Маҳбуба БОБОНАЗАРОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби №37-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Осори безаволи аҳли сухан дар тӯли қарнҳо ҷило дода, муаррифи замони худ ва тарбиятгари инсоният мебошанд. Тобиши ҳар асрро намояндагони илму адаб дар осори худ муаррифӣ мекунанд. Новобаста аз ошӯбу исёнҳо, задухурдҳои шадиду қурбониҳои бешумор, шуарову удабо, муаррихону донишмандон асри хешро дар таърих сабт мекунанд.
Намоёнтарин чеҳраи асри XIII, шоири барҷастаи олам, бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1321-1390) аст. Шоире, ки Ҷомиро ғазалҳояш тасхир кардаасту “ҳеҷ девоне беҳ аз девони Ҳофиз нест” гуфта буд. Алберт Эйнштейн дар ёддошти худ қайд кардааст, ки ҳар вақт аз кор рӯзона хаста шавам, он чи ахбори олам маро озурда кунад, “даст ба домони Ҳофизи Шерозӣ мешавам”. Бар ин гуфтаҳову иқтибосҳо сухани шоири ватансаро Мирзо Турсунзода низ афзуда шудааст, ки мегӯяд: “…мардуми тоҷик дар байни ҳама китобҳо Девони Ҳофизро китоби муқаддас мешуморад” (Ғазалсарои бузурги Машриқ // “Садои шарқ”, 1971, №4.). Ҳақ бар ҷониби шоири шаҳир аст, ки имрӯз дар ҳар хонаводаи тоҷик ашъори Ҳофизро пайдо кардан мумкин аст, ки касе бар кунҷи гаҳвора мемонад, хонаводае дар тоқи баланд мегузорад, ки чашми бад ба хона надарояд, нафаре аз ғазалҳои Ҳофиз барои худ фол мекушояд-ин аст бузургии каломи Ҳофизу қадрдонии ашъори Ҳофиз аз гузашта то ба имрӯз, ки побарҷост.
Вобаста ба ин, мо низ дар нигоштаи худ, абёти яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва гуманистию зебоишиносӣ дар адабиёти форсӣ тоҷикӣ нақши нозудудание гузоштаанд, манзури омӯзгорон, махсусан, омӯзгорони ҷавон мекунем, то ки роҳнамое барои онҳо шавад.
Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи он номварони адабиёт аст, ки девони ашъораш замони дар қайди ҳаёт будани ӯ ба оламиён ошно буд. Сухани Ҳофиз таскинбахшу наҷотдеҳ ва ҳидоятгару раҳнамост. Ғазалаш касро ба дунёи андешаву андарз раҳнамун карда, аз банъи ҷаҳолат ба роҳи рост мебарад. Бештари гуфтаҳояш руҷуъ ба ҷавонон аст, ки дар шеъри худ бо хитобаи “ҷоно”, “ҷавонони саодатманд”, “ало, ёрон” ва дигар гуна садо додааст, ки нишоне аз муҳаббати поки беолоиши як нафар пири доно, як шахси ширингуфтор аст.
Хитобаҳояш дар ҳар як байти ашъораш саршор аз некуӣ кардан, дӯстиро сутудан, дарахти муҳаббат коштан, ҷонро барои дӯст фидо кардан, дар раҳи дӯст чашминтизор буданро талқин мекунад. Насиҳат мекунад, ки ҷавонон ҳамеша бояд пандшунаву панддӯст бошанд, маслиҳати хайрхоҳона ҷавононро саодатманду пирӯзманд мегардонад, маҳз самари шунидани насиҳат аст, ки кас ба мақсад мерасаду меваи муродаш самар мекунад, агар дар ҳоле ки кас на пандро гӯш кунаду ба сухани дӯсте кор накунад, ӯ комгор нахоҳад шуд дар роҳи мақсуд:

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

                                       ***

Завқи ҷаҳон надорад бе дӯст зиндагонӣ,
Бе дӯст зиндагонӣ, завқи ҷаҳон надорад.

                                     ** **

Пирон сухан зи таҷриба гӯянду гӯямат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун.

Ҳофиз дар қатори он носеҳонест, ки ғами ҷаҳонро даргузар медонад, ба ҷаҳон дил надодан, ғами дунёро нахурдан, дунёро ба чашми орзуҳо дидан ва шод зистанро талқин менамояд:

Ҳофизо, чун ғаму шодии ҷаҳон даргузар аст,
Беҳтар он аст, ки ман хотири худ хуш дорам.

Ҳофиз ситамгариву золимиро танқид менамояд ва дунёро макони ситам намебинад, ба ситамкорӣ арзиш надоштани дунёро иброз дошта, шодии дунёро танҳо дар некӣ кардан мебинад:

Не давлати дунё ба ситам меарзад,
Не лаззати мастияш алам меарзад.
На ҳафтҳазорсола шодии ҷаҳон,
Ин меҳнати ҳафтрӯза ғам меарзад.

Ёрмандӣ кардан ба якдигар, дӯстӣ кардану меҳр варзидан, ки дар замони шоир кам ба назар мерасид, аз зумраи дигар таъкидҳо ва гӯшзадҳои Ҳофизи бузург аст, ки ба инсон талқин мекунад:

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?…
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?

Ҳофиз қаноат карданро болотар аз ганҷи дунё медонад, ба инсон панд медиҳад, ки ҳамеша қонеу розӣ аз зиндагӣ бошанд:

Ҳар он ки кунҷи қаноат ба ганҷи дунё дод,
Фурӯхт Юсуфи Мисрӣ ба камтарин самане.

ва ё дар ҷои дигар дар бораи қаноат кардану қонеъ будан чунин мегӯяд:

Ҳофиз ғубори фақру қаноат зи рух машӯй,
К-ин хок беҳтар аз амали кимиёгарӣ…

Ҳофизи Шерозӣ даврони кӯдакии басо мушкилеро аз сар гузаронидааст ва ин мушкилиро дар ашъори худ тасвир кардааст. Гуландомӣ дар тазкираи худ қиссаи аҷиберо меорад, ки Ҳофизи хурдсол шогирди як нонвойчие аст ва вазифаи Ҳофиз дар ин нонвойхона аз он иборат аст, ки бояд зуволаҳои омодашударо то сари танӯр барад. Дар ин ҷо чун Ҳофиз хурд асту ба дарки маънӣ кам пай мебарад, бисёр калимаҳоро ба ҳам дароварда шеъргуна карда, месарояд. Чун ин гуфтаҳояшро ҷавонон мешунаванд, гоҳ-гоҳе дар маҳфили худ Ҳофизи хурдсолро бо худ мебаранд, то аз “эҷодиёт”-аш баҳраманд шаванду хушҳолӣ кунанд. Чун дар яке аз ин нишастҳои ҷавонон Ҳофиз он чи ба зеҳнаш меомад, мегуфту месуруд, ҷавонон аз ин гуфтаҳо механдиданду гуфтаҳои ӯро такрор мекарданд. Ҳофиз инро дида бисёр ғамгин мешавад, аз маҳфил гириста, ба канори роҳе, ки он ҷо қабристон буд, меравад ва худро ба болои қабре мепартояду аз шиддати гиря хобаш мебарад. Ба гуфтае аз шоҳидон ин қабри шоири форс-тоҷик ва дубайтисарои охирҳои асри X ва аввали XI Боботоҳири Урён будааст. Чун субҳ мешавад, аз сардии ҳаво бедор мешавад ва баъдтар бо гузашти солҳо Ҳофиз таъбири хоби худро дар ғазали машҳураш баён медорад. Ҷамъе аз муйсафедони нуронӣ дар даст қадаҳ доштанд ва охирин қадаҳро ба Ҳофиз дароз мекунанд. Албатта, ин ривоят як фоли нек аст, ки ояндаи роҳи эҷодии Ҳофизро равшанӣ мебахшад ва қазияи он хобро дар ғазали зер баён медорад:

Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд,
Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд…

Шеъри Ҳофиз ҳасби ҳоли аҳли замонаш аст, ки аз фитнагариву ғорати муғул қалбҳои бедору огоҳро ба дарду ғам нишонда буд:

Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме!
Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав?
Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биосоям даме!

ва ё дар ғазали машҳури худ бо қалби башӯр омада мегӯяд:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ҳар касе рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат онаст, ки ҳар рӯз батар мебинам.

Хулоса, муҳтавои ашъори Ҳофиз новобаста аз қадомати таърихӣ доштанашон дархури имрӯзи башарӣ буда, аз инсонпарварӣ, меҳру муруввату ҷавонмардӣ ва фош намудани иллатҳои иҷтимоӣ иборат буда, дарду ғами инсони зулмдидаи замонашро дар ғазалиёти худ тараннум кардааст ва шод зистану шодмон буданро талқин кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *