Дороб МАҲМАДОВ,
омӯзгори фанҳои география ва биологияи
мактаби №3-и ноҳияи Дарвози ВМКБ

Даъвати мутахассиси соҳа ҳангоми гузаштани мавзуи «Афзоиши нашвии рустанӣ бо воситаи навда» дар дарси биологияи синфи 5

Биология ҳамчун фанни омӯзиши табиати зинда бо шаклу усулҳои таълими махсус аз дигар фанҳо фарқ мекунад. Дар бахшҳои гуногуни биология (растаниҳо, ҳайвонот ва одам) объектҳои муайян ва тағйироти мураккаби табиати зинда омӯхта мешавад, ки он бо истифода аз шаклҳои махсуси воситаҳои таълим (экскурсия, корҳои озмоишӣ, корҳои беруназсинфӣ, беруназдарсӣ) амалӣ гардонида мешавад. Барои он ки омӯзиши биология дар мактаб самараи хуб диҳад, пеш аз ҳама, заминаи моддии таълимӣ: кабинети муҷаҳҳази биология, гӯшаи зиндаи табиат, қитъаи таълимӣ-таҷрибавии назди мактабӣ лозим аст.
Вобаста ба ин, мо мақсад гузоштем, ки барои дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхтаи худ ва дар ин замина, баланд бардоштани салоҳиятҳои хонандагон ҳангоми таълими мавзуи «Афзоиши нашвии рустанӣ бо воситаи навда» аз усули даъвати мутахассис истифода барем.
Дар минтақаи мо боғпарвари номдор Розибек Абдухолиқов зиндагӣ мекунад, ки дар масъалаи боғдорӣ ва пешбурди корҳои селексионӣ маҳорату малакаи махсус ва таҷрибаи хеле зиёд дорад. Корҳои босифат анҷомдодаи ӯро ҳамчун мутахассиси соҳаи мазкур тӯли солҳои зиёд дида, ният кардам, ки ӯро ба яке аз дарсҳоям даъват кунам, то ки маҳорату малакаи доштаашро дар соҳаи боғдорӣ ба хонандагон нишон диҳад. Бо Розибек Абдухолиқов дар ин бора ҳамсуҳбат шуда, мақсадамро баён кардам. Ӯ низ нияти маро бо хушнудӣ пазируфт ва ваъда дод, ки ҳатман иштирок мекунад.
Ман ҳам фурсатро аз даст надода, Розибек Абдухолиқовро дар яке аз дарсҳоям, ки мавзуи «Афзоиши нашвии рустанӣ бо воситаи навда» буд, даъват кардам.
Дар оғоз, чун анъана аз хонандагон вазифаи хонагиро пурсида, дар бораи мавзуи нав «Афзоиши нашвии рустанӣ бо воситаи навда» маълумоти умумӣ додам. Сипас, ба толибилмон эълон кардам, ки дар дарси имрӯзаи мо яке аз мутахассисони варзидаю ботаҷрибаи диёрамон дар самти афзоиш додани растаниҳо бо усули пайвандкунӣ Розибек Абдухолиқов иштирок дорад ва ӯ мехоҳад, ки дар мавзуи имрӯза гузаштаи мо дар амал нозукиҳои афзоиш бо пайвандро ба шумо фаҳмонида, чӣ гуна гузаронидани пайвандкуниро нишон диҳад.
Пас аз муаррифӣ Р. Абдухолиқов бо асбобу анҷоми зарурии пайвандкунӣ: корд, болғача, теғча, фоначаи тахтагӣ, фоначаи оҳанӣ ва ресмон ба тахтаи синф баромад. Баъди салом додан ба хонандагон ӯ дар кадом ҳолат ва барои кадом кор истифода бурдани асбобу анҷомҳои овардаи худро як-як шарҳ дод. Баъдан таъкид намуд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои пайвандкунӣ ба техникаи бехатарӣ диққати ҷиддӣ додан яке аз шартҳои асосии кор мебошад.
Барои боз ҳам шавқовар ва бомаврид гузаштани дарс мо ҳамроҳии хонандагон ба саҳни ҳавлии мактаб баромада, фаъолиятҳои пайвандкунии мутахассисро аз наздик, дар амал мушоҳида намудем.
Баъди нишон додани усулҳои пайвандкунӣ аз тарафи мутахассис ва марди поксиришту ботаҷриба, хонандагон, ҳамчунин, фаъолиятҳоро иҷро намуданду ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз шарҳу баён ва амалан иҷрои корҳои Розибег Абдухолиқов маълум гашт, ки пайвандкунӣ кори нозук буда, маҳорат ва эҳтиёткории хосро тақозо мекардааст. Ҳар лаҳза ҳангоми кореро анҷом додан, Р. Абдухолиқов ба хонандагон нозукии пайвандкуниро мефаҳмонд ва таъкид менамуд, ки ба чуқурии кафиш дар такпайванд, баробарии пeсти такпайванд бо пайвандпeст, интихоб ва омодакунии қаламча, дараҷаи маҳкамии бастани ҷойи пайванд ва чӣ тавр пӯшондани пайванд бо плёнка диққат ҷиддӣ бояд дод.
Пас аз кори амалӣ мо ҳамроҳи боғдори пуртаҷриба ба синфхона баргаштем ва байни мутахассис ва хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар рафти он боғдори соҳибтаҷриба ба саволҳои зиёди хонандагон дар бораи аҳаммияти пайванд дар ҳаёти одамон, усулҳои гуногуни пайвандкунӣ, нигоҳубини растании пайвандкардашуда ва бартарии маҳсулоти растаниҳои пайвандкардашударо ба иқтисодиёти ҳар як оила маълумоти муфид дод.
Мавсуф қайд кард, ки мақсад аз пайванд кардан баланд бардоштани маҳсулнокӣ, сифати меваву растаниҳо ва ба даст овардани фоидаи бештари иқтисодӣ аз меҳнат мебошад. Ӯ барои тақвияти суханонаш мисол овард, ки дар деҳаҳои мо анҷири маҳаллии навъи “Сурхак” васеъ паҳн шудааст, ки дар муқоиса маҳсулнокиаш паст ва солҳои охир дар бозор талаботаш кам мебошад. Арзиши як килои чунин навъи анҷир 10-15 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, анҷири навъи “Сафедак” бошад, маҳсулнокиаш ду маротиба баландтар буда, дар бозор серталаб мебошад ва як килои он аз 25 сомонӣ то 35 сомонӣ арзиш дорад. Агар мо корҳои пайвандкуниро дуруст ва сари вақт ба роҳ гузошта, анҷири “Сафедак”-ро ба анҷири “Сурхак” пайванд кунем, лаззат ва ҳосилнокии он боло рафта, бозоргузар мешавад. Бо ҳамин роҳ метавонем, ки ба иқтисодиёти оилаамон фоидаи калон биорем.
Дар поёни дарс хонандагон ба Розибек Абдухолиқов барои пешниҳоди усул ва нишон додани таҷрибаи баланди худ изҳори ташаккур намуда, ба ӯ як китоб тақдим намуданд. Баъдан ба талабагон супориш дода шуд, ки дар хона ҳамроҳи падару модар дар дарахтони наздиҳавлигии худ корҳои пайвандкуниро гузаронида, аз натиҷааш дар дарси оянда маълумот ва ё эссе нависанд.

Чунин шакли баргузории дарс барои шавқовар ва фарогирии ҳамаи хонандагон ба ҷараёни таълим, инкишоф додани қобилияти эҷодӣ ва касбии хонандагон мусоидат менамояд. Инчунин, дар хонандагон мустақилият, худифодакунӣ, маҳоратҳои худидоракунӣ, муошират кардан, муқоисакунӣ, таҳлилкунӣ ва баҳодиҳиро ташаккул медиҳад. Илова бар ин, ба хонандагон имкон медиҳад, ки дониши назариявии андӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд ва ба хонандагоне, ки дар интихоби касб ба мушкилиҳо дучор мешаванд, кумак расонад.
Ин таҷриба нишон дод, ки даъвати мутахассис (эксперт) ба дарс дар хонандагон на танҳо рушди донишҳои илмӣ-амалӣ, балки ба онҳо имкон медиҳад, ки мақсади мавзуъро беҳтар дарк намоянд ва дар оянда шахси меҳнатдӯсту навовар ба воя расанд. Бинобар ин, ба ҳамкорони худ тавсия медиҳам, ки аз ин усули таълими замонавӣ самаранок истифода баранд.
Усули таълимӣ инҳо мебошанд:
1. Даъвати мутахассисони соҳа.
2. Мавҷуд будани тамоми шароит.
3. Аз наздик дидани кори мутахассис ва ҳамроҳи ӯ иҷро намудани корҳо барои пайдо намудан ва инкишоф додани салоҳиятҳои техникии хонандагон
.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *