Маҳина БОБОЕВА,
мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ,
номзади илмҳои педагогӣ,
Малоҳат БОБОЁРОВА,
докторанти курси дуюми Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа сурат мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки моҳи августи соли 2011 тасдиқ гардида буд, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Аҳли ҷомеа моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дарк намуда, дар самти таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус зоҳир намуданд. Дар татбиқи босамари қонуни номбурда ҳар як инсони худогоҳу худшинос, бахусус, падару модар бевосита саҳм мегирад.
Иҷро гардидани уҳдадорӣ, масъулияти падару модарон, дифоъ кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, тарбиякунӣ, таълимдиҳӣ ва таъмин кардани инкишофи шахсияти ҳар як кӯдак, ба ҳаёту зиндагӣ омода кардани онҳо дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бо таври умумӣ тасдиқ карда шудаанд. Ин ҳуқуқҳо дар «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» (1948), «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак»(1989) ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулкардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон — “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (2013), “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1999) ва ғайра, таъкид гардидааст.
Аз рӯзҳои аввали қабул Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори мардуми синнусол ва касбу кори гуногун такони ҷиддӣ ба миён оварда, нишон дод, ки аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас, ки онҳо имрӯзу фардои кишваранд, бетараф буда наметавонанд. Дар суханронии ҷамъбастии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (18.01.2011) таъкид карда буданд: “Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом тарбияи насли солиму тарбиядида ва ба воя расонидани кадрҳое мебошад, ки ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта мешавад”.
Маълум аст, ки қонуни мазкур масъулияти волидонро дар тарбияи сифатҳои мусбати ахлоқӣ-инсонгароӣ, ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ афзун мегардонад. Дар моддаи 9-и қонун чунин омадааст: “Падару модар ба фарзанди хурдсоли то 6-сола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд”.
Дар амалӣ гардондани қонуни мазкур ҳамаи муассисаҳои таҳсилотӣ, аз ҷумла, муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи аввали таълиму тарбияи насли наврас ва амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф ҳиссаи сазовор мегузоранд. Ин амал дар асоси нақшаи пешакӣ, ки пайдарҳам, мунтазам иҷро гардидани вазифаҳои муайянро дар назар дорад, таъмин мегардад.
14 сол инҷониб дар муассисаҳои томактабӣ, новобаста ба шакли фаъолияташон, дар қатори дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ҷараёни иҷрои қонуни мазкур ҷузвдонҳои алоҳида ташкил гардида, амалишавии он бо нақшаю чорабиниҳои дохилимуассисавӣ тасдиқ гардидааст.
Амалӣ гардидани қонун фаъолияти асосии ҳамаи кормандон ва махсусан, мудир, мушовир ва мураббии кӯдакистонҳо мебошад. Зарурияти банақшагирӣ ва амалӣ гардондани қонун аз инҳо бармеоянд:
— Дар асоси баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ, имконияту тавони кӯдак, ки ба натиҷаи тадқиқоти илмӣ такя менамоянд, кори таълиму тарбиявӣ ва муҳити инкишофдиҳандаи шахсияти кӯдаконро бояд таъмин гардонад;
— Мақсаду вазифаҳои корӣ, таълиму тарбияи муассисаҳои томактабӣ, оила ва мактаб ягона буда, таъмин намудани ягонагии талаботҳоро ба шахсияти кӯдак талаб мекунад.
Мақсади банақшагирӣ ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъмин намудани якҷоягӣ, ҳамдастии тарбияи оилавӣ ва хусусиятҳои таҳсилотӣ мебошад. Он ба иҷро гардидани вазифаҳои зерин равона карда мешаванд:
— Ёрӣ расондан ба волидон дар ташкил намудани раванди кори таълиму тарбия ва иҷро намудани вазифаҳои суннатӣ дар назди ҷомеа ва давлат;
-Вобаста ба синнусол, имкониятҳои фардӣ ва шавқу рағбати кӯдакон ба падару модарон фаҳмонда додани методҳои таъсиррасонии мақсаднок;
-Таъмин кардани ягонагии талаботҳо ба шахсияти кӯдакон дар хонавода ва кӯдакистон.

Маълум аст, ки ҳамаи падару модарон мехоҳанд, фарзанди худро боистеъдоду бофарҳанг, тарбиядидаву пешрав дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт бинанд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳангоми кор бо волидон, баробари баҳисобгирии хоҳишҳои онҳо, инчунин, мақсаду вазифаҳои барномавии худро ба ҳисоб мегиранд ва ҳамкориро дар асоси чунин принсипҳои педагогии ахлоқӣ барқарор менамояд:
а) Инкишоф додани шавқу рағбат ва маҳорату қобилияти кӯдакон;
б) Эътироф намудани ҳар як кӯдак ҳамчун шахси арзишманд, нотакрор, инкишофёбанда;
в) Барқарор намудани муносибатҳои мусбати байниҳамдигарии ахлоқӣ бо кӯдакон;
г) Арзишманд ва афзалиятнок будани қоида ва меъёрҳои ахлоқи миллӣ ва умумибашарӣ дар раванди кори тарбиявӣ.

Таҳлили таҷрибаи муассисаҳои таҳсилотии тарбиявӣ нишон медиҳанд, ки аксари падару модарон дар давоми 14 соли амалишавии қонун ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани онҳо ба мактаб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бинобар ин, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии мамлакат дар кори банақшагирӣ ва амалӣ гардондани талаботи қонуни мазкур ва баланд бардоштани маърифати педагогии волидон ба натиҷаҳои муайян ноил гардидаанд.
Онҳо кӯшиш намудаанд, шакл ва роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ бо оиларо интихоб намуда, фаъолияти худро дар самтҳои зерин ба нақша гиранд:
1. Ба фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ мувофиқат кунонидани нақшаи кор бо волидон, ки онҳо дар шакли Ассотсиатсияи волидон амал менамоянд. Инчунин, бо шуъбаҳои нигаҳдории тандурустӣ (духтурони кӯдакона), намояндаи шуъбаи корҳои дохилӣ, Кумитаи волидони мактабҳои тахсилоти ҳамагонӣ ва ғайраҳо, ҳамкорӣ менамоянд, то ки аз ҳамдигар биомӯзанд, барои бартараф кардани камбудиҳо ба ҳамдигар мадад расонанд.
2. Омӯхтан ва дар кори худ истифода бурдан аз анъанаҳои миллӣ ва оилавӣ, ки онҳо барои таъмин кардани муҳити мусбати эмотсионалӣ-маънавӣ мадад мерасонад.
3. Дар таҳия, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ҷалб кардани волидон, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, намояндаи маҳалла, собиқадорони соҳа ва шахсони барӯманд.
4. Ба кори таълиму тарбияи кӯдакистон бештар ҷалб кардани на танҳо волидон, инчунин, бобою бибиҳо, собиқ тарбиягирандагон, ки ин амал ба зиёд шудани масъулиятшиносии аҳли хонавода, ҳамдигарфаҳмии кӯдакону калонсолон мадад мерасонад.
Дар таҷрибаи амалии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чунин шаклҳои банақшагирии кори таълиму тарбия мавҷуданд, ки қисми таркибии онро кор бо волидон ташкил менамояд:
1. Банақшагирии фаъолияти солонаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ вобаста ба қисматҳои барнома
2. Банақшагирии дурнамо, 3-моҳа
3. Банақшагирии тақвимӣ

Бояд зикр кард, ки мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз вазъи тарбияи оилавӣ, муносибати волидон дар ташаккули камолоти кӯдак бештар маълумот гирд оварда, ҳангоми кӯдакро ба кӯдакистон овардан ва бегоҳ вақти ба хона бурдан, метавонанд атрофи масъалаҳои гуногун бо волидон суҳбат гузаронанд. Мураббӣ аз маҳорати касбии хеш истифода бурда, метавонад роҷеъ ба тарбияи кӯдакон ҳамкории зичи босамарро бо падару модарон ба роҳ монад.
Дар нақшаи солонаи кӯдакистонҳо вазъи кори таълиму тарбия, кор бо волидон дар соли гузашта таҳлил ва дар асоси он дар соли нав вазифаҳои нав муайян карда мешаванд. Ҳангоми банақшагирии кор бо волидон кӯдакони заифу бемор, имконияту талаботи махсуси таҳсилотидошта ба ҳисоб гирифта мешаванд, то ба волидон чорабиниҳои махсуси табобатию тандурустиро тавсия диҳанд.
Масъалаи баррасии нақшаҳои ҳамкории кӯдакистон ва гурӯҳи синнусолӣ бо волидон ва мактаб мавриди муҳокимаи Шурои педагогии муассиса мегардад ва барои беҳдошти кор маслиҳату тавсияҳои методӣ пешкаш карда мешаванд. Дар маҷлисҳои тиббӣ-педагогӣ, ки барои волидони кӯдакони гурӯҳҳои то 3-сола дар ҳар як семоҳа як маротиба гузаронида мешаванд, ба паҳн кардани донишҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ кардани бемориҳо, обутобдиҳии ҷисми кӯдак, аҳамияти ташкили реҷаи рӯз, донишҳои педагогӣ-психологӣ дар бораи тарбияи одату малакаҳои гигиенӣ, мустақилиятнокӣ, пешгирӣ кардани ноқисиҳои рафтор, одатҳои инҷиқию якравӣ ва ғайраҳо, маслиҳатҳо дода мешаванд.
Тибқи нақшаи солона ташкилу гузаронидани маҷлисҳои умумӣ ва дохилигурӯҳӣ бо волидон таъмин карда мешавад, ки дар онҳо ба фаҳмонда додани ҳуқуқу вазифаҳои волидайн дар тарбияи ҷисмонӣ, ақлию зеҳнӣ, ахлоқӣ- иродавии кӯдакон маълумот пешниҳод мешавад.
Дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар амалӣ гардонидани талаботи қонун воситаҳои аёнӣ дар шакли овезаҳо, ҷузвдонҳои сайёр, ташкили «Гӯшаи волидон» дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолии кӯдакистон нақши муҳим доранд.
Волидони кӯдакони гурӯҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб (5-7-сола) ба кори таълиму тарбиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, бо онҳо доир ба реҷаи рӯзи кӯдакон, хусусиятҳои инкишофи ақлию зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо, меъёрҳои омодагӣ ба мактаб, давраи гузариш аз як мавқеи иҷтимоӣ ба мавқеи дигари иҷтимоӣ-мактабхон шудан ва ғайраҳо, маълумот дода мешаванд.
Дар моддаи 16, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» чунин омодааст: «Муассисаи томактабӣ дар ҳамкорӣ бо оила кӯдаконро бояд ба мактаб тайёр намоянд».
Баробари таъмин намудани омодагии психологӣ, ақлию зеҳнӣ, ахлоқӣ — иродавӣ ва ҷисмонию эмотсионалии кӯдакон ба мактаб муассисаҳои тахсилоти томактабӣ ба волидон дар бораи таъмин кардани шароит барои гузаштан аз як намуди фаъолияти пешбаранда — бозӣ ба фаъолияти дигари пешбаранда — донишомӯзӣ, таъмини шароит барои ба мактаб омода кардани кӯдакон, интихоби дурусти маводди хониш, либосу пойафзол, барқарор кардани муошират бо ҳамсолону омӯзгорон ва ғайраҳо, маълумот медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти Кумитаи волидон (он метавонад ном, шаклҳои гуногуни ташкили корӣ дошта бошад) дар амалӣ гардидани қонуни мазкур нақши муҳим дорад. Дар таҳия намудани нақшаи фаъолияти он мудири кӯдакистон фаъолона иштирок менамояд. Намояндагони Кумитаи волидон метавонанд дар муҳокима ва тасдиқи нақшаи солонаи кӯдакистон, ташкилу гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо иштироки волидону муаллимон, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ, чорабиниҳои методӣ (рӯзҳои «Дарҳои кушод», Шурои педагогӣ, мизи мудаввар, машғулиятҳои кушод, семинарҳо, конференсияҳо), ҷамъомади назди мудири кӯдакистон, чорабиниҳои давраи солимгардонӣ, идҳо, дилхушиҳо, шанбегиҳо иштирок намоянд, ба вазъи тозагӣ, риоя гардидани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ошхона, хонаҳои кӯдакон ва умуман, кӯдакистон назорат намоянд, фикру андешаи худро роҷеъ бо вазъи кори таълиму тарбия иброз кунанд.
Муассисаҳои томактабӣ таҷрибаи ташкили гузаронидани чорабиниҳо оид ба амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро доранд. Масалан, дар муассисаҳои томактабии шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ ходимони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф семинар-машварат гузаронида, оид ба роҳу усулҳои самарабахши баланд бардоштани маданияту маърифати педагогии волидон суханронӣ карданд.
Аз ҷониби омӯзгори калони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Тӯтихон Девоншоева таъкид шуд, ки яке аз роҳҳои амалӣ гардонидани иҷрои қонуни мазкур ҳавасмандии волидон ба раванди кори таълиму тарбия мебошад. Мавсуф арзишманд будани истифодаи чунин роҳу усулҳои ҳавасмандгардонии волидонро ба кори таълиму тарбия таъкид намуд:
• Бо даъватномаи махсус ба чорабиниҳо, идҳо, дилхушиҳо даъват кардани волидон,
• Ташкили вохӯрии кӯдакон бо бобою бибиҳои фаъол, шахсони барӯманди маҳалла ва шунидани нақлу ҳикояҳои онҳо,
• Пеш аз чорабиниҳои оммавӣ ташкил кардани намоиши корҳои амалии кӯдакон (расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, меҳнати дастӣ), ки он ба волидон ҳам ҳаловатбахш аст.
• Дар асоси розигӣ ва ҳамкории тарафайн (волидон, мураббӣ тайёр кардани лавҳаҳо, рӯзномаҳои деворӣ бо истифодаи расмҳо бо номи «Оилаи мо») ва ғайраҳо.
• Ба воситаи «Гӯшаи волидон» изҳори миннатдорӣ ба волидони фаъол.
Бояд зикр кард, ки дар гузаронидани озмунҳои тахассусии кормандони муассисаҳои томактабӣ — «Кӯдакистони сол», «Мураббии сол» дар доираи ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе — «Мудири сол», ки яке аз шаклҳои маъмули омӯхтан, ҷамъбаст кардан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад, ба кори банақшагирӣ ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Ҳар як кӯдакистон имконияти ба худ хосси амалӣ гардонидани қонуни мазкурро дорад. Ба монанди ҷалб кардани равоншинос, дар назди кӯдакистону мактабҳо ташкили гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати пешазмактабӣ, ки ба онҳо кӯдакони ба тарбияи кӯдакистонҳо фаро нагирифта гирд оварда мешаванд, истифода аз ахбори умум ва ғайраҳо. Дар бисёр ноҳияҳо марказҳои рушди кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки онҳо дар баробари фарогирии кӯдакон ба кори таълиму тарбия, инчунин, дар байни падару модарон оид ба зарурияти иҷрои қонун корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил менамоянд.
Ҳар як қонун вобаста ба талаботи замон, пешрафти ҷомеа, тағйирёбии шуур ва фарҳанги ҳуқуқии одамон такмил меёбад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ соли 2024 такмил ёфта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” табдили ном кард. Ин қонун омили муҳимми баланд бардоштани масъулияти маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар як фарди ҷомеа бояд гардад. Мардуми кишвар, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иброз медоранд, ки ин қонун ба пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа, махсусан, болоравии сатҳи фарҳанги педагогиву психологии волидон таъсири мусбат мерасонад.

Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Душанбе. 2004.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Душанбе. 2011.
3. Б. Маҷидова «Педагогикаи томактабӣ», Душанбе. 2011.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Душанбе. 2024

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *