғи худ хору хасу буттаву чубҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта, шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро бо эътиқод ба гузашта то замони мо оварданд:
Сарчашмаи Наврӯзи ҷаҳонӣ Сада шуд,
Гулбазми баҳор гирди оташкада шуд.
Афзуд шукӯҳи Тоҷикистон ба фалак,
Бар номи Сада мудом, ки арбада шуд.
Ривояту устураҳо роҷеъ ба Сада
Оташ, ки ба аҷдод муқаддас будӣ,
Ӯ кард парастишу биёвард суҷуд.
Монандаи обу хоки худ хонда азиз,
Пайваст ба оташ ҳамаи буду набуд.
Ривояту устураҳо дар бораи Сада низ гуногун ва зиёд буда, ҷамъан онҳоро бад-ин тариқ метавонем, дастабандӣ кунем:
1) “Ҳушанг оташро кашф менамояд” — Ҳушанг санге ба сӯйи мор мепартояд ва санг бар санги дигар бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро «Сада» номиданд;
2) “Адади фарзандони Одам” — Мегӯянд, ки Каюмарс, яъне, Одам, ки нахустин инсон буд, 100 фарзанд дошт, 50 нафари онҳо аз ҷинси зан ва 50-и дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд ва ҳамаи онҳоро соҳиби хонаву ҷой карданд. Сипас, шоҳ фармуд, ки оташи бисёр афрӯзанд ва ҷашн гиранд. Аз ин рӯ, он ҷашнро «Сада» меноманд;
3) “Ба 100 расидани фарзандони Машӣ ва Машёна” – Тибқи ишорати баъзе сарчашмаҳо ҷамъи фарзандони Машӣ ва Машёна ба 100 мерасад. Дар рӯйи замин теъдоди инсон ба 100 мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва «Сада» ном мениҳанд. Ба ин устура дар «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Луғатномаи Деҳудо» ва манобеи дигар низ ишорат шудааст;
4) “Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок” -Ҳамон пирӯзиро ҷашн гирифта, онро «Сада» номиданд ва дар ин ҷо асосгузори Сада Фаридун муаррифӣ шудааст. Ин устура низ хеле машҳур буда, дар сарчашмаҳои гуногун дида мешавад, аз ҷумла, дар «Аттафҳим» ва бахусус, дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ;
5) Вазири Заҳҳок ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди он озодшудагон ба 100 расид, яъне, наҷоти 100 тан одам аз морони Заҳҳок аст. Зинда мондани ин 100 танро ҷашн мегиранд ва ҷашни «Сада» меноманд;
6) “Пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб” – Ин пирӯзиро «Сада» ном ниҳоданд;
7) Чун бо гузашти 100 рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва баъдан суст мешавад. Ба шодии ин сустшавии сармо ниёгони мо ҷашни Садаро барпо менамуданд;
8) Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз 50 рӯзу 50 шаб дар пеш аст, ки маҷмуан, теъдоди он шабу рӯз 100 мешавад. Ба ин сабаб, ҷашни Садаро 50 рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд;
9) Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳии ҷанубии Эрон 100 рӯз фосила аст, ки аз ин сабаб, ин ҷашнро «Сада» номиданд;
10) “Рӯзи таваллуди Худои Офтоб” – Ба ҳамин муносибат гузаштагони дури мо ин рӯзро ҷашн мегирифтанд ва он Сада унвон дошт.
Пажуҳандагон ин ривояту устураҳоро аз назар гузаронида, андешаҳои худро баён намудаанд. Чунин ривоят ва устураҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон то рӯзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидаанд. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо, дар бораи Сада, ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдоди Баҳор ва дигарон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Аммо А. Кристенсен дар доираи таъкиди олимони шинохта, ба мисли В. Манҳардт, Э. Вестермарк ва Е. Монгк, Ҷ. Фрэзер ва дигарон доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд. Ба гуфти эшон, дар бораи ҷашни оташ дар байни пажуҳандагон ду ақида вуҷуд дошта, ки баҳси онон солҳо идома ёфтааст. Яке ин буд, ки оташ тамоми неруи зиёноварро бо афсуну ҷоду месӯзонад ва дигаре ин ки неруи бештар ба хуршед мебахшад, яъне, оташ тақлиде аз хуршед аст. Баъдҳо Ҷ. Фрэзер бо далелҳои илмӣ собит менамояд, ки оташ на танҳо тақлиде аз хуршед будааст, балки мардум ба вай эҳтиром доштаанд.
А. Кристенсен вориди ин баҳсҳо шуда, ишора бар он менамояд, ки он ба кишварҳои аврупоӣ, ки дар он ҷо сармо бештар аст, дуруст аст. Вале барои сарзаминҳое, ба мисли Эрон, ки обу ҳавои муносиб ва тобистонҳои гарм доранд, ҳосили замин, пеш аз ҳама, ба хуршед ва борон вобаста аст. Дар ин кишвар эҳсоси камбуди хуршед нест. Аз ин рӯ, дар ин кишвар неруи поксозии оташ эҳтимолан танҳо ангезаи ҷашни оташ аст. Ба гуфти В. Манҳардт оташ василаи поксозии ибтидоӣ ва аз ин ҷиҳат муассиртар аз об аст. Ба ин васила, ҷашни Сада чанд ҳафта пеш аз расидани баҳору Наврӯз аст, ки мардуми эронитабор ба ин муносибат дар кӯҳҳо, марғзорҳо оташ меафрӯзанд, то мазореъ ва чарогоҳҳоро барои тобистон пок созанд. Рӯиши фаровони гиёҳҳо ва беҳрӯзии одамиён ва ҳайвонотро таъмин намоянд. А. Кристенсен ба таври муфассал ҷашнҳои оташеро, ки дар Эрони бостон будааст ва то имрӯз нишонаҳои он дар байни мардум аст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷа мерасад, ки ҷашнҳои гуногун вуҷуд дошта, яке ба дигар пайванд будааст.
Хулоса, ҷашни Сада низ амсоли дигар ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон таърихи қадима дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ таназзул, такомул ва ташаккул ёфтааст, ки ин ҳолатҳо дар сарчашма, манбаъ ва тадқиқотҳои илмии олимон ва бузургони халқи тоҷик ва дигар халқҳои олам инъикос ёфтаанд:
Ҷашни сафову равшанӣ,
Ҷашни гунаҳоташзанӣ.
Аз рафтагони некном,
Мерос бар халқи манӣ…
Аз нав ту эҳё гаштаӣ,
Вирди забонҳо гаштаӣ.
Чун ҷашни шодию тараб,
Машҳури дунё гаштаӣ.
Вижагиҳои Сада
Ҷашни Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият касб карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон, дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шаҳомати хос таҷлил менамудааст. Тибқи ишоратҳои Байҳақӣ дар он рӯзгорон ҷашни Сада аз ҷониби ҳукумати замон бошукӯҳ баргузор мешудааст. Аз ҷумла, Байҳақӣ дар ин бора чунин гуфтааст: «Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷӯйи об, ки шароъйе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд — ва пас аз он шунидам, ки қариби даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд — ва кабӯтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба қорондуд ва оташ зада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад».
Инчунин, дар “Луғатномаи Деҳхудо” баъзе вижагиҳои ҷашни мазкур бад-ин тариқ қайд шудааст: “Номи рӯзи даҳуми баҳманмоҳ аст ва дар ин рӯз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрӯзанд ва мулуку салотини эшон мурғону ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пойи эшон баста, оташ дар он гиёҳ зананд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин оташ дар кӯҳу саҳро зананд”.
Сада дар замони Истиқлоли давлатӣ
Шукронаи ҷашни Сада имрӯз кунем,
Шукронаи Меҳргону Наврӯз кунем.
Шукронаи номи Пешво ҳар нафасе,
Шукронаи ин замони фирӯз кунем.
Баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон суннату ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеяшон маҳдуд гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ва ҷашну маросимҳои миллӣ возеҳан рӯнамо гардид, ки яке аз онҳо Сада мебошад.
Ҳоло дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз шуруъ аз соли 2017 ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол карда мешавад. Мардум дар гирди оташи Сада корвони шодмонӣ барпо намуда, ҳунармандон ҳунари худро намоиш медиҳанду раққосаҳову доирабадастон рақсу бозӣ менамоянд. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагии моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласбофию зардӯзӣ, гулдӯзию қолинбофӣ, либосҳои миллии зимистона ва намоиши расму русумҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад, то ин шодмониву хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад расонад.
Ҳамзамон, мардум омодагии худро ба кишту кор нишон дода, ба ин васила, ба истиқболи Наврӯз равон шудани худро ба тамоми ҷомеа нишон медиҳанд. Деҳқонон дар ин айём ба кандан ва тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани неру ба замин, омода намудани тухмӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус меандешанд.
Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушию зиёфат баргузор мегардад, балки мададгори кишоварзон гардида, барои рушди боғдорию токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ, ободкорӣ мусоидат мекунад ва минбаъд боз ҳам густариш бояд ёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзӣ мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузорияш изҳори шодмонӣ мекунанд:
Ҷашни фирӯзи Сада – ҷашни ниёи номдор,
Аз Ҷаму Ҳушангу аз Кайхусрав омад ёдгор.
Меҳргон бо меҳр меояд, Сада бо сад ниёз,
Аз пайи ӯ мерасад Наврӯзи фасли навбаҳор.
Ногуфта намонад, ки дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 4-9-уми декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се унсури фарҳанги ғайримоддӣ баррасӣ ва тасдиқ шуданд, ки яке аз онҳо номинатсияи “Ҷашни Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон) буд (инчунин, номинатсияҳои “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” (Тоҷикистон) ва “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия ва Ӯзбекистон)).
Ин амал боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷашни Сада бори дигар эҳё ва зинда гардида, мардум метавонад, онро беибо пешвоз гиранд ва аз он ҳамчун ҷашни миллии халқи худ тафохур намоянд:
Ҷашни Ҳушанг омад, ҷашни Сада муборак,
Бо тору чанг омад, ҷашни Сада муборак!
Пайки баҳору Наврӯз, бо чеҳраи дилафрӯз,
Хушобуранг омад, ҷашни Сада муборак!
Бар хонаи туву ман, файзе зи моҳи Баҳман,
Бас шӯху шанг омад, ҷашни Сада муборак!